Главная / Чамъият / Оилаи ман хушбахт !

Оилаи ман хушбахт !

Ман 20 декабри соли 1966 ба дунё омадаам. Дар гузашта точикон рузи таваллудро чашн намегирифтаанд ва аслан ба он хеле ахаммият хам намедодаанд. Фарзанд асосан дар хона таваллуд мешудааст ва шаходатномаи таваллудашро хар вакт, ки фурсат ёфтанд, мегирифтаанд. Чун, пас аз мудда- те, моххо ё хатто солхо баъд, барои шаходатномаи таваллуд ба идораи сабти ном мерафтаанд, табиист, ки рузи дакики таваллуд дар ёдашон намемондааст, аз ин сабаб, як санаеро тахминан менавиштаанд. Агар насли ман ва бузургтархоро тахкик кунед, мебинед, ки рузи таваллуди аксарият тахмини якум, панчум, дахум, бистум ва дигар рузхои давр мукаррар шудааст. Рузи таваллуди банда хам, ки бистум аст, шояд аз хамин силсила бошад.

Оилаи солим чомеаи солим мегуянд

Оилаи мо мисли аксари хонаводахои дигари деха серфар- занд буд. Хукумати Шурави барои таваллуди хар фарзанд пул ва медол медод ва модарони серфарзанд аз имтиёзхое хам бар- хурдор буданд. Тибки урфу одати дерина, фарзанд барои оила кувваи кори хисоб мешуд ва падарони серфарзандро «бойу бадавлат» мехонданд. Ин ду омил ба хам омада, сабабгори серфарзандии оилахо шуда буд.

Сурати оилаи хушбахт
Сурати оилаи хушбахт

Дар оила мо дах фарзанд будем. Ду хохар ва хашт бародар. Як хохаркалон дорам ва як хохари хурди, се бародари калону чор нафар хурд. Мутаассифона, замоне, ки ман ин сатрхоро менависам, ду бародари калонам ба рахмати хак пайвастаанд. Худованд зиндагии бокимондагонро бако бахшад.

Ман бо хохари калониам – Ибодат, бародари як зина аз ман калони – Абдухалим(р) ва як зина хурди – Абдулхаким алока ва робитаи бештар доштам. Бародари бузургам Абдунаим(р) 6 сол аз ман бузургтар буда, бештар бо хамсолону дустони ху- даш алока дошт. Абдумачид – бародари дигарам, ки ду сол аз у хурдтар аст, касалманд аст. Бародарони дигари хурдиям Абдучобир, Абдурахим ва Абдушофеъ ва хохарам Инобат ба сол аз ман хеле хурдтаранд ва ин фосилаи синнусоли ба наздикии мо каме асар гузоштааст. Онхо ба ман хамчун бародари бузург бо эхтироми хоси панчруди муносибат мекунанд ва фосила нигох медоранд. Муносибати байни одамон дар Панчруд ба син- ну сол рабти кави дорад. Касони ба сол аз худ калонро хатман эхтиром мекунанд ва фосила нигох медоранд, калонсолон дар навбати худ вазифадоранд, ки барои аз худ хурдтархо намунаи одобу ахлоки нек бошанд.

Падарам мутахассиси заминшинос (геолог) буданд ва кор- хонаашон дар куххои минтака ба кофтукоби маъданхои зери- замини машгул буд. Ба фарк аз дигар мардони деха, ки дар колхоз кор мекарданд ё дар мактаби деха дарс медоданд, чойи кори падарам дур аз хона, дар нохияи Айни буд ва аз ин са- баб он кас дар хафта панч шабонаруз дар кор буданд ва танхо рузхои шанбеву якшанбе дар хона хузур доштанд. Падарам маоши хуб мегирифтанд ва зиндагиямон хеле хуб буд. Он кас шахси камгап, чидди ва босалобат, барои мо фарзандон як намунаи ибрат буданд. Мо хама фарзандон, харойина саъй мекардем, ки падар аз мо рози бошанд ва ин ангезаи асосии мо барои худдори аз корхои номатлуб ва саъйу кушиш дар корхои хуб буд. Бадтарин чазо барои мо он буд, ки падар аз ягон кори бади мо огох шаванд. Як нигохи падар кофи буд, ки мо болу пар барорем ё гарки обу арак гардем.

Умуман, накши шахсияти падар дар оилаи точик, дар тар- бияи фарзанд хеле мухим аст. Чомеаи точик падарсолор буда, фитрати азалияш имкон додааст, ки ин омил барои тарби- яи оилавии фарзанд ба таври шоёни тахсин истифода шавад. Модари точик аз падар барои фарзандон намуна месозад ва онро чун як абзори тарбияви хеле муассир истифода мебарад. Вокеан, ин омил барои тарбияи насле, ки давлат ниёз дошт, хизмати арзанда кардааст ва аз миллати точик як кувваи хуби тавлидкунандаи ашёи хоми мавриди ниёзи давлат сохтааст. Агар имруз, ки такозои замон дигар шудааст, дар оилаи точик донишмехвари намуна шавад, ба зуди модари точик нобигахо ба дунё хохад овард!

Модарам ба истилохи онзамона «сохибхоназан» буданд. Тамоми ташвиши рузгор ба души эшон буд. То замоне, ки мо дастёр шудем, амаку тагохоям ба кори хона ёри мекардаанд. Вакте мо дастёр шудем, модарам корхои хонаро бештар ба мо фармуда, худашон рохбари мекарданд.

Хонаи мо дар Панчруд 3-4 сотих замини наздихавлиги дошт. Дар як кунчаш боги себу зардолу доштем ва кисмати дигарашро барои руёндани сабзавоту полези истифода мекардем. Ачиб он буд, ки агар аз хамин 3 сотих замин 1-1,5 сотихаш зери дарахтон бошад, аз он 1,5-2 сотихи дигар мо тамоми зироати мавриди ниёзи оилаамонро барои кулли сол таъмин мекардем.

Поруи чорвои хонагиамонро хар сол дар як кунчи замин анбор карда, ба руяш хок кашида мемондем, ки он то соли дигар пусида тайёр мешуд. Бахорон, пеш аз хама бо фармони падар ва зери назари модарам мо тамоми заминро порупуш мекардем. Занбарро аз пору пур карда, дар сартосари замин катор-катор мерехтем. Барои ман, ки бачаи камкувват будам, порукашони хеле сахт буд. Занбари вазнин аз дастам меафтид ва борхо хадафи сарзаниш карор гирифтаам.

Умуман, раванди тарбия дар оилаи точик таврест, ки то синни мактаби нози бачаро мекашанд ва ноздона парвариш ме- кунанд. Вале такрибан, пас аз шаш-хафтсолаги тамоми корхои сангинро ба душаш мегузоранд ва аз у хамчун як кувваи кории том истифода карда, обутоб медиханд. Ин сиёсати хубест, ки хам эътимод ба нафси кудакро дар хурди намешиканад, хам хангоми навраси уро обутоб дода, ба сахткуши карин мегардонад.

Баъд аз порукашони, поруро пахн намуда, заминро якчанд бор побел мекардем, то ки хок бо пору омехта ва элпа шавад. Дар Панчруд хоки нармро, ки барои кишт омода аст, элпа ме- номанд. Агар ин хокро ба каф бигиред, он ба даст намечаспад. Сипас, палхо сохтаву чуякхо кашида, пиёзу сабзи, картошкаву лаблабу, бодирингу помидор, райхону кашнизу шибит ва ди- гар зироати мавриди ниёзи хонадонамонро мекоридем. Аз ин замини хурд мо он кадар хосили хуб мегирифтем, ки барои тамоми сол мерасид. Ман ёд надорам, ки боре хам барои хона аз бозор пиёзу сабзиву картошка харида бошем.

Ин китъаи замин дар пеши айвони хонаамон чойгир буд. Чуяку палхо ба тарзи хос таррохи мешуданд, ки аз диданаш кас лаззат мебурд. Инчунин осон шудани обёриву коркарди баъди низ ба назар гирифта мешуд. Байни палхо рохрав гузошта, ка- нораш чуяк кашида, лаблабуву шалгам кошта мешуд, ки хам ба пал дастраси бошад ва хам аз он чизе руёнда шавад.

Модарам гулро хеле дуст медоранд. Дар назди хона як чуяки дароз мекашидем ва модарам дар он гулу чорубу лубиё меши- нонданд, гулхои зебову хушбуй ончунон хавлиро оро медод, накхаташон онкадр хуш буд, ки хануз хам аз машомам нараф- тааст. Чорубе хам, ки модарам мекоштанд, гули зебое дошт ва хеле хушбуй буд. Кади ин нихолхои чоруб баланд мешуд ва лубиёхои дар бехи хар яки ин чорубхои хушбуй шинондашуда ба он печида, хамел-хамел мева меандохт. Тирамох нихолхои чорубхоро даравида, аз онхо дастахои чоруб месохтанд, ки аз чорубхои бозор камие надошт ва хар руз, ки хонаро чоруб меза- данд, буи хушаш дармеомад. Аз хамон як чуяки дароз модарам хам хонаро бо чоруб таъмин мекарданд, хам чанд халтаи хурд лубиё мечиданд, ки онро хушк карда, дар тули сол дар гизо истифода мекарданд. Мурчу каланфур, райхону шибиту каш- низро низ, ки «бугзор» меномиданд, ба андозаи кофи хушк ва захира карда, дар угурча мекуфтанд ва дар халтачахо гирифта, дар сутуни айвон овехта мемонданд, ки барои хушбу кардани гизо дар тамоми сол истифода мешуд.

Тавре ки зикр шуд, дар замони Шурави занхоеро, ки мис- ли модарам, ба кори давлати ва ё корхои кишоварзии колхоз банд набуданд, «сохибхоназан», яъне бекор меномиданд. Вале модарам ба истилохи худашон барои сархори вакт надоштанд. Шустушуй, пухтупаз, тоза кардани хонахо кори эшон буд. Бо ин хама серкори тозагии мо аз назарашон дур намемонд, аз нохуни по то муи сар хамаро назорат мекарданд, илова бар ин, бегоххо баъзан даъват карда дарсхои моро хам аз назар мегузаронданд. Хеле хавсала доштанд!

Албатта, корхои кишоварзиро мо мекардем, аммо рохбариву назорат дар набудани падарам аз тарафи модарам анчом ме- шуд, ки дар ин корхо низ тачрибаву малакаи кофи доштанд. Вокеан, ба маънои томаш, сохибхоназан буданд.

Дар Панчруд падару модароне буданд, ки фарзандони худ- ро бо задан тарбия мекарданд. Ба назарам, бачахое, ки аз суи волидонашон лат мешаванд, бо хисси камбуди эътимод ба нафс бузург мешаванд. Ман боре хам зарби задани падар ё модарро эхсос накардаам… На! Фаромуш кардам, як бор як шаппоти аз падарам хурдаам. Ин вокеа ин тавр руй дода буд: Ман дар хурди хеле нозпарвард, ба лахчаи панчруди «эрка» будам. Падарам раиси бахши корхонаи заминшиноси буданд ва мошини хизматии боркаш доштанд. Рузхои охири хафта, ки маъмулан, падарам дар хона буданд, ман лахзае аз он кас чудо намешудам. Ва рузи душанбе, вакти ба кор рафтанашон талош мекардам, ки маро хамрох баранд.

Боре, вакти ба кор рафтанашон ман то назди мошин аз пасашон давида рафтам. Падарам маро бардошта бусиданд ва канори рох гузошта, ба мошин савор шуданд. Вакте мо- шин равон шуд, ман, ки аз падарам чудо шудан намехостам, гирякунон давида ба чархи мошин часпидам. Ронанда фавран мошинро боздошт. Падарам ба шаст аз мошин фаромада, маро аз чарх канда гирифта, як шаппоти ба руям заданд. Дигар доду фигони маро хадду канор набуд. Падарам ин дафъа маро дар багалашон то назди дарвозаамон бурда, бусида, ором карда монданд ва баргашта рафтанд. Чуз ин дигар хеч гох падар ё модарам ба ман даст набардоштаанд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …