Главная / Чамъият / ОМОДАГИИ САДАМАВИ ВА МУХОФИЗАТИ РАДИАТСИОНИ

ОМОДАГИИ САДАМАВИ ВА МУХОФИЗАТИ РАДИАТСИОНИ

БАРНОМАИ ОМОДАГИИ САДАМАВИ ВА МУХОФИЗАТИ РАДИАТСИОНИ БАРОИ СОЛХОИ 2013-2017 

Мукаддима

  1. Барнома омодагии садамави ва мухофизати радиатсиони (минбаъд – Барнома) барои таъмини эътинонамоии фаврии муттафикона ва якчояи макомоти идоракуни, кувва ва воситахои функсионали ва худудии зернизомхои Низоми ягонаи давлатии пешгири ва рафъи холатхои фавкулоддаи Чумхурии Точикистон (минбаъд – Низом) дар мавриди тахдид ё баамалоии холатхои садамавии радиатсиони пешбини гардидааст.
  2. Барнома бо дарназардошти талаботи Агентии байналмилали оид ба энергияи атоми, дар асоси Стратегияи миллии Чумхурии Точикистон оид ба идоракунии хавфи офатхо барои солхои 2010-2017 тахия гардида, кисми таркибии Накшаи миллии омодаги ва эътино ба холатхои фавкулоддаи сатхи давлатии бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон тасдикшаванда, аз чумла марбут ба холатхои садамавии радиатсиони мебошад.

radiatsii

1. Холати конуни ва мушкилоти асоси

  1. Дар асоси конунгузории амалкунандаи Чумхурии Точикистон макоми миллии хамохангсоз чихати хамохангсозии баходихии хатархо, огохкуни ва хамкории тамоми ташкилотхо, ки ба холатхои садамавии радиатсиони эътино менамоянд, Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон мебошад. Макоми танзимгар дар сохаи бехатарии радиатсиони Агентии амнияти ядрои ва радиатсионии Академияи илмхои Чумхурии Точикистон мебошад.
  2. Хисоботи тахлилии конунгузории чори дар сохаи холатхои фавкулодда, ки дар доираи “Лоиха оид ба тахкими имкониятхои эътино ба офатхои табии” аз чониби Ташкилоти байналмилали оид ба мухочират бо дастгирии Хукумати Япония анчом дода шудааст, нишон медихад, ки масоили эътинонамоии фаври ба холатхои садамавии радиатсиони, нуктахои алока (огохони), ки огохони ва эътиноро ба холатхои садамавии радиатсиони амали менамоянд, ба пурраги бо санадхои меъёрии хукукии дахлдор муайян нагардидааст.

Дар банди 13 Хисоботи тахлилии конунгузории чори дар сохаи холатхои фавкулодда оварда мешавад, ки “дар асоси Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи бехатарии радиатсиони” Агентии амнияти ядрои ва радиатсионии Академияи илмхои Чумхурии Точикистон ба амалиёти фаври дар мавриди баамалоии хавфи холатхои садамавии радиатсиони ё рафъи окибатхои он ваколат надорад. Бо вучуди он салохияти Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон низ дар Конуни мазкур кайд нагардидааст, хол он ки бояд кайд мешуд.”.

Дар банди 14 Хисоботи тахлилии конунгузории чори дар сохаи холатхои фавкулодда оварда мешавад, ки Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи истифодабарии энергияи атоми” салохияти махсуси макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва идоракуниро пешбини намекунад, инчунин холатхои фавкулоддаро хангоми раванди истифодаи энергияи атоми ва мутаносибан ваколати макомоти давлатиро дар ин холат пешбини наменамояд. Салохияти Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон ё истинод ба конуни дахлдор кайд нагардидааст.”.

Умуман як катор конунхои Чумхурии Точикистон дар Хисоботи тахлилии конунгузории чори дар сохаи холатхои фавкулодда мавриди тахлил карор дода шудаанд, аз чумла Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи бехатарии радиатсиони”, Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи истифодабарии энергияи атоми”, Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулоддаи дорои хусусияти табии ва техногени” ва хулоса бароварда шуд, ки раванди ягона барои сафарбаркунии кувва ва воситахои Низом мавчуд нест.

  1. Меъёрхо ва коидахо оид ба масъалахои сатхи хадди имкомпазири шуъохури ва ифлосшави хангоми холатхои садамави, аз чумла маводи озука ва меъёрхо хангоми огози эвакуатсияи ахоли ва анчоми он тахия нагардиданд. Аз руи барномахои махсуси тахияшуда омузиши мутахассисон ва ахоли дар асоси тавсияхои хозиразамони Агентии байналмилали оид ба энергияи атоми дар Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон ва дигар идорахо гузаронида намешавад. Машку тамринхои махсус дар иншоот дар мавриди холатхои садамавии радиатсиони гузаронида намешаванд. Дар сатхи вилоятхо ва шахру нохияхо накшахои омодаги ва эътино дар мавриди холатхои садамавии радиатсиони тахия нагардидаанд. Вазифахои мутаххасис вазорату идорахои дахлдор дар мавриди холатхои садамавии радиатсиони муайян карда нашудааст.

2. Максад ва вазифахои Барнома

  1. Барнома бо максадхои зерин тахия шудааст:

– таъмини Низом бо санадхои меъёрии хукукии алохида, такмили конунгузорие, ки хусусияти банакшагирии омодагии садамави ва эътино ба холатхои садамавии радиатсиониро ба эътибор мегирад;

– хамохангсозии заминаи меъёрию хукуки дар сохаи эътинои садамави, ки дар Чумхурии Точикистон мавриди амал карор дорад, бо замимаи меъёрию хукукии давлатхои чомеаи байналмилали ва бо дарназардошти талаботи умумии кабулгардидаи Агентии байналмилали оид ба энергияи атоми чихати банакшагирии омодагии садамави ва эътино ба холатхои садамавии радиатсиони, ки аз тарафи чомеаи байналмилали кабул шудааст;

– ташкил намудани зернизоми омодагии садамави ва эътино ба холатхои садамавии радиатсиони.

3. Натичахои манзурии Барнома

  1. Натичаи асоси ва мухимтарини Барнома тахкими заминаи меъёрии хукукии Низом оид ба масъалахои омодагии садамави ва эътино ба холатхои садамавии радиатсиони дар назар дошта мешавад.
  2. Нуктаи алока (огохони) бо Агентии байналмилали оид ба энергияи атоми, давлатхои аъзои Иттиходи Давлатхои Мустакил ва дигар созмонхои байналмилали, ки барои омодагии садамави ва эътино ба холатхои садамавии радиатсиони масъуланд, муайяинкарда мешавад.
  3. Мутахассисони сохаи омодагии садамави ва эътино ба холатхои садамавии радиатсиони аз хисоби мутахассисони вазорату идорахо ва ташкилотхо тайёр карда мешаванд.
  4. Сатхи мудохила ва эътино ба холатхои садамавии радиатсиони мутобики талабот ва тавсияхои байналмилали тахия карда мешавад.
  5. Дар иншооте, ки фаъолияти амали вобаста ба технологияхои радиатсиони ва ё радиатсионию ядрои ичро мегардад, дарачаи хатарнокии иншоот муайян карда мешавад.
  6. Дар асоси Накшаи намунавии рафъи садамахо, ки аз тарафи Агентии амнияти ядрои ва радиатсионии Академияи илмхои Чумхурии Точикистон ва Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистои тахия мегардад, накшахои рафъи садамаи иншооти дорои дарачаи гуногуни хатарноки тахия карда мешавад. Дар иншооти дорои дарачаи гуногуни хатарноки дар накшаи рафъи садамахо низ накша ва руйхати огохинамои дар мавриди холатхои садамавии радиатсиони муайян ва пешбини карда мешавад.
  7. Маркази идоракунии холатхои бухронии Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон бо хуччатхои зарури ва хайати кормандон барои эътино дар мавриди холатхои садамавии радиатсиони таъмин мегардад.
  8. Барои ичрои кафолатнок ва асосноки талаботи дахлдори Агентии байналмилали оид ба энергияи атом ва Барномаи мазкур аз тарафи тамоми ташкилоту корхонахо низоми танзимкунони ва нозири мукаррар гардида, аз чониби Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон ва Агентии амнияти ядрои ва радиатсиатсионии Академияи илмхои Чумхурии Точикистон санчишхои накшави ва ногахонии холатхои омодаги ва эътино дар мавриди холатхои садамавии радиатсиони дар иншоот, макомоти худуди ва функсионали ташкил карда мешавад.

4. Механизм ва мархилахои татбики Барнома

  1. Мархилаи 1. Тахкими заминаи конунгузори ва меъёрии хукуки оид ба масъалахои омодагии садамави ва эътино ба холатхои садамавии радиатсиони.

Конунхо ва санадхои меъёрии хукукии дахлдор дар сохаи омодагии садамави ва эътино ба холатхои садамавии радиатсиони тахия ва такмил ё тачдиди назар мешавад.

  1. Мархилаи 2. Банакшагирии омодагии садамави
  2. Бо максади эътинонамоии саривакти дар мавриди холатхои садамавии радиатсиони ва истифодаи чорахои мушаххас оид ба хифзи ахоли ва худудхо накшахои эътино ба холатхои садамавии радиатсиони тахия карда мешаванд, ки онхо ба навъхои зерин чудо мешавад:

– накшаи омодагии садамави ва эътино ба холатхои садамавии радиатсиони дар сатхи давлати;

– накшахои омодагии садамави ва эътино ба холатхои садамавии радиатсиони зернизомхои худудии Низоми сатхи чумхуриявидошта;

– накшахои омодагии садамавии ва эътино ба холатхои садамавии радиатсиони зернизомхои функсионалии Низоми сатхи минтакавидошта;

– накшахои омодагии садамави ва эътино ба холатхои садамавии радиатсионии зернизомхои худудии Низоми сатхи махаллидошта;

– накшаи рафъи садамахо дар иншоотхо, ки фаъолияти амалии худро вобаста ба технологияхои радиатсиони ва радиатсионию ядрои амали менамояд.

  1. Мархилаи 3. Ташкили кувва ва таъмини воситахои эътино дар мавриди холатхои садамавии радиатсиони дар хама зинахо.
  2. Кувва ва воситахои эътино ба холатхои садамавии радиатсиони ташкил ва дар холатхои омодагии доими нигох дошта мешаванд. Аз чумла:

– Маркази идоракунии холатхои бухрони дар доираи шумораи мукарраргардидаи Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон ташкил ва тахким меёбад;

– дар заминаи Лабораторияи чумхуриявии кимиёвию радиометрии Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон ва дигар сохторхои он, инчунин гуруххои ёрии таъчили, хадамоти оташнишони гуруххои эътинонамоии аввалин дар мавриди холатхои садамавии радиатсиони ташкил, омода на чихозонида мешавад;

– барномахои махсуси омузиши дар сохаи омодагии садамави ва эътино ба холатхои садамавии ядрои ва радиатсиони тахия карда шуда, синфхонаи тамринии лабораторияи мазкури Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон мучаххаз гардонида мешавад;

– дар заминаи донишкадахои Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон Маркази таълими оид ба омода ва такмили тахассуси мутахассисони сохаи радиология, духтурони умумикасби, духтурони бехдошти радиатсиони ва эътинонамои таъсис дода мешавад;

– дар назди Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон Маркази тиббии фалокатхо таъсис дода мешавад;

– дар заминаи Академияи илмхои Чумхурии Точикистон Маркази таълими оид ба такмили ихтисоси хайати кормандон ва масъулини сохаи бехатарии радиатсиони ва хамчунин масъулин дар сохахои ташкил ва идоракунии дастгоху тачхизоте, ки манбаи афканишоти ионофарро дар чабхахои гуногуни иктисодиёт истифода мебаранд, таъсис дода мешавад.

5. Маблаггузории Барнома

  1. Маблаггузории Барномаи мазкур аз хисоби кумакхои бебозгашти ташкилотхои байналмилали ва маблагхои бучет, ки хамасола ба назорату идорахои дахлдор чудо мегарданд, амали карда мешавад.
  2. Бахри амали намудани Накшаи чорабинихои Барномаи мазкур, ба гайр аз маблагхои вазорату идорахои истифодабарандаи иттилооти махсус ва фаври, инчунин кумаки молиявии ташкилотхои байналмилали ва донори тибки конунгузории Чумхурии Точикистон чалб карда мешавад.
  3. Хамаги дар солхои 2012-2016 аз хисоби:

– бучети давлати 5 млн. 934,5 хазор сомони;

– бучетхои махалли 4 млн. 004,7 хазор сомони;

– маблагхои худи 9 млн. 065,5 хазор сомони;

– кумаки байналмилали 1 млн. 587 хазору 682 доллари ШМА пешбини мешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …