Главная / Гуногун / ОДОБИ СУХБАТ КАРДАН

ОДОБИ СУХБАТ КАРДАН

Мол аз бахри осоиши умр аст, на умр аз бахри гирд кардани мол!
Окилеро пурсидаанд:
– Некбахт кисту бадбахт чист?
Гуфт:
– Некбахт он, ки хурду кишт ва бадбахт он, ки мурду хишт!
Макун намоз бар он хеч кас, ки хеч накард,
Ки умр дар сари тахсили мол карду нахурд.

682_3
Мусо, алайхиссалом Корунро насихат кард, ки «Ухсин камо ахсана-л-лоху илайка» (неки кун, чунон ки худо ба ту неки кардааст) нашунид ва окибаташ шуниди.

Он кас, ки ба динору дирам хайр наяндухт,
Сар окибат андар сари динору дирам кард.
Хохи, мутаматтуъ шави аз дунъиву укбо,
Бо халк карам кун, чи худо бо ту карам кард.

Араб гуяд: «чуд вало таманнан, фа Инна-л-фоидата илайка оидатун» (саховат кун ва миннат магузор, зеро нафъаш ба ту бозгардад). Яъне бубахшу миннат манех, ки нафъи он ба ту бозмегардад.

Дарахти карам хар кучо бех кард,
Гузашт аз фалак шоху болои у.
Гар уммедвори, к-аз у бар хури,
Ба миннат манех арра бар пои у.

***
Шукри худой кун, муваффак шуди ба хайр,
З-инъому фазли худ на маътал гузоштат.
Миннат манех, ки хидмати султон куни хаме,
Миннат шинос аз у, ки ба хидмат бидоштат.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …