Главная / Биология / Оилаи чатргулхо

Оилаи чатргулхо

Ба оилаи чатргулхо 3000 намуди растаиихо мансубанд ва онхо дар тамоми руи Замин васеъ пахн шудаанд. Микдори зиёди намояндагони оилаи чатргулхо дар нохияхои иклимашон гарму муътадил ва минтакахои субтропики, тропики вомехуранд.

Дар Точикистон 170 намуди растанихои оилаи чатргулхо маълуманд. Аксари намудхои ин оила растанихои алафии яксола ва бисёрсола буда, намудхои буттаги ва дарахтиашон камшуморанд.

Пояи растанихои чатргул рост ё хобанда (палакмонанд) аст. Дар аксари намудхои ин оила байнбугумхои поя дарунхоли буда, онхо киранок ё чуякдоранд.

chatrgul

Дар поя ва дигар узвхои растанихои оилаи чатргулхо чуякхои гадуди дида мешаванд, ки онхо ба туфайли ин гадудхо равгани эфир ва моддахои зифти хорич карда, боиси буи махсуси ин растанихо мегарданд.

Чойгиршавии барги растанихои оилаи чатргул навбати буда, наздбарга надоранд. Пахнаки баргашон панчашакл, як, ду ё бисёрхиссашуда мебошад.

Гули растанихои чатргул хурд буда, онхо дар хушагули соябоншакли (чатршакли) содда ё мураккаб чойгиранд. Гул-гулпуши дучанда дорад. Гул аз 5 косабарг, 5 гулбарг ва 5 гардбарг иборат аст. Мевадон ду мевабарг дошта, гура дулонаги мебошад. Сохти гули онхоро ба назар гирифта, формулаи онро чунин тартиб додан мумкин аст: К5 Т5 Г5 М(2).

Ранги гулбаргхои растанихои оилаи чатргул одатан сафед, сафеду гулоби, зард ва зарди сабзранг мешавад. Хушагули (тудагули) калони чатргулхо барои хашарот хеле хуб намоён аст ва онхо тавассути хашароти гуногун гардолуд мешаванд. Баъди бордоршави меваи дулонаги хосил мешавад. Меваи растанихои чатргул хушк аст ва баъди пухтан ба ду тухмак таксим мешавад.

Расми 42. Тутакали
Оилаи чатргулхо бисёр растанихои фоиданоки доруги, хуроки, техники ва асаловарро дарбар мегирад. Гурухи дигари растанихои чатргул захрнок буда, чун алафи бегонаи хавф- нок дар байни зироатхои кишоварзи вомехурад (тутакали, шавка- рон).

Тутакали

Сабзи растании дусолаи хуроки аст. Дар соли якуми нашъунамояш барги наздирешаги ва бехмева хосил мекунад. Бехмеваи он ранги зард ва норинчи дошта, сергушту сероб мебошад. Дар соли дуюми сабзиш аз бехмева пояи ба боло кадафрохта инкишоф меё- бад. Поя бо муякчахо пушида шудааст ЕШ.

Барг ва баргчахои руйпуши назди хушагул паршакли ба хиссахо буридашуда мебошад.

Гул ранги сафед дошта, мева бо хорчахо пушида шудааст.

Сабзи растании истеъмолй (барои инсон, чорво) мебошад. Вай аз витаминхои А, Вр В2, С бой мебошад. Дар айни замон, зи- ёда аз 2000 навъхои гуногуни сабзи ба вучуд оварда шудаанд ва вобаста ба шароити махал, навъхои гуногунаш кишт карда мешаванд.

Аксари ин растанихо аз замонхои кадим инчониб дар тибби халки барои муоличаи касалихои гуногун истифода бурда мешаванд. Чунончи, чаъфариро барои табобати иллати чигар, гурда, обхура, узвхои хозима, бархам задани санги гурда истифода мебаранд. Абуали ибни Сино бо равгани шибит (тухмаш) дарди асаб, бо ширааш (баргу пояи сабзаш) дарди гуш ва бо хокистараш захму чарохатхои гуногунро табобат менамуд.

Барги сабзи шибит хосияти васеъ намудани рагхои хунгардро дорад ва бо ин сабаб галаёни хунро паст мекунад.Ба оилаи чатргулхо инчунин растанихое мансубанд, ки хусусияти хушбую хушхазм кардани хурокро доранд (чунончи, чаъфари, кашниз, шибит, зира, кравшак ва гайрахо). Ин растанихоро барои хушбуй кардани консервахо, нону махсулоти канноди, тайёр кардани паниру хасиб, истехсоли нушобаю шарбатхои гуногун ва дар саноати атриёт истифода мебаранд.

Аксари намудхои оилаи чатргулхо хуроки хубу сергизои чорво мебошанд. Масалан, юган, камол, болдиргон ва гайрахо.

Юган ва камол растанихои бисёрсола буда, намудхои зиёд доранд ва дар нохияхои гуногуни Точикистон васеъ пахн шудаанд. Камол ва юган дар заминхои гилу регзор, то баландии 3100-3500 м аз сатхи бахр, дар байни растанихои бодому писта, шулашу арчазорхо, вомехуранд. Баъзан дар таллу теппаю доманакуххо пушиши яклухти камол ва юганро мушохида кардан мумкин аст.

Пояи наврустаи баъзе намудхои камолро (то давраи шукуфтани гулаш), ки бо иоми касруф, рошак ва ров маълуманд, одамон дар фасли бахор, истеъмол мекунанд.

Шираи (сафеди) камолро дар тибби халки барои ором намудани асаб ва хангоми шамолхури истифода мебаранд.

Дар богу полизу киштзорхо, канори роху чуйборхо, дарё ва чашмасорон рас-

тании хеле захрнок бо номи тутакали меруяд. Тутакали растании дусола буда, то 150 см кад мекашад. Пояаш рости дарунхоли, мудавваршакл, кисми болоиаш сершох мебошад. Баргаш мураккаби паршакл аст. Хушагули чатрмонанди бисёргулдор дорад. Дар таркиби узвхояш равгани эфир ва алкалоидхои гуногуни хеле захрнок дорад. Бинобар он аз ин растани бисёр эхтиёт шудан лозим аст.

  1. Кадом растанихои оилаи чатргулхоро медонед?
  2. Аломатхои хоси оилаи чатргулхоро номбар кунед.
  3. Намудхои хушбуи оилаи чатргулхоро номбар кунед.
  4. Кадом намудхои оилаи чатргулхоро дар тибби халки барои табобати касалихо истифода мебаранд?
  5. Растанихои захрноки оилаи чатргулхоро номбар кунед.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …