Главная / Гуногун / Оё рост аст, ки Зардушт пайгамбари Ориён буд?

Оё рост аст, ки Зардушт пайгамбари Ориён буд?

Мутлако дуруг аст. Дар таърих ашхоси авомфиреби номдор хеле бисёранд. Одамони соддалавхи чаласавод ё иддаи сиёсатмадорон барои манфиатхои худ шуда, ашхоси нобакореро то ба дарачаи пайгамбари ё сиёсатмадорон бахри сиёсаташон шуда, шахси нобакорро то ба дахои инсоният мерасонанд. Чунончи Зардушт дар замони мо, академик Лисенко дар  замони Сталин.

Мо дар бораи мавкеи Зардуштро исбот намудан на факат ба адабиёти Шарк балки асархои таърихии умумичахониро дастрас намуда, исбот намудем, ки Зардушт нафакат авомфиреб, балки авантуристи ашади хам будааст. Дар ин хусус мо дар китобхои худ ба забони точики, руси ва англиси матолиби муфассал чоп намудем. Далели раднопазир гуфтахои Абулкосим Фирдавси дар «Шохнома» аст. (Нигаред «Достонхои «Шохнома» китоби 2. Нигориши Сотим Улугзода.- Душанбе, 1977. С. 34, 35, 36).

Вале моро як чиз ба хайрат меорад, ки хам адабиётшиносон, хам муаррихон, хам файласуфхо, хам баъзе шоирон дар бораи Зардушт чизе намедонанду боз васфи Зардушт мекунанд, шеърхо менависанд.

Вале дили мо ба бастакорон месузад, ки ба он шеърхои пуч оханги хуб мебанданду ва чун коргарони телевизион аз хакикат огох мешаванд онро  рад мекунанд. Бастакорон намедонанд, ки баъзе шоирони замони мо аз паси хангома рафта, боре хам «Шохнома»-ро нахондаанд. Боз мо даъво мекунем, ки точикон китоб намехонанд, ба театр намераванд. Чи хел онхо китоб хонанд, ки мо худ аз хакикати таърихи фарсаххо дурем, чи хел онхо ба театр раванд, ки образи шахси хунхори ашади Искандари Макдуниро васф мекунанд. Хол он ки у ба сарзамини мукаддаси таърихии точикон, ки бе сарвару бе давлату бе ярок монда буд, бо 35 хазор лашкари то хокиртак ярокнок 8 сол чангида, халкро ба тамом кир карда, шахрхои таърихии онро оташ зада, хатто тахкурсихои бинохои таърихиро ба чор су партофтааст, ки мабодо наслхои оянда замоне боз аз нав баркарор накунанд. Вале худ дар ин диёри мукаддас кушта шуд.

Устоди Искандари Макдуни ки буд? Ки уро то ба ин дарачаи хунхори расонидааст?! Ки инсониятро ба ду таксим карда, мафхуми «барбари»-ро чори кард? Ки инсониятро ба ду таксим карда, куштани кисми дуюмро раво ва хатто савоб донист?!

Ин котил файласуфи маъруфи чахони – Арасту буд. У шахсе гардид, ки на факат дар чодаи фалсафа зидди устоди худ Афлотун баромад кард, балки дар хамаи масъалахо чойи устоди худро гирифтан мехост. «Вале, мегуяд Мухаммад Рашшод, ба пояи Афлотун расида натавонист».

Пас аз марги Искандар хамоно халкаш бар зидди у киём кард. Арасту аз тарс ба чазираи Эвбея гурехта, пас аз як сол – соли 322 пеш аз милод ба касалии захми меъда гирифтор шуда,  дар бенавои ва сахтиву зори, дур аз ёру дустон аз олам гузашт.

Мо ба хонандаи хушманд дар бораи вахшонияти Искандари Макдуни, фаъолияти Арасту китобхои зерин «История цивилизации арийцев», «Таърихи тамаддуни Ориён» ва «ARYANS» (ба забони англиси) – ро тавсия мекунем.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …