Главная / Чамъият / Огоз кардани парвандаи хукуквайронкунии маъмури

Огоз кардани парвандаи хукуквайронкунии маъмури

Моддаи 81-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Огоз кардани парвандаи хукуквайронкунии маъмури 

  1. Барои огоз кардани парвандаи хукуквайронкунии маъмури  инхо асос мегарданд:

– аз чониби макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки ваколати тартиб додани протоколи хукуквайронкунии  маъмуриро  доранд, бевосита ошкор кардани маълумотхои кофи, ки аз мавчудияти ходисаи  хукуквайронкунии  маъмури шаходат медиханд;

– маводе, ки аз макомоти хифзи хукук ва дигар макомоти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, ташкилотхои чамъияти ворид шуда, дорои маълумоте мебошанд, ки аз мавчудияти ходисаи хукуквайронкунии маъмури шаходат медиханд;

– хабару аризахои шахсони вокеи ва хукуки, инчунин хабари воситахои ахбори омма, ки дорои маълумоти сахех ва вокеии гувохидихандаи мавчудияти ходисаи хукуквайронкунии маъмури мебошанд.

  1. Мавод, хабар ва  ариза дар бораи ходисаи хукуквайронкунии маъмури аз чониби макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) бо тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур мавриди барраси ва санчиш карор дода мешаванд.
  2. Парвандаи хукуквайронкунии маъмури аз чониби макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) танхо дар  сурати мавчуд будани яке аз асосхои пешбининамудаи кисми 1 хамин модда ва  маълумоти кофи, ки аз мавчудияти ходисаи хукуквайронкунии маъмури гувохи медиханд, огоз карда мешавад.
  3. Хангоми набудани асосхои кофи шахси мансабдори ваколатдори баррасикунандаи маводи хукуквайронкунии маъмури дар бораи рад кардани огози парвандаи хукуквайронкунии маъмури карори асоснок мебарорад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …