Главная / Биология / Оилаи ангур

Оилаи ангур

Ба оилаи ангур кариб 700 намуди растанихо мансуб аст. Онхо дар минтакахои иклимашон муътадил, субтропики ва тропикии харду нимкурахои Замин пахн шудаанд. Ба оилаи ангур намудхои шаклашон дарахти, буттаги ва чуброст (лианмонанд) дохиланд. Чойгиршавии барг дар поя ва навдахо навбати ва рубару мебошад. Шакли барг хеле гуногун аст. Аксаран 3-5 хиссашудаи панчашакл, панчашакл, пармонанд, сечанда ё ду маротиба сечандашудаи содда мебошад.

Оилаи ангурГулхои хурди намояндагони оилаи ангур дар хушагули гуногуншакл чойгир шудаанд. Гул дучинса, дар баъзе холатхо якчинса (дар натичаи инкишоф наёфтани гардбарг ё тухмдон) мешавад. Дар аксари холатхо косабаргхо суст инкишоф ёфтаанд. Дар байни гардбаргхо ва гурак шахддони доирамонанд инкишоф ёфтааст. Тухмдон аз ду мевабарги бо хам пайвасг иборат аст. Микдори гурак ба микцори лона ва мевабарг баробар аст. Гурак дулонаги буда, дар хар як лона дутоги тухммугча мавчуд аст. Ва онхо меваи тарро пайдо кардаанд.

Яке аз намояндахои пахнгардидаи ин оила ангур мебошад. Ангур 4—7 хазор сол пеш аз ин дар худуди Осиёи Миёна, Арманистон, Озарбойчон, Афгонистон,

Эрон ва Юнону Рум маълум ва машхур буд.

Дар натичаи фаъолияти эчодкоронаи инсон дар микёси чахон зиёда аз 8 хазор навъи ангур ба вучуд оварда шудааст. Аз ин микцор дар Точикистон 236 (ки 193-тоаш навъи махалли мебошад) навъи ангур парвариш карда мешавад.

Аз руи мухлати пухтанаш ангурро ба навъхои пешпазак, миёна- пазак ва дерпазак чудо мекунанд. Дар таркиби меваи ангур 15—30% канд, 0,5-1,4% кислотаи органики, 65-85% об, моддахои нитроген- дор, намакхои маъдани (калий, калсий, магний, фосфор, охан, ман- ган), витаминхои А, С, В мавчуданд.

Истеъмоли меваи ангур ба организм фоидаи калон дорад. Вай хазми таом ва мубодилаи моддахоро тезонида, кори асабро пуркувват мегардонад. Аз ин ру, меваи ангурро барои табобати беморихои рухи, хасташавии чисмонй, камхуни, логари, иллатхои дилу гурда ва шуш тавсия медиханд.

Дар шароити Точикистон ангури худруй дар баландихои 1000— 1500 м (дар Бадахшон то баландии 2500 м) аз сатхи бахр вомехурад. Навъхои гуногуни ангур дар замонхои кадим аз ангури худруй ба вучуд оварда шудаанд. Ангури худруй хокро мустахкам карда, онро аз шусташави нигох медорад.

Ангурро асосан бо каламча зиёд мекунанд. Меваи ангурро ба таври тару тоза ё хушк (мавиз) истеъмол ме- кунанд. Аз мева шарбат ва ширини тайёр мекунанд.

  1. Намояндагони оилаи ангур чи гуна хусусиятхои умуми доранд?
  2. Меваи ангурро дар кучохо истифода мебаранд?
  3. Ангури худруй аз ангури боги чи фарк дорад?
  4. Ангурро чи тавр афзоиш медиханд?
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

8853a66c

Гуногунии мохиён

Мохиёни тагоякдор такрибан 340-360 млн сол пеш пайдо шудаанд. Онхоро барои он тагояки меномем, ки …