Главная / Биология / Обсабзхои бахри (обсабзхои бур ва сурх)

Обсабзхои бахри (обсабзхои бур ва сурх)

Обсабзхои бур ва сурх асосан сокинони обхои шури бахру укёнусхо ба хисоб мераванд. Онхо дар шароитхои басо мусоид тез афзуда, дар зери об анбухи азими обсабзхоро ба вучуд меоранд, ки бахрнавардон онро “садди зинда” меноманд. Ин анбухи азими обсабзхо суръати харакати наклиёти обиро халалдор мекунад ва ба фурудоии гидросамолётхо монеъ шуда метавонад.

obsabzi-bahriХамаи обсабзхои бур ва сурх организмхои баландташаккули бисёрхучайрагии мураккаб мебошанд. Дар байни обсабзхои сурх баъзан намудхои шакли якхучайрагидошта вомехуранд. Андозаи онхо аз як чанд миллиметр то якчанд метр аст. Аксарияти намояндагони обсабзхои бур ва сурх бисёрсола мебошанд. Ин обсабзхо номашонро аз руи ранги доштаашон гирифтаанд. Онхо дорои ранги бур, сиёх ва сурх мебошанд.

Дар укёнусхои Яхбастаи Шимоли, Ором обсабзи нисбатан азимчусса — ламинария, карами бахри месабзад. Ламинарияи баркамол такрибан аз 0,5 то 6 м ва дар баъзе холатхо то 20 м дарози дорад. Ламинарияи аз хама калонандоза то 50 м кад мекашад. Ламинария тавассути ризоиди (аз калимаи юнони “риза” – бех, реша, асл ва “идос” – намуд мебошад) шохрондааш, (ки вазифаи решаро ичро мекунад) ё лаъличааш ба санг ё дигар чисмхои зериоби часпида, дар чукурии аз 2 то 40 м зери об, ки нури офтоб ба кадри кофи дастрас аст, фаъолияти хаётиашро идома дода, нашъу- намо мекунад.

Намояндагони дигари обсабзхои бур низ дорои чисми калон мебошанд. Танаи онхо ба чузъхо чудо шудааст ва баъзе хелхои он ба дарахти азими шохронда шабохат доранд. Чунин обсабз- хоро кад-кадди сохилхои америкоии укёнуси Ором вохурдан мум кин аст. Умуман, обсабзхои бур дар бахру укёнусхои чахони хеле васеъ пахн гардиданд. Онхо бештар дар сохилхои Аргентина, кисми гарбии Аляска, чазирахои Алеут, Командор ва Курил вомехуранд.

Обсабзхои сурх дар бахрхои минтакахои тропики ва субтропики, кисман дар минтакахои иклимашон муътадил, чунончи, сохилхои бахри Сиёх ва Норвегия бештар вомехуранд.

Обсабзхои сурх низ бисёрхучайра буда (намудхои якхучайрагиашон нихоят кам вомехурад), аз руи сохту шаклашон риштамонанди шохронда ё бутташакл мебошанд. Баъзан чисми онхо ба узвхои ба поя ва барг шабохатдошта чудо ме- шавад. Андозаи обсабзхои сурх нисбат ба обсабзхои бур хеле хурд буда, дарозии баъзе намудхои онхо то ба 2 м мерасад.

Ранги обсабзхои сурх гуногун буда, ин гуногунранги ба таносуби моддахои рангбахши дар он мавчудбуда вобастаги дорад. Зеро дар хромотофори обсабзхои сурх ба чуз хлорофилл (моддаи ранги сабздиханда) боз моддахои дигаре, ки ба онхо ранги норинчи, зард, бур ва сурх медиханд, мавчуданд. Ба туфайли хлорофилли дар хромотофорхо будаи обсабзхои сурх бо иштироки нури офтоб дар онхо раванди фотосинтез мегузарад. Обсабз дар натичаи ин раванд гази карбонати дар об мавчудбударо фуру бурда, оксигенро ба берун хорич мекунад ва дар чисми обсабз моддахои органики, аз кабили канд, охар, равган ва сафедахо хосил мешаванд.

  1. Обсабзхои бур ва сурх аз обсабзхои сабзи риштамонанд бо чи фарк мекунанд?
  2. Обсабзхои бур ва сурх дар кучо вомехуранд?
  3. Ранги обсабзхои бур ва сурх ба чи вобаста аст?
  4. Ламинария чи гуна сохт дорад?
  5. Чаро ламинарияро ба растанихои дарачаи оли дохил намекунанд?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …