Главная / Чугрофия / ОБУ ХАВО, ТАГЙИРЁБИ ВА САБАБХОИ ОН

ОБУ ХАВО, ТАГЙИРЁБИ ВА САБАБХОИ ОН

Мафхуми обу хаво. Хар руз борхо аз радио ва телевизион дар бораи обу хаво хабар мешунавед. Аз он бояд пай бурда бошед, ки обу хаво дар махалхои гуногун хар хел аст (инро бо (исолхо фахмида гиред). Дар ин вакт обу хавои рузи дигарро хам мегуянд. Ин ахбор ва мушохидахои шумо шаходати он аст, ва обу хаво бо мурури вакт тагйир меёбад ва он дар махалхои гуногуни сатхи Замин хар хел аст.

Унсурхои асосии обу хаво харорат, фишори атмосфери, рутубати хаво, самт ва суръати бод, абрноки, боришот мебошанд. Вобаста ба вазъи солхо дар тропосфера бод, абр пайдо шуда, бориш мешавад.

Холати хозираи мачмуи ходисахои метеорологи, ки дар ягон фосилаи вакт ва чои муаян ба вучуд меояд» обу хаво номида мешавад.

Мушохида кардаед, ки баъзан дар як шабонаруз обу хаво якчанд маротиба тагйир меёбад. Махсусан дар бахорон обу хавои марзи Точикистон тагйрёбанда аст.

Обу хавои Точикистон баъди борон
Обу хавои Точикистон баъди борон

Обу хаво аз руи унсурхояш муайян карда мешавад. Хамаи унсурхо ва зухуроти обу хаво байни хамдигар алокаманданд: тагйир ёфтани яке аз онхо боиси тагиироти дигар унсурхо ва умуман обу хаво мегардад. Масалан, дар давоми шабонаруз тагйир ёфтани харорат боиси тагйирёбии фишор ва рутубати хаво, самти бод, абрноки мегардад. Сахари барвакти рузи тобистон пеш аз баромадани Офтоб хаво одатан салкин, беабр аст. Офтоб дар уфук баланд шуда, сатхи Замин ба гармшави cap мекунад. Дар натича хаво тафсида, фишори атмосфери паст мегардад. Хавои гарм боло баромада хунук мешавад, дар куххо абрхои тудаги пайдо мешаванд ва боди водиги мевазад. Баъди соати 15—16 харорати хаво торафт паст мефарояд. Бегох хаво салкин мешавад ва дар водихо боди кухи мевазад.

Аз мушохидаи махалатон бармеояд, ки обу хаво дар хар Шабонаруз ахён-ахён бе ягон тагйирот такрор меёбад. Вале Шояд пай бурда бошед, ки бисёр хусусиятхои он барои чандин Шабонаруз як хел аст. Яъне дар махалхо, дар фосилаи якчанд шабонаруз, мох ё мавсим обу хавои муаиян хос мебошад. Аз ин
ру, навъхои обу хаво гуногунанд, хавои софи беабр, хавои тира, хавои рутубатнок, хавои абрнок, борони ва гайра.

Дар як махали Замин обу хаво бисёр тагйир меёбад, яъне як навъи обу хаво дигарашро иваз мекунад. Дар Точикистон хатто водихои ба хам наздик обу хавои аз хамдигар фарккунанда доранд. Дар махалхои дигари Замин обу хаво  тагйир меёбад. Масалан, дар нохияхои хати истиво обу хаво хамеша гарму серборон, яъне тамоми сол хамон як навъи хаво хос мебошад.

Навъи обу хаво тавсифи умумии обу хаво мебошад, харорати миёнаи шабонарузи, фишор, холати абрнок боришот, мавчудияти бодро дар бар мегирад.

Тагирёбии обу хаво. Сабабхои асосии тагйирёбии об хаво аз нурхои Офтоб нобаробар гарм шудани сатхи Замин доимо чой иваз кардани хаво мебошад. Сатхи Замин аздах биёбонхо, кухсор, масохатхои калони чангалзору бечанг иборат аст. Сатхи укёнус бошад, чараёнхои гарму хунук дорад.

Кисматхои наздизаминии тропосфера вобаста чигунагии сатхи Замин дорои хусусиятхои гуногун мебошад Масалан, хавои болои нисбатан гарми Укёнуси Атлантика гарму нами тобистон хавои болои биёбонхо  тафсон, хунуку сузон ва серчанг аст (чунин хаворо дар кучо мушохид кардаед?). Хавои болои барфу яххои Арктика хунук, ва нисбатан шаффоф мебошад (Ин кисми  Заминро нишон дихед ва бигуед, ки ин хаворо дар кадом мавсими сол дар махала мушохида кардаед?).

Хавои тропосфера ба кисматхо чудо шудааст, ки онр анбухи хаво меноманд. Анбухи хаво аз якдигар бо харорат фишори атмосфери, рутубат, шаффофи фарк дорад. Онхо масохати калонро ишгол мекунанд. Анбухи хаво дар самтхо гуногун чой иваз мекунад. Чунончи, агар анбухи хаво Укёнуси Атлантика ба самти шарк харакат кунад, тобистон он хушки обу хавои абрноки нисбатан салкин меорад. Ин хав торафт гарму хушк, абрноки кам, хаво соф ва баъзан серча мешавад.

Хангоми аз самти шимол дохил шудан анбухи хаво дар хама мавсимхои сол хушки меорад (Ин анбухи хаво чи ном lорад?). Вале тобистон хавои хунук шаффофу хушк аз Замин тафсида, зуд гарм мешавад. Зимистон бошад, он хаворо хунуктар мекунад (Кадом зимистони хунуку хушкро дар хотир доред?).

Бояд дар хотир дошт, ки тагйирёбии фишор ва самтхои бод аломатхои аввалини ивазшавии обу хаво мебошанд (аз мушохидаи махалатон дар ин бора дар дафтари хавосанчи кайдхо кунед).

Пешгуии обу хаво. Пешгуии обу хаво ахамияти калон дорад. Пешаки донистани тагйирёбии обу хаво барои касбу корхои гуногун, махсусан, сохаи кншоварзи, наклиёт, лётчикхо, бахрнавардон ва гайра нихоят мухим аст (инро аз мушохидахои худ бо мисолхо исбот кунед). Барои тартиб додани маълумотн аники обу хаво дар бораи холати атмосфера дар тамоми сатхи Замин маълумот доштан зарур аст.

Пешгуии обу хаво кори сахл нест. Он мехнати якчояи метеорологхои бисёр мамлакатхоро талаб менамояд. Аз стансияхои метеорологи ва аз онхо ба марказхои умумичахонии метеорологи, ки дар Москва. Вашингтон (ИМА) ва Мелбурн (Австралия) чойгиранд, ахборот дода мешавад.

Дар Точикистон маркази хадамоти метеорологи дар Душанбешахр вокеъ аст. Дар маркази обухавошиносин Чумхурии Точикистон – шахри Душанбс тамоми маълумоти гирдоварда бо хисобмошинхои электрони тадкик карда мешавад. Стансияхои метеорологии шахру нохияхо ахборро ба шахри Душанбе медиханд. Барои хар як мухлати мушохида харитаи обу хаво” – харитаи синоптики (аз юнонй, маънояш ‘ хамаро якчоя мушохида кардан”) тартиб медиханд. Дар он бо аломатхои шарти ва ракамхо маълумоти асосиро дар бораи обу хавои хамаи махалхои мавриди мушохида кайд мекунанд. Аз руи харитахои мухлатхои гуногун мутахассисони обу хавосанч суръат ва самти чойивазкунии анбухи хаворо муайян карда, обу хавои рузхои ояндаро, пешгуи мекунанд.

Маълумоти обу хаворо ба воситаи радио ва телевизион шунавонда, дар намуди чопи ба идорахон мухими мамлакат,пеш аз хама ба сохахои кишоварзи, наклиёт ва гайря  мефиристанд. Маълумоти обу хаворо дар рузномахо хам чоп менамоянду дар сомонахои интернети мегузоранд.

Обу хаворо дар асоси аломатхои махалл, ки ба мушохидахои бисёрсола асос ёфтааст, пешгуи кардан мумкин аст. Масалан, вазидани бод аз гарб ва ба вучуд омаданн боришот, пайдошавии халкахои сурхи гирди Офтоб хангоми гуруб аз хуб шудани обу хавои рузи дигар шаходат медиханд; Туман торафт боло барояд, борон меборад. Агар гусфандон обро кам хурда, рузона хобанд, борон меборад. Оби дарё кам шавад, борон меборад, зиёд шавад хавои софро бояд интизор шуд. Абри сиёх паст фуромада, тез гузарад, борони бардавом меборад. Агар пагохи туман ба сатхи Замин нихоят маздик бошад. хавои офтоби мешавад (Оё шумо чунин аломатхон махаллии обу хаворо мушохида кардаед? Дар бораи онхо чй гуфта метавонед?).

Савол ва супориш

  1. Обу хаво чист? Чй гуна будани обу хавои махалатонро накл кунед.
  2. Дар бораи унсурхои асосии обу хаво ва ахамияти онхо чи медонед?
  3.  Барои чи обу хаво дар давоми шабонаруз тагйир меёбад?
  4.  Обу хаво дар махали шумо хангоми тобистон ва зимистон аз гарб. шарк ва шимол ворид шудани анбухи хаво чй тавр тагйир меёбад? Бигуед, ки боришотро ба махали шумо кадом анбухи хаво меорад? Дар кадом мавсими сол дар махалатон боришот зиёд меборад?
  5. Дар бораи навъхои бештар хукмрони обу хаво ва сабабхои он хулоса бароред. Хар як навъи обу хаво чанд руз буд?
  6. Дар кадом фасли сол дар махалатон обу хаво ноустувор аст? Мушохидаи якрузаатонро дар дафтари хавосанчи кайд кунед.

Инчунин кобед

zamin-1

КОМПЛЕКСХОИ ТАБИИИ МАХАЛ ВА ОНХОРО ТАГЙИРДОДАНИ ИНСОН

Шумо медонед, ки комплексхои табий дар натичаи робита ва таъсири мутакобилаи чинсхои кухй, хаво, об, …