Главная / Гуногун / Огози харакати миллию озодихохи дар Хиндустон

Огози харакати миллию озодихохи дар Хиндустон

Англия Хиндустонро дар парокандаги нигох медошт. Дар ин чо кариб 600 княз мавчуд буд ва чудоии онхоро метрополия мухофизат мекард. Ин холат имконият намедод, ки миллатхои Хиндустон хуб ташаккул ёбанд. Халкиятхои дар гузашта пешкадам, масалан, андхра, малаяли ва гайра каламрави умумии худро надоштанд. Заминхои ачдодии онхо ба князихои алохила, ки “музофотхои Британи” ном доштанд, таксим карда шуда буданд. Бокимондахои сохти кастаги ва хокимияти дини вахдати сиёсии халкхо ва ташаккули шуури миллии онхоро мушкил мегардонданд. Ташаккули миллии банголавихо, маратххо, гучаротихо, тамилхо ва баъзе халкиятхои дигape, ки дар навохии аз чихати иктисоди тараккикардаи мамлакат сокин буданд, тезтар ба амал меомад.

Пурзуршавии истисмори мустамликави дар шароити гузариш ба империализм вазифаи мубориза бар зидди онро ба мадди аввал гузошт. Зиёиёни Хиндустон камшумор бошанд хам, дар байни халк таъсири калон доштанд. Онхо хамчун идеологи харакати миллию озодихохии навогозёфтаи Хиндустон баромад мекарданд.

1330985789_torzhestvennaya_processiya

Солхои 70-ум дар Бангола, Бомбай ва баъзе шахру музофотхои аз чихати иктисоди тараккикарда созмонхои гуногуни чамъиятию сиёсии зиддианглиси ба вучуд меомаданд. Дар Бангола “Созмони Хиндустони Британия” ва “Созмони Британия” тавлид ёфтанд. Ин созмонхо зидди харакати оммавии миллию озодихохи буда, танхо барои ишголи вазифахои давлати, васеъ кардани хукукхои мардуми Хиндустон ва бар зидди аз назари нажоди поймолкунии хукукхои мардуми махалли мубориза мебурданду бас.

Соли 1370 дар Махарад арбобони озодихохии муъадили харакати милли созмони “Пуни Сарвачаник сабха”-ро ташкил карданд. Ба вучуд омадани харакати “свадеши” (маънояш – “истехсологи худи”) Бахри бунёди истехсолоти ватани ба хамин созмон алокаманд буд.

Мутаассифона, тараккиёти сармоядори вилояти шимоли ва шимолу гарбии мамлакатро фаро нагирифт. Биноан, харакати миллии дар ин чойхо бавучудомада шакли маорифпарвари ва мохияти дини дошт.

Дар солхои 70-ум созмонхои кухна ва нави динию ислохотхохи ва мазхабии хиндуия, исломи ва сикхи фаъолияти худро васеъ карданд. Баъзеи онхо таълимоти диииро ба шароити хамонвактаи Хиндустон мувофик карда, дар кори болоравии харакати миллию озодихохи сахм мегузоштанд.

Шуришхои дар солхои 70-ум баамаломада аз болоравии харакати миллию озодихохии халкхои Хиндустон шаходат медиханд. Шуриши солхои 1859 -1862 бо номи “Шуриши индиго” дар Банголаи Шарки соли 1872 дар Панчоб, соли 1375 дар князии Барод, шуриши маратххо дар Пун ва Ахмаднагар аз кабили ин шуришхо мебошанд.

Солхои 1876- 1878 харакати озодихохи дар музофоти Бомбай хеле пурзур буд. Солхои 1870-1880 харакати кишоварзон дар Махараштра вусъат меёбад. Ин харакат инкилобчии демократ Васудева Балванте Пхадке (1845 1883)-ро тайёр кард. У аз оилаи барахман буда, маълумоти хуб дошт. Аз санскрит бохабар буд ва забони англисиро медонист. Пхадке хамчун ватанпарвар мустамликадоронро бад медид. Аввал у ташвикоти зиддианглисиро дар байни чавонони маратххо мебурд. Баъд дар назди худ ва хамакидахояш вазифа гузошт, ки тавассути шуриш дар Хиндустон режими мустамликавии Британияро бархам мезананд. Соли 1879 Пхадке дастаи мусаллахи худро ташкил карда, бо сарварони дехконони шуришбардошта робита баркарор намуд. Бахори соли 1879 ба Пхадке муяссар шуд, ки якчанд маротиба бар зидди мустамликадорон амалиёти харбии бобарор кунад. Бо вучуди ин то миёнахои тобистони хамон сол ба маъмурияти мустамликави муяссар мешавад, ки ба дастахои Пхадке шикаст дихад. Худи Пхадке ба даст афтид. Уро суди Пун ба бадаргаи якумра махкум кард.

Гайр аз ин боз даххо шуришхои дигарро мисол овардан мумкин аст. Сарфи назар аз ин онхо хануз мохияти умумихинди надоштанд. Харакати муташаккили умумимиллии озодихохии халкхои Хиндустон дар пеш буд.

Дар нимаи дуюмн асри XIX – аввали асри XX дар Хиндустан асосан ду маркази калонтарини харакати миллию озодихохи ба вучуд меояд Махараштра ва Бангола. Баъди фаъолияти инкилобию демократии Пхадке дар Махараштра харакати миллии радикалии чап бо сардории инкилобчии бузурги Хиндустон Бад Гангадхар Тилак (1856 – 1920) огоз ёфт. Тилак аз оилаи маратххои барахман буда, хануз аз овони чавони анъанахои озодихохии маратххоро кабул мекунад. Соли 1880 бо чидду чахди Тилак дар Пун барои фарзандони хамаи табакахои ахоли дастрас мактаби нави англиси кушода мешавад. Соли дигар у ба чопи рузномаи “Шер” ба забони маратхи ва “Махратта” ба забони англиси шуруъ мекунад. Тавассути мактаб, нашрияхо ва воситахои дигар Тилак ва хамфикрони у хамчун мухофизатгарони манфиатхои буржуазияи милли баромад мекарданд. Тилак шакли асосии муборизаро бар зидди мустамликадорон – бойкот кардани молхои англиси мехисобид.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …