Главная / Гуногун / ОЁ МУМКИН  АСТ АЗ МАВКЕЪИ  ИЛМИ  МУОСИР МАВЧУДИЯТИ  ПАРВАРДИГОРРО  ИСБОТ  КАРД? 

ОЁ МУМКИН  АСТ АЗ МАВКЕЪИ  ИЛМИ  МУОСИР МАВЧУДИЯТИ  ПАРВАРДИГОРРО  ИСБОТ  КАРД? 

Ин новеллаи фалсафи дар асоси мубохисаи нависанда Азизи Азиз баъд аз чопи китоби банда «Пайдоиши Олам ва Одам», ба забони руси, руй дода буд. Пас аз андешаи бисёре хостем онро ба мухокимаи хонандагони точик низ бирасонем.

НАВИСАНДА: Устод, оё хакикат вучуд дорад?

ФАЙЛАСУФ: Бале, вучуд дорад.

НАВИСАНДА: Мегуянд, хакикат нисбист.

ФАЙЛАСУФ: Хакикат нисби намешавад.

НАВИСАНДА: Охир пири Шумо – Эйнштейн назарияи нисбиро кор карда баромада буд-ку? Оё хакикатро хам нисби намепиндошт? Устод, маро бубахшед аз ин алфози ночурам, дар китобатон дар чанд чой ба у бо як эхсоси махсус сухан мекунед.

ФАЙЛАСУФ: Бале, банда на ин ки ба у, балки ба хамаи гузаштагон эхтироми бузург дорам. Арасту мегуяд: «Афлотун азиз аст, аммо хакикат пеши ман азизтар аст». Аммо банда ба иттилои Шумо бояд бирасонам, ки дар адабиёти даврони шурави Эйнштейн хам аз призмаи идеологияи коммунисти мегузашт. Дар ягон китоб хондаед, ки Эйнштейн Худоро эътироф карда бошад?

НАВИСАНДА: На.

ФАЙЛАСУФ: Эйнштейн хам ба мисли хамаи мутафаккирони гузашта бунёди Оламро аз тарафи Парвардигор эътироф мекард.

НАВИСАНДА: Мавчудияти Парвардигор хакконият аст…

ФАЙЛАСУФ: Бале, хакикат аст.

НАВИСАНДА: Аммо Шумо дар як сухбат гуфта будед, ки мавчудияти Парвардигорро рад кардан мумкин аст.

ФАЙЛАСУФ: Оре, гуфта будам.

НАВИСАНДА: Дар кадом холат Худо рад карда мешавад?

ФАЙЛАСУФ: Дар холати аз акл бегона будан.

НАВИСАНДА: Дар дигар вазъият хамеша эътироф карда мешавад?

ФАЙЛАСУФ: На харгиз! Масалан, дар холати вачд, холатхои депрессиони, чахолат ва гайрахо. Хамаи инхо сабаби лагв намудани акли солим гардида, хирадро поймол мекунанд ва рох ба бегонагии акл боз мегардад. Дар ин холат, гарчанде Худо бо мост, вале мо бо Худо нестем.

НАВИСАНДА: Ашхосе, ки акли солим доранд, холатхои депрессиони, чахолат ва гайрахо ба онхо бегонаанд. Онхо Худоро рад намекунанд.

ФАЙЛАСУФ: На, онхо хам Худоро рад мекунанд.

НАВИСАНДА: Чи тавр?

ФАЙЛАСУФ: Бисёрии онхо ба мавчудияти Парвардигор шубха доранд ё умуман ба Худо бовари надоранд.

НАВИСАНДА: Пас хак  ба чониби онхост?

ФАЙЛАСУФ: На.

НАВИСАНДА: Чаро?

 ФАЙЛАСУФ: Эшон акли солим доранд, фахму фарост доранд, вале саводи кофи надоранд ё ба ибораи дигар гуем, чашми басират надоранд. Чунин ашхос ба ду гурух таксим мешаванд: гурухи якум гарчанде бесаводанд, ба василаи акл дар натичаи талоши зандаги, пастиву баландии он, вокеъахои олами маввоч ва гайра, бо рохи акли солим ба мавчудияти Худо муътакиданд.

НАВИСАНДА: Иддаи дигар?

ФАЙЛАСУФ: Иддаи дигаре, ки саводи кофи надоранд, онхо кобилияти маърифаткуни хам надоранд, ба идроки хакикии хаводиси олам кудрат надоранд, аз ин лихоз, онхо модда ва ё ягон чизи дагали дар атрофии худ бударо мебинанду эътироф мекунанд, хатто бидуни эхсосот, яъне чизхое, ки ба таври объективи вучуд доранду онхоро эхсос карда наметавонанд, онро хам рад менамоянд, хол он ки асрори олам бекарон аст. Аз ин ру, онхо ба Худо хам бовари надоранд.

НАВИСАНДА: Ахли илм чи?

ФАЙЛАСУФ: Кадом илм? Илмхо зиёданд. Ба гайр аз илмхои илохи (теологи) факат як илми табиатшиноси кариб хазор фанро дар бар мегирад. Ба чузъ ин, дар замони мо илмхои хеле ва хеле зиёди чамъиятшиноси, илми санъат, илми шеъру шуаро, илми меъмори, илми рузноманигори, илми ахлок, илми эстетика ва гайрахо мавчуданд.

НАВИСАНДА: Кадоме аз инхо дар рохи Хаканд?

ФАЙЛАСУФ: Хеч кадоме.

НАВИСАНДА: Ло илоха ил-лавлох! Устод, Шумо чи мегуед?

ФАЙЛАСУФ: Он чи ки шунидед.

НАВИСАНДА: Магар ахли дину диёнат дар рохи Хак нестанд?

ФАЙЛАСУФ: Онхо худро дар рохи Хак мепиндоранд, вале на хамаашон дар рохи Хаканд. Гайр аз ин, дар рохи Хак будан як тарафи масъала асту ба Хак расидан тарафи дигар аст.

НАВИСАНДА: Пас ки ба Хак мерасад? Барои ба Хак расидан чи бояд кард?

ФАЙЛАСУФ: Холо, азизам, мо аз саволи асоси «Ахли илм ба Худо бовари доранд ё на» дур шудем ва риштаи бахсро ба суйе бурдем, ки соатхои хеле зиёд бахс кунем хам боз бечавоб мемонад. Факат хаминро гуфтанием, ки баъзе аз ашхоси дини ва хатто баъзе гуруххои калон ё мазхабхои дини ба чои маърифат, дарёфти рохи Хак динро ба ярок табдил медиханд ва барои манфиати хеш маъниндод мекунанд ё акоиди ботили хешро аз номи дин чомаи амал пушонидани мешаванд ва ё бисёр вакт бозихои сиёсии хешро аз номи дин муаррифи карда, хатто «бахри» Ислом ба куштор, террори ба гайри хак даст мезананд ва бо хамин теша ба пояи динашон мезананд. Чунин «диндорон» бадтар аз кофиранд. Худо дар забони онхост, на дар калби эшон.

НАВИСАНДА: Ахли илми илохиёт чи хеланд? Онхо низ ба сони эшонанд?

ФАЙЛАСУФ: На, на! Ахли илми илохи ба Худо муътакиданд. Онхо  бо роххои мухталиф ба Хак мераванд. Бузургии баъзе аз ашхоси илми илохиётро ба калам додан очизи мекашем. Онхо ба маънои том донишманданд. Сад афсус, ки дар замони мо мафхуми дониш хам коста гардид. Вале аз руи адолат бояд эътироф кард, ки дар гузаштаи начандон дур аксари кулли ахли дини Ислом ба мафхуми «илм» факат намозу рузаро мепиндоштанду ва имруз хам баъзехо ин акидаро идома медиханд. Яъне илми табиатшиносиро хамчун илм эътироф намекунанд. Албатта ба ин шубхае нест. Вале ба дахриён ситеза намуда куртаи хешро ба оташ андохтан чи хочат?! Баъзе аз ашхоси бузургвор хам, аз кабили Газоли, (бо он бузургии бехамто, муаллифи 400 асари безавол) илми табиатшиносиро на хамчун тифли илохи кабул кардаанд, балки онро ба илми дахрия ХАВОЛА КАРДА БО ИН АМАЛИ ХЕШ ЧОМЕЪАРО АЗ ИЛМИ ИЛОХИЁТ ДУР  андохтаанд. Омма факат ба василаи илми табиатшиноси метавонад ба асрори илохиёт сарфахм биравад. Дар замони Ибни Сино баракс ба илми табиатшиноси бештар эътибор медоданд. Ин  хам ба шарофати у буд. Аз ин дахриён суиистеъмол намуда, ба тахрифи хакикат даст заданд. Пас аз Ибни Сино, хусусан хучуми Газоли ба мукобили у илми табиатщиноси кариб, ки аз лавхи хотирхо дур шуд. Газоли хикмати Синоро фахмида натавонист ва фалсафаи уро ба бист таксим намуда, уро ба кофари махкум кард. Харчанде Газоли ба илми физика таваччух дошт, бо вучуди он, мустакилияти ин фанро хам, ба дарёфти  хакикат махдуд карда буд. Умуман физика дар микёси чахони факат аз солхои шастуми садаи бист худро бишинохт  ва чун тифли навзоди илохиёт муаррифи мекардаги шуд. Харчанд аз авохири асри ХIХ то солхои 1923 паи хам кашфиётхои зиёде дар ин чода ба амал омаданд, бо вучуди он табаддуллоти кулли дар ин фан махз аз ниммаи дуюми асри ХХ огоз ёфт.

НАВИСАНДА: Устод, банда бо хар гуфтахои Шумо ризо шуданам мумкин аст, вале бо вучуди он чизе, ки рочеъ ба илми табиатшиноси мегуед ва онро «тифли улуми илохиёт» мепиндоред, рози шуданам душвор аст.

ФАЙЛАСУФ: Бале. Банда хам дар ин чода душвори мекашам. Охир факат дирузакак улуми табиатшиносиро мо хамчун яроки буррои материалисти истифода мекардем. На дахриён (метериалистон) фикри онро ба илохиёт додан доштанду на ахли улуми илохи онро пазируфтан.

НАВИСАНДА: Пас чи чои шубха?! Аз оне ки яке онро мепазирад ва ё намепазирад, боке нест. Вале возехтар он аст, ки илми табиатшиноси – физика, кимиё, зистшиноси, антропология, генетика, палеонтология ва гайраву ва гайра ба илми илохиёт чи муносибате доранд?

ФАЙЛАСУФ: Пас гуш кунед: Бузургии Ибни Сино дар он аст, ки  аз каъри асрхо, аз таркиши торикистони асри чахолат нуреро дид, ки ин нур нав – яъне факат дар айёми мо ба шуълапоши огоз менамояд. Гуиё Ибни Сино ба Газоли ва ба мухаккикони тахрифкори имрузаи мо чавоб медода бошад: «… шинохтани Офаридагори хамаи чизхо ва ягонагии вай ва пайванди хамаи чизхо ба вай хам андар ин илм (илохиёт – И.У.) бошад. Ва ин пора аз ин илм, ки андар тавхид нигарад, варо хос «илми илохи» хонанд ва илми рубубият (илохи – И.У.) гуянд. Ва аслхои хамаи илмхо андар ин илм дуруст шавад ва ин илмро ба охир омузанд, харчанд ба хакикат аввал аст. Валекин мо чахд кунем, ки ба аввал биёмузонем ва лутфе ба чой оварем, то мафхум кунем ба неруи Худои таъоло, чалла чалолуху».

НАВИСАНДА: Замони Ибни Сино дигар буд. Чунон, ки худ гуфтед, 40 соли охир асри ХХ, солхои кашфиётхои бемислу монанди илми табиатшиноси ба шумор мераванд, ки дар таърихи инсоният дида нашуда буд.

ФАЙЛАСУФ: Махз хамин кашфиётхо буданд, ки мачроро дигаргун сохтанд.

НАВИСАНДА: Устод, далел мехохам.

ФАЙЛАСУФ:

Далели якум

Кашфиёти нурпошии реликти (соли 1965) физикхоро мачбур сохт, ки назарияи васеъшавии Кайхонро бипазиранд. Дар сарчашмаи  ин васеъшави, 15 миллиард соли мукаддам аст. Яъне ин огози Кайхон буд. 

Далели дуюм

Фотонхо бо дарозии мавч дар сантиметр, ки аз тамоми Кайхони мушохидашаванда мегузаранд, барои астрофизикхо далели он гардид, ки материя хамчун объекти конунхои физикии замони мо абади нестанд, балки махсули таърихианд.

Далели сеюм

Кашифиётхои авохири асри ХХ физикхоро мачбур сохтанд, ки «марги харорати кайхониро» на дар охири таърихи он, балки дар ибтидои он эътироф кунанд. Тартиби тавсифи Кайхони айёми мо катъи назар аз шиддати таназзулаш – ба тартиб, дар натичаи Таркиши ибтидоии энтропи ба вучуд омадааст. Ин «Таркиш» сабаби эхёи Кайхон гардид. Аз ин ру, мо бояд пайдоиши Оламро дар мафхуми пайдоиши материя – харакат андеша бикунем, на дар консентратсияи беохири он.

Далели чорум

120 нафар олим – хама мутахассис – асари бузурги якчоя эъчод намуданд, ки аз 30 боб иборат буда, зиёда аз 800 сахифаро дар бар мегирад. Барои он, ки таърихи палеонтологияро дуруст тасаввур кунем, дар ин китоб кариб 2 хазору 500 намуди наботот ва хайвонотро мисол овардаанд, ки аз лихози илми хаматарафа тадкик карда шудаанд. Исбот карда шуд, ки хар шакли асоси ё насли наботот ва ё хайвонот таърихи махсуси худро доранд, ки аз дигар шакл ва ё насл ба кулли фарк доранд. Гурухи наботот ва хайвонот дар таърихи палеонтология ногахон (якбора) пайдо мешаванд.

Далели панчум

Эхтимоли тасодуфан пайдо шудани хаёт, мегуяд зистшинос Эдвин Конклин, баробари эхтимолест, ки дар натичаи таркиш дар матбаа китоби Комус эхё гардида бошад.

Далели шашум

Зистшинос Френсис Крик мегуяд: – Одами боинсоф, одаме, ки имруз бо маърифати дастрасбуда мусаллах гардидааст, муайян карда метавонад, ки дар айёми мо пайдоиши хаёт кариб муъчизот аст. 

Далели хафтум

Тадкикоти олимон ба субут расониданд, ки генофонди Инсон дар тамоми мавчудияти таърихии хеш дигаргуние аз сар нагузаронида аст. Одами муосир аз лихози чисмони нисбат ба гузаштагони дури худ солимтару пуркувваттар аст. 

Далели хаштум

Аз хамаи мавчудоти олам, дар руи Замин, инсонро майна фарк мекунонад. Такрибан 100 миллиард нейрон ахборе, ки дар майнаи инсон махфуз аст, кариб 20 миллион чилд китобро ба вучуд меоварад. Аз ин лихоз, нейрохирург Роберт Уайт, тадкикотхоро чамъбаст намуда, ба чунин хулоса  меояд: – Ман Акли Куллро эътироф накарда наметавонам, зеро вай муаллифи бинои матлуб, ба максад мувофик ва равобити гайриэхтимолии дутарафаи байни майна ва хирад – финомене мебошад, ки барои инсон тамоман дастнорас аст. Ман мачбурам бовар кунам, ки хамаи ин сарчашмаи окилона дорад. Касе хамаи инро ба харакат даровардааст.

Далели нухум

Хар касе, ки бо мифологияи (эволютсиони) машгул нест, – мегуяд табиатшинос Маггерач, чахиши бемаънии аз як майна ба майнаи дигар гузаштанро ба чузъ фантазияи хушку холи дигар хел намепиндорад.

Далели дахум

То солхои 1960 олимон умуман намедонистанд, ки дар митохондрихо ягон хел ген вучуд дошта бошад. Дар охири солхои 1970 онхо кашф карданд, ки КДН-и митохондриали дорои давомияти авлод аст, ки факат аз модар мерос мегирад.

Дар натича соли 1987 генетикхои Донишгохи Калифорнияи шахри Беркли пас аз захмати токатфарсои бистсола билохира исбот намуданд, ки хамаи мо – Одамон насли як Модарем.

Далели ёздахум

Акоиде, ки ба шарофати мутатсия тасдик карда шуд, чунин аст: – Организмхои зинда факат аз хисоби (ворисияти) насли хеш афзоиш меёбанд.

Далели дувоздахум

Мувофики хисобу китоби олимон аз Нахустмодар то айёми мо 10 хазор пушт (авлод) сипари гардидааст. Аз ин ру, генетикхо умри Нахустмодарро, ки гени он Зани Яккаву Ягона аст, 200 хазор сол мукаррар кардаанд.

Далели сенздахум

Протсеси фотосинтез чи? Ба хеч кадом олим муяссар намегардад, ки дар найчашишаи тачрибавии худ протсесси фотосинтезро ба вучуд оварда тавонад. Хучайраи кучаку одди гуё, ки ба таври фавкуллода ба фотосинтез атмосферае, ки дорои кислороди озод набуд, ба атмосферае табдил меёбад, ки хар як панчумин молекулаи он, молекулаи кислород аст. Дар натича хайвонот ва чонварон нафас кашида, хаёт ба сар мебаранд ва кабати азон ташаккул ёфт, ки хамаи мавчудотро аз таъсири марговари радиатсияи моварои бунафш эмин нигох медорад.

Далели чордахум

Хучайра чист? Хучайрахои зинда хеле ва хеле мураккабанд, аз ин ру, мо акси хучайраро бо пешгуфтораш аз китоби «Хаёт чи сон эхё гардид? Бо рохи эволютсиони ва ё офариниш?» гирифта ба тавассути Шумо мерасонем: «Зистшиноси маъруф Френсис Крик мехост, ки фаъолияти хучайраро ба забони одди баён кунад, вале имконнопазирии онро дарк намуда, икрор шуд, ки ин корро карда намешавад. Агар дастури дохилии Хучайраи КДН-ро нависем хар як хучайра аз хазор китоб иборат хохад шуд, ки хар як китоби он дорои 600 сахифа аст. Хар як хучайра ин оламеро мемонад, ки 200 триллион гурухи атомхои кучак – молекулахоро дар бар мегирад. Агар «риштаи» хромосоми 46-уми худро хамрох кунем, пас дарозии он кариб 2 метрро ташкил медихад. Хол он ки хамаги аз 100 як миллиметр мебошад.

Мачаллаи «Нюсуик» барои он ки фаъолияти хаётии хучайраро тасаввур кунем як мисоли хеле чолиби  диккат меорад: «Хар яке аз 100 триллион хучайра вазифаеро адо мекунад, ки ба сони девори ках-кахавии як шахри азим аст:

Стансияхои электрики барои хучайра кувваи барк истехсол мекунанд. Фабрикахо барои мубодилаи махсулот сафеда истехсол менамоянд. Системахои мурраккаби наклиёти моддахои муайяни кимиёиро барои дохили хучайра аз як чой ба чои дигар ва инчунин хорич аз он мекашонанд. Дар нуктахои сархадди бошад, посбонхо содирот ва воридотро назорат мекунанд ва аз хавфи хаводиси беруна эмин нигох медоранд. Куввахои харбии бонизоми биологи дар посбони омодаи онанд, ки ягон истилогар сархадро убур накунад. Хукумати генетикии маркази тартиботро нигох медорад».

ФАЙЛАСУФ: Агар як хучайра ин кадар мураккаб бошад ва дар организми Шумо 100 триллион хучайра амал кунад, пас оё Шумо баъд аз ин бовар мекунед, ки хамаи инхо тасодуфианд?

НАВИСАНДА: На, на. Харгиз! Далелхоятон раднопазиранд. Вале, бубахшед устод, аз гуфтугуи мо як масъалаи диагр ба миён омад. Ин масъала харчанд барои мо возех менамояд, вале аз гуфти шумо маълум мешавад, ки маълум нест. Ин мафхуми «илм» аст.

ФАЙЛАСУФ: Илм калимаи араби аст, тарчиами тахтуллафзии он ба забони руси «наука, знания» мебошад. Ва мо, имруз вакте, ки «илм» мегуем, маънои «знания»-ро дорад. Аммо дар дини Ислом ин хел нест. «Илм»- нисбат ба «знания» хеле абстракт аст, яъне маънои хеле васеъро дар бар мегирад. Масалан, «знания» хамаи мазмуни амали  ва кайфияти аклии донишро-чунон, ки дар Ислом хаст, ифода карда наметавонад. Дар дини Ислом «илм» акоиди (концепция) хукумрон ба шумор меравад, ки ба тамаддуни  исломи кудсу хусни тоза бахшидааст. Ба мисли илм ягон акоиди дигареро пайдо карда наметавонем, ки тамаддуни исломиро ин кадар  бо салобаташ ифода карда тавонад. Хатто бисёр мафхумхои мухими дини Ислом аз кабили тавхид-«эътирофи вахдат бо Худо», ад-дин-«эътикоди хак таъоло» ва гайрахо бо илм баробар шуда наметавонанд. Ва, аз хама мухимаш он аст, ки вакте ахли дин «илм» мегуянд-Исломро дар назар доранд. Ислом аз илм мутлако чудои надорад.

Мувофики таълимоти Куръон хамаи донишхои инсони аз Худо Сар мезанад. Вале дониши инсони бо дониши Парвардигор баробар шуда наметавонад. Ба хамаи пайгамбарон хам, дониш аз Худо илко шудааст. Аз ин лихоз, мувофики акидаи Мухаммад илм бояд бо дониши аз Парвардигор нозил шуда баробар гардад, чунон ки худи Мухаммад ва пайгамбарони дигар хам аз ин бахраманд гардидаанд.

Бубинед, азизам, то чи андоза ин акидаи дини Ислом прогрессиви ва демократи аст. Мутобики суннати пайгамбар алайхи-с-салом, илм аз ду кисми чудонашаванда иборат аст: «якум, дониши инсони – ин дониши дунявии инсони аст, ки одди ё як андоза инкишофёфта мебошад; ва дуюм, дониши инсони ин дониши дини буда, инкишофи олии дониш аст, ки ба инсон дастнорас намебошад. Ин дониши асоси буда, дар Куръон ба ин дониш эътибори бузург дода мешавад. Вале гайр аз ин, ду намуди дониши инсони – яъне дониши дуняви ва дониши дини боз дониши илохи мавчуд аст, ки ба донишхои инсони мувофикати том дорад, вале аз лихози мартабаву зарофат хеле Оли аст.».

Хулоса, нусрат ва шигифти тамаддуни Исломи ба хамин акидаи пайгамбарии «Илм» вобастаги дорад. Аз ин ру, як каноти онро дур андохтан ин зарба ба дини мубини Ислом аст. Ва инак, дар хамин масъала мо як тафовутро дар байни таркиби (системаи) илмии Мухаммад алайхи-с-салом ва дини расми ба илм мушохида мекунем. Аз ин лихоз, мо бо катъият иброз медорем, ки аз асри ХI мелоди – яъне аз замони Имом Газоли сар карда, системаи Мухаммад алайхи-с-салом, нисбати «илм», ба мачрои махдудият андохта шуд. Имом Газоли дар фалсафаи Ислом – яъне Калом шахси бехамто бузургу забардасте бошад хам, вале у ба илмхои табиатшиноси аз диди замонааш назар афканда, онхоро, чунон ки дар чанд чои хамин китоб хотирнишон кардем, махдуд кардааст. Ин амали Газоли хоху нохох гуфтаи хирадмандони куханро ба ёд меорад, ки дур суфтаанд: «Хар як хикмат дониш аст, вале на хар як дониш хикмат аст».

НАВИСАНДА: Чаро мухаккикон инро ошкор накардаанд?! Онхо инро нафахмидаанд ё ба ибрози он чуръат накардаанд? Аниктараш чуръат накардаанд – барои он ки нафахмидаанд?

ФАЙЛАСУФ: Ахли илми илохиёт инро мефахмиданд, вале шарх намедоданд. Мефахмиданд, барои он ки мефахмиданд. Шарх намедоданд, барои он ки ба шаккоки будани он бовари доштанд – ин аз як тараф. Аз тарафи дигар – як рохи хеле мураккаб ва дар айни хол хеле ва хеле хам оли тантана мекард. Ин шохрохи оли – тамаддуни исломи буд, ки сол аз сол инкишоф меёфт ва куллаи олии ин тамаддун замони сомониён, эхёи хакикии Ачам гардид. Дар ин давра нафакат дини Ислом ва конуну коидахои он ба авчи аъло расид, балки тамоми сохахои илм, фалсафа, таълиму тадрис, педагогика ва г. ба дарачаи оли таракки карда, теъдоди олимон беандоза афзуданд. Бо ибораи шоиронаи устод Турсунзода, ба мисли кухи Помир азим гардиданд, ки мо имруз факат бо сангрезахои ин кухи азим сару кор дорем ва меболем.

НАВИСАНДА: Ташаккур устод.

ФАЙЛАСУФ: Шумо бигуед, магар дар паси хар як далели банда тараннуми хакикат нест?!

НАВИСАНДА: Тараннуми хакикат аст!

* * *

Эзох: Дар замоне, ки дарвиниён системахои эволюционии худро муаррифи мекарданд, аз ин далелхо огохи надоштанд, дахриён – материалистон бошанд дар натичаи побанди догматизм будан ба кашфиётхои илми табиатшиноси аз призмаи идеалогияи бекурбшудаи коммунисти нигариста, хамчун саррофи гавхарношинос гавхарро чуроб зада, хаспорахои нуги чорубро чида мегирифтанд. Ахли дин бошад, чунон ки дар боло ишора кардем, ба дахриёну материалистон ситеза намуда аз гавхарии ноёби илми табиатшиноси бенасиб мемонданд. Ин амал 900 сол тул кашид. Дар тули ин даврахо, бо як хатои Имом Газоли инсоният аз системаи илми-прогрессивии Мухаммад Пайгамбар дур андохта шуда буданд. Ба хамаи ин шикасти давлати сомониён сабаб шуд. Шикасти давлати сомониён ба таназзули аклу хирад, хукмронии чахолат, ва билохира, ба тантанаи беилмию бединию бехудои бурда расонид. Вале мушохидахо нишон медиханд, ки асри оянда – асри аклу хирад ва дар кишвари точикон – давлатдории муктадиру бо салохият хохад гардид. Ва шояд, бархак рухи Исмоили Сомони эхё мегардад?!

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …