Главная / Илм / ОБ- МАХЛУЛКУНАНДА

ОБ- МАХЛУЛКУНАНДА

Аз чуй як истакон оби тира мегирем. Онро дар як чо мегузорем. Рузи дигар, ба истакон нигох карда, дар таги он маводи тахшиншударо мебинем. Ин чиро нишон медихад?

Хангоми чорй шудан об бо худ хиссачахои халнашавандаи регу лой ва дигар маводхоро бо худ мебарад. Онхо дар таги истакон тахшин мешаванд. Инхо моддахои халнашаванда мебошанд.

Оби аз моддахои халнашавандаро ба шиша чаконида, онро гарм созед. Об бухор гардида, дар шиша аз катрахои он доги сафед боки мемонад.

Бад-ин тартиб, метавон хулоса кард, ки дар об хамеша моддахои халшаванда мавчуд мебошанд.

Ин моддахо махсусан дар обхои намакини укёнусу кулхо бисёранд.

Таври мисол, дар оби кули Иссиккул моддахои халшаванда хеле бисёранд. Дар табиат оби комилан тоза вучуд надорад.

Шакар, намаки оши – ин моддахое мебошанд, ки дар об хуб хал мешаванд. Агар ба об якчанд пораи ин моддахоро гузорем, онхо махлулро ба вучуд меоваранд.

Моддахои халшаванда дар об ба молекулахо тачзия мешаванд. Баъзе махдулхо, масалан, махлули шакар ва ё намак, беранг мебошанд. Вале на хама махлулхо беранг мебошанд. Таври мисол, махлули маргансовка рангин мебошад.

Ба истакони обдор бури майдакадашударо андохта, он моеъро омехnа мекунем.

Вай ранги тирагун мегирад. Бур дар об хал намешавад. Доначахои хурди бур, дар мукоиса бо моддахои халшаванда ба молекулахо таксиму тачзия намешаванд. Хиссачахои бур дар об дар холати муаллак боки мемонанд. Аз ин ру, об тира шуда, гайришаффоф мегардад.

Гайр аз ин, дигар моеъхо низ гайришаффоф мешаванд. .Агар хоки хушкро ба об партоед, вай тирагун мешавад. Чунин моеъхои тирагунро моддахои халнашуда меноманд. Хиссахои сахти моддахои халнашуда тахти таъсири кувваи вазнини охиста ба поён фаромада, дар таги зарфхо, ки дар он моеъхо карор доранд, тахшин меша­ванд. Дар махлулхое, ки дар зарфхои пушида карор доранд, сарфи назар аз мухлати карор доштанашон , харгиз тахшин сурат намегирад.

Моддахои халнашаванда тирагун буда, махдулхо шаффоф мебошанд.

Шакар, намаки оши, маргансовка дар об хуб хал мешаванд.

Вале бур, хок хал намешаванд. Вале бо гузашти замон хиссачахои майдаи ин моддахо дар микдори начандон калон метавонанд дар об хал шаванд.

А Дар Табиат моддахое вучуд надоранд, ки комилан халнашаванда бошанд.

Хатто металлхо, тилло, ва нукра дар микдори бисёр кам дар об хал мешаванд.

Ф .Агар чумчаи нукрагинро дар истакони обдор гузорем, пас дар микробхое, ки барангезаи беморихо мебошанд, мемиранд. Дар тиб чунин обхо барои муоличаи чашм, пуст ва гардан истифода мешаванд.

А Моддахо дар табиат ба халшаванда ва халнашаванда таксим мешаванд.

Чй кадар моддахоро дар об хал кардан мумкин аст?

Обро ба истакон рехта, дар он андак намак андозед.

Дурустакак онро омехта кунед. Боз андаки дигар намак илова кунед. Вай низ хал мешавад, вале охиста хал мешавад. Боз андак намак хамрох кунед ва хар кадар онро омехта накунед, вай акнун дигар хал намешавад.

Махдуле, ки дар он дар харорати муайян модда дигар хал намешавад, махсули гализ номида мешавад.

Агар махлули намаки гализ омада карда, ба он намак хамрох карда, гарм намоем, пас як кисми намак хал мегардад. Пас, маълум мегардад, ки хангоми гарм кардани махлул махдулнокии моддахо баланд мегардад. Истаконро ба оби сард гутонед. Хангоми хунук шудани махлули гализ тавассути намак, кристалхо пайдо мешаванд.

Бисёр моддахо мисли намак хангоми баланд шудани харорат махлулнокшавиро зиёд намуда, хангоми паст шудани харорат, баръакс, махулнокй кам мешавад. Вале на дар хама мавридхо чунин мешавад. Дар чойнаку самоворхо кафк ё сарчуш пайдо мешаванд. Ин гачи маъмулй мебошад. Махдулнокии он хангоми чушидани об кам мешавад.

Дар об хам моеъхо ва хам газхо мунхал мешаванд. Ба ду истакон об мерезем. Ба яке аз ондо андак спирт, ба дигараш керосин мерезем. Тавассути мушохида мебинем, ки спирт дар об дуб, вале керосин бад мундал мешаванд. Аз байни газхо кислород дар об хуб мунхал мешавад. Аз ондо модихо, дайвонхо, растанидое, ки дар зери об зиндагй мекунанд, нафас мекашанд.

АСОСИТАРИН НУКТАХОИ МАВЗУЪ:

Дар об моддахои сахт, моеъхо ва газхо мундал мешаванд.

Ф Супориш

  1. Дар хона махлули гализи намакро тайёр кунед. Онро ба зарфи шишагин рехга, барон тахшин шудан барои якчанд руз дар ягон чо гузоред. Муайян кунед, ки ходисае pyx додааст.
  2. Ба истакон оби хеле сардро бирезед. Дар деворхои истакон чй пайдо мешаванд? Ин ходисаро шарх бидихед.
  3. Тавассути тахшинкунй оби тирагунро то за кунед.
  4. Барой тоза кардани об тачриба гузаронед.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …