Главная / Чугрофия / ОБХОИ ХУШКЙ- ОБХОИ ЗЕРИЗАМИНИ

ОБХОИ ХУШКЙ- ОБХОИ ЗЕРИЗАМИНИ

Обхои хушки. Тамоми намуди обхои хушки (зеризамини ва руизямини) аз боришот пайдо мешаванд Боришоте, ки ба сатхи хушки мерезад, кисман бухор шуда, кисман ба Замин мезахад. Бокимондаи он дарёхо, кулхо, ботлокхо, пиряххо, бахру укёнусхоро ба вучуд меорад. Мачмуи онхо (обхои зеризамини ва руизамини)-ро обхои хушки меноманд.

Обхои зернзамини. Пайдоиши обхои зеризамини ба боришот ва обгузаронии чинсхои кухии сатхи хушки вобаста мебошад. Барои он ки обхои зеризамини дар натичаи аз сурохи, таркиш, чойхои холигии байни кисмхои чинсхои кухи захидани оби борон, жола, барфи обшуда хосил мешаванд. Дар ин маврид кобилият ва хусусияти обгузаронии чинсхои кухи ахамияти калон дорад. Хар кадар чинсхои кухии порашуда зиёд, фосилаи байни зарралундахо ва таркиши чинсхои кухи Млон бошад, хамон кадар суръати захидани об меафзояд ва об кабати чинсхои кухй зудтар мегузарад. Хок, per, шагал, санреза, сангча аз кабили хамин гуна чинсхои кухи мебошанд. Хамаи ин чинсхои кухиро чинсхои кухии обгузар меноманд. Днгар чинсхои кухии яклухт ба монанди гил, санги хоро, вараксанг таркиш надошта бошанд, обро аз худ намегузаронанд ё ки нихоят суст мегузаронанд. Онхоро чинсхои кухии обногузар мегуянд.

bahr

Хамин тавр, кабатхоеро, ки аз чинсхои обгузар хосил шудаанд. кабатхои обгузар, кабатхоеро, ки аз чинсхои обногузар ба вучуд омадаанд. кабатхои обногузар меноманд.

Оби боришоти атмосфери (борон, барф, жола) ва обхои сатхи Замин аз чинсхои обгузар ба осони гузашта, дар болои кабати обногузар чамъ мешавад. Дар ин чо кабати обнигахдорро хосил менамояд. Об кабат, сурохи, таркиш фазои байни чинсхои кабати обнигахдорро фаро мегирад. Дар натича кабати обдор ташаккул меёбад, ки онро оби зеризамини меноманд. Самти харакати он ба моилии кабати обногузар вобаста мебошад. Оби кабати обногузар ба кадом тарафе, ки нишеб бошад, ба хамон тараф харакат карда, аз он чое, ки кабати обногахдор ба руи Замин урён шудааст, хамчун чашма баромада чори мешавад. Ба акидан Ибни Сино “Обхо дар натичаи чамъ шудан ва пуркувват шудан ба берун зада мебароянд ва чашмахоро хосил мекунанд. Ана аз хамин сабаб хам мебинем, ки аксари чашмахо фаввора зада мебароянд”.

Чинсхои кукии тахшин ва пораги дар кисми  болои кишри Замин кабат- кабат хобидаанд. Дар ин сурат кабатхои обгузар ва обногузар метавонаяд якдигарро пай дар хам иваз намоянд. Ин имконият медихад, ки дар байни ду кабати обногузар оби байни кабатхо хосил шавад. Об ба кабатхои обногузар хамон вакт дохил мешавад, ки агар ягон кисми он кабатхо дар руи Замин урён бошад. ё ки онхоро оби дарё кофта чорй кунад. Дар хар ду холат нисбат ба кабати обнигахдор оби байни кабатхо суст чамъ мешавад, чунки дар ин чо сатхи кабати чинсхои обгузар фарох набуда, махдуд аст.

Обхои зеризамини нисбат ба кабати обгузар наздик ва ё дур чойгир шудаанд. Инро аз руи кабати болои обхои зерлзамини муайян мекунанд, ки онро сатхи оби зеризамини меноманд. Баланди ва пастии он ба зиёд ва кам будани боришот, наздик ва сероб будани дарё, кулу обанборхо (дар холати дур будан паст мешавад), ба яклухти ва бо чару сойхо ба кисмхо чудо шудани сатхи махал вобаста мебошад. Агар махал ба китъахои алохида чудо бошад, дар ин сурат сатхи оби зеризаминй паст мешавад.

Истифодаи обхои зеризамни. Вобаста ба таркиб (ширинй ва шури) ва хосият (хунук ва гарм) обхои зеризамини васеъ истифода бурда мешаванд. Оби чашмаро одамон барои нушидан, обёри ва дигар эхтиёчоти зиндаги истифода мебаранд.

Агар кабати обдор дар байни ду кабати обногузар чойгир шуда бошад, оби байни онхо  фишордор мешавад. Хангоми парма кардани Замин аз кабати обдор об фаввора зада мсбарояд. Онро чохи артезиани мегуянд.

Об халкунандаи табий мебошад. Вай намакхо ва газхоро дар худ махдул мекунад. Бинобар ин дар баъзе минтакахои руи Замин аз зери Замин об баромада чори мешавад, ки аз намак ва газхои махлулшуда ганй мебошад. Онро оби минерали ё маъдани мегуянд. Оби минерали хунук ва гарм мешавад. Чунин об дар каламрави Чумхурии Точикистон ва Кафкоз бисёр аст. Шамбари, Обигарм, Хочаобигарм, Хоча Сангхок, Гармчашма, Баршор, Хавотог, Файзобод дар чумхурии мо ва Боржоми. Ессснтуки, Кисловодск ва гайра дар Кафкоз аз кабили чунин об мебошанд. Дар назди аксарияти ин чашмахо табобатхонахо бунёд кардаанд. Оби онхоро барои табобаги беморихои гуногун истифода мекунанд. Дар баъзе мампакатхо оби гарми чашмахоро барои гарм кардани хонахои истикомати, корхонахо, гармхонаю парвардахонахо ба кор мебаранд.

Мухофизати оби зернзамнни. Дар бисёр минтакахои кураи Замин оби нушокии руизаминй кифоят намекунад. бинобар ин дар он чойхо аз оби байни кабатхо истифода мебаранд. Дар натичаи аз хад зиёд истифода бурдани чунин об дар бъзе минтакахои руи Замин микдори он сол аз сол кам шуда исгодааст. Барои он ки оби байни кабатхо ба монанди оби кабати болои хар сол аз хисоби боришот зиёд намешава Баръакс, чамъшавии онхо  суст ва тулони мебошад. Дар давоми садхо ва хазорхо сол чамъ мешавад. Ин оди менамояд, ки онро одамон сарфакорона ва бомаксад истифода, баранд.

Кабати болоии оби зеризамини ба сатхи Замин бевоси алокаманд аст. Бинобар ин ба воситаи боришот, обхои партови саноат, хочагии кишлок моддахои гуногуни захираи махлул шуда, ба оби зеризаминй хамрох мешаванд ва он ифлос мекунанд. Тоза кардани он гайриимкон аст. Бинобар  кушиш бояд кард, ки чунин моддахо ба обхои зеризамини дохил нашаванд.

Савол ва супорнш

  1. Кадом обхоро обхои хушки мегуянд?
  2. Кадом чинсхои кухи обро мегузаронанд, кадомашон намегузаронанд?
  3. Обхои зеризаминй чи тавр пайдо мешаванд?
  4. Обхои зеризамини аз чихати пайдоиш ва таркиб чанд хел мешаванд?
  5. Чй гуна оби зеризаминиро оби байни кабатхо мегуянд?
  6. Оби зеризаминиро ба кадом максадхо истифода мебаранд?
  7. Хосилшавии оби байни кабатхо аз оби кабати болой чи тафовут дорад?

Инчунин кобед

zamin-1

КОМПЛЕКСХОИ ТАБИИИ МАХАЛ ВА ОНХОРО ТАГЙИРДОДАНИ ИНСОН

Шумо медонед, ки комплексхои табий дар натичаи робита ва таъсири мутакобилаи чинсхои кухй, хаво, об, …