Главная / Гуногун / ОФТОБ- СИТОРАИ РУЗ

ОФТОБ- СИТОРАИ РУЗ

Шумо чй андеша доред, оё мо метавонем бе Офтоб зиндаги кунем?

Албатта, не. Офтоб Заминро гарм ва рушан мекунад. Агар гармии Офтоб намебуд, дар дарахтхо баргхо пайдо намешуданд, растанихо намерустанд, майдонхо сабз намешуданд. Аз шуъои Офтоб паррандагону хайвонот ва албатта, мову шумо энергия гирифта, хурсанди мекунем.

Офтоб чист?

Офтоб ситораи ба мо наздикест, ки рузона намоён аст. Офтоб хеле бузург аст. Кутри он 109 маротиба бузургтар аз Замин аст. Вазни Офтоб 333 000 маротиба бештар аз вазни Замин аст. Харорати Офтоб наздик ба 6 000°С-ро ташкил медихад. Дар умки Офтоб харорат боз хам бештар аст. Дар минтакаи марказии Офтоб харорат ба 15 000 000°С мерасад. Дар натичаи харорати баланд моддахои Офтоб, дар умк элементной кимиёви ба ядрохои атом ва электроннои озод даракаткунанда «тачзия» шудаанд. Тамоми чисми газмонанд дар Офтоб, тавассути чозибаи умумй ба маркази он, нигох дошта мешавад. Кабатхои берунй бо вазни худ кабатхоеро, ки дар умк карор гирифтаанд, фишурда месозанд. Хар кадар кабат амиктар чойгир шуда бошад, ба хамон андоза фишор кавитар аст.

Дар мукоиса бо фишори атмосферии Замин, фишор дар умки Офтоб сад милли­ард маротиба бештар аст.

Ин ба чараёни реаксияхои термоядрой дар умки Офтоб мусоидат менамояд, ки дар натича водород бо ихроч кардани энергия ба гелий табдил меёбад. Тадричан, ин аз байни моддаи гайришаффофи офтоби ба кабатдои беруна «таровидаю чаббада», балки аз он чо ба фазой олам пароканда мешавад.

Дар натича, дар кисмати марказии Офтоб гелий зиёд туда, микдори водород кам мешавад.

Олимон чунин мешуморанд, ки дар чараёни 4-5 миллиард сол аз замони ба вучуд омадани Офтоб наздик ба ними водород дар маркази он ба гелий табдил ёф- тааст.

Сохтори берунаи Офтоб

Офтоб сатхи сахт надорад. Сатхи намоёни Офтобро фотосфера меноманд. Гафсии фотосфера на чандон бузург буда, хамаги 100-200 километрро ташкил медихад. Дар он кабати хромосфера, ки гафсияш 20 000 километрро ташкил медихад, карор дорад. Асбобхои муосир имконияти дар обу хавои рушан, пурра гирифтани офтобро интизор нашуда, дидани хромосфераро фарохам месозанд.

Дар хромосфера харакати тези газхо, ки болову поин мераванд, сурат мегирад. Баъзан дар хромосфера партобхои кавии газхо – протуберансхо сурат мегиранд, ки баландии онхо наздик ба 250 000 километрро ташкил медихад (расми 63).

Офтоб

Протуберансхо, мисли хромосфера, танхо хангоми пурра гирифтани офтоб намоён аст. Дар болои хромосфера точи офтобие карор дорад, ки дар масофаи 2 000 000 километр пахн мешавад. Точ ин як объекта бенихоят зебо мебошад. (расми 64). Мутаассифона, мо онро танхо дар вакти мархилаи пурра гирифтани офтоб, вакте Мох аз мо диски Офтобро мепушонад, дида метавонем.

Дар мукоиса бо ситорахо Офтоб дар як сол давраи бузурги мухити осмониро давр мезанад. Ин давраи бузург эклиптика номида мешавад. Галаситорае, ки дар он эклиптика мегузарад, галаситорахои зодиакй номида мешаванд. (калимаи юнонии «sodiak» – маънои «хайвон»-ро дорад). Онхо бад-ин тартиб номгузорй шудаанд:

Хамал (21 март – 19 апрел)

Савр (20 апрел – 21 май) Чавзо (20 май – 21 июн)

Саратон (22 июн – 21 июл)

Асад (22 июл – 21 август) Сумбула (22 август – 22 сентябр) Мизон (23 сентябр – 22 октябр) Акраб (23 октябр – 21 ноябр) Кавс (22 ноябр – 21 декабр)

Чади (22 декабр – 20 январ)

Далв (21 январ – 19 феврал)

Хут (20 феврал – 20-март)

Пурсишхо

1.Офтоб нисбат ба Замин чй кадар калонтар аст?

  1. Офтоб рушноиро аз кучо мегирад?
  2. Сохтори берунаи Офтоб чй тавр аст?
  3. Эклиптика чист?
  4. Кадом галаситорахо ба галаситорахои зодиакй мансуб мебошанд?

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …