Главная / Гуногун / Огози бархам хурдани империяи Усмониён

Огози бархам хурдани империяи Усмониён

Чавонтуркхо то соли 1918 дар сари хокимият буданд. Онхо Туркияро бо рохи сармоядори ва демократияи Гарб бурданд, вале халкхои гайритурки империяро аз зери юги истисмори мустамликави озод накарданд, харчанд кабл аз инкилоб дар ин бора харф мезаданд.

Системаи сиёсие, ки чавонтуркхо ташкил намуданд, имконият дод, ки созмонхои чамъиятию сиёси ташкил ёбанд. Хизби Сотсиалистии Усмониён (1910) ва Хизби Хуррият ва Вахдат (1911) аз чумлаи онхост. Аз ин пештар Хизби Иттиход ва Таракки ташкил ёфта буд. Соли 1912 ба хизби вахдатчиён муяссар гардид, ки парламентро пароканда сохта, хукуматеро ба сари хокимият биёранд, ки нисбат ба Хизби Иттиход ва Тараккии Туркия дар оппозитсия буд. Чавонтуркхо аз тарси он ки хокимият аз дасташон наравад, мохи январи соли 1913 табаддулоти давлати ба амал бароварданд. Гурухи афсархо бо сардории иштирокчии инкилоби соли 1908 Анварбей кароргохи хукуматро ихота карда, ракибони чавонтуркхоро торумор карданд. Баъди табаддулот чавонтуркхо дар мамлакат режими диктаториро аз нав баркарор карданд, ки он аз истибдоди Абдулхамид хеч фарке надошт.

osmanskaja-imperija-pobedy_1_1_64998

Дар огози асри XX давлатхои абаркудрати Европа сиёсати хоричии худро ба мустамликахои балкании империяи Туркия равон карданд. Онхо ният доштанд, ки мустамликахои империяи Усмониёнро дар байни худ таксим кунанд. Ба ин мубориза Италия низ хамрох шуд. Тирамохи соли 1911 бо розигии давлатхои абаркудрат Италия барои забти ду музофоти африкавии Туркия – Триполитания ва Киренаика бар зидди империяи Усмониён ба чанг даромад. Дар ин чанг туркхо шикаст хурданд. Мувофики Созишномаи сулхи Уши-Лозанна ин ду музофот ба номи Либия ба Италия гузаштанд.

Чанги Триполитания нишон дод, ки империяи Усмониён хеле заиф гардидааст. Ин холат ба мукобили Туркия ба чанг даромадани иттифоки давлатхои балкании Булгория, Сербия, Юнон ва Черногорияро тезонд. Ин чанг, ки Чанги якуми Балкан ном гирифтааст, мохи октябри соли 1912 огоз ёфта, то бахори соли 1913 давом кардааст. Дар он Туркия шикаст хурд. Мувофики Созишномаи сулхи 30 майи соли 1913 дар Лондон ба имзорасида мустамликахои европаии Туркия аз каламрави гирду атрофи Истамбул ва минтакаи гулугоххои наздикии онхо иборат шуд. Албания князии мустакил эълон гардид.

Мухолифати иттифокчиён дар масъалаи таксимоти музофотхое, ки аз Туркия ба даст дароварда буданд, сабабгори Чанги дуюми Балкан (моххон июн – августи соли1913) шуд. Дар Чанги дуюми Балкан Булгория шикаст хурд. Мувофики Созишномаи сулхи Бухарест Туркия Фракияи Шарки ва Эдирнро пас баргардонид.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

maktabi-37

Мактаби №37-и ш. Душанбе (н. Сино)

Мактаби миёнаи №37 и шахри Душанбе вокеъ дар кучаи Маяковский хонаи 10. Ин мактаб солхои …