Главная / Биология / Оилаи тутхо

Оилаи тутхо

Ба ин оила такрибан 1700 хели растанихои шаклашон буттагиву дарахти, лианмонанд (чуброст), хамешасабз ё хазонрез ва баъзе гиёххои яксола ва бисёрсола дохил мешаванд. Аксари онхо дар минтакахои тропики ва субтропикии кураи Замин месабзанд. Дар Точикистон аз оилаи тутхо махсусан навъхои гуногуни тут ва анчир васеъ парвариш карда мешаванд.

 Растанихои оилаи тутхо
Расми 19. Растанихои оилаи тутхо

Тана, шох ва барги аксари хелхои ба ин оила дохилшаванда, хангоми харошидан ё чарохатёбй аз худашон шираи ширмонанд хорич мекунанд. Чойгиршавии баргашон навбати буда, наздбарга низ доранд.

Гулхо дар хушагулхои гуногуншакл – гушворак, хуша, чорубак ва гайрахо чойгир мебошанд. Гулхо якчинса буда, гулбарг надоранд, косабарг аз як то хашт адад ва микдори гардбаргхо тагйирё- банда мебошад. Микдори мевабарг якто буда, як ё дуто гардгирак дорад. Гардолудшавии растанихои оилаи тутхо бо туфайли шамол ва хашароти махсус ба амал меояд.

Меваи онхо гучуммева аст. Дар тухмашон эндосперм доранд. Бисёр растанихое, ки ба ин оила дохил мешаванд, растанихои фоиданок ба хисоб рафта, аз замонхои кадим инчониб парвариш карда мешаванд. Яке аз маъмултарин намояндаи ин оила тут мебошад. Тут дарахти хазонрез буда, дар мамлакатамон ду намуди он: тути сафед ва сиёх (шохтут) бештар маъмуланд. Хар ду намуди тут дарахти як ё духонаги буда, шакли баргхояшон гуногун мебо- шад. Аз хушагули гушворакшакли он гучуммева пайдо мешавад.

Дар айни замон, кариб 400 навъи тут ба вучуд оварда шудааст. Хусусан, навъхои тути бедона, балхи, марворидак, мавизак, чиртут, сафедак ва гайрахо дар нохияхои гуногуни Точикистон аз замонхои кадим инчониб парвариш карда мешаванд. Тут растании ба хушки нихоят тобовар буда, дар хокхои нисбатан камгизо метавонад нагз нашъунамо кунад. Тутро асосан тавассути дона (тухм)-аш ва ин- чунин бо рохи пайвандкуни зиёд мекунанд. Дарахти тут 200-300 сол умр мебинад.

Меваи тут ширин буда, дар таркибаш зиёда аз 10% моддаи канди дорад. Онро дар шакли тару тоза ё хушкконидашуда истеъмол мекунанд. Агар аз тути хушки куфташуда талкон тайёр кунанд, аз меваи тару тозаи он ширини мепазанд.

Хусусияти шифобахшии дарахти тут аз кадимулайём маълум аст. Абуали ибни Сино тути хушконидашударо (меваашро) барои табобати касалихои гуногуни меъдаю руда тавсия додааст.

Хусусан, тути сафед дорои ахамияти калони саноатй мебошад. Барги онро ба сифати маводи хурока барои парвариши кирми пил- ла (абрешим) истифода мебаранд. Ба ин максад, истифода шудани барги тут дар китъаи Осиё (Хитой) зиёда аз 2500 сол бошад, дар Европа зиёда аз 1000 солро ташкил медихад.

Тутанчир яке аз авлодхои сершумортарини оилаи тутхо ба хисоб рафта, такрибан 1000 хелро дарбар мегирад. Аксари онхо дар минтакахои тропикии намнок васеъ пахн гардида, дар чунин шаро- ит онхо дарахтони хамешасабз мебошанд.

Меваи анчирро дар шакли тару тоза, хушконидашуда ва шарбатхои гуногун истеъмол мекунанд.Дар Точикистон ду намуди анчир дар шакли худруй ва хам мазруъ парвариш карда мешавад. Дар шароити Точикистон анчир дарахти начандон калони хазонрез мебошад. Барги он панчашакли аз 3 то 7 парра аст. Вай растании духонаги буда, хушагули нок- монанди дарунхоли дорад. Гули анчир махсусияти ба худ хос дошта, танхо тавассути занбуре, ки номаш бластофаг аст, гардолуд мешавад. Аз хушагули гардолудшуда гучуммева пайдо мешавад, ки шакли муруд, лунда ё кулчамонанди рангаш зард, сабз, бунафш, ё бурмонанд буда, сертухму сергушт мешавад. Меваи ан- чир сергизо мебошад ва дар таркибаш 12-28% канд, инчунин сафеда, охар, витаминхои гуногун, намакхои органики ва элементхои охан, фосфор, кал- сий, мис ва магний дорад. Чунин таркиботи бои химияви ва хуштаъмии меваи анчир гувохи медихад, ки вай хосияти баланди пархези ва шифобахши дорад.

Анчир асосан дар мамлакатхои со- хили Бахри Миёназамин, Осиёи Хурд, Эрон, Афгонистон, Закавказия ва дар Точикистон бошад, дар нохияхои гарми чануби парвариш карда мешавад.

  1. Аломатхои хоси растанихои оилаи тутхоро номбар кунед.
  2. Кадом намояндахои хоси онхоро медонед? •
  3. Тут ва анчир дар хаёти инсон чи ахамият доранд?
  4. Анчир тавассути кадом хашарот гардолуд мешавад?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …