Главная / Биология / Оилаи лабгулхо

Оилаи лабгулхо

Ба оилаи лабгулхо 3500 намуди растанихо дохил мешаванд, ки аз ин 198 намуди он дар Точикистон месабзанд.

Аксари растанихои ин оила алафи яксола, бисёрсола ва нимбуттаги буда, факат дар минтакахои тропики баъзе шаклхои дарахтии онхо вомехурад.

Намояндагони оилаи лабгулхо пояи чоркирра доранд. Барги онхо соддаи канорхояш яклухт буда, дар поя ба таври рубару чойгиранд.

rasta

Хамаи растанихои ин оила буи ба худ хос доранд, ки он ба мавчудияти равгани эфир (дар муякчахои гадудии узвхояшон) дар кулли узвхои он вобаста аст.

Андоза ва ранги гули растанихои лабгулон хеле гуногун аст. Лекин дар хама холатхо сохти гул дар хамаи намояндагони он тархи (сохтори) умумии ба худ хос доранд. Формулаи умумии гули оилаи лабгулхо чунин аст: К(5) 3+2) Т(2+3) Г42 М(2). Гули онхо гулпуши дучанда дорад.

Косачаи гул аз 5 косабарги бо хамдигар пайваст (баъзан шакли ду лабро дорад) иборат аст. Точгул аз 5 гулбарг (дуто гулбарг бо хам часпида, лаби болоиро ва сетои дигари гулбаргхо бо хам часпида, лаби поёниро ташкил додаанд) иборат аст. Аз ин сабаб онхо сохти ду лабро дошта, номи оила аз ин чо гирифта шудааст. Микдори гардбаргхо 2-то, баъзан 4-то мебошад. Гура аз 2 мевабарг таркиб ёфтааст.

Намояндагони оилаи лабгулхо растанихои мухими доруи ва техники (манбаи равгани эфир), ороиши ва хуроки мебошанд. Дар таркиби растанихои оилаи лабгулхо моддахои захрнок дида намешаванд.

Пудина растании бисёрсолаи решапоядор аст ва то 150 см кад мекашад. Пояаш хазанда, хамида ё рости нисбатан сершоха мешавад. Хушагулаш сергули аз гулхои майдаи рангашон гулоби ё гулобии нофармон иборат аст. Давраи гулшукуфти он аз фасли тобистон то фасли тирамох давом мекунад.

Пудина одатан дар канори чую каналхо, сохили дарё ва кулу обанборхо, дар ботлокзорхо, дар богу канори роххо то баландии 3500 м аз сатхи бахр меруяд. Дар Точикистон 4 намуди пудина месабзад, ки аз хама пахншудатаринаш пудинаи шарки ва наъно ё пудинаи боги мебошад.

Пудина растании равгани эфирдор, асаловар ва доруи аст. Равгани эфир, ментол ва дигар моддахоро, ки аз барги пудина ба даст меоваранд, дар тиб ва барои истехсоли маводи хушбуй (атр), собун, хамираи дандон ва инчунин, дар саноати канноди истифода мебаранд. Хусусияти доруии пудина хануз дар замонхои кадим маълум буд. Ба ин навиштахои олимони бузурги точик — Закариёи Рози, Абуали ибни Сино, Абурайхон Беруни ва бисёр дигар таби- бону мутафаккирони Машрикзамин шаходат медиханд. Дар тибби халки ва муосир пудинаро барои табобати зикки дил, шакика, илтихоби меъдаю руда, чигар, иллати гурда ва гайра истифода мебаранд.

Растании дигари хушбуй ва хуштаъмкунандаи хурок райхон мебошад. Райхон растании яксола буда, то 80 см кад кашида, барги думчадори байзашакл дорад. Гулхои хурди гулоби, баъзан сафеди он дар хушагул чойгир шудаанд.

Баргу пояи тару тоза ва ё хушккардаи онхоро хамчун маводи хуштаъмкунандаи хурок ва барои хушбуй кардани нушокихо истифода мебаранд.

Ба чуз пудина, райхон хамчун воситаи хуштаъму хушбуйкунандаи хурок ва нушокихо — кокути (бо ибораи дигар пудинаи лалми) ва чамилакро номбар кардан мумкин аст. Дар баъзе мамлакатхо гули кокутиро барои ранг кардани матоъхои пашмин (онхо ранги сурху норинчиро ба худ мегиранд) истифода мебаранд.

Ниёзбу растании алафии бисёрсола мебошад. То 90 см кад мекашад. Пояи рости шохаронда дошта, бо муякчахои кутох ва дарози гадуди пушида шудааст. Баргаш содда буда, канорхои барг каме нохамворихо дошта бо муякчахои начандон бисёр пушида шудааст.

Ниёзбу дар богу киштзорхо, сохили дарё ва чашмахо, канори чуйборхо дар баландии аз 600 то 1800 м аз сатхи бахр вомехурад.

Ниёзбу буи лимуро дорад, бинобар он онро лимугиёх ё наънои лимуи низ меноманд. Барги онро дар саноати хуроквори барои хушбуй намудани нушокихо ва хуштаъм кардани хурок, инчунин дар саноати атриёт ва тайёр намудани собун истифода мебаранд. Ниёзбуро дар тибби халки барои табобати касалихои гулу ба кор мебаранд. Ниёзбу хамчун райхон растании хуби асаловар аст.

  1. Барои растанихои оилаи лабгулхо кадом аломатхо хосанд?
  2. Чаро ин оиларо лабгулон мегуянд?
  3. Сохти гули лабгулхо чи гуна аст?
  4. Формулаи сохти гули оилаи лабгулхоро шарх дихед.
  5. Растанихои оилаи лабгулхо чи ахамият доранд?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …