Главная / Биология / Оилаи кукноргулхо

Оилаи кукноргулхо

Ба оилаи кукноргулхо такрибан 600 хели растанихо тааллук доранд. Онхо гиёххои яксола, бисёрсолаи алафи, баъзан нимбуттаву бутта ва дарахтони на он кадар калон мебошанд. Пояашон сершоха буда, аз берун бо муякчахои дурушт пушида гардидаанд. Чой- гиршавии баргашон дар поя навбати буда, пахнаки барг пармо- нанди ба хиссахо чудошуда мебошад.

Гули кукноргулхо калонандозаи рангин буда, тока-тока ё дар хушагул чойгиранд. Гулпуши гул дучанд аст. Дуто косабарг доранд, ки барвакт меафтанд. Точбаргхо аз чор гулбарги рангаш сурх, зард ё ширчоймонанд иборатанд. Микдори гардбаргхо хеле зиёд буда, тухмдон аз 1-2 ё ин ки аз мевабаргхои бисёр таркиб ёфтааст.

Растанихои оилаи кукноргулон
Расми 18. Растанихои оилаи кукноргулон

Гура яклонаги ё калбак, бисёрлонаги мебошад. Меваашон гуза- монанди сертухм аст. Дар таркиби тухмашон микдори равган ва сафеда хеле зиёд аст.

Аксарияти намояндагони оилаи кукноргулхо растанихои захр- нок ба хисоб мераванд. Лекин як кисми муайяни онхо ба сифати растанихои давои, хуроки (истеъмоли) ва ороиши мавриди исти- фодаанд. Баъзе хелхои онхо чун алафи бегона дар киштзорхои кишоварзи васеъ пахн гардидаанд.

Лолаарусак дар минтакахои маргзор, бешазори пахнбарг, нимбиёбон ва дар богхо нашъунамо карда, кариб 110 хели растанихоро дарбар мегирад. Аксари онхо худруянд. Хусусан, лолаарусак дар байни кишти зироатхои хушадору лубиё чун алафи бегона боавч гул карда, майдони киштзорро чун колини сурх гулпуш мегардонад. Пояи он шохаронда буда, бо муякчахо пушида мебошад. Гули он калони лоламонанд аст (бехуда нест, ки дар баъзе нохияхои чумхуриамон онро чун “гули лола” низ ном мебаранд) ва рангхои гуногун дорад. Тухмдон аз микдори зиёди мевабаргхо иборат аст. Гардгирак бошад, бевосита дар болои гура нишаста- аст (яъне тухмдон сутунча надорад). Мевагузааш сертухми байзашакл аст.

Хаминро бояд кайд кард, ки давраи рушду нумуи аксари ин растанихо нихоят кутох мебошад. Онхо дар як муддати кутох гул карда, тухму мева хосил мекунанд. Сипас, аз сабзиш бозмонда, хушк мешаванд. Дар бахори оянда бошад, аз тухми базаминафтодаи онхо лолаарусакхои зиёде сабзида мебароянд.

Лолаарусак гиёхи захрнок аст. Дар таркиби решаю поя, баргу гул ва гузаи он алкалоидхои гуногун мавчуданд. Агар дар давраи гул- шукуфташ онро чорво истеъмол кунад, захролуд мешавад. Инчу- нин, ба ин оила чунин гиёххои захрнок, аз кабили кукноргиёх, ло- лаказак ва гайрахо дохил мешаванд.

Кукноргиёх растанихои як, ду ва ё бисёрсоларо дарбар ги- рифта, поя ва баргашон кабуду-сабз мебошад. Гулхои кукноргиёх зарди баланд ё зарду сурх буда, дар нуги навдахо пайдо мешаванд. Микдори гардбаргхо бисёр буда, тухмдон аз ду мевабарг таркиб ёфтааст. Мевааш гилофаки чадвалмонанди рост ё камоншакл аст. Хангоми кушодашави аз боло ба поён, ё аз поён ба боло ба ду палла таксим мешавад.

Кукноргиёх дар пастхамихои кухсор, сохили дарё, чарихои зард- хок, заминхои бекорхобида, дар арчазори пароканда ва дар байни зироатхо меруяд. Кукноргиёх низ растании захрнок буда, дар узвхои нашви ва мевааш алкалоидхои гуногун дорад.

Дар байни растанихои оилаи кукноргулхо факат хели кукнори хобовар ё хошхош хамчун растании мазруъ парвариш карда меша- вад (дар майдонхои махсус чудокардашуда ва зери назорати кор- мандони хукумати карордошта барои ба даст овардани дорухои табобати).

Одамоне, ки ба парвариши гайриконунии кукнор (барои ба даст овардани маводи нашъамандй) машгуланд, ба чавобгарии чинояти кашида мешаванд.

Кукнор растании камшохаронда буда, баландии пояаш то 150 см мерасад. Гулаш калон — калон аст. Ранги гулбаргхояш бунафш, гу- лоби, сурх ва сафед мешавад. Мевагузааш калони суфта буда, бо муякчахо пушида нашудааст. Тухмаш майда ва гуногунранг (сафед, хокистарранг, сиёхтоб, чигари, зардча ва кабудтоб) аст. Дар тарки- би тухми кукнор 55% равган мавчуд аст, ки онро дар саноати канноди, нонпази, консервабарори, истехсоли рангу лак ва гайрахо истифода мебаранд.

Дар узвхои руизаминии кукнор шираи сафеди ширмонанд (ки хо- сияти нашъаовари дорад) дида мешавад, ки он аз алкалоидхо (кариб 20 хел) иборат аст. Аз шира ва алкалоидхои кукнор дорухои гуногу- ни табобати истехсол мекунанд ва дар тахти назорати катъии духту- рон барои табобати касалихо исТифода мебаранд.

  1. Кадом аломатхои хоси кукноргулхоро медонед?
  2. Кукноргулхо дар кучохо вомехуранд?
  3. Намояндахои худруй ва мазруи кукноргулхоро номбар кунед.
  4. Кукноргулхо чи ахамият доранд?
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

dandon-pizishk

Хомиладорон читавр дандонхоро нигохубин намоянд

Ташрифи дандонпизишк хар ним сол, як маротиба тавсия карда мешавад. Бо фаро расидани давраи хомиладори …