Главная / Гуногун / ОРОМИИ НИСБИ

ОРОМИИ НИСБИ

Силохдорони мухолифон ба самти Ромиту Рашт акибнишини карданд, ки як-ду мохи дигар пайгирии онхо ва чанг дар он минтака идома ёфт. Нихоят куввахои мухолифон ва аксари мардуми Рашту каротегиниасли сокини вилояти Кургонтеппа ба Афгонистон панох бурданд. Чангиёни онхо ба марзхои Точикистон хамлахо мекарданд ва то солхои 1997 марзхои кишвар бо Афгонистон, ки аз суи марзбонони рус химоят мешуд, ноором буд.

daq-atavmhi

Бо берун ронда шудани мухолифон дар кишвар оромии нисби хукмфармо шуда бошад хам, як гурух чангсолороне арзи вучуд карданд, ки то аввали солхои 2000 тохтутоз ва бе- дод мекарданд. Ин гуруххо кудрат ва нуфуз доштанд ва аз бесалохиятии рохбарони макомоти кудрати истифода карда, кишварро ба минтакахои нуфузи худ таксим карда буданд ва тибки маколи «худам шоху табъам вазир» амал мекарданд. Дар он махалхо ба торочи амволи мардум даст мезаданд, дар роххо гавчуб гузошта, даркору нодаркор мардумро тафтиш мекар- данд, озору азият мекарданд, ба занону духтарон дастдарози мекарданд, хулоса, бедодгариро ба авч расонда буданд.

Дар Иттиходи шурави, чи тавре ки каблан кайд кардам, дар байни мардуми точик серфарзанди роич буд. Ин серфарзанди сабабгори бекории чавонон мешуд. Чавонони махалли, ки кис- ми зиёди ахолии кишварро ташкил мекарданд, имкони амали кардани потенсиали худро надоштанд ва аз ин сабаб ба гуруххои чинои мегаравиданд. Солхои хафтод – хаштодум, дар Душанбе гуруххои чиноии хусусияти махалдошта арзи вучуд карда бу- данд. Ин гуруххои чинои рохбархои худро дошт, ки аз байни чавонони боэътибори он махал баргузида мешуданд. Бештар чавонони бебоку нотарс ё варзишкорони намоён, мартабаи рохбариро сохиб мешуданд.

Дар Иттиходи шурави конуни нонавиштаи «олами чинои» амал мекард, ки ба тафаккури ин чавонон таъсир мегузошт ва чурму чиноят ва хилофкориро таргиб мекард. Хатто собикаи зиндони доштан низ имтиёз хисоб мешуд. Тарафхои чанги шахрванди барои мубориза зидди хамдигар аз хамин гуруххои чинои истифода карданд ва аксаран рохбарони ин гуруххо фармондехони тарафхо шуданд. Вакте ин гуруххои чиноимаслак яку якбора силох ба даст оварданд ва ичозаи конунии истифода аз он барояшон дода шуд, табиист, ки ба катлу куштор ва дуздиву горат ва дигар чиноятхо даст меза- данд. Барои мисол, ман дар поён ду хикояро дар бораи Хикмат ва Шуха меорам, ки ба хонанда тарзи тафаккур ва шахсияти ин тоифаи чавонони кишварро каме хам бошад, кушода медихад.

Гайр аз ин, дар тули тамоми он солхо дар минтакахои ку- хистони атрофи Душанбе ва дарахои Ромиту водии Каротегин дастахои мусаллахи горатгар амал мекарданд. Онхо низ вазъ- ро ноором мекарданд, ба чону моли мардум даст мезаданд. Куввахои хукумати бо онхо мечангиданд. Хатто дар канорхои Душанбе зуд-зуд ин даргирихо иттифок меуфтод.

Боре, охири солхои навад, раиси як ширкати хоричи, ки мо бояд барояш бор содир мекардем, бо хавотир ба ман занг зада пурсид:

  • Хозир дар ахбор дидам, ки дар Душанбе чанг аст?

Ман гуфтам:

  • Бале, ин хам садояш, – ва гушии телефонро назди тире- заи кушода доштам, ки садои тиру тупро бишнавад. Он руз дар самти шаркии шахр амалиёти низоми мерафт ва садояш аз офиси мо бармало шунида мешуд. У садои таркишхоро шунида, якбора ба тахлука уфтод. Бечора фикр карда буд, ки пешпардохти фиристодааш сухт.
  • Пас, такдири бор чи мешавад? – ноумед пурсид у.
  • Имруз равон мекунем, – гуфтам ман.
  • Охир, чи тавр? Он чо ки чанг аст? – нобовари изхор кард у.
  • Чанг дар кисмати шаркии шахр аст, истгохи боргири дар кисмати гарби, нигарон набош, бегох асноди вагонхоро мефиристем, мебини, – гуфтам ман. Баъдхо у чандин бор аз ин сухбат ёд карда механдид, ки Точикистон кишвари бемисл аст, хар кас ба кори худ машгул, як су чанг, суи дигар тичорат, ба хам халал намерасонанд. Албатта, ман барои ором кардани он хампаймони хоричи чунин вонамуд карда будам, вале дар асл мардуми кишвар аз огози чанг то аввали солхои 2000 дар холи мухосира мезист. Чони мардум аз дасти фармондехони чиноятпеша дар азоб буд. Ин чо як латифаи вокеиеро меорам, ки бозгуи холи мардум буд:

Куввахои хукумати бо кадом гурухи мухолиф мечангиданд. Дехае дар тули мох чанд бор аз даст ба даст гузашт. Хонаи пи- рамарде дар сари рох буд. Хар гурухе, ки дехаро забт кунад, дар хонаи у маскан мегирифт. Сарбоз аз пирамард ба суи рафтаи мухолифон ишора карда пурсид:

  • Бобо росташро гуй, мо нагзем ё онхо?

Пирамард гуфт:

  • Шумо хам нагзед, онхо хам нагзанд, лаънат ба мо, ки дар сари рох хона кардаем.

Ин латифа маъруф аст ва бозгуи холи мардум дар он сол- хост. Хеч кас аз дасти ин тоифа дар амон набуд. Дар роххо хар кучо, ки хоханд, пост мегузоштанд, ба рахгузарон хурда мегирифтанд, мардумро азият мекарданд.

Пас аз даврахои зиёди вохури ва гуфтушунидхо, 27 июни соли 1997 карордоди сулхи байни тарафхо бо миёнчигарии Ру- сия, Эрон ва Созмони Милали Муттахид дар Маскав имзо шуд. Казокистон, Туркманистон, Покистон низ дар ин гуфтушунидхо сахм доштанд, вале накши асосиро Русия аз як су ва Эрон аз суи дигар, мебозиданд. Тибки ин карордод, мухолифин ба кишвар баргаштанд ва си дарсади мансабхоро дар хукумат сохиб шуданд. Инчунин куввахои мусаллахи онон хамчун як вохиди низоми ворид шуд, ки дар давоми ду-се сол бояд ба сафи куввахои кишвар пазируфта мешуд. Фармондехони онхо дар ин муддат, то ба сафи макомоти кудрати ворид шудан, хамчунон ба бедодгари ва тохтутоз машгул шуданд, ки рузи бе ин хам сиёхи мардумро ба шаби тор табдил доданд. Вале поёни хар шаби сиёхе субхи сафед аст.

Ин бедодгарихо то замоне давом кард, ки ин чангсолорон он кадр пурруй шуданд, ки мохи феврали соли 2000 мошини раиси Мачлиси олиро тарконданд ва дар ин таркиш муовини раиси Кумитаи амнияти кишвар халок ва раиси Мачлиси оли захми шуд. Пас аз ин хукумат ба тозакунии шахр аз чангсолорон икдом карда, дар як ё ду хафта дасти онхоро аз тачовуз ба но- мусу чону моли мардум кутох кард. Бо гузашти муддати на чандон зиёд, кисми ин тоифа ё аз дасти хамдигар, ё аз муътоди нобуд шуданд. Кисми дигар ба муддатхои тулони ба зиндонхо андохта шуданд, зеро ба кавли Одамушшуаро:

Чун тег ба даст ори, мардум натавон кушт, Наздики худованд бади нест фаромушт.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Вазъи дохилии Корея (асри XIX)

Ба давлатхои сармоядори хоричи бастани шартномахои нобаробар норозигии ватандустони Кореяро ба вучуд овард. Ин норозиги …