Бод мевазад.
Боди табдил аст он.
Ин бод боди шурта нест.
Ин бод боди шадид, боди шикаст, боди гардиш, боди тагиротхои куллист. Онро боздошта намешавад ва ба мукобили он харакат кардан хам хатарнок аст. Бале, замони дигаргунихои бузург фаро расид.
Руз шаб мешавад, шаб руз, мох сол мешаваду сол карн. Бо мурури вакт кухна худро ба нав медихад. Ва агар чихати мухими раванди имрузаро бо як калима ифода кардани бошем, муъчизтар калимае ба чуз навсози нест.
Навсози!
Мушкил?
Бале!
Аммо зиндаги кардан шарт. Танхо хаминро фаромуш набояд кард, ки чархи зиндаги ба кафо намегардад, пешру меравад, пешру. Ва набояд гофил монд. Навсози бозори иктисодиро пеш овард. Ва барои сохтани ин иморати бузургу пуршукух Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Чумхурии Точикистон таъсис ёфт.
Хишти аввалро ба ин иморат ки гузошт? Ин хишт рост ё кач? Ин басо мухим аст. Зеро «хишти аввал чун нихад меъмор кач, то ба охир меравад девор кач». Дар Кумита фирмаи «Азиз»–ро (собик магозаи «Газворхо») ном бурданд. Дархол гуфтугуи чанд руз кабл рухдода ба ёдам омад. Бо як шиносам ба магозае ворид гаштем.
– Охо, худи хорича барин–ку, – гуфтам ба у.
– Ин чи, – табассум карда гуфт у. – Ту ба фирмаи «Азиз», собик магозаи «Газворхо» даро. Хоричи хакикиро он чо мебини. Ман ба у шубхаомез назар афкандам. Зеро ман ба ин магоза замони карахти чанд бор даромада будам. Торику бенур буд он. Дар рафхо газворхои ба касе нолозим зери чанг хоб мекарданд.
Харидор кариб ки набуд. Фурушандахо ё ганаб мекарданд ё пашша киш мегуфтанд. Ба гайр аз «лавхаи харидор»–и холи дигар ягон эълон ба назар намерасид. Ба магоза ворид мешудед, ягон фурушанда аз чояш намехест ё аккалан «Шумо–ки? Чи хизмат?” – гуён намепурсид. Агар рафту нархи ягон маторо мепурсидед фурушанда ба газаб меомад. Ва бо тунди мегуфт, ки «кури намебини, навиштаги!» Дар Кумитаи давлатии идораи амвол чизе нагуфтанд: «Шунидан кай бувад монанди дидан». Хулоса, ба тарафи магоза рох гирифтам.
2
Ана ба хамон магозаи «Газворхо» омадам. «Хамон магозаи «Газворхо» гуфтанам хато шуд. Зеро хох бовар кунед, хох не фарки магозаи хозира аз магозаи пештара бемуболига аз замин то осмон аст. Бино аз берун либоси мармарин ба бар карда. Дари даромад карор надошт. Одамон – зану мард, пиру чавон медаромаданду мебаромаданд. Хеч кас дасти холи намебаромад. Онхо хурсанд баромада, дар зери лаб ким–кадом охангеро зам–зама мекарданд. Майдони назди магоза ободу зебо. Гулзор гуем дуруст мешавад. Насими халоватбахше вазида гулхоро хаму рост мекард. Онхо гуё «Хуш омадед, боз биёед!» – мегуфтанд.
Дар магоза диккати маро хусусан як чиз ба худ чалб кард, ки дар ин чо хама чиз нав аст. Сохт–нав, ороиш–нав, молхо–нав ва хатто муомила хам нав. Духтараки зебои сафедпусти чашмкабуд то лаби пуртабассум пешвоз гирифт.
– Хуш омадед! Мархамат! Хизмат?
Ман лахзае худро гум карда мондам. Ачабо! Навсози онхоро дигар кардааст. Пеш онхо дагали мекарданд, ханда ва хазлу шухи намекарданд. Акнун онхо мехрубон, зиндадил, базлагу ва зариф шудаанд.
Вакте ки мудири магозаро пурсидам, духтарак каме дасту по хурд ва бо овози каме ларзон гуфт, ки нестанд.
– Нестанд? – аз ноомади кор хичил шудам.
Дар ин вакт суи мо марде омад ва духтарак безобита гашт. Гох ба ман ва гох ба он мард менигарист. Мард бошад табассум менамуд.
– Аз афташ шуморо «шербача» гумон карда «эхтиёт ними хаёт»–ро сармашки кори худ карор додааст.
– Рост, – икрор шуд духтарак, – тарсидам. Охир, моргазида аз банди ало метарсад.
– Чи, ба магозаи шумо хам «шербача»–хо ташриф меоваранд?
Вай фурсате хомуширо авло медонад. Сипас бо гирифтахотири мегуяд, ки аз чониби чавонон гохо корхои ношоям содир мешавад, ки боиси ташвиш аст. Тартиботи табъи дилро ба вучуд наоварда инкишофи иктисодиёт ва ислохоти иктисодиро таъмин кардан гайри имкон аст. Тартиб ва риояи конун имруз чун обу хаво зарур аст.
3
Рости гап уро тамоман дигар хел, яъне як чавонмарди хомфарбехи пуркибру гурур ва хавобаланд, бо кару фарри махсус тасаввур мекардам. Охир, корманди савдо сармоядор. Баробари зиёд шудани сармоя одамон тагйир меёбанд, инсон буданашонро фаромуш мекунанд. Сирати инсони ва ахлоки хамидаро аз даст медиханд. Аммо вакти вохури бо у аз гумонхои худ хичил шудам. Зеро Аъзамкул Хотамов, рохбари фирмаи «Азиз» як марди пуртамкин, халиму мехрубон ва басо хоксор будааст. Диле доштааст бузург ва дардошно. Вай мардест миёнкад ва хурдчусса. Чашмони бахудчалбкунандаи бачагонае дорад, ки руяшро бисёр дилкаш менамояд. Саросема нашуда, бо тамкин ва оромона ба пурсишхои хамсухбаташ чавоб медихад. Хангоми сухбат аз у таровати доноию сохибакли, хушмуомилаги ва фазилати табии хувайдо мегашт. Пасон фахмидам, ки хислатхои начиби ин мард аз бехад дуст доштани касби интихобкардааш, аз дарки човидон будани неки хувайдоанд.
– Чунон ки Максим Горкий гуфта буд, «Истеъдод аз эхсосоти мехр ба касбу кор эхё мешавад». Ман хамин гунна мухаббатро аз падари коргарам мерос гирифтам, – гуфт у.
Бале, падараш коргари одди буд. Вале хамчун сарбони оила, тарбиятгари фарзандон намунаи ибрат буд. Дар хама мавридхо инсофу андозаро нигох медошт.
– Бе ин, – мегуфт у, – дунёё арзиш надорад.
Вай одами бад, хислати нораво ва корхои носазоро намеписандид.
Вакте ки одам ба касе ё чизе мехр мебандад, ин хиссиёти начиб як умр аз дилаш намеравад. Акаи Аъзамкул ба кори савдо ана хамин тавр мехр бастааст. Аз он рузе ки худро мешиносад ин мехр бо уст. Дар мактаб аъло мехонд. Махсусан математикаву адабиётро дуст медошт. Ба кавли худаш барои ин ду фан мемурд. Рузе дар мавзуи «Ки шудан мехохам» иншо навиштанд. Кариб аксарияти бачахо муаллим ва духтур шудан мехостанд. Танхо як у савдогар. Бачахо хандиданд, галогула бардоштанд. Муаллими адабиёт хеле одами хуб буд. Логарандому баландкад. Чашмонаш мисли укоб кучактарин харакатро, хатто аз мизхои охир медид. Вай сабаб пурсид.
– О, у аъло мехонад, – гуфт яке.
– Шеъру хисобро чун об медонад, – илова намуд дигаре.
Муаллим дасташро бардошт. Синф сокит шуд. Вай гуфт:
– Бале, корманди савдо бояд шеъру хисобро чун об бидонад. Зеро у на танхо бо мол, балки бо одамон сару кор дорад.
Ва хангоме ки Аъзамкул номаи камол гирифту ба техникуми савдо дохил шудани шуд, гумон дошт, ки падараш пешаи уро намеписандад. Ва шояд сарзанишу кохиш хохад кард. Вале падар пешаи уро писандид ва насихатомез гуфт:
– Писарам, ба моли дунё дил набояд баст, дил ба одам бояд баст ва халолиро пеша кард. Ба ёд гир, ки як гапи кажпахлу, як руйи турш, як табассуми захромез бас аст, ки асаби одам хароб гардад.
Вай имруз худ падар – падар чи!? – бобост! – вале ин харфхои падар бо уст!
– Солхои тахсил, – мегуяд у, – боиси бемори чанд бор мачбур будам, ки кариб техникумро тарк кунам. Бале падарам, ки киммати одамро аз номуси баланди вай муайян мекард, бори гарони зиндагиро ба души худ гирифта, маро талкин менамуд, ки тахсилро давом дихам. «Мард аз рохаш намегардад» – мегуфт у. Бо хидоят ва дастгирии падарам на танхо техникум, балки донишкадаи кооперативии Самаркандро низ хатм намудам.
Вай «мулк»–и худро ба ман тамошо дода, гарму чушон гуфт:
– Агар ман пули бисёр медоштам, ошёнаи дуюму сеюмро харида донишкадаи савдо мекушодам. Корманди савдо бояд хама чизро донад, хама чизро!
Пас аз каме андеша оромона афзуданд:
– Тичорат асрори зиёде дорад, ки то хануз пурра кашф нашудааст, бояд онро омухт ва дар мактабаш сабак гирифт. Тичоратро таълим бояд дод. Ин калидест барои тадбики барномаи ислохоти иктисоди.
Фурушанда Мавлуда Муаззамова, ки зиёда аз дах сол боз бо акаи Аъзамкул бар ба бар кор мекунад, чунин гуфт:
– Устод маданияти баланд ва мукаммале дорад. Бо дагалтарин мичоз забон меёбад. Тамоми мол ва нархномахоро аз ёд медонад. У касби худро ба маънои томи сухан азбар кардааст. Ман боре пурсидам, ки у чи тавр ин кадар молу нархномаро дар хотир нигох медорад. Вай лабханд карда посух дод, ки: «Чунки савдоро дуст медорам». Ба акидаи ман хар як одам касбу кори худро бояд ана хамин тарз, аз дилу чон дуст дорад.
4
Тифокии ин коллективи 25 нафара маро тамоман мафтун кард. Зеро:
Хама кас ба як хую як хост нест,
Дах ангушти мардум ба хам рост нест!
Бале, хар яке хуи худ, нозу нузи худро дорад.
Зани зебоандом – Адолат Халилова бо табассуми беандоза ширин ва самимона гуфт:
– У гений. Хама кор аз дасташ меояд. Зеро у дуст медорад. Дуст дошта тавонистанд – хар корро карда тавонистан аст.
Бисёр хуб гуфт.
Хамаи 25 нафар сарварашонро дуст медоранд, кадр мекунанд ва иззату икромашро ба чо меоранд.
– Мехр – аз ду тараф, – мегуяд акаи Аъзамкул.
Бале, оё аз як даст садо мебарояд?!
Вай дар бораи худ кам, бемайлу хавас гап мезанад. Вай гами дигаронро мехурад. Вай ба ин захмату ташвишхо хамаи кувваи умри чавонашро бахшид. Вай мохияти мехнатро хеле чукур ва хаматарафа хис кардааст. Ин хисси у дар чизхои майда– чуйдаи хамарузаи рузгораш ифода меёбад. Бо чи гамхории диккатангезе, бо чи сабру токати хайратангезе зердастонашро тарбия мекунад.
Яке аз шогирдони у – Шамсия Юсуфова бо ифтихор чунин накл намуд:
– Боре як мизочи шилкин чонамро ба лаб оварду як– ду гапи обдор задам. Устод насихат карда гуфт:
– Сухан шамшер нест, ки онро дар майдони чанг ва корзор ба шасту газаб аз гилоф баркаши. Он ёри андешаест, ки тамкини заминро аз ту чашмдор аст.
Чавони навчаи хушсимо – Тохир Бокиев, ки як сол пеш ба ин магоза омадааст, чунин гуфт:
– Рузхои нахустини кор буд. Чавони карда як мичозро фиреб кардам. Устод чи хел фахмиданд, то хол хайронам. Чег зада гуфтанд: «Акнун рохи кисаро фаромуш кун, рохи дилро дарёб!»
Акаи Аъзамкул дар муошират ба эхсосоти нолозиму дурушт рох намедихад. Орому ботамкин буда саросема намешавад. Харакат мекунад, ки норозиги, ранчиш, асабони шудани худро, ки дар кору зиндаги ба амал меояд, маълум накунад.
– Бе хурмат – бовари нест, бе бовари серталаби хам шуда наметавонад, – мегуяд у. – Агар ман нисбати хамкорон (у калимаи «зердастон»– ро бад мебинад) ба дуруштию дагали рох дихам, онхо бо мичози хамчунин мекунанд, ки ин окибати хуб надорад.
Андаке хаёл карда, бо овози паст ва мулоим илова намуд:
– Чи андоза чумхуриамон обод мешуд, агар хар як кас кори аз дасташ меомадагиро мекард.
5
Диккати маро шахсе ба худ кашид, ки туй доштаасту лавозимоти лозимиро фармоиш медод.
– Чи, оё шумо фармоиш хам кабул мекунед? – хайрон шудам ман.
– Бале! Касе ки чизе ки хохад!
Хамон руз ба магоза мичози хоричи омад.
– Курпача доред? – пурсид у аз Мавлуда.
– Не, надорем, – бо табассум посух дод Мавлуда.
– Мешавад? – боз пурсид мичоз.
– Не, намешавад. Зеро ягон фабрика кор намекунад, – гунахкорона чавоб дод Мавлуда.
– Оббо… – гуфта монд мехмон.
Мавлуда дар хичолат монд. Суп– сурх шуда рафт. Арак кард. Аз он ки хочати мехмонро набаровард табъаш хира буд. Ин холати уро дида, акаи Аъзамкул хазломез пурсид:
– Кору бор читу?
– Кор–ку бад не, вале бор – бад, – посух дод у ва вокеаро накл кард.
Акаи Аъзамкул хам гамгин шуду хам хурсанд. Гамгин аз он ки мичоз – боз хоричи! – норизо рафтааст. Хурсанд аз он ки Мавлуда аз ин озурда шудааст. Яъне захматхояш барабас нарафтаанд. Харчанд фалак гардиши худро тагйир додаву зиндаги гайриинтизор дигаргун шудааст Мавлуда инсофу андозаро аз даст надодааст. Охир, кам нестанд ашхосе, ки нобасомонихои солхои охирро бахона пеш оварда, даст ба оби хунук намезананд, дар ягон чой кор намекунанду ба хеч чиз дилашон намесузад. Як кабилашон рохи осони зиндагиро ёфтанду бо фиребу найранг, каллобиву чаллоби руз мегузаронанд. Хамкорони у бошад кушиш ба харч медиханд, ки талаботи харидоронро конеъ гардонанд. Вале на хамеша ин ба онхо даст медихад. Ходисаи имруза ба ин гувох. Вай рузи дароз побанди ин андеша буд. Шабро хам хеле норохат гузаронд. Гох ба ин пахлу чарх мезад, гох ба он пахлу. Субх ба ёдаш омад, ки дар махаллаашон курпадузе хаст. Вай пеш дар ким– кадом фабрика кор мекард. Холо бошад бекор. Ба наздаш рафт.
– Э, кани читу сатину пахта, – охи сард кашида гамгинона гуфт у. – Баъд харидор–ку?
– Читу сатину пахта ва харидорро ман меёбам. Шумо духта дихед, шуд.
– Кошки. – хурсанд шуд у. – Бо дилу чон.
Ва у чанд курпача духта дод. Онхо тез ба фуруш рафтанд.
– Ана хамин хел кофта – кофта занхои хонашину хунармандро ёфтем, – гуфт акаи Аъзамкул. – Мо аз мизочон фармоиш гирифта ба онхо мерасонем. Онхо сари вакт ва бо сифати баланд ичро мекунанд. Хам ба онхо фоида, хам ба мизочон ва хам ба мо. Бо як тир се нишон!
6
Ба утоки кори акаи Аъзамкул ворид гаштем. Он хурд ва ба чуз аппарати телефон ва як мизу чанд курси дигар чизе надошт. Ру ба ру нишаста муддате сокит мондем. Чанд бор у ба суям саволомезу хаёломез назар афанд.
– Бисёрихо гумон мекунанд, ки иктисоди бозори бо хохиши хукумати чумхури бошад. Айбе нест, агар ин ташаббуси онхо бошад. Вале ин талаби замон аст. Чун дар табиат зимистонро бахор иваз мекунаду бахорро тобистон, таърихи чамъият хам аз чараёни тагйирёбии доими дар канор нест. Моро илочи дигар, рохи дигар нест. Рохи ягона – иктисоди бозори! Ва ин ибтидои чамъияти нав аст. Ин як дарёфти миллист. Ва мо бояд ин мавриди мусоидро осон аз даст надихем, ки ношукри ва носипоси мешавад. Зеро иктисоди бозори иктисоди фаровони, иктисоди тартибу интизом, иктисоди махорат ва ухдабарои, иктисоди хак ва рост мебошад. Мо бояд ба тарики нав, бо кувваю гайрати нав кор кунем. Хуллас, замоне шудааст, ки чустучу, чустучу ва боз чустучу лозим аст. Чустучуи роххои нави хочагидори. Ва яке аз ин роххо бешубха хусусигардонии моликияти давлати мебошад. Шаклхои гуногуни моликият калиди халли масоили мураккаби иктисодиёти рузгор аст. Вале моликиятхари кори осон ва шухи нест, он масъулияти бузурге дорад.
Ва ногахон аз чи бошад, ки дар як дам чехрааш кохид, рангаш парид. Зохиран аз чизе ба газаб омад. Муддате сокиту хомуш ба нуктае чашм духта монд. Сипас канда– канда, гуё чизе рохи гулуяшро банд карда бошад, чанд бор сулфид. Ва охиста лаб ба сухан во намуд:
– Сад афсус, ки баъзехо мохияти хусусигардониро нафахмидаанд. Гумон мебаранд, ки хусусигардони аз харидани амвол иборат асту бас. Не, ин хатост. Андешаи сарсарист. Рухи онхоро хавою хавас болу пар бахшидааст. Ва мо манзараи ногувореро мебинем: бисёр иншоотхо нообод, хароб ё ба дарашон кулф овезон. Тасаввур мекунед?
Ва ман ин манзараро тасаввур мекунаму дар дил ба эхсосоти у шарик мешавам.
– Ки гунахкор аст? – боз ба ман ру меоварад у. Ва худаш чавоб медихад:
– Пеш аз хама номукаммалии конун. Дар натича моликият ба дасти одамони тасодуфи, белаёкат, ноухдабаро меафтад. Боре дидам, ки яке олоту асбобро берахмона истисмор менамуд. Дилам сухту гуфтам, ки о ин хел куни чор руз пас корхонаат фуру меравад. «Корат чи?! – дуг зад у. – Мол моли худам, чи коре ки хохам мекунам!» Ба ин хел зотхо чи чавоб медихед? Онхо лаёкате кудрате надоранд, ки ба фардою пасфардо лоакал бо гушаи чашм як назар андозанд. Барои онхо хушии якрузаи зиндагии худ авлотар аз ояндаи мулку мамлакат аст. Вале он руз ман паст наомадам. Яке ман мегуфтам, яке у. Хеч тан намедод. Ва паст хам намеомад. То он даме ки ин мисрахо бигуфтам:
Аблахе, к–у рузи рушан шамъи кофури нихад,
Зуд бин, к–аш то ба шаб руган набошад дар чарог.
У ба ман як чашм партофт, руяшро бо дасташ молида, ифодаи кахру газабро аз он руфта партофт. Аз сари нав дар чехраи у як чизе кудаконае падид омад.
– Чи гуфтед? – пурсид у.
– Хусусигардони – ин чист?
– Хусусигардони? Ин инкилоб! – бо оханги боварии катъи гуфт у. – Ха, ха, инкилоб дар иктисодиёти чумхуриамон. Охир, мо аз як намуди моликият ба дигар намуди моликият мегузарем. Оё ин инкилоб нест?
– Бале! Ва яъне ки шумо нахустин шуда ба ин инкилоб бархостед?
– Бале, аввалин шуда, – посух дод у ва лахзае ба андеша рафт. Сипас охиста лаб ба сухан во намуд:
– Ба паррандагон хасад мебарам. Хама чиз дар хокимияти онхост. Ба кучо хоханд парвоз мекунанд, дардеву гаме надоранд дар дил. Мо чи? Хама чизро ба такдир хавола мекунем. Ким– чиро интизор шуда меистем. Хамин тавр нест?! Ба акидаи ман, зиндаги ин майдони талошхост. Мубориза бурдан даркор аст! Хамту не?!
Вай ин гуфт ва соли 1991 дари хотираашро куфтанд, ки конуни хусусигардони кабул шуд. «Бояд харид! – Карор дод у. – Амвол сохиби худро ёбад, хама гунна накшаи нек руи об баромада метавонад». Ва ба тагопу афтод. Осон набудааст ин кор. Вале кафо нагашт. Байти «Гар зи по афтам, нахохам монд аз рохи талаб, дар сурогаш то маро даст аст, доман мекашам» шиораш буд. Ва окибат 21 сентябри соли 1991 магоза ба моликияти коллективи табдил дода шуд. Нархи бокимондаи магоза 50, 4 хазор сум буд, вале онро ба онхо бо нархи бахоии як миллиону сесаду бистухашт хазор сум фурухтанд.
– Албатта ин кори мо, – гуфт у, – кори басо масъулиятнок буд, вале мо ба тачрибаи худ, дурустии рохи интихобкарда бовари доштем.
– Валло, ки ин часорат аст.
У бо камоли эътикод сар чунбонда бо оханги буро гуфт:
– Дар мавриди худ кор фармудани часорат хам хислати бебахост.
– Хо, набошад, чи! – бо майли том ба гапаш рози шудам ман ва боз савол додам:
– Гуфтед, ки нархи магоза 1328 хазор сумро ташкил кард. Ин пули кам нест. Онро ки дод?
– Тамоми коллектив аз хисоби пасандозхои худ. Вале он ками кард. Аз ин ру мачбур шудем, ки аз бонк карз бигирем.
– Карзи бефоиз?
– Хести, ки хобатон, – хандид у. – Бо дах фоиз. Мо онро ба мухлати ду сол гирифта будем, вале дар як сол бо бонк хисоби кардем.
– Дар хашт соли ислохоти иктисоди хамаги 30 фоизи моликияти давлати хусуси гардонида шудааст. Сабаб чи бошад?
– Сабабхо бисёранд. Вале сабабхои аз хама асоси сахтчонии психологияи кухна, андешаи дубора баргаштан ба низоми иктисодиёти пештара. Вале ин хама хобу хаёлест. Тавассути фармонфармои иктисодиёт инкишоф намеёбад. Аз факти таърих чои гурез нест. Мо бояд эътироф кунем, ки ба ин холати ногувор зиёда аз 70 сол муросо кардем, бехабар аз он ки окибатхои он ба кучохо хоханд овард. Бемуболига бисёр рохбарон хам мукобили ислохоти иктисоди мебошанд. Намехоханд, ки корхонахо ба коргарон тааллук дошта бошанд. Оиди манфиати, мехнаткашон дилсузона гап мезананд, хусусигардониро кашол медиханд. Чунки корхонахои давлати ба онхо чун обу хаво зарур аст, зеро барои бо роххои гайриконуни чамъ овардани сармоя имконияти васеъ медихад. Ба хамин вачх зарур аст, ки чараёни хусусигардониро тезонида, тамоми молу мулкро ба хама таксим карда дихем!
– Шояд ба ин тачрибаи дигар кишвархо мусоидат кунад?
– Шояд. «Акл равнак гирад аз акли дигар» – гуфтаанд. Вале мо набояд нусхабардори кунем. Дуруст аст, ки бисёр мамлакатхо тачрибаи бой доранд. Вале табиати мардум ва хусусиятхои миллии иктисодии Точикистон тамоман дигар аст. Бинобар ин «обе ки уштурро то зонуст, сангпуштро аз сар мегузарад». Мо набояд ба ягон мамлакат таклид кунем. Вагарна ба хар су тоб хурда, сар ба сад дар зада ба чое нарасиданамон мумкин аст.
– Холо дар байни мардум ду ибора: «замони рукуд» ва «замони бозсози» мавчуд хаст. Шумо харду замонро дидед. Кадомаш хуб аст?
– Бешубха замони бозсози. Замони рукуд дахонбаста, дастбаста, побаста будем. Ба кавли шоир:
Дар миёни чор дарё тахтабандам кардаи,
Боз мегуи, ки доман тар макун, хушёр бош.
Холо озод хастем. Ва натичаи кори мо гувохи ин аст. Соли гузашта гардиши мол зиёда аз 200 миллион рублро ташкил дод. Ба бучаи давлат зиёда аз 40 миллион рубл маблаг ворид гашт. Вале ин мухим нест. Мухим он аст, ки мо талаботи харидоронро бо молхои хушсифат конеъ мегардонем. Аз тарафи дигар имконият пайдо кардем, ки ба ташкилотхо ва оилахои камбизоат кумак расонем.
Тавре, ки шайх Аттор мефармояд:
Хотири айтомро дарёб низ,
То туро пайваста хак дорад азиз.
– Саховат бехтар аст ё шучоат?
Фавран бо харфи Саъди посух дод:
Навишта аст бар гури Бахроми гур,
Ки дасти карам бех зи бозуи зур.
– Дар зиндаги чи мехохед?
– Мехохам, ки мехру мухаббат, иззату хурмат, кадршиноси ва ихлос ба хамдигар пойдор бошад. Чунончи, Мавлавии Балх фармудаанд:
Биё, то кадри якдигар бидонем,
Ки то ногах зи хамдигар намонем.
Гаразхо тира доранд дустиро,
Гаразхоро чаро аз дил наронем?
– Ба коркунони сохаи савдо чи гуфтаниед?
– Мо ба кадри хаёт намерасем, кушиш мекунем, ки хама корро бо тези ба сомон расонем. Барои гун доштани мол талош мекунем, бехабар аз он ки зиндаги ба одам як бор меояд. Одам набояд ба моли дунё дил бандад. Доро шудан осон. Аммо акл муфлис мешавад, мехри некбинаш заиф ва нотавон. Харгиз гуруснаи пулу мол нашавед. Гуруснаи пулу мол хеч гох сер нест ва намешавад. Ба гуфтаи Саъдии бузург:
Чашми танги марди дунёдорро
Ё каноат пур кунад ё хоки гур.
Мехохам, ки одамон адои шукр кунанд. Шукр бехтарин зиннати калб буда, хамеша чун оина дилро сайкал медихад.
7
Ба толори магоза мебароем. Он тозаву озода ва равшан. Рафхо чашму асабхои тарангро нарм карда, ба дилхо ороми мебахшанд, дил мерабояд. Харидорон зиёданд. Бо яке шинос мешавем.
– Ман Шарофат Хасанова, – мегуяд чавонзане. – Дар бинои ру ба ру зиндаги мекунам. Доим ба хамин магоза меоям. Чизе ки ба ман лозим аст аз хамин чо дастрас мекунам.
– Шумо хам дар наздики зиндаги мекунед? – ба дигаре ру меорем.
– Не, – мегуяд у. – Ман дар наздики кор мекунам. Ва мизочи доими мебошад. Зеро дар ин чо хама чиз хаст. Боз мухимаш он ки босифат
Акаи Аъзамкул дар куртааш намегунчад, ки магозаашон писанди мизочон аст.
– Дидед, чи тагиротхо руй додаст! Ана хамин аст манбаи илхом, шодиву хурсандии ман, ана хамин аст бахти ман!
Ман танхо як иншоотро мисол овардам, зеро, ба фикрам, чуноне, ки дар як катра як чахон акс меёбад, дар такдири ин иншоот хам дидан мумкин аст, ки навсози, чи табадулоте ба миён овардааст.
Вале он бо осони ба даст наомада!
Мушкил?
Бале!
Вале вакт чораю тадбир талаб мекунад.
Сусти мекуни? Мунтазир мешави? Худдори мекуни?
Рохро холи кун?
Ба озимони оянда!
Онхо созанда, фотеху пояндаанд!
17 маи соли 1998