Главная / Чамъият / ОМОРИ ДАВЛАТИ

ОМОРИ ДАВЛАТИ

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ ОМОРИ ДАВЛАТИ

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2010, №1, мод. 12; №7, мод.562; КЧТ аз 22.07.2013с. №996)

Конуни мазкур муносибатхои хукукиро дар сохаи фаъолияти омори ба танзим дароварда, вазифахо, хукуку ухдадорихои макомоти омори давлати, инчунин тартиби ташкил, чамъовари, коркард, истифода, пахн ва хифз намудани маълумоти омори расми ва пешбурди бахисобгирии омори расмиро дар Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Максад ва доираи амали Конуни мазкур

  1. Конуни мазкур асосхои хукуки ва механизмхои танзимкунандаро барои татбики сиёсати ягонаи давлати дар сохаи бахисобгирии омори расми ва пахн намудани маълумоти омори давлати, ки талаботи давлат ва чомеаро дар бораи иттилооти омории пурра, эътимоднок, илман асоснок ва саривакти оид ба равандхои ичтимои, иктисоди, демографи, экологи ва дигари чамъиятиро дар Чумхурии Точикистон таъмин менамояд, муайян менамояд.
  2. Амали Конуни мазкур ба хамаи вохидхои омори ва субъектхои бахисобгирии омори расми, ки фаъолияти худро дар худуди Чумхурии Точикистон ба амал мебароранд,  тадбик мегардад.

              Моддаи 2. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

– омор –  мачмуи маълумоти микдори оид ба чамъи зухурот  ё равандхо;

-омори давлати – низоми ягонаи омории иттилооти давлати аст, ки аз чониби макомоти омори давлати ташаккул меёбад;

-низоми омори давлати – кисми асосии таркибии низоми иттилооти давлати мебошад, ки дар худ мачмуи маълумоти омории аввалия, чамъбастшуда ва маъмуриро ифода менамояд;

-бахисобгирии омори расми – фаъолияте , ки тибки методологияи омори расми барои гузаронидани мушохидахои омори ва коркарди маълумоте , ки дар натичаи онхо гирифта мешаванд, равона карда шуда бо максади ташаккули иттилооти омори расми андешида мешавад;

-субъектхои бахисобгирии омори расми – макомоти хокимияти давлати, макомоти махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот” иваз карда шаванд, ки ташаккулёбии иттилооти омори расмиро дар сохаи фаъолияти мукарраршуда мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба амал мебароранд; (КЧТ аз 22.07.13с. №996)

-вохиди омори – шахсони вокеи ва хукуки, сохибкорони инфироди, филиалхо ва намояндагихои шахсони хукукии хоричи, сарфи назар аз шакли ташкилию хукуки, ки дар худуди Чумхурии Точикистон мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон амал мекунанд;

-хисоботхои омори давлати – маълумоте , ки аз чониби вохидхои омори ва субъектхои бахисобгирии омори расми бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон, ба макомоти омори давлати пешниход мегарданд;

-иттилооти омори расми- иттилооти чамъбастии хуччатишуда оид ба тарафхои микдории равандхои ичтимои, иктисоди, демографи, экологи ва равандхои дигари чамъияти дар Чумхурии Точикистон, ки мутобики барномахои корхои омори ва дигар мушохидахо ташаккул меёбанд; (КЧТ аз 22.07.13с. №996)

– методологияи омори – мачмуи коидахои умуми ва усулхои махсуси мушохидахои омори;

– мушохидахои омори – чамъоварии муназзами илман асосноки маълумот дар бораи зухурот ва равандхои фаъолияти ичтимоию иктисодии вохидхои омори, ки макомоти омори давлати ва субъектхои бахисобгирии омори расми ба амал мебароранд;

– мушохидахои омории идорави – мушохидахое мебошанд, ки субъектхои бахисобгирии омори расми аз руи намудхои мушаххаси фаъолият ба амал мебароранд;

– низоми ягонаи таснифот ва рамзгузории техники-иктисоди ва ичтимои-иттилооти низоми гурухбандии  иттилоот оид ба вохидхои омори аз руи намуди фаъолият, шакли моликият, махалли чойгиршави ва гайрахо ;

регистри омори давлати – хазинаи чамъбастии маълумоти вохидхои омори мебошад, ки алокамандиро бо регистр ва хазинахои маълумоти иттилоотии идорави дар асоси низоми ягонаи таснифот ва рамзгузории техники-иктисоди ва ичтимои-иттилооти таъмин менамояд; (КЧТ аз 22.07.13 №996)

– маълумоти аввалияи омори – иттилооти омори дар бораи вохиди мушаххаси омори, сарфи назар аз шакли моликият ва намуди фаъолият;

– маълумоти маъмури – маълумотхое, ки субъектхои бахисобгирии омори расми хангоми амали намудани вазифахои маъмуриашон гирифтаанд ва ба макомоти омори давлати барои истехсол ва бахисобгирии омори расми пешниход карда мешаванд;

маълумоти чамъбастшудакалон кардани нишондихандахои иктисоди ба воситаи муттахид кардани онхо ба гурухи ягона;

– махфи будани омор – таъмин намудани хифзи маълумоти омори, ки ошкор намудани онхо тибки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ аст;

баруйхатгири – яке аз усулхои мушохидаи бахисобгирии сартосарии вохидхои омори, ки дар тамоми каламрави Чумхурии Точикистон дар вакту замони муайян гузаронида мешавад; (КЧТ аз 22.07.13 №996)

– тадкикот – ташаккул додани маълумоте мебошанд, ки бо рохи пурсиш аз вохидхои чудогонаи интихобшудаи мачмуи вохидхои бахисобгирии омори чамъовари карда шудаанд;

– интихоб – усулхо ва расмиёти интихоби вохиди объекти омухташаванда мебошад, ки ба тадкикот тааллук дорад;

– пахн намудан – барои хамаи истифодабарандагон дастрас будани иттилооти омори, ки махфи нестанд;

– бахои омори – бузургии ба хакикат наздикшудаи иттилооти омори;

– метамаълумот – иттилоот дар бораи маълумотхои микдории омори мебошад, ки бо усулхои чамъовари, коркард, пахнкуни, шарххо ва мулохизоти методологи оид ба сифати маълумот тааллук доранд;

 

                Моддаи 3. конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи омори давлати

конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи омори давлати ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро  эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

               Моддаи 4. Сиёсати давлати дар сохаи омор

Сиёсати давлати дар сохаи омор ба ташкил, чамъовари, коркард , истифода,  пахн  ва хифз намудани маълумоти омори расми дар асоси мустакилият, методологияи илман асоснок ва меъёрхои байналмилали равона карда шудааст.

 

              Моддаи 5. Принсипхои асосии ташаккули омори давлати

Бо максади таъмин намудани сифати омори давлати, омор мувофики принсипхои зерин ташаккул дода мешавад:

– рузмарра, вокеи, илман асоснок, саривакти ва эътимоднок будани  омори расми;

– холисона ва махфи будани омори расми;

– шаффоф, ошкор ва дастрас будани омори расми;

– мувофикатпазир будани  омори расми.

 

БОБИ 2. МАКОМОТИ ОМОРИ ДАВЛАТИ, ВАЗИФА, ХУКУК ВА УХДАДОРИХОИ ОНХО

 

              Моддаи 6. Макомоти омори давлати

  1. Макомоти омори давлати макоми марказии хокимияти ичроияи ваколатдорнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд макоми ваколатдор) мебошад, ки ташкил, чамъовари, коркард, тахлил, умумигардони, пахн намудан, ва хифзи иттилооти омори расмиро амали менамояд.
  2. Макоми ваколатдор сиёсати давлатиро дар сохаи омор амали намуда, фаъолияти омориро дар Чумхурии Точикистон такмил медихад ва ба вохидхои сохтори рохбари мекунад.

 

Моддаи 7. Вазифахои макоми ваколатдор

Бо максади татбики сиёсати давлати дар сохаи омор макоми ваколатдор вазифадор аст:

– фаъолияти омории субъектхои бахисобгирии омори расми ва вохидхои омориро хамоханг ва назорат намояд;

– фаъолияти омори дохилии идоравиро амали намояд;

– меъёрхои омори, аз чумла методология, таснифотро барои истехсоли омори расми тахия намояд;

– оид ба ташаккули Шурои байниидоравии омори, низомнома ва хайати он ба Хукумати Чумхурии Точикистон таклифхо пешниход намуда;

– хамкориро бо дигар давлатхо ва ташкилотхои байналмилали амали менамояд, бо онхо мутобики тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон шартнома ва созишномахо бандад;

дигар ваколатхоеро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон  пешбини намудааст, амали намояд. (КЧТ аз 22.07.13 №996)

– дигар ваколатхоеро, ки дар  конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини гардидаанд, ба амал барорад.

 

              Моддаи 8. Хукукхои макоми ваколатдор

Макоми ваколатдор хукук дорад:

– аз вохидхои омори ва субъектхои бахисобгирии омори расми дар хачми нишондодашуда ва мухлатхои мукаррарнамудаи макомоти омори маълумоти омори, аз чумла маълумоти дорои сирри давлати ва тичоратиро бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории  Чумхурии Точикистон ройгон гирад;

– аз хамаи намудхои манбаъхо, аз чумла аз регистрхои идорави ва хазинахои иттилооти маълумот талаб кунад, ва дар асоси иттилооти мавчуда бахои омори дихад;

– дар байни ахоли  мушохидахои омори гузаронад;

– дурустии маълумоти омориро санчида, дар мавридхои ошкор шудани тахриф, бартараф кардани онхоро талаб кунад;

– ба хисоботи субъектхои бахисобгирии омори расми дастраси дошта  бошад;

– истифодаи нодуруст ва тафсири маълумоти омориро шарх дихад;

– усули гузаронидани мушохидахои омориро муайян намояд;

– мутобики тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон, дар асоси шартнома корхои омори, тахлили, иттилоотию хисоббарори ва дигар корхоро оид ба мавзуи касби ба амал барорад;

– мутобики тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон субъектхои бахисобгирии омори расмиро барои гузаронидани мушохидахои омори чалб намояд;

дар доираи ваколати худ санадхои меъёрии хукуки тахия ва кабул намояд;

– дигар хукукхоеро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон  мукаррар намудааст, амали намояд. (КЧТ аз 22.07.13 №996)

 

Моддаи 9. Ухдадорихои макоми ваколатдор

Макоми ваколатдор ухдадор аст:

– мувофики барномаю методологияхои кабулшуда мушохидахои омори давлатиро ташкил намояд;

– барои доираи васеи истифодабарандагон дастрас будани иттилооти омориро таъмин намояд;

– мувофики тартиби мукарраршуда иттилооти омориро мутобики ухдадорихои кабулкардашуда аз руи шартномаи байналмилалии имзошуда пешниход намояд;

– мухимият, чамъовари ва мухофизати зарурии иттилооти омориро таъмин намояд;

– пеш бурдани регистри омори давлатиро таъмин намояд;

– дар бораи тагйироти умуми дар омори давлати ба воситахои ахбори омма иттилоот ва шархи мухтасари зарури пешниход намояд;

– вохидхои омориро бо варакахои хисоботи омори ва дастурхои методи (дастурамалхо)    таъмин намояд;

– риояи сирри давлати , тичорати ва махфияти оморро оид ба вохидхои омори мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон таъмин намояд.

 

 

               Моддаи 10. Шурои байниидоравии омори

  1. Шурои байниидоравии омори дар назди макоми ваколатдор таъсис дода мешавад.
  2. Шурои байниидоравии омори самтхои афзалиятноки сиёсати давлатиро дар сохаи омор, чори намудани усулхои инноватсиони ва технологи, такмил додани методология ва пешниходи тавсияхоро оид ба масъалахои асосии фаъолияти омори кор карда мебарояд.

 

 

БОБИ 3. ТАШКИЛ ВА ПЕШБУРДИ БАХИСОБГИРИИ ОМОРИ РАСМИ

 

              Моддаи 11. Барномахои омори давлати

1.Бо максади таъмини самаранокии фаъолияти омори ва рушди минбаъдаи омори давлати барномаи ягонаи бисёрсолаи омор , ба мухлати на камтар аз 5 сол ва барномаи солонаи корхои омори, ки руйхати шаклхои бахисобгирии омориро бо нишон додани мухлати пешниходи онхо дар бар мегиранд, тахия карда мешаванд.

  1. Барномахои омори давлати, аз чониби макоми ваколатдор тахия карда шуда, аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешаванд.

 

              Моддаи 12. Бахисобгирии омори расми

  1. Бахисобгирии омори расмиро макоми ваколатдор мутобики барномаи солонаи корхои омори, дар асоси мушохидахои омории хуччатишуда, аз чумла маъмулоти аввалияи омори ва маълумоти маъмури ба амал мебарорад.
  2. Вохидхои омори вазифадоранд, ки маълумотро ба макоми ваколатдор дар шакли мукарраргардида, саривакт, пурраю дакик ва ройгон пешниход намоянд.                                                                      3. Субъектхои бахисобгирии омори расми ба макоми ваколатдор, ба хамаи хазинахои маълумот, регистрхо ва ба дигар маълумот имконияти дастрасиро пешниход менамоянд.

 

 

              Моддаи 13. Методологияи омори

1.Методологияи омори усули чамъовари ва гурухбандии маълумоти аввалияи омори ва маълумоти маъмури, баходихии дакикияти иттилооти омори расми, ба танзим даровардани онро, ки барои омухтани зухуроти микдори дар равандхои ичтимои, иктисоди равона карда шудаанд, ташаккул медихад.

  1. Унсурхои таркибии методологияи омори мушохидахои омори, истифодаи нишондихандахои омории чамъбасти ва тахлили онхо мебошанд. (КЧТ аз 22.07.2013с. №996)

 

              Моддаи 14. Мушохидахои омори

  1. 1. Мушохидахои омори аз тарафи макоми ваколатдор нисбати вохидхои омори ва субъектхои бахисобгирии омори расми гузаронида мешаванд. Мушохидахои омори вобаста ба усули гузаронидан, метавонад сартосари ва интихоби бошад. (КЧТ аз 22.07.2013с. №996)
  2. Мушохидахои омории сартосари ин ташаккулёбии маълумот мебошад, ки аз хамаи вохидхои омори барои ташкили омори расми гирифта шудаанд.
  3. Мушохидахои омории интихоби ин ташаккулёбии маълумот мебошад, ки аз кисми муайяни вохидхои  омори аз руи намудхои чудогонаи фаъолият, мувофики методологияи махсус гирифта шудааст.
  4. Тарзи гузаронидани мушохидахои омори аз тарафи макоми ваколатдор ва субъектхои бахисобгирии омори расми муайян карда мешавад, агар тартиби дигар  дар конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини нашуда бошад.
  5. Чамъоварии маълумоти аввалияи омори аз руи шаклхои мушохидахои омори ба амал бароварда шуда, пешниходи ин маълумот аз тарафи вохидхои омори ё бо рохи пурсиши онхо ва кайди далелхо сурат мегиранд.
  6. Шаклхои мушохидахои омори ва дастурамалхо оид ба пур кардани онхо, ки субъектхои бахисобгирии омори расми тахия кардаанд, аз тарафи макоми ваколатдор тасдик карда мешаванд.

 

              Моддаи 15. Регистри омори давлати

  1. Регистри омори давлати воситаи бахисобгирии омори расми мебошад ва руйхати хатмии нишондихандахои маъмури ва аввалияи омориеро дар бар мегирад, ки фаъолияти вохидхои омориро мувофики низоми ягонаи таснифот ва рамзгузории техники – иктисоди ва  ичтимои – иттилооти тавсиф менамояд.
  2. Пешбурди регистри омори давлати аз тарафи макоми ваколатдор амали мегардад.
  3. Субъектхои бахисобгирии омори расми, ки регистри ва хазинаи маълумоти иттилоотиро дар бораи вохидхои омори таъсис медиханд ва пеш мебаранд, барои ташаккул додан ва актуали гардонидани регистри омори давлати ба макоми ваколатдор иттилооти заруриро ройгон пешниход менамоянд.(КЧТ аз 21.07.10. №630)

 

              Моддаи 16. Пахн намудани иттилооти омори расми

  1. Пахн намудани иттилооти омори расми аз тарафи субъектхои бахисобгирии омори расми тавассути нашрияхои расми, чойгир намудан дар шабакахои иттилоотии дастраси умум ва телекоммуникатсиони, барандахои электрони, инчунин бо пешниход намудани маълумот ба воситахои ахбори омма   амали  карда мешавад.
  2. Макоми ваколатдор сари вакт ва пешаки дар бораи санаи чопи нашрияхо ва метамаълумот иттилоот пахн мекунад.
  3. Тамоми истифодабарандагон хукуки дастрасии баробар ва дар як вакт ба маълумоти омори расмиро доранд, ба истиснои маълумоти махфии дорои иттилооти инфироди дар бораи вохидхои чудогонаи омори.
  4. Пахн намудани маълумоти аввалияи омори метавонад танхо бо розигии вохидхои омори, ки иттилоотро пешниход кардаанд, сурат гирад.
  5. Субъектхои бахисобгирии омори расми мухофизати маълумоти махфиро аз дастраси ва ошкоркунии гайриконуни бо тартиби мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон таъмин менамоянд.

 

              Моддаи 16. Таъминоти ташкили, молияви ва модди-техникии корхои омори

  1. Корхои омори давлати, ки мувофики барномахои тасдиккардаи Хукумати Чумхурии Точикистон ичро мешавад, аз бучети давлат маблаггузори карда мешаванд.
  2. Харочот барои амали намудани корхои иловагии омори аз хисоби фармоишгари ин корхо маблаггузори карда мешавад ва  маблагхои бадастовардашуда бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон, барои мустахкам намудани заминаи модди-техникии макоми ваколатдор истифода мегарданд.

 

Боби 4. Мукаррароти хотимави

 

              Моддаи 17. Кафолатхои хукукии вохидхои омори ва субъектхои бахисобгирии омори расми

  1. Макоми ваколатдор ба вохидхои омори ва ба субъектхои  бахисобгирии омори расми махфи нигох доштани маълумоти аввалияи омориро кафолат медихад.
  2. Макоми ваколатдор коркард, нигох доштан ва хифзи маълумоти аввалияи омориро дар шароитхои кафолатдихандаи  пешгири кардани онхо аз дузди, талафот ё тахрифот таъмин менамояд.

 

              Моддаи 18. Чавобгари барои вайрон  кардани Конуни мазкур

 

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

             Моддаи 19. Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи омори давлати»

 

Конуни Чумхурии Точикистон аз 15 майи соли 1997 «Дар бораи омори давлати» (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 1997, № 10, мод. 127, с. 2003, № 4 мод.136, с. 2006, № 3, мод.161, с. 2008, № 12, кисми 2, мод. 998) аз эътибор сокит дониста шавад.

 

Моддаи 20. Тартиби мавриди амал карор додани  Конуни мазкур

 

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

          Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                               Эмомали Рахмон

 

ш. Душанбе, 12 январи соли 2010,

№588

 

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

jyudoshavo-oila

Сабаби чудошавии оилахо: 10-тои асоси

Вайрон шудани оилахо дар замони хозира боз хам зиёд шуда истодааст ва сабаби он Падару …