Главная / Биология / ОЛАМИ ХАЙВОНОТИ Точикистон ва Китоби сурх

ОЛАМИ ХАЙВОНОТИ Точикистон ва Китоби сурх

Ба хайвоноти шикори навъхои бисёри ширхурхо, паррандахо, мохиён тааллук доранд. Аз хайвонхои ширхур: хуки ёбои, харгуш, рубох, кашкалдок, сугур, гург, савсори кухи; аз паррандахо: кабк, коз, мургобии хинди ва дигархо ахамияти шикори доранд ва барои гушт ё муина бештар сайд карда мешаванд.

Шикорчиёни чумхури харсол ба маблаги зиёда аз 0.5 миллион сум муина месупориданд. Бештар шикори бардавому беназорат ба хеле кам шудани шумораи хайвоноти пуркимат оварда расонид. Паланг, нахчир, силовсин, кокум, мири мушон, охуи кухи, кабки дари, ки пеш аз ин хеле бисёр буданд, холо кам боки монда, онхоро дар чойхои хеле камодами дастнорас дидан мумкин аст. Охувон дар нохияхои чануби шарки, нахчир дар каторкуххои санглох, гусфанди кухи дар каторкуххои Каротог боки мондаанду халос. Хирс, харгуш, хуки ёбои, мурги дашги камтар во мехурдаги шуданд. Баъзе хайвонхои камёфг, аз кабили паланг, силовсин, морхои афъиро шикорчиён махсус факат барои богхои хайвонот дошга мегиранд.

Расми 36. Паррандахои Точикистон. 1. Бургут. 2. Фароштурук; 3. Еуми гушдароз, 4. Филин; 5. Бедона; 6. Укоби лошахур; 7. Кабк; 8. Каргаси ришдор: 9 Зоч; 10. Шохин: 11 Мурги тугдор: 12. Гунчишк. 13. Аккаи ало; 14. Зог
Расми 36. Паррандахои Точикистон.
1. Бургут. 2. Фароштурук; 3. Еуми гушдароз, 4. Филин; 5. Бедона; 6. Укоби лошахур;
7. Кабк; 8. Каргаси ришдор: 9 Зоч; 10. Шохин: 11 Мурги тугдор: 12. Гунчишк. 13. Аккаи ало; 14. Зог

Аз морхои афъи мори гурзаро барои грифтани захраш медоранд. Захри гурзаро баъд аз тоза кардан ба сифати доруи хуннигохдоранда (дар Вакти амалиёти чаррохи ва муоличаи захм) истифода мебаранд. Холо шикори оху, нахчир, бузи дашти, мурги дашти, мурги оби ва дигар хайвонот дар хама чойхо манъ карда шудааст. Аз сабаби манъ карда шудани шикор ва дастнорас будан дар Помири Шарки хануз бисёр хайвонхо боки мондаанд. Дар ин чо нахчир, бузхои кухи, харгушхо кам нестанд ва баъзан паланг хам вомехурад. Бо максали нигох доштани хайвонхои махсуси пуркимат ва камёфт соли 1939 дар поёноби дарёи Вахш мамнуъгохи «Бешаи палангон» барпо карда шуда буд. Дар мамнуъгох саршумори гавазни ачоиби бухорои афзуд, ки галаи он, аз руйи хисоби тахмини, кариб ба хазор cap мерасад, лар ин чо мургхои дашти хам бисёранд.

Баъзе навъхои мохиён загорамохи, симмохи, муйлабдароз. Лаккамохи, шуртан, маринка, плат ва гулмохи, ки дар дарёхои сир. Baхш ва Кофарнихон дошта мешаванд, ахамияти шикори доранд. Дар кулхои Помир Яшилкул, Булункул мохии маринка бисёр аст. Хамаи дарёхо, кулхо ва обхавзхои чумхури соле такрибан 15-20 хазор сентнер мохи дода метавонанд. Обанборхои дарёи Сир манбаи асосии мохидорй мебошанд. Дар обанборхои нохияи Куйбишев загорамохи, мохихои нукрагин ва пахнпешони парвариш ёфта, ба ахоли фурухта мешаванд. Дар нохияи Кофарнихон заводи гулмохипарвари арзи вучуд дошт.

Сангпушти точики

Дар муборизаи зидди хашароти зараррасони кишоварзи усули биологи мавкеи мухим дорад. Барои ин паррандагони хашаротхур майна, фароштурук, саъба, булбул, кабутар, зардак, бум ва гайрахоро мухофизат кардан лозим аст. Масъалаи имконияти истифода бурдани муборизаи биологи бар зндди зараррасонандагони пахта татбик шуда истодаасг. Паразитологхо муайян карданд, ки гамбуски стеторус кирми магаси шилдироси, тортанаккаиа ва баъзе дигар хашароти зараррасонро нест мекунад.

Мохичаи майдаи гамбузия кирми пашшаи варачаро мехурад. Ба туфайли парвариш кардани гамбузия дар кулхои «Бешаи палангон», ки пештар аз пашша пур буданд, холо ин хашароти озордиханда кам шудааст.

Дар Точикистон навъхои хайвоноти калони шохдору моли майда гов, гусфанду буз, кутос; аз паррандахо — мург, мургобй, мурги марчон; хайвонхои боркаш — хар, асп, хачир ва шутур чун хайвонхои хонаги ахамияти калон доранд.

Холо дар Точикистон ба гайр аз гусфандони зоти кухистонй, карокули. хисорй боз зотхои махинпашм ва ниммахинпашм низ парвариш карда мешаванд.

Марду.ми точик аз даврахои кадим кирмак мепарваранд ва дар диёри мо кирмакпарвари таракки кардааст, инчунин дар солхои охир парвариши занбури асал торафт вусъат месбад.

Холо ба ганй кардани олами хайвоноти чумхури ва парвариши зотхои фоиданоктарин диккати калон дода мешавад.

Расми 21. Намудхои гуногуни хаэандахо 1 Тимсохи хитои: 2. Саргирдаки кумзор; 3. Сантушти моргардан; 4 Калтакалоси зиндазои; 5. Калтакалоси сабз; 6. Калтэкалсси захрдандон: 7 Калтакалоси дарозпои; 8. Тирмор; 9. Мори оби; 10. Мори афъи; 11 Мори айнакдор; 12. Мори бугма.
Расми 21. Намудхои гуногуни хаэандахо
1 Тимсохи хитои: 2. Саргирдаки кумзор; 3. Сантушти моргардан; 4 Калтакалоси зиндазои; 5. Калтакалоси сабз; 6. Калтэкалсси захрдандон: 7 Калтакалоси дарозпои;
8. Тирмор; 9. Мори оби; 10. Мори афъи; 11 Мори айнакдор; 12. Мори бугма.

Пажуишгохи зоология ва паразитологиян АИ Чумхурии Точикистон дар мамнуъгохи «Бешаи палангон» хайвони пуркимати кундузро ба иклими Точикистон мутобик кунондааст. Ин кундузи ботлокии Американ Чануби аст, ки ба Точикистон аз Озарбойчон соли 1949 оварда шудааст. Ба сохили дарёи Оккули хурд аз ин хайвон 40 адад cap дода буданд. Соли дигар, ки саршумори кундуз панч баробар афзуд, дошта гирифтанд ва дар базаи он фермаи кундузпарварии Чилликул ташкил гардид. Хуроки асосии кундуз решахои най мебошад. Зоологхо имконияти дар нохияхои гуногуни Точикистон ба иклим одат кунондани ондатра (калламуши обй), енот, самур, санчоб ва дигар хайвонхои муинадорро муайя намудаанд.

Дар хавзхои мохипарварии Куйбишев, Чилликул, Вахш, Кайроккум, Норак ва гайра ба зиёд кардани хелхои нави мохи ихтиологхои Точикистон машгуланд. Ихтиологхо дар кулхои сохили обгалти дарёхо чойгир кардани окуни гулмохимонанд ва ба дарёхои кухи cap додани навъхон гулмохиро тавсия мекунанд. Азбаски дар кулу дарёхои табии хурок кам буда, чараёни об тез аст, опхо каммахсул мебошанд, вале хавзхои сунъи аз ин чихат хеле бартари доранд. Дар онхо чорахои гуногуни бехтаркунии захирахои хуроки мохиёнро ба амал овардан мумкин аст. Обанборхои Фарход. Кайроккум, Норак, Рогун, дар оянда обанбори Сангтуда, инчунин обхавзхои сершумори хочаги ва кооперативи, ки дар нохияхои Точикистон сохта шудаанд, макони мохипарвари хоханд гардид.

Хамин тавр, дар шароити камборишу минтакавии Точикистон мохипарвари ба вучуд омада, таракки карда истодааст.

Гуруххои хайвоноти гуногун хеле сершуморанд, ки барои биогеосенозхо ахамияти калон доранд. Аксарияти растанихои гулдорро хашарот гардолуд мекунад. Мохихо, хашарот, даррандахо бошанд аз хисоби хамдигар зиндаги мекунанд. Дар хок пусидани часади хашарот ин яз ахамият холи нест.

Холо дар чумхури аз сабаби хеле кам шудани шумораи морхои захрдор — айнакдор, гурза ва мори афъии регзор хайвоноти мухофизатшаванда эълон карда шуданд. Шикори нн морхо хатто барои максадхои зарури танхо бо нчозати махсуси Вазорати мухофизати табиати Точикистон мумкин аст.

Азбаски дар чумхури босуръат заминхои бекорхобидаи дашту биёбон ва регу кумзорхо обшор карда мешаванд, гурухи хазандахо торафт кам мешаванд. Алхол 17 намуди он ба «Китоби сурх»-и Точикистон дохил карда шудааст.

Бо тавсияи олимони чумхури ба Китоби сурхи байналхалки ва миллии хайвоноти нодир — 33 намуди паррандахо ва ширхурхо, ки дар минтакахои гуногуни чумхури мавчуданд, дохил гардиданд. Мурги хилол, саъбаи тибети, кози кухи, укоб, каргас, бабри барфи, гавазни бухорои, гусфанди осиёи ва гайрахо аз чумлаи онхоанд. Дар ин бобат кори пурмахсули Чамъияти мухофизати табиати Точикистон, ки зиёда аз 1 млн. 350 хазор аъзо дорад, хеле ахамиятнок аст.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

dandon-pizishk

Хомиладорон читавр дандонхоро нигохубин намоянд

Ташрифи дандонпизишк хар ним сол, як маротиба тавсия карда мешавад. Бо фаро расидани давраи хомиладори …