Главная / Биология / Оилаи лубиёихо

Оилаи лубиёихо

Оилаи лубиёихо яке аз калонтарин оилахои синфи растанихои дупалла ба шумор меравад. Ин оила такрибан 12 хазор намуди растанихои яксола, бисёрсолаи алафию буттаги ва дарахтиро дарбар мегирад.

Дар байни онхо растанихои кишоварзи (аз кабили мушунг, лубиё, лубиёи чини (соя), бокило, чормагзи замини, мош, нахуд ва гайра), ороиши (акокиёи зард, гули мулкак, акокиёи сафед, глисиния, нахудаки хушбуй), хуроки чорво (юнучка, лупин (тирмис), себарга), доруи (асалришка (говришка), ширинбия) ва дигар растанихои пуркимат мавчуданд. Аксари растанихои лубиёи аз руи намуди зохириашон бо хам камтар монанди дошта, аз руи сохти гул ва мева ба хамдигар хеле наздиканд.

Лубиёихо гулпуши дучанда доранд. Косачаи гул аз 5 косабарги бохам пайваст, точгул аз 5 гулбарг, ки дутоаш бо хамдигар пайваст аст, иборат аст. Хар кадом гулбарг номи махсус дорад. Гулбарги болоиро, ки аз дигар гулбаргхо калонтар аст бодбонак, пахлуиро белча ва ду гулбарги поёнии бахам часпидаро завракча меноманд. Хамин тавр, гули лубиёихо завракчаеро ба хотир меоварад, ки белча ва бодбон дорад. Тухмдон дар дохили завракча чойгир буда, онро 10 адад гардбарг ихота кардааст. Дар аксарияти растанихои лубиёи думчаи 9-то гардбарг бо хамдигар часпида, факат якто гардбарг чудо аст. Дар гули баъзе дигар намудхои растанихои лубиёи думчаи хамаи гардбаргхо ё пайваст ё аз хамдигар чудо-чудо мебошанд. Меваи растанихои оилаи лубиёихо кусак мебошад.

Формулаи гули аксарияти лубиёихоро ин тавр тасвир кардан мумкин аст: К(5) Т1+2+(2) Г(9)+1 М,

Тавассути хучайрахои муякреша ба решаи растанихои лубиёи бактерияхои лундарешаги дохил шуда, дар он чо лундахоро ба вучуд меоваранд. Ин бактерияхо кобилият доранд, ки нитрогени холис ё озоди хаворо аз худ карда, ба нитрогени барои растанихо дастрас табдил диханд. Чунин хамзистии (решаи растании лубиёи + бактерияхои лундарешаги) ба хамдигар фоиданоки организмхои зиндаро “симбиоз” меноманд. Симбиоз калимаи юнони буда, маъ- нояш “симбиоз” — хаётгузаронии якчоя ё хамзисти мебошад.

Таркиби узвхои руизаминии лубиёихо (поя, барг, мева, тухм) низ аз моддахои нитрогендор, хусусан, сафедахо хеле бой мебошад. Хамин тавр, растанихои лубиёи на танхо ба туфайли бактерияхои лундарешагиашон, инчунин бо узвхои руизаминиашон, ки пас аз фаъолияти хаётиашон хушк гардида, ба хок меафтанд, таркиби хокро аз моддахои нитрогендор бой гардонда, боиси хосилхез шу- дани хок мегарданд.

Сохт ва шакли барги растанихои лубиёи гуногун аст. Чунончи, барги себарга аз се хисса (баргча) иборат буда, аз ин ру онро себарга мегуянд. Барги лубиёи чини, лубиё, мушунг, акокиёи зард ва сафед, мошак пармонанд буда, барги лупин (тирмис) панчашакл мебошад.

Барои растанихои лубиёи тудагули шаклаш хуша (лупин, асалришка) ва сарак (дар себарга) хос аст.

Мушунги киштшаванда яке аз растанихои мазруи кадимии лубиёихо ба хисоб меравад. Ватани аслии мушунг кухистони Афгонистон ва шимолу гарби Хиндустон мебошад.

Мушунг растании алафии яксола буда, барги мураккаби пармонандаш бо танобаки шохаронда ба итмом мерасад. Танобак ба ягон такягох часпида пояи борику камкуввати мушунгро устувор нигох медорад.

Дар таркиби меваи сабз ва тухми мушунг ба микдори зиёд ан- гиштоб ва сафеда мавчуд аст.

Лубиё растании гармидуст аст. Вай зиёда аз 200 намуд дорад, ки аз ин микдор 20 намудашро дар хочагихои кишоварзи васеъ парвариш мекунанд.

Намудхои гуногуну зиёди лубиё дар минтакахои тропики, Осиё, Африко ва Америка васеъ пахн шудаанд. Лубиё пояи печону каиш дорад. Баргхои аввалини (дар кабати поёни) лубиё содда, чуфт ва баргхои болоии он мураккаб, сечанда буда, дар думчаи дароз чойгир шудаанд. Хушагулаш аз 2—4 гул иборат буда, гулхояш сафед, гулоби ва бунафш меша- ванд.

Мушунг

Лубиё навьхои зиёд дорад. Навъхои гуногуни онро ба сифати растании техники, хуроки ва ороиши истифода мебаранд. Дар таркиби тухми он 28—30% сафе- да, 3,6% равган, 42 — 60% охар (крахмал) ва инчунин канд, витаминхои А, В, С мавчуд аст. Аз баргаш чавхари лиму ва дорухои гуногун хосил мекунанд.

Нахуд растании яксола ва бисёрсола мебошад. Хамаги 30 намуди нахуд маълум аст. Дар Точикистон 17 намуди он вомехурад. Лекин факат як намуди нахудро кишт мекунанд. Дар аксари нохияхои Точикистон нахудро парвариш мекунанд.

Нахуд пояи рости сершох дорад. Баргаш мураккаби тока ва пар- монанд аст. Мевааш кусаки байзашаклу дарозруя аст, дар дохилаш аз 1 то 3-то тухм дорад.

Тухми нахуд дар тар- кибаш то 30% сафеда, 7% равган ва дигар моддахои барои саломати заруриро дорад. Аз ин ру, нахудро чун зироати сергизо барои тайёр кардани консервахо, макарон, кахваи сунъи ва махсулоти гуногуни канноди истифода меба- ранд.

Юнучка растании яксола ва бисёрсолаи алафи буда, зиёда аз 100

намудро дарбар мегирад. Дар Точикистон 10 намуди юнучка меруяд. Юнучка хуроки сергизои чорво ба хисоб рафта, аз он орди алаф, тарбеда, силос ва гайра тайёр мекунанд. Юнучка чун дигар растанихои лубиёи хосияти аз моддахои нитрогени бой гардондани заминро дорад. Бинобар он, онро барои хосилхез гардондани замин дар киштгардон истифода мебаранд. Дар айни замон, дар чумхуриамон навъхои гуногуну серхосили юнучка ба вучуд оварда шудаанд, ки дар нохияхои гуногуни ватанамон парвариш карда мешаванд.

  1. Аломатхои махсуси оилаи лубиёихоро номбар кунед.
  2. Дар хочагихои кишоварзии чумхуриамон кадом намуд
Расми 38. Нахуд
  • хои растанихои оилаи лубиёихоро парвариш мекунанд?
  1. Сохти гули лубиёихо чи гуна аст?
  2. Ахамияти растанихои лубиёи дар рузгор ва хочагии халк аз чи иборат аст?
  3. Симбиоз чист ва онро маънидод кунед?
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

inkompitenciya

Бемории “Беихтиёр чори шудани пешб”

Беихтиёр чори шудани пешбро дар забони тиб инконтиненция меноманд. Инконтенентсия яке аз беморихои пахнгашта дар …