Главная / Чамъият / Огохиномаи макомоти андоз

Огохиномаи макомоти андоз

Моддаи 45-и Кодекси Андоз. Огохиномаи макомоти андоз

  1. Огохинома хабари аз чониби макомоти андоз ба андозсупоранда (агенти андоз) дар хомили когази ё бо розигии хаттии вай бо усули электрони фиристодашуда дар холатхои пешбининамудаи Кодекси мазкур эътироф карда мешавад.
  2. Огохиномахо ба андозсупоранда (агенти андоз) аз чониби макомоти андоз бо асосхои пешбининамудаи Кодекси мазкур фиристода мешаванд, аз чумла:

-дар бораи маблаги хисобкардаи макомоти андоз;

-дар бораи натичахои санчиши андоз;

-дар бораи пешниход нагардидани хисоботи андоз;

-дар бораипардохт намудани карзи андоз;

-дар бораи бартараф намудани хукуквайронкунихои дигар, ки макомоти андоз ошкор намудаанд;

-дар бораи ба номгуи андозсупорандагони бемасъулият дохил намудани он бо ишораи асосхо ва талаби бартараф намудани хукуквайронкунии чойдошта.

  1. Дар огохинома бояд инхо нишон дода шаванд, агар тартиби дигар пешбини нашуда бошад: (КЧТ аз 14.11.16 с., №1367)

-раками мушаххаси андозсупоранда;

-насаб, ном, номи падар (хангоми мавчуд будани он) ё номи пурраи андозсупоранда;

– номи макомоти андоз;

-санаи огохкуни;

-асос барои фиристодани огохинома;

-мундаричаиогохинома;

-талабот оид ба ичрои талаботи конунгузории андоз;

– тартиби шикоят кардан.

  1. Дар огохиномаи электронии макомоти андоз ба андозсупоранда, ки ба сурогаи электронии он илова ба огохинома дар шакли когази фиристода мешавад, бояд раками мушаххаси андозсупоранда, номи макомоти андоз, санаи огохкуни ва матни огохинома нишон дода шавад. (КЧТ аз 14.11.16 с., №1367)
  2. Огохинома бояд ба андозсупоранда (агенти андоз) шахсан бо гирифтани имзояш ё дигар тарзи тасдиккунандаи далели фиристодан ва гирифтани он супорида шавад.
  3. Дар холати аз чониби макомоти андоз фиристода шудани огохинома, талаботи конунгузории андоз, ки дар огохинома кайд шудааст, бояд аз чониби андозсупоранда (агенти андоз) дар мухлатхои дар огохинома мукарраргардида ичро шаванд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …