Главная / Биология / Оилаи настаранихо

Оилаи настаранихо

Ба оилаи настаранихо зиёда аз 3000 намуди растанихои алафи, буттаги ва дарахти мансуб аст. Дар Точикистон такрибан 142 намуди растанихои худруй ва мазруии оилаи настаранихо маълуманд. Сохти баргашон гуногун буда, дар дарахти себ, нок, бихи ва гайра содда, дар шохтути замини ва марминчон — сечанда, дар настаран – пармонанди мураккаб мебошад. Чойгиршавии барг дар растанихои ба ин оила тааллукдошта навбати буда, онхо наздбарга доранд.

Гули настаранихо дар алохидаги (тока-тока) дар багали баргу навда ё дар хушагулхои гуногун чойгиранд. Гули онхо дучинса буда, ба туфайли хашарот гардолуд мешаванд. Гулпуши онхо дучанда буда, гул аз 5 косабарг ва 5 гулбарг иборат аст. Дар аксарияти онхо, ба гайр аз 5 косабарг, боз 5 зеркосабарг дида мешавад (дар шохтути замини, кулфинай ва гайра). Гулбаргхо ранги сафед, зард, сурх, гулоби доранд. Дар аксарияти намояндагони оилаи иастаранихо микдори гардбаргхо зиёд ва озод буда, онхо дар канори гулбанд ё косача инкишоф меёбанд.

seb

Тухмдони гули настаранихо якто ё бисёр буда, аз мевабаргхои озод ё пайваст таркиб ёфтааст. Гураи настаранихо дар миёнчои гулбанди пахн (яъне, гура мобайни), барчаста (яъне, гура болои) ё кадахшакл (гура поёнй) чой гирифтааст. Формулаи умумии гули настаранихо чунин аст: К(5)5 Т5 Гу М|(5)

Меваи растанихои ин оила хушки чормагзак, баргаки сершумор ё тармеваи сердона мешавад.

Гулбанди гулхои он растанихои оилаи настаранихо, ки тухмдо- ни бисёр доранд, метавонад баробари пухта расидани мева (маса- лаи дар шохтути замини ва настаран) сабзишашро давом дода, серобу сершира гардад.

Гулхои дигар намояндагони настаранихо (чунончи, олуболу, олу, шафтолу, зардолу) факат якто тухмдон доранд ва аз ин ру меваи онхо донакдор аст. Себ, нок, бихи, губайро ва дулона меваашон ба навъи махсуси “себак” тааллук доранд.

Дар баъзе намудхои алафии настаранихо, чунончи, дар растании панчаи зог бархилофи дигар намояндагони ин оила, гул 4 косабарг ва 4 гулбарг дорад.

Намояндаи нисбатан маъмули дарахтии оилаи настаранихо, ки дар шакли худруй ва мазруъ вомехурад себ ва нок мебошад.

Себ дарахти начандон калон мебошад. Решаи тиррешаи он то 5 м ба зери замин чукур меравад. Себ аз 100 (себи боги) то 300 сол (себи худруи кухи) умр мебинад.

Себ танаи рости ба боло кадкашида дошта, аз он микдори зиёди навдахо ба хар тараф шоха меронанд. Барги себ содда буда, дар фасли бахор пеш аз баргбарори дарахт гул мекунад. Гули себ ранги ширчой ё гулоби дорад. Гулхо дар хушагул чойгир шудаанд. Гул аз 5 косабарг, 5 гулбарг, як тухмдон иборат буда, микдори зиёди гардбаргхо дорад.

Аз руи сохти гул нок ва себ бо хам монанд буда, онхо аз руи шакли мева ва шохарониашон фарк мекунанд. Агар навдахои себ аз поя ба хар самт сабзанд, дар нок навдахо одатан ба боло кад мекашанд. Инчунин дар меваи нок хучайрачахои санггардида (сахтшуда) хастанд, ки хангоми истеъмол ба осони эхсос карда мешаванд.

Нокро низ ба монанди себ аз тухмаш зиёд мекунанд ва ба нихолхои бавоярасидаистода навъхои бехтарини нокро пайванд мекунанд. Пухтарасии меваи нок чун себ аз мохи июн шуруъ шуда, то мохи октябр давом мекунад.

Дар Точикистон 7 намуди нок вомехурад. Чор намуди он худруй (ноки анчирак, каён, муруд ва муруди хирсак) буда, се намуди дигараш (ноки мукаррари, шакармуруд, турунч) дар нохияхои гуногуни чумхуриамон аз кадимулайём парвариш карда мешаванд.

Б ихи дарахти начандон калони (аз 1,5 то 5 м кад мекашад) сершоху барг мебошад. Гулаш калони дучинса буда, ранги гулбаргхояш сафед ё гулобии хушбуй мебошад. Гулкунии он баъди дар навдахо бо пурраги пайдо шудани барг шуруъ мешавад. Мевааш кулула ё нокшакли зард буда, магзи зарди камоб ва хушбуй дорад.

Такрибан 400 навъи бихи ба вучуд оварда шудааст. Одатан бихи- ро тавассути каламча, бехчасташ ва тухмаш зиёд мекунанд. Ба туфайли пайванд бошад, навъхои хушсифату болаззати онро ба вучуд меоваранд.

Тобоварии бихи нисбати хунуки зиёд буда, дар Точикистон навъхои махаллии он (бихии чиллаги, нокбихи, миёнапазак, дерпазак) ва навъхои ба шароити махал бештар мутобикшудаи онро (бихии кизилкургони, фаровони, самаркандии калонмева, туршбихии бухорои ва бихии япони)-ро ба таври васеъ парвариш мекунанд. Меваи бихи сергизо буда, аз он мармелад, чем, шарбатхои гуно- гун тайёр мекунанд. Табибони халки мева ва тухми онро барои та- бобати касалихои гуногун истифода мебаранд.

Зардолу пеш аз баргбарори гул мекунад. Ранги гулхояш сафед, сурх ё гулоби буда, тавассути хашарот ва шамол гардолуд мешавад. Меваи зардолу донакдор буда, вобаста ба навъхояш ранги сафед, зард ё гулоби дорад. Донаки зардолу аз равган бой аст. Равгани онро дар тиб истифода мебаранд.

Яке аз намояндагони бутташакли оилаи настаранихо настаран ё хуч мебошад. Поя, думча ва рагхои баргаш бо хоракхои кутохи нугтез пушида гардидаанд, ки онхо настаранро аз хайвоноти алафхур мухофизат мекунанд. Барги хуч мураккаб ва канори пах- накаш аррашакл мебошад.

Формулаи гули настаран чунин аст: К5 Т5 Г^ М . Хамин тавр, гулпуши гули он аз 5 косабарг ва 5 гулбарги рангини калон иборат аст. Микдори гардбаргу тухмдонаш бисёр мебошад.

Гули настаран гулбанди сергушти кадахмонанд дорад. Баъди бордоршави хар як тухмдон ба меватухм табдил ёфта, мачмуи онхо дар гулбанди кадахмонанди настаран чойгир буда, меваи калбакиро пайдо мекунанд.

Дар Точикистон 18 намуди настаран меруяд. Намудхои гуногуни настаран дар сохили дарёчахои кухи, доманакуххо, дар байни чангалзори фарку бодом, арчазору ангатзор ва олучазор, дар баландихои 400 – 3600 м аз сатхи бахр васеъ пахн шудаанд.

Настаранро дар корхои селексиони барои ба вучуд овардани навъхои зебою дилорои садбарг истифода мебаранд. Меваи настаран манбаи бойи витамини С мебошад. Аз гулбаргхои навъхои гуногуни (ороишии) настаран ва садбарг моддахои хушбуй истехсол мекунанд, ки дар сохаи атриёт мавриди истифода мебошанд.

Садбарг — гули хушбуй ва дорои рангхои гуногун (сафед, гулоби, сурх, ширчои, сурхи сиёхчатоб ва гайрахо) мебошад. Садбаргро аз даврахои кадим инчониб дар Эрон, Хиндустон, Хитой ва бисёр мамлакатхои чахон парвариш мекунанд. Бисёр шоирон дар васфи зебоии садбарг шеърхо эчод кардаанд.

Хамин тавр, гули садбарг ба кучабогу гулгаштхои шахру дехот хусни тоза зам мекунад. Инчунин аз гулбаргхои он равгани пуркимат мегиранд. Дар саноати хуроквори аз гулбаргхои он шарбатхои гуногун ва мураббо тайёр мекунанд.

Марминчон растании маъмули оилаи настаранихо аст. Вай дар сохили дарёчаву канори чуйбору каналхо, чашмахо ва дар чойхои сернам боавч нашъунамо карда, баргу пояаш анбухи девори касногузарро ба вучуд меоваранд. Меваи марминчон хуштаъм ва хушбуй мебошад. Дар таркиби меваи марминчон глюкоза (2,8- 3,6%), фруктоза (3,1-3,2%), сахароза (0,3-0,6%) ва витамини С (бо микдори зиёд) дида мешаванд. Марминчон растании бисёрсолаи нимбуттаги буда, тана, думча ва рагхои марказии барг бо хорчахои нугтез ихота гардидаанд. Гулпуши дучандаи он аз 5 косабарг ва 5 гулбарг иборат аст. Гардбарг ва тухмдони бисёр дорад. Меваи марминчон мураккаб ва сиёхи кабудранг мебошад 35 .

  1. Кадом растанихои ба шумо маълум ба оилаи настаранихо дохил мешаванд?
  2. Сохти гули настаранихо чи гунаанд?
  3. Кадом растанихои мевадихандаи оилаи настаранихоро медонед?
  4. Аз руи сохти гулашон растанихои оилаи настаранихо аз оилаи чилликгулхо бо чи фарк мекунанд?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …