Главная / Гуногун / Оби тоза

Оби тоза

Онхо – падару писар, нисфирузи, айни гармии хаво аз туй бармегаштанд. Харорати хаво ончунон гарм буд, ки руи рохи мумфарш аз гарми мавчак мезад. Писар магрурона, худ ба худ суруд хонда, мошин меронд. Аз дарун оши гушти гусфанд, аз берун гарми падарро тасфонд, ки ба писараш гуфт:

– Тезтар хай кун.

Писараш гуё ин таъкиди падарро нашунид, ки бо хамон суръати аввала мошин меронд. Ин газаби падарро овард ва хам аз у ранчид, ки ба суханаш гуш намедихад.

– Хой! – нидо намуд амаки Ризо. – Тезтар хай кун, ба ягон ободи расем.

– Чи шуд?

– Чи шуд, чи шуд?! Об лозим!

Шамс табассум карду пурсид:

– Тахорат мекунед?

– Хок мекунам?! – бо иллату зарда гуфт амаки Ризо. – Менушам, халкам сухт.

Шамс бедимогу гилаомез гуфт:

– Охир, дар хамин хавои тафсон ба рох баромадан шарт буд?

– Бас! Хай кун, тезтар!

Шамс харфе назад, суръатро хам натезонд. Амаки Ризо бо газаб дуг зад:

– Тезтар хай кун гуфтам!

Шамс эътирозомез нидо намуд:

– Охир, рох кайхон не-ку?!

Амаки Ризо барошуфта, дод зад:

– Ман нагуфтам парвоз кун!

– “Охиста рав – хамеша рав!” гуфтаанд, – файласуфона гуфт Шамс.

– Ба бача гап зану насихат шунав, – ранчишомез гуфт амаки Ризо.

Шамс як ба падараш назар андохту чизе нагуфт.

– Уф-ф… халкам кок шуд… мурдам! – гуфт амаки Ризо бехолона ба курсии мошин такя карда.

Шамс дигар сухане нагуфта, суръати мошинро каме тезонд ва лахзае пас мошинро дар лаби канале дошт.

– Ана оби равон!

– Не, ин об не, захри холи, – рад намуд амаки Ризо.

Пас аз чанде назди дукони шахсие истоданд. Садои мусики баланд садо медод. Ду бадмаст якдигарро хакорат мекарданд.

– “Оби зулол” дори? – дар як холати ташнаги пурсид амаки Ризо.

– Не, – дархол чавоб дод фурушанда. – “Коко-кола” хаст. Хунук. Дихам?

– Не, “Коко-кола” хам об шуд магар?! – бадкахрона рад кард амаки Ризо. – Ин об не, кудакфандкунак.

Онхо боз ба рох даромаданд. Шамс ба падараш латифае накл кард: “Марде ба Ватани бобои меояд. Ва чукур нафас кашида, хитоб мекунад:

– О, дар боду хавоят чонам, Ватане! Бихишти, бихишти руи замин!

Баъд лаби чуй сари зону зада, фукашро ба оби чуй мемонад, то ки шикамсери об нушад. Об гарму шур.

– Э бар падари ин хел Ватан лаънате!”

Аз ин латифа газаби амаки Ризо бештар чуш заду бадкахрона:

– Э, тезтар хай кун-е! – гуфт.

Мошин ба дашти сузоне ворид гашт. Ногох амаки Ризо амр намуд:

– Мошинро нигох дор!

Шамс амри падарро ба чо овард. Амаки Ризо тез аз мошин фаромаду назди навиштае рафт. Ва худ ба худ ба гап даромад:

– Э, офарин-е! Э, канд занед-е! Ана инро гамхори мегуянд! Дур аз шуру гавго оби тозаро нуши чон карда, каме биосоянд, хастагиро рафъ намуда, неруи тоза бигиранд. Э, бар падаратон хазор рахмат-е!

Шамс бо хайрат ба падараш нигарист: наход, ки аклашро бохта бошад?

– Савоби ин кор ба хафт пушташон мерасад, – гуён, амаки Ризо ба атроф назар афканд.

Шамс хамоно бо хайрат ба падараш менигарист.

Хаво бенихоят гарм буду замин тафсон.

Офтоб гуё дар миёначои осмон таъхир карда, нурхои сузони худро берахмона барчош медод.

Амаки Ризо бошад ба давру пеш чашм медавонд. Токати Шамс ток шуду пурсид:

– Чи мекобед?

– Об!

– Чи хел об?

– Оби тоза?

Шамс ба у бо тахайюр нигох карда, пурсид:

– Кадом оби тоза?

– Ана навиштаанд-ку, – шиорро нишон дода гуфт амаки Ризо. – Ё тавба? Ё савод надори?

– Дорам.

– Дошта боши, хон! Хонди? Бо харфхои калон навиштаанд-ку: Оби тоза!

– Хи-хи-хи…, – хандид Шамс.

– Чи механди?

– Охир ин шиор…

– Чи хел шиор?

– Шиори “Соли 2003 – соли оби тоза!”

– Наход? – гуфт амаки Ризо ва ба тарафи чап нигарист. Ва лахзае шах шуд. Сипас писарашро тела дода:

– Рафтем! – гуфт. – Тез!

Вакте ки ба мошин нишастанд, боз амр намуд:

– Ба духтур хай кун!

Духтури чашм хеле хуб ба хидмати онхо расида, таъриф карда, гуфт:

– Сари вакт омадед, набошад…

Ранги амаки Ризо канда, базур гуфт:

– Набошад чи?

– …чашми чапатон тамоман кур мешуд.

– Наход? – як кад парид амаки Ризо. – Акнун чи?

– Акнун чаррохи мекунем дупа дуруст мешавад.

Амаки Ризо пас аз як мох аз беморхона баромад ва ба писараш амр кард:

– Ба назди хамон шиор хай кун!

Амаки Ризо ба шиор нигариста:

– Худоё, шукр, – гуфт.

– Боз чи гуфтан лозим? – пурсид Шамс.

Амаки Ризо нидо намуд:

– Ба шиори “Соли 2003 – соли оби тоза!” хазор рахмат!

20 маи соли 2002

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …