Главная / Гуногун / ОСОРИ  ДАСТРАСИ УСТОД РУДАКИ

ОСОРИ  ДАСТРАСИ УСТОД РУДАКИ

Абуабдуллохи Рудаки, ба шаходати ахли адаб ва таърихнигорон, суханварест, ки дар таърихи адабиёти форсу точик беш аз хама шеъри дари гуфтааст. Бисёре аз ахли китоб гувохи медиханд, ки Рудаки шеъри арабиро низ хуб иншо мекардааст. Бинобар хамин, карнхост, ки ахли тахкику тадкик, пажухишгарон, доноён ва адибони чахон рочеъ ба эчодиёти адаби, микдори навиштахо ва макоми волои Устод Рудаки бахс овардаанд, ки хануз хам идома дорад. Аммо дар тамоми давру замонхо бузургиву устодии Рудакиро чун маликушшуъаро, султони шоъирон, мукаддами шуъаро, Одамушшуъаро, сохибкирони шоъири ва амсоли ин эътироф кардаанд.

Яке аз масъалахои бахсноки эчодиёти Рудаки, ки асрхо боз мавриди мубохисаю музокира карор гирифтааст, хамон масъалаи хачму микдори ашъори офаридаи уст. Агар хато накунам, то вактхои ахир мухаккикон дар ин бобат, асосан, вобаста ба рубоъии зерини Рашидии Самарканди, ки дар «Лубоб-ул-албоб» оварда мешавад, бахс кардаанд:

Гар сари ёбад ба олам кас ба некушоъири,

Рудакиро бар сари он шоъирон зебад сари!

Шеъри уро ман шумурдам: сездах рах сад хазор,

Хам фузун ояд, агар, чунон-к бояд, бишмари!

Тамоми муаллифони китобхои гуногуне, ки дар тули асрхо ашъори Рудакиро як миллиону сесад хазор байт гуфтаанд, санадашон танхо хамин рубоъии Рашидии Самаркандист, ки нахустин бор Авфи дар тазкираи худ овардааст. Кабл аз Авфи касе аз чунин микдор будани ашъори Рудаки хабар намедихад. Албатта, «ва ашъоруху алфа ва салосамоятун алфа байт» («ва ашъори у хазору сесад хазор байт аст») гуфтани Начоти низ аз хамин чо сарчашма мегирад. Вале дар ахбори Авфи чумлаи дигаре низ мавчуд аст: «Ва чунин гуянд, алъухдату ъала-р-рови, ки ашъори у сад дафтар баромадааст». Ин гуфтори Авфиро низ бисёр муаллифони баъдинаи асархои таърихи ва китобхои тазкира такрор намудаанд. Масалан, Абдурахмони Чоми менависад: « ашъори вай, ва-л-ъухдату ъала-р-рови (чавобгараш ривояткунанда — А. А.), сад дафтар баромадааст ва дар «Шархи Ямини» мазкур аст, ки ашъори вай хазор хазору сесад байт будааст». Чунон ки ба мушохида мерасад, сад дафтар баромадани ашъори Рудакиро Чоми айнан аз Мухаммади Авфи иктибос кардааст. Аммо аз баёни Чоми тасаввуре пайдо мешавад, ки вай 1 300 000 байт ва 100 дафтарро мусови медонад.

Баъзе мухаккикон (И. С. Барагинский, Ян Рипка, А. Дехоти) гуфтаи Рашидиро чун ривоят меоранд. Аммо С. Айни ва С. Нафиси дурустии кавли Рашидиро тасдик мекунанд. Устод Айни таъкид мекунад, ки мо хак надорем, ки як шоъири бузург, мисли Рашидиро, ба дуруггуи айбдор намоем. С. Нафиси имконпазир будани 1 300 000 байт гуфтани Рудакиро чунин асоснок кардани мешавад: агар Рудаки дар давоми чихил сол рузе садбайти навишта бошад, ашъори у такрибан як миллиону сесад хазор байт мешавад.

Гурухи дигари мухаккикон (Е. Э. Бертелс, Б. Фурузонфар, X. Мирзозода) шеъри Рашидиро ба тарзи дигар тавзех дода, бар сари он акидаанд, ки Рашиди шеъри Рудакиро сездах бор шумурдаасту сад хазор байт баромадааст. А. Мирзоев ба онхо эроди дуруст мегирад, ки мо пурра бо у хамфикрем: «Вале набояд фаромуш кард, ки дар ин сурат алокаи маънави-мантикии мазмуни мисраъи сеюми шеъри Рашиди бо мазмуни мисраи чоруми он бурида мешавад. Зеро агар мазмуни мисраъи сеюм сездах мартаба шумурдани ашъори Рудаки бошад, Рашиди баъд аз ин «хам фузун ояд, агар, чунон ки бояд, бишмари» намегуфт… Чунки баъд аз сездах мартаба шумурдан шубхае дар микдори таъйиншудаи ашъори санчидашуда набояд боки монад» («Осори Рудаки», Сталинобод, 1958, сах. 8—9). Нихоят, чамъбасти фикри А. М. Мирзоев касро аз бахс берун мекашад: «Вале, ба хар хол, ин тарафи масъала як факти ба кулли исботшуда аст, ки — менависад у — Рудаки осори адабии беандоза бузурге аз худ боки гузошта будааст».

Вактхои ахир тавчехи сеюми кавли Рашиди хам пайдо шуд, ки яке аз муътакидони он А. Т. Тохирчонов буд. Ба фикри А. Т. Тохирчонов, шояд Рашиди микдори ашъори Рудакиро сездах рах дах хазор («Шеъри уро ман шумурдам: сездах рах дах хазор») гуфта бошад ва котибе бо сабабе—шояд бо максади таърифро аз хад гузаронидан ва ё аз руйи бедиккати, ба чойи «дах» калимаи «сад»-ро, ки ба вазн хам тагйироте намеорад, навишта бошад. Ва танхо дар асоси хамин андешаи торику борики хеш А.Т. Тохирчонов хулоса мебарорад, ки микдори ашъори Рудаки 130 000 байт аст.125 Ба фикри ман, ин тахмин, ки танхо дар асоси «шояд-шояд»-хо ба миён омадааст, пояи мустахкаме надорад. Дар ин маврид алхол факат ба фикри Р. Ходизода шарик шудан мумкин аст, ки мегуяд: «сирри китъаи Рашиди хануз кашф нагардидааст».

Доир ба хачму микдори эчодиёти Рудаки маълумоти Хамдуллохи Казвини, ки аз хафтсад хазор байт будани ашъори у шаходат медихад,126 низ мавчуд аст, аммо дар радду кабули он касе бевосита бахс накардааст.

Дар ахбороти Авфи ва Чоми масъалаи мачхул хамон хачми як дафтар аст. Аз омузандагони   эчодиёти Рудаки, мувофики иттилоъе, ки дар даст дорем, танхо С. Имронов дар халли ин муаммо кушише кардааст. У нахустин касест, ки соли 1967 дар маколаи худ «Чанд мулохиза аз руи   як далел»   («Садои Шарк», 1967, № 3, с. 129—135)  як байти шоъиру   лугатсози асри XI Асадии Туси, ки бо эчодиёти Рудаки шиносоии тамом дошта, дар лугаташ    аз он шохиди зиёд   меорад, таваччух намуда, байтеро аз назари санчиш гузаронд, ки дар он рочеъ ба 180 000 байт   будани ашъори    Рудаки фикр ронда мешавад. Асадии Туси соли 1030 дар «Мунозираи Арабу Ачам» аз забони ачами, ки ба араб бартарии нажодии    худро исбот кардани    мешавад,    чунин байт меорад:

Шоъир чу гузин Рудаки – он, к-аш бувад ашъор

Беш аз саду хаштод хазор аз дуру девон.

С. Имронов кушиш мекунад, ки махз ба хамин хачм баробар будани сад дафтарро талкин кунад. Нависандаи ин сатрхо дар маколаи «Бахсе, ки давом дорад» («Садои Шарк», 1974, с. 121—128) хотирнишон карда буд, ки шаш дафтари «Маснавии маънави»-и Чалолиддини Руми 36 000 байт, «Дафтари дилкушо»-и Сохиб кариб 4500 байт ва дафтари аввали «Силсилат-уз-захаб»-и Чоми бештар аз 7 000 байтро ташкил мекунад. Бинобар ин, сад дафтар ашъор бояд дар худуди 300 000 — 400 000 байт бошад, на 180 000 байт! Дар ин бора як ахбори Хаким Мухаммадшохи Казвини (Мачолис-ун-нафоис, Техрон, 1323, с. 336), ки Рудаки «сесад хазор байт ашъори хуб дорад» мегуяд, моро бештар бар он саргарм намуд, ки махз хамин микдор шеър доштани Устод Рудакиро тарафдори кунем.

Дар омади гап кайд кардан лозим аст, ки адабиётшиноси асри XVI Хаким Мухаммадшохи Казвини, ки «Мачолис-ун-нафоис»-ро солхои 927—928/1521—1523 дар Истанбул ба точики тарчума карда буд, ба тазкираи Навои хангоми тарчума фасли наверо илова карда, доир ба шоъирони то асри XV хам маълумот медихад. Мутолиаи тарчумаи у гувохи медихад, ки дар даст ба гайр аз тазкирахои Авфи, Давлатшох ва «Бахористон»-и Чоми, сарчашмахои дигар низ доштааст. Шояд маълумоти дар бораи микдори ашъори Рудакиро хам аз манбаъи кадимтаре гирифта бошад. Ва дар ин бора фикри худро чамъбаст намуда, мо навишта будем: «Ба акидаи мо, аз хамаи маълумоти мавчуда ахбороти хамин муаллиф сахехтар аст, зеро агар мо таваллуди Рудакиро 858, вафоташро 941, муддати умрашро 83 ва тули эчодиёти уро 50 сол пиндорем, ба хисоби миёна соле 6000 байт, мохе 500 байт ва рузе 16—17 байт гуфтанашро тасдик мекунем, ки ба хакикат хеле наздик аст. Барои далел дар 4 мох «Лайливу Мачнун» гуфтани Низоми (бештар аз 4000 байт) ва Чоми (наздик ба 4000 байт)-ро ба хотир овардан кофист, ки хар кадоме мохе 1000 – байти гуфтаанд. Дар таърихи адабиёти чахон Рудаки яке аз пурмахсултарин шоъирон буда, сесад хазор байт гуфтани у наметавонад шубхае ба миён орад».127 Вале тадкикоти минбаъда моро ба чунин хулосае овард, ки аз акидаи собики худ истихола намоем:

Аввалан, манбаъи дигаре, ки фикри болоро тасдик кунад, бо вучуди чустучухо, аз хеч кучо ба даст надаромад ва мутолиаю санчиши мукаррарии навиштаи Казвини гумонеро илко менамояд, ки он, гуё, дар натичаи ихтисори бидуни ихтиёр ва тахрири озоди ибораи «хазор хазору сесад», ки дар «Лубоб-ул-албоб» ва «Бахористон» омадааст, пайдо шудааст. Ин гирех, агар натичаи сахвулкалами котиб бошад, метавонад, ки дар сурати ба даст омадани нусхахои дигари тарчумаи Казвини кушода гардад.

Баъдан, ба чихати аз хама кадими будани гуфтори Асадии Туси, ки эчодиёти Рудакиро бевосита медонист, алхол шаходати уро дар чои якум бояд гузошту эътироф кард, ки Устод Рудаки беш аз саду хаштод хазор, вале камтар аз дусад хазор байт шеър гуфта будааст. Вале аз ин осори беандоза бузурги Рудаки акнун 1050 байт боки мондаасту бас. Хамчунин, соли 1945 олими араб Асъад Талас дар чилди бистуми «Мачаллати Ал-мачмаъ-ул-ъилм ал-ъараби» (шумораи моххои январ ва феврали соли 1945), ки дар Димишк чоп мешудааст, аз мавчуд будани нусхахои хаттии китобхои лугати араби ба форсии «Точ-ул-масодир» ва «Ас-соми фи-л-асоми» дар китобхонаи ал-Холидияи шахри Байтулмукаддас (Ерусалим), ки хар ду ба Рудаки мансуб будаанд, хабар дода будааст (Т. Мардонов. Бори дигар рочеъ ба осори бокимондаи Устод Рудаки. — «Ахбороти Академияи фанхои РСС Точикистон. Шуъбаи фанхои чамъияти», 1985, № 1, сах. 87—93). Вале, афсус, ки такдири минбаъдаи ин нусхахои калами маълум нест ва касе онхоро бо нигохи тадкик насанчидааст.128

Кучо шуд ин хама ашъори Рудаки, ки хадди камтарини онро сад хазор байт гуфтаанд ва ин микдор шеър камаш бист чилд китоби маъмулии хозиразамонро ташкил мекунад? Ба ин савол акнун чавоби катъи пайдо кардан мухол аст. Вале, бо тахминхову хулосахо аз вокеахои таърихии асрхои X—ХШ, киёсу каринахо ва тахлили баъзе маълумоти гайримустаким метавон ба хакикат наздик шуд. Барои дарёфти матлаб китоби зиндагии Устодро варак задан лозим аст: Маълум аст, ки Абуабдуллох Чаъфар ибни Хаким ибни Абдурахмон ибни Одам Рудаки соли 858 дар Панчруд таваллуд шудааст. Давраи тахсилу чавони ва камолоти у барои аз байн рафтани осори у хеч гуна мадраке намедихад. Вале кушодани гирехи ин масъала ба муносибати у бо дарбори  Сомониён  вобастагии  мустаким  дорад.

Чунон ки дар боби «Зиндагиномаи Устод Рудаки» зикр шуд, Одамушшуъаро дар авохири умри худ ба харакати карматия майл карда, бо хамин «айб» ба чашмонаш мил кашида буданд ва хануз дар хамон вакт аксари доройи    ва мероси фикрии у талаву тороч ва мусодира карда шуда буд. Ин айб ё тухмат сабаби он гардида буд, ки мукобилон ва  мухолифони  Устод  ба  несту  нобуд кардан ва аз байн бурдани осори Факат, бинобар гуфти дахонии мухтарам  Ахрор Мухторов, донишманди исроили  Михаил Занд  ба  у хабар додааст, ки  дар тамоми хоки Фаластин аз чунин асару нусхаи хаттии он ному нишоне нест.

Ба фикри мо, кармати дониста шудани Рудаки сабаби асосии аз байн бурдани осори у гардидааст, зеро сузондану махв гардондани осори карматиён ва онхое, ки бо тухмат ба ин чараён нисбат дода мешуданд, дар замони Газнавихо ва Салчукихо низ хеле ривоч дошт. Сузонда шудани Китобхонаи Сомониён ва харобкорихои мугулон низ барои аз байн рафтани осори Рудаки офатхои дигаре буданд.

Осори Рудаки танхо дар «китобхонахои безарар» — лугатхо, таърихномахо ва китобхои илми адаб боки мондааст.

Бо вучуди ин, порчахои мавчудаи осори Рудаки имкон медихад, ки рочеъ ба махорати офаринандаги, чахонбини, афкори ичтимои, нубуги шоъири ва кудрати халлоконаи сухансарои Панчруд хулосахои муайяне бароварда шавад.

Устодии Рудаки дар чист? Пеш аз хама, назми Рудаки аз чихати мундарича пурра ва аз лихози шакл расо буда,   тамоми   масъалахои   ичтимоии   замони   шоъир   ва орзую омоли халкашро инъикос намуда, дониши он давраро тачассум менамояд ва бо мазмунхон начиби умумиинсони ороста шудааст. Худи Устод Рудаки дар ин маъни мефармояд:

Чу дурпош гардад ба маъни забонам,

Расад мархабо аз замину замонам.

Ба савту навою ба сити маъони

Тараббахши рухам,  фарахзойи чонам!

Хирад бар бахо накди хасти фиристад,

Гухархои рангин чу зояд забонам.

Бар иловаи ин, Рудаки кулли жанрхо ва навъхои адабиро ба хадди такомул ва шакли нихои расонд. Касида, газал, китъа, рубоъи ва маснави аввалин дафъа дар шаклхои комили худ дар эчодиёти Рудаки намудор мегарданд. Устод бо ибрати шахси, дастурхо ва талаботи чиддиаш ба дигарон намуна буд. У дар ин соха муаллиме буд, ки хама аз у пайрави мекарданд. Зимнан, пайрави аз у то имруз давом дорад. Осори бокимондаи Рудаки аз касида, газал, китъа, рубоъи ва маснави иборат аст. Дар тамоми асру замонхои баъди Рудаки ахли китоб доир ба кудрати бемонанди у дар назм ва кобилияти фавкулъодаи бадохатан шеър  гуфтани вай сухан рондаанд. Ба кавли Давлатшохи    Самарканди Рудаки    «аз аксоми шеър касоиду маснавиро неку мегуяд».

Хамин тарик, Устод Рудаки аз шоъирони пурмахсули форсу точик буда, аз руйи хисоби Саъид Нафиси, сохиби девоне будааст, ки такрибан бист хазор байтро фаро мегирифтааст. «Калилаву Димна»-и у аз 18 хазор байт иборат буд. Гайр аз ин, шаш маснавии дигари у, ки хар кадом дар худуди хафт ё хашт хазор байтро фаро мегирифтаанд, наздик ба хафтод хазор байтро хови буданд ва, бар замми ин, назми «Ардовирафнома»,  чамъан,  руйихамрафта,  наздики  саду  дах   хазор  байт  ба даст меояд.129

Ба хулосаи дигари Саъид Нафиси хам, ки Абдулгани Мирзоев низ чонибдори он аст, метавон шарик шуд, ки менависад: «Мачмуъаи ашъори Рудаки, ки зохиран дар худуди 550, ки соли таълифи «Чахор макола»-и Низомии Арузист, ба даст буда, аз он пас дар авосити карни шашум, ки Рашидии Самарканди будааст, низ дар миён буда, пас аз он дар 618, ки зохиран соли таълифи «Лубоб-ул-албоб»-и Мухаммади Авфист, низ мутадовил будааст. Сипас, зохиран дар 730, ки Хамдуллохи Муставфи «Таърихи гузида»-ро менавишта, мутадовил набуда, зеро ки менависад: «Андаке аз он машхур аст». Албатта, агар ашъори Рудаки монда буд аз шоъири бад-он хама шухрати андаке шеър машхур намешуд, харчанд ки Давлатшохи Самарканди дар боби касидае, ки бад-он ишора рафт, вонамуд мекунад, ки нусхаи тамомро ба даст дорад. Вале ин далел нест, ки тамоми ашъори Рудаки дар замони у, яъне дар 892 дар миён буда бошад. Шояд у тамоми касидаро надошта ва гуфтаи Низомии Арузиро чун илми худ калам додааст ва, шояд, хам дар хамон замон касидаи Рудаки комилан ба даст буда, вале сойири ашъори вай мутадовил набудааст. Дар хар сурат, аз ин тахкик метавон хадс зад, ки шояд ашъори Рудаки дар фитнахову масойибе, ки дар авоили карни хафтум дар Эрон ва, махсусан, Мовароуннахр, руй дода, аз миён рафта бошад ва ин ситаме дигар аст, ки аз турктози мугул ба кишвари Эрон рафтааст».

Агар осори Рудаки аз даврони охири зиндагии худи у сар шуда, ба хар хол баъзе асархои у то хамлаи мугул боки монда бошад хам, намунахои охири он хангоми истилои мугул аз байн рафтаанд. Бинобар хамин, адиби карни XVI мелоди Амин Ахмади Рози хануз дар замони у ноёб будани ашъори Рудакиро хабар медихад. «Он чи дар сафинахову тазкирахо омада, ин абётест, ки катрае аз он сахобу чарвае аз он китоб аст» — менависад у».131

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …