Главная / Чамъият / Огохони дар бораи бекор кардани шартномаи мехнати

Огохони дар бораи бекор кардани шартномаи мехнати

Моддаи 45-и Кодекси Мехнат. Огохони дар бораи бекор кардани шартномаи мехнати

  1. Корфармо ухдададор аст кормандро дар бораи бекор кардани шартномаи мехнати, ки ба мухлати номуайян баста шудааст, дар мухлатхои зерин ба таври хатти огох кунад:

– хангоми бекор кардани шартномаи мехнати бинобар бархам хурдани ташкилот ё катъ гардидани фаъолияти корфармо – шахси вокеи ва ё ихтисор шудани шумора ё вохиди кории кормандон на дертар аз ду мох;

– хангоми бекор кардани шартномаи мехнати бинобар ба кори ичро мекардааш мувофик набудани корманд аз сабаби нокифоягии ихтисос ё вазъи саломати на камтар аз як мох.

  1. Дар давраи огохони ба корманд хукук дода мешавад, ки барои чустучуи кори дигар хафтае на камтар аз як руз бо нигох доштани музди кор ба кор набарояд.
  2. Бо созишномаи тарафхо шартномаи мехнати метавонад аз руи асосхои зикршуда то ба охир расидани мухлати огохони бо додани чубронпули дар хачми на камтар аз музди мехнати миёнаи рузона барои хар рузи бокимондаи то ба охир расидани ин мухлат бекор карда шавад.
  3. Корфармо ухдадор аст дар мухлати мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи аз кор озодшавии дарпешистодаи кормандон бо нишон додани ихтисос, дарачаи касби ва хачми музди мехнати онхо ба макомоти ваколатдори давлати дар сохаи мехнат ва шугли ахоли маълумот дихад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …