Главная / Маданият ва санъат / Оинномаи Бонк (Намуна)

Оинномаи Бонк (Намуна)

ОИННОМАИ ЧАМЪИЯТИ САХОМИИ  ПУШИДАИ «БОНКИ  ТОЧИКИСТОН»

«Нусхаи аслии хуччати дохилии музкурро тасдик менамоям»

Раиси Шурои нозирони Бонк 

_________________ Файзи Рафи

Оиннома

Бо Карори Мачлиси умумии сахмиядорони

ЧСП «Бонки Точикистон»

тасдик шудааст.

(Пайнавишти №3 аз 10 январи соли 2015)

Нашри № 1, Тахрири – 3, Соли 2015

МУНДАРИЧА

  1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ. 3
  2. АМАЛИЁТХОИ БОНКИ. 5
  3. САРМОЯИ ОИННОМАВИ. 7
  4. САХМИЯХОИ БОНК. 9
  5. ХУКУК ВА УХДАДОРИХОИ САХМИЯДОРОН. 11
  6. ЧОБАЧОГУЗОРИИ САХМИЯХО. 13
  7. ФЕХРИСТИ (РЕЕСТРИ) САХМИЯДОРОН ВА        ТАРТИБИ БАКАЙДГИРИИ ОНХО. 15
  8. ТАКСИМОТИ ФОИДА. 15
  9. ТАЪМИНИ МАНФИАТХОИ МИЗОЧОН. 18
  10. ХИСОБГИРИ ВА ХИСОБОТ. 19
  11. АУДИТИ МУСТАКИЛ (БЕРУНА). 20
  12. ИДОРАКУНИИ БОНК. 22
  13. ШУРОИ НОЗИРОНИ  БОНК. 27
  14. МАКОМОТИ ИЧРОИЯИ БОНК. 30
  15. КУМИТАИ АУДИТ ВА ХАДАМОТИ АУДИТИ ДОХИЛИ. 34
  16. ФИЛИАЛХО ВА НАМОЯНДАГИХОИ БОНК. 35
  17. АЗНАВТАШКИЛДИХИ ВА БАРХАМДИХИИ БОНК. 37
  18. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ. 37

1.   МУКАРРАРОТИ УМУМИ.

  • Чамъияти сахомии пушидаи «Бонки Точикистон», ки минбаъд дар Оиннома «Бонк» номида мешавад, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон таъсис дода шудааст ва амал мекунад.
  • Бонк фаъолияти худро дар асоси ичозатнома барои анчом додани фаъолияти бонки амали мегардонад. Ичозатнома аз чониби Бонки миллии Точикистон дар шакли хатти, бемухлат ва бе хукуки ба шахси дигар вогузор кардани он дода мешавад.
  • Номи пурраи расмии Бонк:
  • Бо забони точики: Чамъияти сахомии пушидаи «Бонки Точикистон»;
  • Бо забони руси: Закрытое акционерное общество «Международный Банк Таджикистана»;
  • Бо забони англиси: Closed Joint Stock Company «International Bank of Tajikistan».

Номи мухтасари Бонк:

  • Бо забони точики: ЧСП «Бонки Точикистон»;
  • Бо забони руси: ЗАО «Международный Банк Таджикистана»;
  • Бо забони англиси: CJSC «International Bank of Tajikistan».

Бонк хукуки истиснои истифодаи номи фирмавии худро дорад.

  • Махалли чойгиршави Бонк: Чумхурии Точикистон, шахри Душанбе, нохияи И.Сомони, кучаи Рахмон Набиев, 25.
  • Бонк шахси хукуки буда, хамчун ташкилоти карзи бо максадхои пешбурди фаъолияти тичорати, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст, таъсис дода шудааст ва ухдадорихои ба он вобастаро ба зимма дорад.
  • Бонк дорои мухри мудаввар буда, дар он номи пурраи расмиаш бо забонхои давлати ва хоричи бо нишон додани шакли ташкилию хукукиаш дарч гардидааст.

Бонк хамчунин дорои штамп, бланкахо бо ифодаи номи худ ва сурогаи хукуки, аломат (логотип) ва дигар воситахои фарккунанда мебошад.

  • Бонк ба низоми бонкии Чумхурии Точикистон дохил буда, бе махдудияти мухлати фаъолият амал намуда, фаъолияти худро мувофики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи фаъолияти бонки», Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи чамъиятхои сахоми», дигар конунхои амалкунанда, санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон онхоро эътироф кардааст ва Оинномаи мазкур ба рох мемонад.
  • Бонк сохиб, истифодабаранда ва ихтиёрдорикунандаи моликияти худ ва даромади мувофики максад ба дастовардашудааш мебошад.
  • Хайати сахмиядорон дар фехристи (реестри) сахмиядорони Бонк нишон дода мешавад.
  • Сахмиядорони Бонк дар хадди маблагхои сахмияхои харидаашон хавфи дидани зарарро доранд. Бонк аз руи ухдадорихои сахмиядорони худ чавобгар намебошад ва сахмиядорон барои ухдадории Бонк чавобгар намебошанд. Бонк аз руи ухдадорихои давлат ва давлат аз руи ухдадорихои Бонк чавобгар намебошанд, ба истиснои холатхое, ки агар онхо чунин ухдадорихоро кабул карда бошанд.
  • Бонк хангоми кабули карорхои худ мустакил буда, аз макомоти хокимияти давлати вобаста намебошад.
  • Бонк молу мулки алохида дорад, ки дар тавозуни мустакили он ба хисоб гирифта шуда, метавонад аз номи худ хукукхои молумулки ва гайримолумулкии шахсиро ба даст орад, ухдадорихо дошта бошад, хамчун даъвогар ва чавобгар дар суд баромад кунад.
  • Бонк хукуки мустакилона ё дар якчояги бо дигар шахсони вокеию хукуки дар ташкилотхои дигари тичоратию гайритичорати дар худуди Чумхурии Точикистон ва берун аз он мутобики конунгузории амалкунандаи Чумхурии Точикистон метавонад иштирок намояд. Дар ин холат хачми маблаги сарфшавандаи худи барои харидани сахмияхои шахсони хукукии дигар набояд аз меъёри мукаррарнамудаи Бонки миллии Точикистон зиёд бошад.
  • Забони расмие, ки дар фаъолияти Бонк истифода бурда мешавад, забони давлати – точики мебошад. Тамоми навиштачот, пайнавиштхо, хисоботу хуччатхо, инчунин коргузори бо забони давлати бурда мешаванд.
  • Оинномаи мазкур бо риояи талаботи конунгузории амалкунандаи Чумхурии Точикистон ва инчунин санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон тартиб дода шуда, мутобики онхо маънидод карда мешавад.

2.   АМАЛИЁТХОИ БОНКИ.

  • Бонк амалиётхои бонкии зеринро метавонад ичро намояд:
  • чалби амонат ва пасандозхо;
  • додани карзхо (таъминшуда ва таъминнашуда), аз чумла:
    • карзхои истеъмоли, ипотеки ва байнибонки;
    • факторинг;
    • форфейтинг;
  • кушодан ва пешбурди суратхисобхои бонки;
  • хариду фуруши воситахои зерин барои худ ё муштариён:
  • воситахои бозории пули (аз чумла: чекхо, векселхо, ухдадориномахо ва тасдикномахои пасандози);
  • асъори хоричи;
  • сахмияхо ва дигар когазхои киматноки интиколшаванда;
  • карордодхои форварди, созишномаи своп, фючерс, опсион ва дигар хосилахое, ки ба асъор, сахмияхо, вомбаргхо, металлу сангхои киматбахо ё курбу меъёрхои фоизи дахл доранд;
  • додани кафолат, бахисобгирии ухдадорихои шарти, аз чумла кафолатхо ва эътиборномахо (аккредитивхо) барои худ ва муштариён;
  • хизматрасонии фосилавии бонки, клиринги, хисоббаробаркуни ва интиколи марбут ба воситахои пули, когазхои киматнок, супоришномахои пардохт ва воситахои дигари пардохт (аз чумла: кортхои пардохти бонки, чекхо, чекхои сафари, векселхо ва гайра);
  • миёнарави дар бозори пули;
  • амалиёти сейфи, нигахдори ва идоракунии дороихо (пул, когазхои киматнок, металлхо, чавохирот ва гайра);
  • хизматрасонии амалиёти ба бовари асосёфта (идоракунии маблагхои пули, когазхои киматнок ва гайра ба манфиати боварикунанда ва дар асоси супориши он);
  • хар гуна амалиёти дигаре, ки аз амалиёти дар банди мазкур зикршуда бармеоянд ва дар санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон пешбини шудаанд;
  • амалиёти кассави: кабул намудан, аз нав хисоб кардан, иваз намудан, бастан ва нигох доштани пулхои когази ва тангахо;
  • кабул намудан (инкассатсия) ва фиристодани пулхои когази, тангахо ва ашёи киматбахо.
  • Бонк гайр аз амалиёти бонкии дар банди 2.01. номбаршуда, хукук дорад гузаронидани ахдхои зеринро амали гардонад:
  • додани замонат, ки ичрои ухдадорихои пулиро дар назди шахси сеюм пешбини менамояд;
  • ичораи молияви (лизинг);
  • амалиёт бо металлу сангхои киматбахо мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон;
  • хизматрасони ба сифати агенти молияви;
  • хизматрасони ба сифати мушовир ё маслихатгари молияви;
  • хизматрасонии иттилооти молияви ва карзи.
  • Бонк бо риояи талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон метавонад дар бонкхои дохили ва хоричи суратхисобхои муросилоти кушояд.
  • Бонк ба фаъолияти истехсоли, савдо ва бе восита ба фаъолияти сугурта машгул намешавад.

3.   САРМОЯИ ОИННОМАВИ.

  • Сармояи оинномавии Бонк дар хачми 84 846 500 (хаштоду чор миллиону хаштсаду чилу шаш хазору панчсад) сомони эълон карда шуда, микдори умумии сахмияхои баровардашаванда 848 465 (хаштсаду чилу хашт хазору чорсаду шасту панч) дона сахмияхои одди номиро ташкил медихад ва арзиши хар як сахмия 100 (сад) сомони мебошад. Хадди акалли сармояи танзимшавандаро Бонки милли Точикистон мукаррар мекунад.
  • Сармояи оинномавии Бонк бо пули милли аз хисоби воситахои пули, молу мулки ташаккул меёбад.
  • Андозаи гайри пулии сармояи оинномавии Бонк аз андозаи мукаррарнамудаи Бонки миллии Точикистон зиёд буда наметавонад. Молу мулки ба сармояи оинномави гузошта шуда моликияти Бонк мебошад.

Бонк сармояи худро аз хисоби воситахои бучети давлати, фондхои давлатии гайрибучети, грантхои аз тарафи хукумати Чумхурии Точикистон додашуда, инчунин воситахои карзи ва чалбшуда наметавонад ташкил ва пур намояд.

  • Сармояи оинномавии Бонк метавонад бо рохи зиёд кардани арзиши номиналии сахмияхо ё баровардани сахмияхои иловаги зиёд карда шавад. Карор дар бораи зиёд намудани сармояи оинномавии Бонкро Мачлиси умумии сахмиядорон бо тарафдории аксарияти аз чор се (3/4) хиссаи овози сахмиядорон – сохибони сахмияхои овоздор, ки дар Мачлиси умумии сахмиядорон иштирок намудаанд, кабул менамояд.
  • Сармояи оинномавии Бонк бо рохи пахн намудани сахмияхои иловаги метавонад аз хисоби молу мулки Бонк зиёд карда шавад. Сармояи оинномавии Бонк бо рохи зиёд намудани арзиши номиналии сахмияхо танхо аз хисоби молу мулки Бонк зиёд карда мешавад. Маблаге, ки ба андозаи он сармояи оинномавии Бонк аз хисоби молу мулки Бонк зиёд карда мешавад, набояд аз фарки байни арзиши дороии софи Бонк ва маблаги сармояи оинномави ва сармояи эхтиётии Бонк бештар бошад.

Сахмияхои иловагиро Бонк метавонад танхо дар доираи микдори сахмияхои эълоншуда, ки Оинномаи Бонк мукаррар намудааст, пахн кунад.

  • Карори зиёд кардани сармояи оинномавии Бонк бо рохи пахн намудани сахмияхои иловаги Мачлиси умумии сахмиядорон метавонад хамзамон бо кабули карори ба Оиннома ворид кардани мукаррарот оид ба сахмияхои эълоншуда, ки мутобики Конунхои амалкунандаи Чумхурии Точикистон барои кабули чунин карор заруранд ё тагйир додани мукаррарот оид ба сахмияхои эълоншуда кабул намояд.
  • Дар карор нисбати зиёд кардани сармояи оинномавии Бонк бо рохи пахн кардани сахмияхои иловаги бояд микдори сахмияхои оддии иловаги пахнкардашаванда ва сахмияхои имтиёзноки хар як навъ дар доираи микдори сахмияхои эълоншудаи хамин намуд (навъ), усули пахн кардан, музди пахн кардани сахмияхои иловаги, ки тавассути обуна сурат мегирад ё тартиби муайян намудани он, аз чумла нархи пахн кардан ё тартиби муайян намудани нархи пахн кардани сахмияхои иловаги ба сахмиядорони дорои хукукхои афзалиятнок барои харидани сахмияхои пахнкардашаванда, шакли пардохти сахмияхои иловагии тавассути обуна пахнкардашаванда, инчунин дигар шартхои пахн кардани сахмия муайян карда шавад.
  • Сахмдорони Бонк дорои хукуки афзалиятноки харидани сахмияхои пахншавандаи иловагиро мутаносибан ба микдори сахмияхои аз хамин намуд доштаашонро доранд.

Хангоми зиёд намудани сармояи оинномавии Бонк аз хисоби молу мулки он бо рохи пахн намудани сахмияхои иловаги ин сахмияхо дар байни хамаи сахмиядорон таксим карда мешаванд. Дар ин холат ба хар як сахмиядор мутаносибан баробари теъдоди сахмияхояш сахмияхои хамон намуд (навъ) таксим карда мешавад.

  • Бонк хукук дорад ва дар холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон вазифадор аст, ки сармояи оинномавии худро кам кунад.

Сармояи оинномавии Бонк метавонад бо рохи кам кардани арзиши номиналии сахмияхо ё кам кардани микдори умумии онхо ё дар холатхои пешбининамудаи  Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи чамъиятхои сахоми» бо рохи ба даст овардани кисми сахмияхо кам карда шавад.

Агар дар натичаи кам кардани сармояи оинномави хачми он аз хачми хадди акалли сармояи оинномавии дар Конун муайянгардида кам шавад, Бонк хукук надорад, ки сармояи оинномавиашро кам кунад.

  • Карори кам кардани сармояи оинномавии Бонк бо рохи кам намудани арзиши номиналии сахмияхо ё бо рохи харида гирифтани як кисми сахмияхо бо максади кам кардани микдори умуми аз чониби Мачлиси умумии сахмиядорон кабул карда мешавад.

Бонк, дар давоми 30 рузи кабул гардидани карори кам кардани сармояи оинномавии худ вазифадор аст ба таври хатти кредиторонашро дар хусуси кам кардани сармояи оинномави ва хачми нави он огох созад, инчунин дар нашрияхои барои чопи маълумот дар бораи бакайдгирии давлатии шахсони хукуки таъингардида дар хусуси карори кабулшуда маълумот дарч намояд.

4.   САХМИЯХОИ  БОНК.

  • Хамаи сахмияхои Бонк аз сахмияхои оддии номи иборат мебошанд ва дар шакли гайрихуччати нашр мешаванд.
  • Сахмияхои оддии Бонк дорои арзиши номиналии якхелаи бо сомони ифодаёфта буда, ба сахмиядорон – сохибони худ хукукхои якхела, ки бо Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи чамъиятхои сахоми» муайян шудааст, медихад.

Ба хар як сахмиядор оиди дороии сахмия ва микдори он хуччат дода мешавад.

  • Сахмияхои Бонк таксим нашавандаанд.
  • Хариди хиссаи иштироки афзалиятнок дар Бонк бо розигии Бонки миллии Точикистон ва тарзи зерин сурат мегирад:
  • хар гуна шахсе, ки бевосита ё бавосита, тавассути дигар шахсон ё якчоя бо онхо амал карда, мехохад хиссаи иштироки афзалиятнокро, яъне 10 ва зиёда аз он фоизи сахмияхоро дар Бонк харидори намояд, ба Бонки миллии Точикистон дархости хатти манзур менамояд.
  • дархост дар бораи хариди хиссаи иштироки афзалиятнок бояд инхоро дар бар гирад:
  • ному насаб, шахрванди, чои доимии истикомат, фаъолияти кори ё касби хар як шахси талабгори моликии хиссаи иштироки афзалиятнок, аз чумла манфиатдори нихоии ин гуна хиссаи иштироки афзалиятнок;
  • маълумотнома барои хар як молики хиссаи иштироки афзалиятнок, аз чумла манфиатдори нихоии ин гуна хиссаи иштироки афзалиятнок бо зикри ному насаб, шахрванди, чойи доимии истикомат, фаъолият ё касби молики хиссаи иштироки афзалиятнок, аз чумла манфиатдори нихоии хиссаи иштироки афзалиятнок, ки вазъи молиявии онхоро тасдик мекунад;
  • дар холате ки агар шахси талабгори моликии хиссаи иштироки афзалиятнок, аз чумла манфиатдори нихоии ин гуна хиссаи иштироки афзалиятнок шахси хукуки бошад, нусхаи хисоботи тавозуни ва хисоботи фоида ва зиёни солонаи соли охир, ки аз  аудит гузаштааст;
  • номгу ва махалли чойгиршавии хар намуди фаъолияте, ки дар он хар як шахси талабгори моликии хиссаи иштироки афзалиятнок, аз чумла манфиатдори нихоии ин гуна хиссаи иштироки афзалиятнок сохиби хисса мебошад, бо нишон додани андозаи хисса;
  • шартхои харидани хиссаи иштироки афзалиятнок;
  • манбаи конунии маблагхои пулие, ки барои харидори истифода мешаванд;
  • хар гуна накша ё пешниход оид ба тагйироти кулли дар фаъолият, сохтори корпоративи ё идоракунии Бонк;
  • дигар маълумоте, ки Бонки миллии Точикистон метавонад талаб кунад.
  • Бонки миллии Точикистон окибатхои таъсири ивазшавии моликро ба устувории Бонк ва ба талаботи мукарраршуда мувофик будани талабгорони моликии хиссаи иштироки афзалиятнок, аз чумла манфиатдори нихоии ин гуна хиссаи иштироки афзалиятнокро муайян намуда, дар давоми 60 руз аз рузи гирифтани дархост ба дархосткунанда ё дархосткунандагон ба таври хатти дар бораи розиги ё радкунии дархост чавоб медихад. Хангоми радкуни асоси он бояд нишон дода шавад.

Агар Бонки миллии Точикистон дар мухлати мукарраршуда оиди карори худ ба Бонк хабар надихад, ин маънои розигии онро барои харидани хиссаи афзалиятнок дорад.

  • Хар гуна шахсе, ки бевосита ё бавосита, тавассути дигар шахсон ё якчоя бо онхо амал карда, мехохад хиссаи иштироки афзалиятнокро дар Бонк то ба 10, 20, 33, 50 ё 75 фоизи сармоя ё мутаносибан ба хамин хиссаи сахмияхои овоздихандаи Бонк ё аз он зиёд намояд, бояд на кам аз 30 руз пеш Бонки миллии Точикистонро бо таври хатти огох намояд.
  • Бонк аз пешниходи хариди хиссаи иштироки афзалиятнок ё пешниходи зиёд кардани хиссаи мавчудаи он хабардор шавад, дар ин хусус фавран ба Бонки миллии Точикистон огохиномаи хатти мефиристад.
  • Бонк дар холати хабардор шуданаш аз он, ки моликони вай аз чумла моликони хиссаи иштироки афзалиятнок минбаъд шахсони аз нигохи касби босалохият ва боэътимод нестанд, дар ин хусус фавран Бонки миллии Точикистонро дар шакли хатти огох мекунад.

5.   ХУКУК ВА УХДАДОРИХОИ САХМИЯДОРОН.

  • Сахмиядорони Бонк шахсони хукуки ва вокеии дохилию хоричи шуда метавонанд, ки акалан як сахмияро дар натичаи таксими сахмияхо дар байни муассисон ва сахмиядорон сохиб шудаанд.
  • Сахмиядорон хукукхои зерин доранд:
  • Дар фехристи сахмиядорони Бонк дохил карда шаванд;
  • Гирифтани суди сахмияхо (дивиденд) аз фаъолияти Бонк;
  • Бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон гирифтани кисми молу Бонк, ки баъд аз бархамдихии он боки мондааст;
  • Сахмияхоро дар навбати аввал харидори намоянд;
  • Як кисм ва ё хамаи сахмияхояшонро ба шахсони хукуки ва вокеи васият намоянд;
  • Сахмияхо ё як кисме аз онхоро бо риояи коидахои мукаррарнамудаи конунгузории  Чумхурии Точикистон фурушанд ё бо рохи дигар гузашт намоянд;
  • Оиди фаъолияти Бонк ахборот гиранд, аз он чумла бо хуччатхои хисоботии гуногун ва бо маводхои чаласаи Мачлиси умумии сахмиядорон шинос шаванд, нусха ва иктибосхои пайнавишту карорхои чаласахои Мачлиси умумии сахмиядоронро талаб намоянд;
  • Дар чаласахои Мачлиси умумии сахмиядорон бо хукуки овоздихи мувофики хиссаи микдори сахмияхояшон дар сармояи Оинномавии Бонк иштирок намоянд. Пешниходот, мухолифат ва фахмиши худро пешбари намоянд;
  • Гузаронидани тафтиши фаъолияти молиявию хочагидориро аз чониби аудитори мустакил талаб намоянд, агар сохиби 1 (як) ё зиёда аз ин фоиз аз микдори умумии сахмияхои овоздори Бонк бошанд. Дар ин холат тамоми харочоти аудит аз хисоби сахмиядоре, ки гузаронидани аудитро талаб менамояд, пардохт карда мешавад;
  • Даъват намудани Мачлиси умумии гайринавбатиро талаб намоянд, агар дорои 10 ва ё зиёда аз он фоизи хиссаи умумии сахмияхои овоздори Бонкро хангоми пешниходи талаб доро бошанд;
  • Дар Мачлиси умумии сахмиядорон шахсан ё тавассути намояндаи худ бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории чори иштирок намоянд;
  • Ба Раёсат дархост намояд ва талаб намоянд, ки оиди саволхои ба рузномаи Мачлиси умумии сахмиядорон дохилшаванда, ахборот дода шавад.
  • Сахмиядорон ухдадорихои зеринро доранд:
  • Ахбороти махфии (конфиденсиалии) фаъолияти Бонкро фош насозанд;
  • Мукаррароти конунгузории Чумхурии Точикистон, санадхои меъёрии Бонки миллии Точикистон, хамин Оиннома, карорхои Мачлиси умумии сахмиядорон, Шурои нозирон, Раёсат, хуччатхои таъсисию дохилии Бонкро риоя намоянд;
  • Хиссаи сахмияхояшонро дар вакташ пардохт намоянд;
  • Ухдадорихои нисбати Бонк ба зимма гирифтаашонро ичро намоянд;
  • Барои ичрои максадхои мукарраршудаи Бонк мусоидат намоянд;
  • Амалхоеро, ки боиси расонидани зарар ба Бонк мегарданд, ичро накунанд.
  • Сахмиядороне, ки арзиши сахмияхоро пурра напардохтаанд, дар доираи ухдадорихои Бонк оид ба арзиши пардохтнашудаи сахмияхояшон дорои масъулияти муштарак мебошанд.

6.   ЧОБАЧОГУЗОРИИ САХМИЯХО.

  • Сахмияхои Бонк танхо байни муассисон ё гурухи дигари шахсони каблан муайянгардида таксим карда мешавад. Бонк наметавонад ба сахмияхои баровардааш обунаи кушода доир намояд ё ба тарзи дигар онхоро барои харид ба гурухи номахдуди шахсон пешниход кунад.
  • Сахмиядорони Бонк хукуки ба шахси дигар гузашт намудани сахмияхояшонро бо тартиби зерин амали мегардонанд.

Он сахмиядори Бонк, ки нияти ба шахси сеюм фурухтани сахмияхояшро дорад, ухдадор аст ба таври хатти ба сахмиядорони дигари Бонк ва худи Бонк огохнома бо нишондоди нарх ва дигар шартхои фуруши сахмияхо, бо назардошти маълумоти кофи барои шинохтани харидори имконпазири сахмияхо фиристад. Огохонидани сахмиядорони Бонк ба воситаи Бонк ва аз хисоби сахмиядоре, ки нияти фурухтани сахмияро дорад, амали карда мешавад.

  • Сахмиядорони Бонк хукуки афзалиятноки харидани сахмияхои аз тарафи сахмиядор ба шахси сеюм фурухташавандаро бо нархи ба шахси сеюм пешниходкардашуда, мутаносибан ба микдори сахмияхои ба хар як кадомашон таалукдоштаро доранд. Бонк дар холати аз тарафи сахмиядорон истифода накардани хукуки афзалиятноки харидории сахмияхо, дорои хукуки афзалиятноки харидани сахмияхои аз тарафи сахмиядорон ба шахси сеюм фурухташаванда мегардад.

Дар холати аз тарафи сахмиядорон ва Бонк истифода нашудани хукуки афзалиятноки худ барои хариди хамаи сахмияхои ба фуруш бароварда шуда, сахмияхо ба шахси сеюм бо нарх ва шартхое, ки ба Бонк ва сахмиядорон пешкаш шуда буд фурухта мешаванд. Мухлати истифодаи хукуки афзалиятноки сахмиядорони Бонк 30 руз аз рузи гирифтани огохномаи дахлдор мебошад. Мухлати хукуки афзалиятноки Бонк 30 рузро аз рузи гузашти мухлати хукуки афзалиятноки харидани сахмияхо аз тарафи сахмиядорон ё аз рузи (санаи) даст кашидани хамаи сахмиядорон аз чунин хукуки афзалиятнок дар бар мегирад. Мухлати истифодаи хукуки афзалиятнок дар холате катъ мегардад, ки агар то ба охир расидани он аз хамаи сахмиядорон ва аз худи Бонк аризаи хатти оиди истифодабари ё даст кашидан аз истифодаи хукуки афзалиятноки гирифта шавад.

  • Гузашт кардани хукуки афзалиятнок рох дода намешавад.
  • Сахмиядоре, ки тамоми сахмияхояшро фурухтааст, аз фехристи (реестри) сахмиядорон хорич шуда хисоб меёбад.
  • Микдори сахмиядорони Бонк аз 50 нафар зиёд буда наметавонад. Агар микдори сахмиядорон аз 50 нафар зиёд шавад Бонк бояд микдори сахмиядоронро то 50 нафар кам кунад, ё дар муддати як сол Бонкро ба чамъияти сахомии кушода табдил дихад.
  • Хангоми катъ гардидани фаъолияти сахмиядор – шахси хукуки ва марги сахмиядор – шахси вокеи, хукуку ухдадорихояш оиди сохибияти сахмияхо мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон хал карда мешавад.

7.   ФЕХРИСТИ (РЕЕСТРИ) САХМИЯДОРОН ВА ТАРТИБИ БАКАЙДГИРИИ ОНХО.

  • Бакайдгирии сахмиядорон мутобики талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон гузаронида мешавад.

Дар фехристи сахмиядорони Бонк маълумот оиди хар кадом шахси бакайдгирифташуда микдор ва намудхои (навъхои) сахмияхо, ки ба номи хар шахси ба кайд гирифташуда сабт шудааст ва инчунин дигар маълумоте, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, нишон дода мешаванд.

  • Шахси дар фехристи сахмиядорони Бонк ба кайд гирифташуда, вазифадор аст дар мухлати 5 руз ба дорандаи фехрист оиди хамагуна маълумоти тагйирёфта хабар дихад. Бонк барои зарари дар натичаи ичро накардани ин талабот ба сахмиядор расонидашуда, чавобгар нест.
  • Бакайдгирии сахмиядор ба воситаи ворид намудани навиштачот ба фехрист амали карда мешавад.
  • Навиштачот, инчунин дигар тагйирот ба фехрист мувофики талаби сахмиядор ё нигохдорандаи сахмия на дертар аз 3 рузи кори баъди пешниход намудани хуччатхои лозими, ба расмият дароварда мешавад. Хангоми ворид намудани тагйирот ба фехрист, дорандаи фехрист дар давоми 5 руз ба шахсе, ки ворид намудани тагйиротро талаб кардааст огохномаи асоснок ирсол менамояд.
  • Мувофики талаби сахмиядор, дорандаи фехрист (реестр) бояд хукуки уро ба сахмияхо тасдик намояд, ба у нусхаи сабтро аз фехристи сахмиядорони Бонк дихад, ки он когази киматнок хисоб намеёбад, вале шаходати он аст, ки дорандааш сохиби сахмияхои Бонк мебошад.

8.   ТАКСИМОТИ ФОИДА.

  • Бонк дар масъалахои таксими фоида хукуки томи мустакилияти хочагидориро дорад.
  • Фоида ба тартиби мукаррарнамудаи конунгузории чори муайян карда мешавад. Баъд аз андозбанди, фоидаи соф пурра дар интиёри Бонк мебошад.

Фоидаи софи Бонк бо карори Мачлиси умумии солонаи сахмиядорон барои пушонидани зарархои молиявии солхои гузашта, ва баъдан барои пардохти суди сахмия (дивиденд) ба сахмиядорон ва ташакулдихии фондхои захиравии Бонк дар сармоя, равона карда мешавад.

  • Карор дар бораи додани суди сахмия, андозаи он, сана ва шакли пардохти он аз тарафи Мачлиси умумии сахмиядорон бо пешниходи Шурои нозирон кабул карда мешавад.

Руйхати шахсоне, ки барои гирифтани суди сахмияхо хукук доранд, дар санаи тахияи руйхати шахсоне, ки барои иштирок дар Мачлиси умумии сахмиядорон хукук доранд, тартиб дода мешавад. Барои тахияи руйхати шахсони барои гирифтани суди сахмияхо хукукдошта дорандаи номиналии сахмияхо дар мавриди шахсоне, ки у ба манфиати онхо сахмияхоро сохиби мекунад, маълумот пешниход менамояд.

Суди сахмия барои сахмияхои баровардашудаи нофурухта ва бозпасхаридашудаи худи Бонк дода намешавад.

  • Бонк мувофики талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон хукук надорад дар холатхои зерин оиди пардохти суди сахмияхо карор кабул намояд (эълон намояд):
  • то пурра пардохтани тамоми сармояи оинномави;
  • агар ин гуна амал боиси аз андозаи хадди акал камшавии сармояи танзимшаванда гардад;
  • агар дар рузи пардохт Бонк мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон дар мавриди муфлиси бошад ё дар натичаи пардохт аломатхои зикршуда дар Бонк пайдо шаванд;
  • агар дар рузи пардохт арзиши дороии софи Бонк аз сармояи оинномави ва фонди захиравии он камтар бошад ё хачми онхо дар натичаи пардохт камтар гардад;
  • дар дигар холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон.
  • Бонк хукук надорад суди сахмияхои эълоншударо дар холатхои зайл пардозад:
  • агар дар рузи пардохт Бонк мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи муфлиси дорои аломатхои муфлиси бошад ё дар натичаи пардохтхои суди сахмияхо аломатхои зикршуда дар Бонк мушохида шаванд;
  • агар дар рузи пардохт арзиши дороии софи Бонк аз сармояи оинномави, сармояи танзимшаванда камтар бошад ва арзиши бархамдихии сахмияхои имтиёзноки фурухташуда аз арзиши номиналии муайяннамудаи оиннома баландтар бошад ё дар натичаи пардохти суди сахмияхо аз маблаги мазкур камтар гардад;
  • дар холатхои дигари пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон.

Бо катъ гардидани холатхои зикргардида Бонк вазифадор аст дар мухлати на дертар аз 30 руз ба сахмиядорон суди сахмияхои эълоншударо пардозад.

  • Хачми суди сахмия бе назардошти андоз муайян карда шуда, он ба сахмиядорон баъди гирифтани андоз мувофики конунхои амалкунанда дода мешавад. Ба маблаги суди сахмияи пардохтнашуда ё гирифтанашуда фоиз хисоб карда намешавад.
  • Бонк захира дар намуди фонди захирави барои пушонидани зарари дар натичаи амалиёти асоси ба вучуд омада, инчунин барои харидани сахмияхо ва дигар максадхо мутобики стандартхои хисоботии бо конунгузории Чумхурии Точикистон муайяншуда, таъсис медихад.

Фонди захирави мувофики талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон оиди хачми минималии он ва дар хачми на камтар аз сармояи Оинномави аз фоидаи соф ташкил карда мешавад. Андозаи харсолаи хиссачудокуниро ба фонди захирави Мачлиси умумии сахмиядорон мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ва талаботи Бонки миллии Точикистон муайян карда, то пурра ташкил ёфтани он давом мекунад.

  • Бонк мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ва стандартхои хисобот метавонад дигар намуди захирахоро ташкил намояд.

Захирахои ташкил намудаи Бонкро танхо дар доираи максади бунёди онхо сарф кардан мумкин аст.

9.   ТАЪМИНИ МАНФИАТХОИ МИЗОЧОН.

  • Бонк хифзи воситахои пули ва дигар дороихо (ашёи киматнок), ки мизочон ва муросилон (корреспондентон) ба у бовар кардаанд таъмин менамояд. Кафолати хифзи онхо бо тамоми молу мулки манкул ва гайриманкул, фондхои пули ва захирахои мутобики конунгузори ва ин Оиннома ташкил ёфта, амали карда мешавад.

Бонк инчунин кафолати маблагхои пулии пасандозгузоронро бо рохи дохил шудан ба хазинаи сугуртаи пасандозхои шахсони вокеи таъмин менамояд.

  • Бонк доимо омодагиашро барои сари вакт ва пурра ичро намудани ухдадорихои ба зимма гирифтааш бо рохи танзими сохтори баланси худаш, мутобики меъёрхои хатмии дар конунгузори ва санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон пешбинишуда, нигох медорад.
  • Ба воситахои пули ва дигар молу мулки киматноки шахсони хукуки ва вокеи, ки дар хисобхояшон хамчун амонат ва ё барои нигохдори мавчуданд, факат дар холатхои пешбинишудаи конунгузории Чумхурии Точикистон, хабс гузошта мешавад.
  • Бонк ва тамоми кормандони он ухдадоранд маълумотро оиди амалиётхо, суратхисобхо ва амонатхои мизочонаш мутобики конунгузории чори махфи нигох доранд.
  • Маълумот дар бораи фаъолият ва холати молиявии муштари, ки ба Бонк хангоми хизматрасони ва муносибат бо муштари ё бо шахси сеюм маълум шудааст, инчунин дигар маълумотхое, ки дорои сирри бонкианд, бо риояи талаботи моддаи 48 Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи фаъолияти бонки» ба шахси сеюм дода мешаванд.
  • Тамоми шахсони мансабдор ва кормандони Бонк, сахмиядорон ва намояндагони онхо, аудиторон ухдадоранд сирри махфи будани амалиётхо, суратхисобхо ва амонатхои мизочонро, инчунин сирри тичоратиро, ки хангоми ичрои вазифа ба онхо маълум шудааст, катъиян таъмин намоянд.

Номгуи маълумоте, ки сири бонки шуморида мешавад, Раёсати Бонк бо назардошти конунгузории Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

  • Бонк ба мизочони худ махфи нигох доштани маълумотхо, инчунин сирри бонкиро мувофики конунгузории амалкунандаи Чумхурии Точикистон, кафолат медихад.

10.   ХИСОБГИРИ ВА ХИСОБОТ.

  • Дар Бонк хисобгирии мухосибави, хисоботи молияви ва омори, инчунин дигар маълумоту ахборот дар асоси коидахои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ва Бонки миллии Точикистон ба рох монда мешавад.
  • Бонк дар холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба макомоти давлати ахбороти заруриро барои андозбанди ва бурдани системаи умумидавлатии чамъкуни ва коркарди ахбори иктисоди пешниход менамояд.
  • Чамъбасти фаъолияти Бонк дар тавозуни мохона, чоряки ва солона, дар хисоботи фоида ва зарар, инчунин дар хисоботи солонаи ба Бонки миллии Точикистон дар мухлатхои мукаррарнамудаи он пешниходшаванда, инъикос мегардад.
  • Бонк хисоботи молиявии солонаи худ, аз чумла хисоботи молиявии мачмуии солонаро, ки аз аудит гузаштааст, дар мухлати на дертар аз як мох баъди гирифтани хулосаи аудитори дар на камтар аз ду рузномаи чумхурияви нашр менамояд.
  • Соли молияви аз 1 январ огоз ёфта, 31 декабр ба охир мерасад.
  • Бо максади татбики сиёсати давлати, ичтимои, иктисоди ва андози, Бонк хуччатхоро мутобики тартиби пешбинишудаи конунгузории Чумхурии Точикистон хифз намуда ва бо тартиби лозими нигохдори ва истифодабарии (бо дархости шахсони хукуки ва вокеи додани маълумот) онхоро таъмин менамояд. Хуччатхои хайати шахсии Бонкро бо тарзи муайянгардида ба нигохдории давлат месупорад.

Нобудсозии хуччатхо танхо баъди тафтиши гузаштани мухлати нигохдории онхо ва дар асоси санадхои сокитсозии бо тарзи лозими тартибдодашуда, амали гардонида мешаванд.

  • Намуди хуччатхо ва мухлати нигохдории онхо мутобики номгуи мукарраргардида (номенклатура) муайян карда мешавад.

11.   АУДИТИ МУСТАКИЛ (БЕРУНА).

  • Санчиши амалиёти Бонк аз чониби ташкилоти аудиторие, ки дорои ичозатномаи дахлдор, тахассус ва тачрибаи кофии аудити ташкилоти карзи буда, дар руйхати Бонки миллии Точикистон ворид карда шуда, аудити ташкилотхои карзиро дар Чумхурии Точикистон гузаронида метавонанд.
  • Ташкилоти аудитори ё корманди он бояд молик, корманди рохбарикунанда, корманд ё намояндаи Бонк набошад. Шахсе, ки дар Бонк манфиат надорад, ба истиснои холатхои доштани амонат дар Бонк метавонад аудитори он таъин гардад.

Агар ташкилоти аудитори хангоми гузаронидани аудит сохиби ин гуна манфиат  дар Бонк гардад, пас Бонк хизматрасонии аудитории вайро катъ намуда, ташкилоти аудитории дигарро таъин мекунад.

  • Ташкилоти аудитори ба Бонк хизматрасонихоеро, ки бо вазифахои назорати дохилии Бонк алокаманданд, пешниход намекунад, ба истиснои хизматрасонихои таълимие, ки дорои хусусияти доими намебошанд.
  • Бонк наметавонад пайдарпай як ташкилоти аудиториро ба мухлати зиёда аз се сол аудитор таъин намояд.
  • Мутобики стандартхои аудит ташкилоти аудитори аудити Бонк дар асоси назорати мачмуи анчом медихад ва:
  • изхор мекунад, ки ташкилоти аудитори ё ягон корманди ташкилоти аудитори дар Бонк ягон манфиат надорад ва талаботи дар банди 11.03. дарч гардида ичро мекунад;
  • дар риоя ва нигохдории коидахои ташкили низоми дурусти хисобгири ба Бонк кумак мерасонад;
  • дар нигохдории низоми дурусти назорати молияви ва идоракунии хавфхо ба Бонк мадад мерасонад;
  • бо дархости Кумитаи аудити Бонк дар мачлисхои он иштирок менамояд;
  • дар мухлати 3 мохи баъди анчоми соли молияви дар бораи мукаммали, холиси ва дурустии хисоботи молияви хулосаи аудитори ва назари аудитори омода намуда, дар бораи вазъи молиявии Бонк мутобики талаботи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи фаолияти бонки» ба Шурои нозирони Бонк маълумоти муфассал пешниход мекунад;
  • ба Шурои нозирони Бонк ва Бонки миллии Точикистон дар бораи низоми таснифи карзхо ва таъминнокии дороихои (аз чумла, карзхои) шубханок тибки талаботи Бонки миллии Точикистон, бо нишон додани камбудихо назари ташкилоти аудиториро пешниход мекунад;
  • ба хар як узви Шурои нозирони Бонк ва ба Бонки миллии Точикистон дар бораи хар як амали корманди рохбарикунанда, корманд ё намояндаи Бонк, ки аз нигохи он вайрон кардани талаботи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи фаъолияти бонки» ё ягон санади меъёрии хукуки мебошад хабар медихад;
  • ба хар як узви Шурои нозирони Бонк ва ба Бонки миллии Точикистон дар бораи хар як норасои ё камбудии дар идоракуни ё амалиёти Бонк ошкоршуда, хабар медихад.
  • Хангоми тахияи хулосаи аудитори инхо бояд ба назар гирифта шаванд:
  • каноатбахш будани баёнот ва иттилооте, ки аз корманди рохбарикунанда, корманд ё намояндаи Бонк хангоми аудит талаб шудааст;
  • дарачаи вокеан чавобгуй будани Бонк ба талаботи низоми назорати дохили ва хисобдори;
  • усуле, ки Бонк барои пешбурди китобхои хисобдори, хуччатхо, хисобот ва фарогирии амалиёт, ки барои мониторинг ва аудити дохилию беруни зарур аст, истифода мебарад;
  • кобилияти кордони ва ба талабот мувофик будани рохбарияти Бонк;
  • камбудихои чойдошта, эродхо ва тавсияхо барои бартараф кардани онхо, инчунин ичрои тавсияхо ва бартараф намудани эродхои солхои гузашта;
  • дарачаи дакик будани хуччатхои ба Бонки миллии Точикистон пешниходшуда ва мувофикати онхо ба мазмуни сабтхо, китобхои хисобдори, низоми хисобдори ва санадхои меъёрии хукукии марбут ба хамин хуччатхо.
  • Бонк дар мухлати на дертар аз 30 рузи баъди дастрасии хулосаи аудитори нусхаи онро ба Бонки миллии Точикистон ирсол мекунад.
  • Бонки миллии Точикистон метавонад аз ташкилоти аудитори маълумоти иловагиро вобаста ба хулосаи он талаб намояд.

12.   ИДОРАКУНИИ БОНК.

  • Макомоти идоракунии Бонк:
  • Макоми оли – Мачлиси умумии сахмиядорон;
  • Макоми идора – Шурои нозирон, ки аз чониби Мачлиси умумии сахмиядорон таъсис дода мешавад;
  • Макоми ичроия – Раёсат ва Раиси Бонк, ки аз чониби Шурои нозирон таъсис дода мешавад.
  • Ба салохияти истисноии Мачлиси умумии сахмиядорон масъалахои зерин, ки карор бо тарафдории аз чор се хиссаи овози сохибони сахмияхои овоздихандаи дар мачлис хузур дошта кабул карда мешавад, дохил мешаванд:
  • ворид намудани тагйироту иловахо ба Оинномаи Бонк ва тасдики Оиннома дар тахрири нав;
  • кабули карорхо оиди маъкул донистани ахдхо дар холатхои пешбининамудаи моддахои 81 ва 85 Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи чамъиятхои сахоми»;
  • кабули карори азнавташкилдихи ё бархамдихи, тасдики комиссияи бархамдихи, тасдик намудани тавозуни (баланси) фосилави ва нихоии бархамдихи;
  • кабули карор оиди зиёд намудани сармояи оинномави бо рохи зиёд кардани арзиши номиналии сахмияхо ва ё пахн кардани сахмияхои иловаги;
  • кабули карор оиди кам кардани сармояи оинномави бо рохи паст кардани арзиши номиналии сахмияхо ва ё хариди кисми сахмияхо ба максади кам намудани микдори умумиашон, инчунин пардохти сахмияхои харидашуда бо тартиби мукаррари;
  • кабули карор оиди тасдики хуччатхои дохили, ки амалиёти макоми идоракунандаро ба танзим медароранд.
  • Масъалахои зерин салохияти истисноии Мачлиси умумии сахмиядорон буда, карор оиди ин масъалахо бо тарафдории аксарияти сахмиядорони дорои сахмияхои овоздори дар мачлис хузурдошта кабул карда мешавад:
  • Муайян намудани шумораи аъзои Шурои нозирон ва интихоби аъзоёни Шурои нозирони Бонк ва пеш аз мухлат катъ намудани салохияти онхо;
  • Маъкул донистани ахдхое, ки ичро намудани онхо ба манфиати Бонк мебошад;
  • Кабули карор оиди додани суди сахмияхо (дивиденд) аз руи чамъбасти натичаи кори семоха, нимсола ва нухмохаи соли молияви, тартиби додани онхо аз руи пешниходи Шурои нозирон;
  • Тасдик намудани аудитори мустакил ва андозаи маблаги хакки хизмати он барои санчиши амалиёти Бонк;
  • Тасдики хисоботхои солона, хисоботи солонаи бухгалтери, аз он чумла хисоботи фоида ва зарар, инчунин таксимоти фоида (аз он чумла додани дивидендхо, ба чуз фоидаи чун дивиденд аз руи чамъбасти семохаи якум, нимсола ва нухмохаи соли молияви) ва зарар аз руи натичахои соли молияви дар асоси пешниходи Шурои нозирон;
  • Аз тарафи Бонк харидани сахмияхои пахнкардашуда дар холатхои пешбининамудаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи чамъиятхои сахоми»;
  • Кабул намудани карор оиди иштироки Бонк дар ширкатхои холдинги, гуруххои молияви-саноати, чамъиятхои сахоми бо тарзи додани як ё якчанд кисми дороихо, ки кимати онхо 25 ё зиёда аз ин фоизи хамаи дороихои Бонкро ташкил менамоянд;
  • Ташкили фондхои Бонк;
  • Муайян намудани подоши мехнат ва чубронпулии аъзоёни Шурои нозирон хангоми ичрои вазифаашон;
  • Халли масъалахои дигаре, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон дар доираи салохияти Мачлиси умумии сахмиядорон Бонк мебошад.

Масъалахои марбут ба салохияти Мачлиси умумии сахмиядорон наметавонанд чихати хал ба макоми ичроияи Бонк ирсол гарданд.

Мачлиси умумии сахмиядорон хукук надорад масъалахои тибки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи чамъиятхои сахоми» тахти салохияташ карорнадоштаро барраси намояд ва вобаста ба онхо карор кабул кунад.

  • Мачлиси умумии сахмиядорон метавонад навбати ва гайринавбати бошад. Мачлиси умумии навбатии сахмиядорон бояд на пештар аз 2 мох ва на дертар аз 6 мох баъди соли хисоботи гузаронида шавад.

Раиси Шурои нозирон Бонк Мачлиси умумиро кушода онро раиси мекунад.

  • Мачлиси умумии гайринавбатии сахмиядорон бо карори Шурои нозирон бо ташаббуси Шурои нозирон, Раёсат, ва ё бо талаботи хаттии сахмиядорони, ки дорои на камтар аз 10 фоизи сахмияхои овоздори Бонк дар санаи пешниходи талабот мебошанд бо нишондоди зарурияти даъват намудан ва рузномаю вакти гузаронидани мачлис, даъват карда мешавад.
  • Огохонидани сахмиядорон оиди баргузоршавии Мачлиси умумии сахмиядорон дар мухлати на камтар аз 20 руз то санаи баргузоршавии Мачлиси умумии сахмиядорон бо нишондоди сана, вакт, макон ва рузномаи мачлис, бо яке аз тарзхои зерин амали карда мешавад:
  • бо факс;
  • бо телекс;
  • бо телеграф;
  • бо почтаи электрони;
  • бо мактубе, ки бо хаткашон равона карда мешавад;
  • бо мактуби фармоиши.

Иттилоот дар бораи гузаронидани Мачлиси умумии сахмиядорон, ки рузномаи он дорои масъалаи азнавташкилдихии Бонк мебошад, дар мухлати на дертар аз 30 руз то санаи гузаронидани он пешниход карда мешавад.

  • Мачлиси умумии сахмиядорон наметавонад оиди масъалахое, ки дар рузномаи мачлис дохилу тасдик нашудаанд, карор кабул намояд.
  • Сахмиядорон дар овоздихи метавонанд шахсан ё ба воситаи шахсони ваколатдори худ бо ваколатномае, ки мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон тартиб дода шудааст, иштирок намоянд. Дар Мачлиси умумии сахмиядорон шахсони даъватшуда метавонанд хузур дошта бошанд.
  • Мачлиси умумии сахмиядорон дар сурате босалохият аст (дорои кворум мебошад), ки дар он сахмиядорони дар мачмуъ дорои беш аз нисфи овозхои сахмияхои овоздори пахнкардашудаи Бонк, иштирок намоянд.
  • Сахмиядорон ё намояндагони онхо, ки ба руйхати сахмиядорон дохил карда шудаанд, ба шарте иштироккунандаи Мачлиси умумии сахмиядорон эътироф мегарданд, ки чихати иштирок дар он ба кайд гирифта шуда бошанд. Дар Мачлиси умумии сахмиядорон, ки дар шакли овоздихии гоибона мегузарад, сахмиядороне иштирокдошта эътироф мегарданд, ки бюллетенхояшон то санаи анчоми кабули бюлетенхо, дастрас шудаанд.

Агар рузномаи Мачлиси умумии сахмиядорон масъалахоеро дар бар гирад, ки аз руи онхо хайати мухталифи овоздихандахо овоз медиханд бошанд кворум барои кабули карори ин масъалахо алохида муайян карда мешавад. Хамзамон мавчуд набудани кворум барои кабули карори масъалахое, ки овоздихи аз руи онхо бо як хайати овоздихандахо сурат мегирад, ба кабули карори масъалахое, ки овоздихи бо хайати дигари овоздихандагон сурат гирифта, барои кабули он кворум вучуд дорад, монеа намебошад.

Хангоми мавчуд набудани кворум барои гузаронидани Мачлиси умумии солонаи сахмиядорон бояд Мачлиси умумии сахмиядорон бо хамон рузнома такроран гузаронида шавад.

Хангоми мавчуд набудани кворум барои гузаронидани Мачлиси умумии гайринавбатии сахмиядорон метавонад Мачлиси умумии такрории сахмиядорон бо хамон рузнома гузаронида шавад.

  • Мачлиси такрории умумии сахмиядорон ба шарте салохиятдор (дорои кворум) хисобида мешавад, ки дар он сахмиядорони дар мачмуъ дорои на камтар аз 30 фоизи овозхои сахмияхои пахнкардашудаи овоздори Бонк иштирок дошта бошанд. Иттилоот дар мавриди гузаронидани Мачлиси умумии такрории сахмиядорон мутобики талаботи моддаи 48 Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи чамъиятхои сахоми» сурат мегирад. Хамзамон мукаррароти банди сеюми кисми 1 моддаи 48 хамин конуни номбаршуда татбик намегардад. Бюллетенхои овоздихи хангоми гузаронидани Мачлиси умумии такрории сахмиядорон мутобики талаботи моддаи 59-и Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи чамъиятхои сахоми» супорида, ирсол ё нашр карда мешаванд.

Хангоми гузаронидани Мачлиси умумии такрории сахмиядорон дар мухлати 5 рузи баъди Мачлиси умумии доирнашудаи сахмиядорон, шахсони дорои хукуки иштирок дар Мачлиси умумии сахмиядорон мутобики руйхати шахсоне, ки барои иштирок дар Мачлиси умумии доирнашудаи сахмиядорон хукук доштанд, муайян мегардад.

  • Дар чаласаи Мачлиси умумии сахмиядорон Раиси Шурои нозирон раиси мекунад; пайнавиштхо бояд аз тарафи раисикунанда ва котиби мачлис имзо карда шаванд.

13.   ШУРОИ  НОЗИРОНИ  БОНК.

  • Дар фосилаи байни Мачлисхои умумии сахмиядорон макоми идоракунанда Шурои нозирон мебошад. Шурои нозирон рохбарии умумии фаъолияти Бонкро амали менамояд, метавонад хамагуна масъалахоро ба истиснои масъалахое, ки ба ваколати Мачлиси умумии сахмиядорон тааллук доранд, барраси намояд.
  • Ба салохияти Шуро масъалахои зерин дохил мешаванд:
  • Муайян намудани хадафхои фаъолияти ташкилоти карзи ва дурнамои он;
  • Мукаррар намудани стандартхои идоракунии хавфхо ва хадди акалли меъёрхои макбули дохили;
  • Ошкор намудани хавфхои асосие, ки Бонк дучори онхо мегардад ва мукаррар кардани хадди чоизи ин хавфхо;
  • Назорати тадбирхое, ки макоми ичроияи Бонк барои ошкор, андозагири, мониторинг ва назорати хавфхо меандешад;
  • Нигахдории низоми мувофику босамари назорати дохили, инчунин мониторинги самарабахшии низоми назорати дохилии аз тарафи макоми ичроияи Бонк амалишаванда;
  • Мукаррар намудани сиёсати дохили ва сармоягузори, низоми назорати дохили ва меъёрхои ахлоки;
  • Маъкул донистани ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани аъзои Раёсат ва кормандони рохбарикунандаи Бонк бо пешниходи Раиси Бонк ё раиси Раёсат, ба истиснои рохбар ва сармухосиби филиали Бонк;
  • Тасдики сохтори ташкили ва таъини рохбари сохтори аудити дохилии (сараудитори) Бонк;
  • Муайян кардани шартхо ва андозаи музди мехнати раис, муовинони у ва сараудитори Бонк;
  • Таъсис ва бархамдихии филиалхо ва намояндагихои Бонк;
  • Баррасии натичахои аудит ва санчиши дохилию беруни;
  • Дигар масъалахое, ки дар конунгузории Чумхурии Точикистон ва Оинномаи мазкур ба салохияти Шурои нозирон пешбини шудаанд.

 Масъалахое, ки ба салохияти Шурои нозирон дохил мешаванд, барои хал кардан ба Раиси Бонк ё Раёсати Бонк додан мумкин нест.

  • Хайати Шурои нозирон аз 5 нафар иборат мебошад. Аъзои Шурои нозирон ба мухлати 4 сол дар Мачлиси умумии сахмиядорон интихоб карда мешавад. Аъзои Шурои нозирон метавонанд дар даврахои минбаъдаи мухлаташон баробар аз нав интихоб шаванд. Шурои нозирон метавонад аз хисоби сахмиядорон, аз чумла муассисон ва мутахассисон-коршиносони даъватшудае, ки дорои тахсилоти оли буда, шахсони аз нигохи касби босалохият ва боэътимод мебошанд, интихоб гардад. Шурои нозирон аз байни аъзои худ раиси Шуроро интихоб мекунад.
  • Аъзои Шурои нозирон наметавонанд:
  • дар ягон ташкилоти карзии дигар, ба истиснои чамъияти вобаста кор кунанд;
  • аъзои оилаи узви Шурои нозирони ташкилоти карзи бошанд;
  • аъзои Шурои нозирон ё сахмиядори (иштирокчии) дигар ташкилоти карзи бошанд;
  • раис ё узви Раёсати ташкилоти карзи бошанд;
  • хизматчии давлати бошанд;
  • синнашон аз си кам бошад.

На камтар аз чор як хиссаи аъзои Шурои нозирон бояд дар низоми бонки тачрибаи кории зиёда аз се сол дошта бошанд.

  • Додани хукуки овоздихи ба аъзои дигари Шурои нозирон ё шахси сеюм манъ аст.
  • Шурои нозирон наметавонад ба амалиёти чории (оперативии) Раёсат мудохила намояд.
  • Шурои нозирон метавонад бо хисоботхои молияви, хулосаи Кумитаи аудит, маърузахо ва хисоботи харсола то ба Мачлиси умумии сахмиядорон пешниход шуданашон, шинос шавад.

Шурои нозирон метавонад пешниход намудани хамагуна хисоботро оиди амалиёти Раёсат талаб намояд.

Шурои нозирон метавонад барои гузаронидани ташхиси холиси  лоихахои мухим, барномахою масъалахои стратеги, гурухи эксперти таъсис намояд.

Шурои нозирон барои халли проблемахои ба амал омада метавонад аз аъзоёни Шурои нозирон ва шахсони даъватшуда аз чумлаи сахмиядорон, комиссияи кори таъсис намояд.

Кворум барои гузаронидани мачлиси Шурои нозирон набояд аз нисфи шумораи интихобгардидаи Шурои нозирон  кам бошад.

  • Фаъолияти Шурои нозиронро Раиси Шурои нозирон рохбари менамояд.
  • Раиси Шуро хукук дорад:
  • Пайнавиштхо, карорхо ва супоришномахои ба фаъолияти Шурои нозирон дахлдорро имзо намояд;
  • Чаласаи Шурои нозиронро даъват намояд;
  • Тавсияхо ба Раёсати Бонк дихад.
  • Раиси Шурои нозирон чаласаи Шурои нозиронро дар холати зарури ва на кам аз як маротиба дар чоряк (квартал) мегузаронад ва он хангоми иштироки на камтар аз нисфи шумораи аъзои Шуро комилхукук хисоб меёбад.

Хукуку вазифахои аъзои Шурои нозирон, инчунин масъалахои ташкили кори Шурои нозирон, тартиби тайёр намудану гузаронидани мачлиси Шурои нозирон ва дигар масъалахое, ки дар Оиннома халли худро наёфтаанд дар Низомномаи Шурои нозирон, ки он бо карори Мачлиси умумии сахмиядорон тасдик карда мешавад ва дигар хуччатхои дохили танзим мегарданд.

  • Карори Шурои нозирон бо аксарияти овозхои аъзои дар чаласаи Шурои нозирон иштирок дошта кабул мегардад. Хар як аъзои Шурои нозирон як овоз дорад. Хангоми баробарии овозхо овози Раиси Шурои нозирон халкунанда мебошад.
  • Раиси Шурои нозирон бурдани пайнавишти чаласаи Шурои нозиронро таъмин менамояд.
  • Дар набудани Раиси Шурои нозирон вазифахои уро бо карори Шурои нозирон яке аз аъзои Шурои нозирон ичро мекунанд.
  • Раис ва аъзоёни Раёсати Бонк наметавонанд аъзои Шурои нозирон интихоб гарданд.
  • Корманди рохбарикунандаи Бонк хангоми ба вазифа интихоб ё таъин шудан ва минбаъд хар сол бояд бо таври хатти ба Шурои нозирон оид ба хар гуна манфиатхои шахсии молиявии бевосита ё бавоситаи худ ва ахли оилааш маълумот дихад.
  • Агар масъалаи вобаста ба манфиатхои шахсии молияви ба мухокимаи Шурои нозирон ё дигар кумита ё гурухи кории Бонк, ки хукуки кабули карорро доранд, гузошта шавад, корманди рохбарикунанда, ки масъала бевосита ба манфиатхои шахсии молиявии вай дахл дорад, дар огози мухокима онхоро ифшо карда, дигар дар мухокима иштирок намекунад. Хангоми аз чониби Шурои нозирони Бонк ё макоми дигари ваколатдори он барраси гардидани масъалаи вобаста ба манфиатхои шахсии молиявии корманди рохбарикунанда у хукук дорад дар чунин барраси иштирок намояд. Бо максади ташкили кворум иштироки ин корманди рохбарикунанда ба хисоб гирифта намешавад.

14.   МАКОМОТИ ИЧРОИЯИ БОНК.

  • Рохбарии бевоситаи фаъолияти чории Бонкро макоми ичроияи он – Раёсат ва Раиси Бонк амали мегардонанд. Раиси Бонк вазифахои Раиси Раёсатро ичро мекунад.

Маъкул донистани интихоб ва таъин намудани Раиси Раёсат ва аъзоёни Раёсати Бонк, бо назардошти талаботи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи фаъолияти бонки» аз тарафи Шурои нозирон ба мудати 4 сол  мукаррар карда мешавад.

Аъзои Раёсат дар як вакт аъзои Шурои нозирон шуда наметавонанд. Аъзои Раёсат бояд мутахассисони дорои малакаи касби, тачрибаю дониш дар масъалахои молияви ва бонкию хукуки бошанд. Кормандони Бонк метавонанд аъзои Раёсат интихоб шаванд.

Макоми ичроия фаъолияти худро мутобики талаботи Конунхои Чумхурии Точикистон «Дар бораи чамъиятхои сахоми», «Дар бораи фаъолияти бонки», конунгузории Чумхурии Точикистон, санадхои меъёрии Бонки миллии Точикистон, хамин Оиннома, карорхои Мачлиси умумии сахмиядорону Шурои нозирон ва дигар хуччатхои дохили амали менамояд.

  • Ба салохияти макоми ичроия хамаи масъалахои рохбарии фаъолияти чори ба истиснои масъалахое, ки салохияти истиснои Мачлиси умумии сахмиядорон ва ё Шурои нозирон хисоб меёбанд, дохил мешаванд.

Раёсати Бонк дорои салохияти халли масъалахои зерин мебошад:

  • Идоракунии амалиёти харрузаи Бонк ва ичрои карорхои Мачлиси умумии сахмиядорон ва Шурои нозирон;
  • Татбики самтхои асосии фаъолияти Бонк;
  • Таъмини риояи меъёрхои идоракунии корпоративи ва талаботи идоракунии хавфхо дар Бонк;
  • Таъмини сатхи зарурии низоми идоракунии Бонк, ки масъулият, ваколат ва муносибатхои байнихамдигарии сохторхои дохили, шахсони мансабдор ва кормандони дигари Бонкро мукаррар менамояд;
  • Ташкили низоми назорати дохилии Бонк, мониторинги мутобикат ва самаранокии он;
  • Тахия намудани накшаи кории солонаи Бонк ва тагйироту иловахои асоснок ворид намудан ба он;
  • Тахия намудани накшахои молиявию истехсолии сохторхо, ки дар асоси накшаи истехсолию молиявии Бонк тартиб дода мешавад, ташкил намуда онхоро тасдик менамояд;
  • Омода намудани накшаи кори, хуччатхои хисоботи молияви, тавозунхои мухосибави, хисобхои фоидахою зарархо, накшахои таксимоти даромадхо ва зарархоро барои пешниход ба Мачлиси умумии сахмиядорон ва Шурои нозирон;
  • Тайёр намудани лоихаи карорхои Шурои нозирон оиди масъалахое, ки бо ташабуси макомоти ичроия барои барраси пешниход карда мешаванд;
  • Тахия намудан ва барои тасдик ба Мачлиси умумии сахмиядорон ва ё Шурои нозирон аз руи тобеият пешниход намудани лоихаи хуччатхои дохилие, ки амалиёти сохторхои Бонкро ба танзим медароранд;
  • Тасдик намудани сохтор, хайати кормандон, тагйир намудани шумораю вазифахои кормандон;
  • Тасдик намудани сардорони сохторхо, катъ намудани фаолияти онхо;
  • Кабули карор оиди харидори намудан ё фурухтани молу мулк, ки киматаш на зиёда аз 30 фоизи нархи тавозунии дороихои дахлдори Бонкро хангоми бастани шартнома ташкил медихад;
  • Халли масъалахои интихобу чобачогузории кормандон;
  • Халли масъалаи музди мехнат ва хавасманд намудани кормандон;
  • Халли тамоми масъалахои дигаре, ки ба фаолияти чории Бонк вобаста асту ба ваколати Мачлиси сахмиядорон ва Шурои нозирон намедароянд.
  • Чаласаи Раёсат дар холатхои зарури вале на камтар аз як маротиба дар як мох гузаронида мешавад.
  • Фаъолияти Раёсат аз тарафи Раиси Раёсат, ки онро Шурои нозирон, интихоб кардааст, рохбари карда мешавад. Раиси Раёсат метавонад дар чаласахои Шурои нозирон бо овози машварати иштирок намояд.
  • Раиси Бонк хукук дорад:
  • Рохбарии фаврии фаъолияти молиявию хочагидориро амали гардонад;
  • Бе боваринома аз номи Бонк манфиатхои онро дар тамоми макомотхои давлати, Бонки миллии Точикистон ва инчунин дар дигар муассисаю ташкилотхо сарфи назар аз шакли моликият ва чойгиршави, дар дохил ва берун аз кишвар химоя намояд;
  • Аз номи Бонк ахдхо, шартномахо, карордодхо ва созишномахо бандад, микдори кормандон ва мансабхоро муайян намояд, чадвали мансаб ва маошро тасдик намояд, фармону супоришхо барорад, ки ичроиши онхо барои хамаи кормандон хатмист, маош ва андозаи мукофотпулии кормандонро тасдик намояд;
  • Руйхати мансабхоро дар хачми музди мехнати мукарраршуда тасдик намояд;
  • Чорабинихоро оиди баланд бардоштани чихати тахассуси, маънавию хавасмандкунии кормандон, мустахкам намудани интизоми мехнат ва татбик намудани чазои интизомию мехнати, муайян намояд;
  • Кормандонро мутобики руйхати мансабхо ба кор кабул намояд, ба кори доими ва ё муваккатии дигар гузаронад, инчунин аз кор озод намояд, созишномаи мехнати ва карордодхоро бо кормандон имзо намояд;
  • Кормандони рохбарикунандаро (муовинони Раис, сармухосиби Бонк, рохбарон ва сармухосибони филиалхо) дар мувофика бо Шурои нозирон баъди гирифтани розигии Бонки миллии Точикистон, ба вазифа таъин мекунад;
  • Барои барраси ба Шурои нозирон ва Мачлиси умумии сахмиядорон пешниход оиди масъалахое, ки ба салохияти онхо дохил мешавад, ирсол намояд;
  • Раиси Бонк (Раиси Раёсат) бо максади чалби мизочон, метавонад мустакилона меъёри фоизи амонату пасандоз ва хакки хизматрасонихои тарофавиро мукаррар намояд;
  • Амалхои дигареро, ки ба конунгузории Чумхурии Точикистон, санадхои меъёрии Бонки миллии Точикистон, Оинномаи мазкур мухолиф нестанд ва барои ичрои максадхои Бонк заруранд, ичро намояд.
  • Раёсат хангоми иштироки аз се ду хиссаи аъзоёнаш комилхукук хисоб меёбад.

Карор бо аксари овозхо кабул мешавад ва хангоми баробарии овозхо овози Раиси Раёсат халкунанда мебошад. Пайнавиштхои чаласаи Раёсат аз тарафи котиби Раёсат бурда шуда, аз тарафи котиб ва Раиси Раёсат ё шахси ивазкунандаи он, имзо карда мешаванд.

  • Ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани кормандони рохбарикунада:
  • Бонк дар бораи аз кор озод кардани кормандони рохбарикунанда бо зикри сабабхои он дар давоми се рузи кори аз санаи озодкунии онхо Бонки миллии Точикистонро огох мекунанд;
  • корманди рохбарикунанда, ки мутобики моддаи 48 Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи Бонки миллии Точикистон» бо талаби Бонки миллии Точикистон аз вазифа барканор шудааст, наметавонад минбаъд узви Шурои нозирон, корманди рохбарикунандаи бонки дигар интихоб ва таъин шавад.

15.    КУМИТАИ АУДИТ ВА ХАДАМОТИ АУДИТИ ДОХИЛИ.

  • Бо максади ба таври дахлдор амали гардонидани вазифахои назорати дар Бонк дар назди Шурои нозирон Кумитаи аудит таъсис дода шуда, тибки конунгузории амалкунанда дорои ваколату ухдадорихо мегардад.
  • Аъзои Кумита ва Раиси он аз чониби Шурои нозирон ба мухлати 4 сол интихоб карда мешаванд.
  • Раиси Шурои нозирон, Раиси Раёсат ё аъзои Раёсат, аъзои Кумитаи аудит буда наметавонанд.
  • Карорхои Кумитаи аудит бо аксарияти овози аъзои иштирокдошта кабул мешаванд. Хангоми баробар будани микдори овозхо, овози Раиси Кумитаи аудит халкунанда мебошад.
  • Дар Бонк хадамоти аудити дохили амал менамояд, ки ба он сараудитори дохили рохбари менамояд.
  • Сараудитори дохилии Бонк бояд ба талаботи кисми 5 моддаи 23 Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи фаъолияти бонки» чавобгу бошад. Сараудитор аз чониби Шурои нозирон таъин карда мешавад.
  • Хадамоти аудити дохили дар асоси Оинномаи Бонк ва Низомнома «Дар бораи Хадамоти аудити дохили», ки бо карори Шурои нозирон тасдик шудааст, амал мекунад.

Хадамоти аудити дохили доимоамалкунанда буда, кормандони Хадамоти аудити дохили кормандони доимии Бонк мебошанд. Сохтор ва шумораи хайати Хадамоти аудити дохили дар асоси пешниходи Кумиати аудит, аз чониби Шурои нозирони Бонк муайян мегардад.

Сараудитори дохили бо карори Шурои нозирони Бонк таъин гардида, аз вазифа озод карда мешавад.

Шахсоне, ки ба вазифахо дар Хадамоти аудити дохили таъин мешаванд, хукуки ичро кардани дигар вазифахоро дар Бонк надоранд.

16.   ФИЛИАЛХО ВА НАМОЯНДАГИХОИ БОНК.

  • Бонк хукук дорад бо риояи конунгузории амалкунандаи дар худуди Чумхурии Точикистон бо розигии Бонки миллии Точикистон филиалхо, намояндагихо таъсис дихад. Бонк ва филиалхои он метавонанд берун аз махалли вокеъгардидаи худ вохидхои дигари сохториро бо тартиби мукаррарнамудаи Бонки миллии Точикистон таъсис дихад.
  • Вохидхои сохтории мазкур аз номи Бонк амлиёти алохидаи бонкиеро ичро мекунанд, ки номгуи онхо бо санадхои меъёри хукукии Бонки миллии Точикистон мукаррар карда мешавад.
  • Таъсис додани филиалхо ва кушодани намояндагихои берун аз худуди Чумхурии Точикистон тибки конунгузории давлати хоричии махалли чойгиршавии филиал ё намояндаги анчом дода мешавад, агар дар шартномаи байналмиллалии Чумхурии Точикистон тартиби дигаре пешбини нашуда бошад.
  • Филиал ва намояндаги шахси хукуки набуда дар асоси низомномаи тасдикнамудаи Шурои нозирони Бонк амал мекунад. Филиал ё намояндаги бо молу мулк таъмин мегардад, ки он хам дар тавозуни алохидаи онхо ва хам дар тавозуни  Бонк ба хисоб гирифта мешавад. Рохбари филиал ва намояндагихо аз чониби Раиси Раёсати Бонк бо риояи талаботи  конунгузории амалкунанда ба вазифа таъин ва аз вазифа озод  карда мешаванд.
  • Филиал ва намояндаги фаъолиятро аз Бонк дар асоси низомнома ва ваколатномаи аз чониби раиси Раёсати ё Раиси Бонк додашуда амали мекунанд. Бонк аз руи  ухдадорихои филиал ва намояндаги масъул мебошад.
  • Филиал ва намояндагихои Бонк дар каламрави Чумхурии Точикистон бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бакайдгирии давлатии шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди» ба кайди давлати (хисобгири дар фехрист) гирифта мешаванд.
  • Бонк мутобики конунгузории амалкунандаи Чумхурии Точикистон дар худуди Чумхурии Точикистон, инчунин берун аз худуди Чумхурии Точикистон тибки конунгузории давлати хоричи агар дар шартномаи Чумхурии Точикистон тартиби дигаре пешбини нашуда бошад, субъектхои сахомии фаръи ва вобастаи дорои шахси хукукиро бо иштироки хиссаи афзалиятноки худ дар сармояи оинномавии он, мутобики шартномахо, ё ба тарики дигар имконияти муайян намудани карорхои аз чониби чунин субъектхо кабулшавандаро дошта бошад. Субъекти фаръи аз руи ухдадорихои Бонк масъулият надорад.
  • Ба хайати Бонк филиалхои зерин дохил мешаванд:
  1. Филиали Бонк дар нохияи Синои шахри Душанбе (шахри Душанбе, нохияи Сино, хиёбони С. Шерози, 19),
  2. Филиали Бонк дар махалаи Зарафшони нохияи Синои шахри Душанбе (шахри Душанбе, нохияи Сино, кучаи Нусратулло Махсум, 14),
  3. Филиали Бонк дар шахри Хучанд (вилояти Сугд, шахри Хучанд, кучаи Камоли Хучанди, 181),
  4. Филиали Бонк дар шахри Кулоб (вилояти Хатлон, шахри Кулоб, кучаи Сангак Сафаров, 4),
  5. Филиали Бонк дар шахри Бохтар (вилояти Хатлон, шахри Бохтар, кучаи Мирзокодирова, 23).

17.   АЗНАВТАШКИЛДИХИ ВА БАРХАМДИХИИ БОНК.

  • Азнавташкилдихии (муттахидшави, хамрохшави, таксимшави, чудошави, табдилдихи) Бонк танхо бо розигии пешакии Бонки миллии Точикистон сурат мегирад.
  • Расмиёти бархамдихии фаъолияти Бонк дар асоси талаботи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бархамдихии ташкилотхои карзи» дар шакли бархамдихии ихтиёри ва мачбури гузаронида мешавад.
  • Аз лахзаи ба фехрасти давлатии бакайдгирии шахсони хукуки ворид намудани кайди дахлдор бархамдихии Бонк ба итмом расида ва фаъолияти Бонк катъгардида хисобида мешавад.

18.   МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ.

  • Макомоти идоракунии Бонк фаъолияти худро дар асоси тартибот ва коидахои дар Кодекси идоракунии корпоративи ва дигар хуччатхои дохилие, ки бо карори Мачлиси умумии сахмиядорони Бонк бо максади мушаххас кардани бандхои алохидаи Оинномаи мазкур тасдик шудааст, ташкил мекунад.
  • Барои халли як катор масъалахое, ки ба фикри Раёсати Бонк дар асоси хулосаи мутахассисони баландихтисос кабул кардани карори машварати зарур аст, дар Бонк Кумитахо, Комиссияхо ва Гуруххои кори ташкил кардан мумкин аст. Хайати шахси ва микдори, худудхои салохият, мухлати фаъолият ва тобеъияти онхо тавассути карорхои Раёсат ё фармони Раиси Бонк мукаррар карда мешавад.
  • Тагйироту иловахо ба Оинномаи мазкур бо карори Мачлиси умумии сахмиядорони Бонк тасдик карда мешаванд.
  • Дар бораи тагйироту иловахои дар Мачлиси умумии сахмиядорон кабулгардида, дар муддати на дертар аз як мох аз рузи кабул кардани карори дахлдор ба Бонки миллии Точикистон хабар дода мешавад ва инчунин, дар холатхои дар конунгузори пешбинишуда ба макомоти бакайдгиранда, ки бакайдгирии шахсони хукукиро дар Чумхурии Точикистон амали менамоянд, ахборот медихад.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Тайёр кардани винегрети «Наврузи» – Хуриш

Сабзавоти тайёр кардаро омехта карда, намак кунед. Равгани растани андохта хамаашро омехта кунед. Ороиши таом. …