Главная / Биология / Оилаи хушадорон

Оилаи хушадорон

Дар байии оилахои ба синфи растанихои якпалла мансуббуда, хушадорхо калонтарин оила ба хисоб рафта, такрибан 8000 намудро дарбар мегиранд. Намояндагони оилаи хушадорхо дар тамоми арзу марзи кураи Замин, хусусан, дар дашту маргзорхо, доманакуху баландкуххо васеъ пахн шудаанд. Аксари намудхои дар мамлакати мо мавчудбудаи ин оила гиёххои алафии яксола ва бисёрсолаанд.

Решаи растанихои оилаи хушадорон патакреша ва пояашон банд-банд пайваст (сербугум) мешаванд. Дар аксарияти хушадорхо (гандум, чав, чавдор, арзан) чузъи байнибандхои поя дарунхоли аст ва худи бандхо бошанд, пури сохтори бофтахоянд. Чунин пояро хаспоя меноманд, дар баъзе намуди хушадорхо (чуворимакка ва найшакар) чузъи байнибандхои поя низ чун худи бандхо аз бофтахо пуранд.

rastanifo-02

Барги хушадорхо борику дароз ва рагрониаш мутавози буда, остинаки дароз дорад. Бехи (асоси) васеъшудаю найчамонанди баргро остинак мегуянд. Остинак одатан пояро болотар аз банде (байнбугуме), ки барг аз он чо сабзида баромадааст, фаро гирифтааст. Остинаки барги хушадорхо хучайрахои нозуки таксимшавандаеро, ки дар буни байнибандхои поя чойгиранд, мухофизат мекунад. Аз руи ин хусусияташон растанихои хушадор аз растанихои дигар оилахо фарк мекунанд.

Дар он чое, ки пахнаки барг аз остинак дур (чудо) мешавад, чузъи пардамонанд — забонча чой гирифтааст. Забонча саддест (монеаест), ки обро ба байни появу остинак дохил шудан намегузорад.

Гули хушадорхо дар хушагули хушачадори як, ду ё бисёргулдор чойгиранд. Хуша дар навбати худ се хел мешавад: хушаи мураккаб, чорубаки хушамонанд ва чорубак. Кариб дар хамаи хушадорхо дар бехи хар кадом хушача дутои пулакчаи хушаги дида мешавад. Хушачаи растанихои гуногуни хушадор як ё якчандто гул дорад. Дар хар кадом гули аксари хушадорхо 2 пулакчаи гул, 2 гулпарда, 3 гардбарг ва 1 тухмдон (ки он 2 гардгираки пашмакдор дорад) мавчуд аст.

Меваи хушадорхо дон аст. Дон ин меваи яктухма ба хисоб раф- та, дар он мевапарда ва пусти тухм бо хам часпидаанд. Эндоспер- ми тухми онхо (такрибан 74 фоизи таркиби тухмро ташкил мекунад) чанинро ихота накардааст, балки ба он аз пахлу пайваст буда, бевосита ба тухмпаллаи ягона, ки сипарча мегуянд, часпидааст. Тухми растанихои хушадори киштаро одатан дон ё галладона мегуянд.

Ахамияти хушадорон дар хаёти инсон нихоят калон ва гуногун аст. Аз чихати ахамияти гизои дар чои аввал гандум, шоли, чуво- римакка ва чавро мегузоранд ва дуруст аст, ки онхоро растанихои асоси ва мухими гизогии инсон мехисобанд.

Гандум зироати хеле кадима аст. Холо 20 намуди мазруъ ва худруи он маълум аст. Дар навбати худ хар як намуди он аз Навъхои гуногун иборат аст.

Дар микёси чахон асосан ду намуди гандум — гандуми мулоим ва сахт кишт карда мешаванд. Чавдор. Дар хар кадом хушачаи чавдор (хушагулаш сараки мураккаб) сетои гул хаст, ки дутоаш хуб инкишоф ёфтааст. Гулхои хушачаи чавдор дучинса буда, тавассути шамол гардолуд мешаванд. Дони чавдор борики дароз буда, орди чавдор  аз сафеда бой ва рангаш хиратоб аст. Нонаш сергизо ва хуштаъм аст. Чавдор низ ба мисли гандум яке аз галладонахои асосии гизоги ба хисоб меравад. Дар нохияхое, ки гандум хосили баланди дилхох дода наметавонад, чавдор мекоранд. Дар зироатпарварии умумичахони аз руи микёси майдони кишташ чавдор дар чои шашум мебошад.

Шоли зироати пуркимат аст. Вайро дар мамлакатхои тропики ва субтропики дар заминхои оби парвариш мекунанд. Шоли зироати яксола буда, онро бахорон кишт мекунанд. Шоли манбаи бойи ангиштоб буда, кариб нисфи одамони чахон онро истеъмол мекунанд. Дар айни замон якчанд хазор навъи шоли маълум аст. Шолиро боз барои истехсоли нишоиста (крахмал) истифода мебаранд. Аз хаспояи он каллапушу (кулох), сабадча мебофанд ва когаз тайёр мекунанд. Коху пахоли (хаспояи) шоли хуроки хуби чорво мебошад.

Чуворимакка (макка) гиёхи яксолаест, ки то 2-5 м кад мекашад. Чуворимаккаро соли 1493 аз Америкаи Чануби ба Аврупо оварда буданд. Пояи рости чуворимакка дарунхоли набуда, сербугум (аз 8 то 20 бугум) мебошад. Решааш то чукурии 2 м ба дохили хок пахн мешавад. Аз кисми поёнии поя ре- шахои бисёри пуркуввати иловаги месабзанд.

Баргхои дарозу пахни (чадвалшакли) он рагронии мутавози доранд. Чуворимакка растании якхонаги мебошад. Яъне гулхои модина ва нарина дар як рас- танианд. Гулхои модина хушагули сутаи мураккаб ба вучуд меоваранд. Сута дар багали баргхо инки- шоф меёбад. Руи сутаро гулпечакхои сабз, ки шак- ли тагйирёфтаи барг мебошанд, ихота кардаанд. Гули модина гураи мудаввар дорад, ки он дорои су- тунчахои абрешимшакл (“риши” чуворимакка) бо гардгираки духиссашуда (дупаррашуда) мебошад. Гулхои нарина дар хушагули сершохи чорубак» ки дар нуги поя чойгиранд, сарчамъ омадаанд. Хушагули чуворимакка аз хушачахо иборатанд. Хар кадом хушача дутои гули сегардбаргдор дорад. Гарди гул хеле пештар, то аз сутаи хамон растани намудор шудани гардгирак, пухта мерасад. Бинобар он, ходисаи худгардолудшавии гули чуворимакка кариб руй намедихад. Гарди гул ба гардгираки гули модина тавассути шамол аз растании хамшафат оварда мешавад.

Чуворимакка зироати рушноидуст ва гармипарвард мебошад. Барои бо равшани хуб таъмин будани растани, чуворимаккаро ба таври радда — радда аз хамдигар дур мешинонанд. Масофаи байни раддахо ё каторхо бояд ба талаботхои агротехники чавобгу бошад. Чуворимакка растании хушкитобовар ба хисоб равад хам, лек ба намноки (об) эхтиёчи калон дорад (барои фаъолияти хаётии хар як нихоли чуворимакка дар як шабонаруз камаш 1 л об лозим аст). Инчунин, чуворимакка аз хунуки (сармо) сахт зарар мебинад. Дар харорати – 1°С сабзиш ва инкишофи он катъ мегардад.

Решаи чуворимакка ба дохилшавии хаво (оксиген) бисёр хасос мебошад. Аз ин ру, барои хуб дастрас шудани хаво пеш аз гузаронидани кишти чуворимакка ва дар давоми сабзишу инкишофи он хокро нагз нарм кардан лозим аст.

Чуворимакка зироати пуркимати галладонагй, озукави ва хуро- ки сергизои чорво мебошад. Вай ашёи хоми саноати аст. Аз дони чуворимакка орд, му- кашшар, равган, нишо- истаи истеъмоли, глю- козаи кристалли ва гайра истехсол меку- нанд.

Растании дигари фо- иданоки ин оила чав мебошад. Чав хушагули мураккаби сарак дорад. Дар хар кадом хушача яктоги гул мавчуд аст. Хангоми шукуфтани гул худгардолудшави ба вукуъ меояд. Вале дар рузхои

гарми офтоби гулхои чав, ба туфайли хашарот гардолуд шуда метавонанд. Чав зироати зудрасу пешпазак аст. Аз дони чав ярмахои гуногун тайёр мекунанд.

Сули аз чав ва чавдор бо хушагули чорубакаш фарк мекунад. Дар шохчахои хушагули шохарондааш хушачахо чойгиранд, ки хар кадоми онхо 2-3-тоги гул доранд. Гули сулй худгардолудшаванда мебошад. Сули агарчанде растании хуроки чорво бошад хам, лекин аз дони вай талкон, ярма, мукашшар (геркулес) ва дигар махсулоти пурарзиши гизои тайёр мекунанд.

Найшакар растании минтакахои тропики мебошад. Аз пояи он шакар истехсол мекунанд.

Ба оилаи хушадорхо. ба чуз зиро- атхои мухими галладонаги, боз бисёр гиёххои гуногуни худруй, аз кабили гандумак, арзанак, чимдк (ковил) ва гайрахо дохиланд.

1.  Аломатхои хоси синфи растанихои якпалларо ёдовар шавед.

2.  Хаспоя чист?

3.  Хаспоя чи тавр сабзида кад мекашад?

4.  Аломатхои фарккунандаи оилаи хушадоронро номбар ку- нед.

5.   Кадом зироатхои галладонаро медонед?

6.  Зироатхои галладонаро барои чи парвариш мекунанд?

7.  Гардолудшавии чуворимакка чи тавр ба амал меояд?

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …