Главная / Чамъият / Объектхои андозбанди

Объектхои андозбанди

Моддаи 164-и Кодекси Андоз. Объектхои андозбанди

  1. Объектхои андозбандии андоз аз арзиши иловашуда амалиёти андозбандишаванда ва воридоти андозбандишаванда мебошанд.
  2. Тахвили молхо, ичрои корхо ва хизматрасонихо, ба истиснои тахвили молхо, ичрои корхо ва хизматрасонихое, ки аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод буда, дар доираи фаъолияти сохибкори анчом дода мешаванд, агар онхо мутобики моддахои 175 ва 176 Кодекси мазкур дар худуди Чумхурии Точикистон ичрошаванда эътироф гарданд, амалиёти андозбандишаванда мебошанд. Амалиёти андозбандишаванда мутобики моддаи 176 Кодекси мазкур хизматрасонихо ё ичрои корхои берун аз каламрави Чумхурии Точикистон анчомдодашударо дар бар намегирад.
  3. Агар андозсупоранда молхоро (корхоро, хизматрасонихоро) бо пардохти андоз аз арзиши иловашуда харад ва маблаги дахлдорро ба хисоб гирад (ё хукуки ба хисоб гирифтанро дошта бошад), истифодаи чунин молхо (ичрои корхо, хизматрасонихо) ё натичаи истифодаи молхо (ичрои корхо, хизматрасонихо) барои фаъолияти гайрисохибкори амалиёти андозбандишаванда хисобида мешавад.
  4. Тахвили молхо, ичрои корхо ё хизматрасонихои андозсупоранда ба кормандони худ ва хар шахси дигаре, ки супорандаи андоз аз арзиши иловашуда намебошанд, аз чумла ройгон, амалиёти андозбандишаванда мебошад.
  5. Сарфи назар аз мукаррароти дигари хамин модда, тахвили молхо аз тарафи супорандаи андоз аз арзиши иловашуда, ба истиснои истифодабарии меъёри пасткардашуда, ки ин молхоро дар натичаи амалиёти андозбандишавандаи андоз аз арзиши иловашуда харидааст, аммо мутобики моддаи 183 Кодекси мазкур хангоми харидани ин молхо барои бахисобгирии маблаги андоз аз арзиши иловашуда хукук надошт, хамчун амалиёти андозбандишаванда хисобида намешавад. Агар хангоми харидани молхо бахисобгири кисман ичозат нашуда бошад, дар ин сурат андозаи амалиёти андозбандишаванда мутаносибан ба хиссаи бахисобгирии ичозатнашуда кам карда мешавад.
  6. Арзиши бастахое (зарфхое), ки бояд тибки шарт ва мухлатхои мукарраркардаи шартномаи (карордоди) тахвили молхо баргардонида шаванд, ба истиснои холатхои фуруши чакана, ба маблаги андозбандишаванда дохил карда намешавад. Чаканафурушон метавонанд хачми амалиёти андозбандишавандаро ба маблаге, ки онхо ба сифати хакки чуброни баргардонидани бастахо (зарфхо) ба мизочон пардохтанд, кам кунанд.
  7. Агар бакайдгирии андозсупоранда бекор карда шавад, молхои дар лахзаи бекоркуни дар ихтиёри он карордошта, ба истиснои истифодаи меъёри пасткардашуда, хамчун дар доираи амалиёти андозбандишаванда дар ин лахза тахвилшуда барраси мегарданд.
  8. Маблагхои андоз аз арзиши иловашуда, ки то бакайдгири оид ба андоз аз арзиши иловашуда нисбат ба бакияи молхои харидашуда, ки пештар хангоми андозбанди аз даромади андозбандишаванда тарх карда нашуда буданд, хангоми истифодаи меъёри стандарти пас аз бакайдгири ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда мувофики тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур ба хисоб гирифта мешаванд.
  9. Дар холати истехсоли молхо, ичрои корхо ва хизматрасонихо аз ашё ва маводи фармоишгар, хангоме, ки сохиби ашё, мавод ва махсулоти коркард худи фармоишгар мемонад, амалиёти андозбандишаванда барои коркардкунанда (истехсолкунанда, ичрокунанда) хизматрасонихо (корхо) оид ба коркарди ашё ва мавод барои молхо (кору хизматрасонихо) ба хисоб меравад.
  10. Молхо ва воситахои наклиёти ба каламрави гумрукии Чумхурии Точикистон воридшаванда (ба истиснои молхое, ки мутобики моддаи 169 Кодекси мазкур аз андоз аз арзиши иловашуда озод мебошанд), ки мутобики конунгузории гумруки Чумхурии Точикистон бояд дар эъломия зикр шаванд, воридоти андозбандишаванда ба хисоб мераванд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …