Главная / Гуногун / Нури Хуршед (Макола)

Нури Хуршед (Макола)

Дар ин рузхои фархунда ман Мавлоно Чалолиддини Румиро ба ёд меорам, ки фармудааст:

          Хар касе к-у дур монд аз асли хеш,

          Боз чуяд рузгори васли хеш.

Халки мо аз фарханги бузурги худ солхои дароз дур афтода буд. Танхо баъди ба даст овардани Истиклолияти давлати мо ру ба “рузгори васли хеш” овардем. Вале ин истиклолияти худро бидуни вахдат ва ягонаигии милли пойдор ва ба манфиати эхёи милли равона карда наметавонистем. Хак бар чониби Президенти кишвар мухтарам Эмомали Рахмон аст, ки гуфтааст: “Ва махз ба шарофати сулху субот ва вахдати милли мо тавонистем барои аз бухрони шадиди иктисодиву ичтимои рахо додани кишвар заминаи устувор гузорем”.

Махз хамин заминаи устувор имконият фарохам овард, ки давлати мо дар хама сохахо ба мувафакиятхои беназир сохиб гардад. Ва инак, дар остонаи тачлили чашни фархундаю шукухманди 16-умин солгарди Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон боз як падидаи мухими фарханги ба вукуъ пайваст. Рузи чоруми сентябр Президенти кишвар мухтарам Эмомали Рахмон хишти аввали Китобхонаи миллиро гузоштанд ва ин рузро Рузи китоб эълон карданд.

27s-850x568Сарвари давлат бо як хисси баланди ифтихору самимият дар назди ахли илму адаб ва донишчуёну мактабиён суханрони намуданд, ки бисёр гарму самими пазируфта шуд. Эмомали Рахмон китобро воситаи асосии аз як насл ба насли дигар гузаштани арзишхои таърих ва фархангу тамаддуни хар кавму миллат арзёби карданд. Дар таърихи Точикистон рохбареро ёд надоррем, ки чун Эмомали Рахмон барои ривочу равнаки фарханг, адабиёт, санъат ва маънавиёт пайваста гамхори зохир намояд. Аз он рузе ки Эмомали Рахмон такдири Точикистонро ба даст гирифтанд, камар бубастанду ба ахли кишвар пайвастанд ва аз руи гуфтаи Мавлоно Чалолиддини Руми амал намуданд:

          Мо барои васл кардан омадем,

          На барои фасл кардан омадем.

Боре шохиди гуфтугуи ду нафар шудам. Яке мегуфт:

– Президенти мо чи тавр вакт ёфта ин кадар корхоро ба анчом мерасонанд. Хеч аклам намегирад.

Дигари бо табассум чавоб дод:

– Чунки ватанашро дуст медорад.

Хакко, ки рост аст!

Бале, Президенти кишвар, мухтарам Эмомали Рахмон ватанашро бештар аз чон дуст медорад. Метавон гуфт, ки Точикистонро дар калби хеш чой додааст. Яке аз мувафакиятхои у дар хамин аст. Аз ин ру вай на танхо хама точикони гурезаро ба ватан оварданд, балки точикони тамоми дунёро ба хам пайвастанд. Шароите фарохам оварданд, ки мо такдири худро ба даст бигирем ва хастии таърихи худро бисозем. Ва дар арсаи таърих, дар арсаи чахон барои худ чойгох пайдо кунем. Шоир чи хак гуфтааст:

            Кахра – катра окибат дарё шудем,

            Зарра – зарра кухи побарчо шудем.

Ин аст дар баробари комёбихои барчастаи иктисоди дар хаёти фарханги низ хеле тахаввулоти назаррас ба вучуд омаданд. Халки мо донистанд, ки хаёти чамъият ба чи ранг аст ва кадом чиз ба пешрафти вай халал мерасонад.  Хар яке – чи пиру чи барно – сиёхро аз сафед ба зуди фарк карда тавониста, бо шавку рагбати рузафзун ба худшиносии милли ру оварданд. Иду чашнхои кадимии милли ва динии мо, аз кабили Навруз, Мехргон, Сада, Рамазон, Курбон ва гайра эхё гардид. Дасту дили ахли эчод ва хунар аз якнигохии ичбории мафкурави озод шуд. Устод Гаффор Мирзо – рухашон шод бод! – ифтихору сарбаландии миллати точикро ба се чиз нисбат додааст:

   Точикам ман,

   Ифтихорам аз гузашта, бо дами шамшер нест,

   Ифтихорам тохтан не, сухтан не, горату тасхир нест.

   Се чихозам буд аз рузи азал дар рузгор,

   Се силохи зиндагони – Хомаю ною сипор.

Оре, се силохи зиндагони – калам, най ва сипари чуфтгари доштем ва ин се чизи мукаддас мардуми точикро аз кадим сарбаланду сарфароз гардонда буд.

Президенти кишвар Эмомали Рахмон ин хамаро такмил доданд, иззату арчманд доштани одамро дар мадди аввал мегузоранд. Яъне гамхори кардан, тарбият кардан, яъне фаро гирифтан ба фарханг. Мавлоно Чалолиддини Руми мегуяд:

      Хоча дарёб, ки чон дар тани инсон адаб аст.

Яъне адаб он чавхарест, ки мохияти инсон буданро ташкил мекунад. Мутаассифона имруз мо бештар гирифтори чизпарасти шуда, китоб хондану дониш андухтанро кариб аз ёд бурдаем. Ва ба ин васила аз таърихи миллати худ канда шудаем. Чунин ашхос на худро дармеёбад ва на ба кадри дигарон мерсад. Ба кавли Нимо Юшич, “вучуде ки наметавонад аломати шахсият, навъи худро иброз бидорад, солим нест”. Оре, бемаънавияти мудхиштарин беморист, хатто мудхиштар аз вабо. Зеро шахсе ки дар банди ин мараз мепечад, ба хар кори нопок кодир аст. Аз ин ру Президенти кишвар мухтарам Эмомали Рахмон хануз соли 2005 дар баромади худ дар ЮНЕСКО гуфта буданд: “Такозои асри XXI – такозои ахлок аст”. Ин аст, ки хамеша таъкид менамоянд, ки ру ба фархангу хирад оварем. Бале, танхо фархангу хирад метавонад моро начот дихад. Охир, устод Рудаки бесабаб нафармудааст:

            Хеч ганче нест аз фарханг бех,

            То тавони, рав туву ин ганч нех.

Кобили зикр аст, калиди фархангу хирад дониш мебошад. Бехуда хам Абуабдуллохи Рудаки нагуфтааст:

          Дониш андар дил чароги равшан аст,

          В-аз хама бад бар тани ту чавшан аст.

Дониш бошад аз хониш – хониш аз китоб. Оре, китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи акл, махзани фарханги милли, пояи тамаддуни чахони мутамаддин, хосса ойинаи хаёт ва калиди дари ганчи сухан аст. Бинобар ин “ганч магир – китоб гир” – мегуянд. Ганч агар масраф гашта, ба итмом расад, китоб як умр чун ёри бовафо ва беозор боки хохад монд. Вокеан, дар ягон давру замон бе китоб – гизои маънави зиндагии рангинро наметавон тасаввур намуд. Ба таъбири халк: “Хонаи бе китоб – рузи бе офтоб” аст. Бале, бе китоб дунёи маънавии худро бою гани сохтан аз имкон берун аст. Аллома Мухаммади Икбол пайгамбарона гуфтааст:

         Баргу сози мо китобу хикмат аст –

         Ин ду кувват эътибори миллат аст!

Аз ин ру миллати мо аз кадимулайём китобро баробари нон эхтиром мекунанд – ба ин маъни, ки кадри китоб дар зиндаги аз нон камтар нест; агар нон барои инсон мабдаи гизои чисмони бошад, китоб рухи вайро солим нигох медорад. Бад-ин чихат, китоб хамкадаму хамдам ва зиёда аз он “аниси кунчи танхои” ва “фуруги субхи донои”-и рузгори мост. Сохиб гуфтааст, ки: “Руе, ки нагардад зи касе, руи китоб аст!”. Бале, китоб дустест бегараз ва вафодор.

Таваччухи Президенти кишвар Эмомали Рахмон ба макому мартабаи китоб хеле баланд мебошад, ба китоб эхтиром ва эътикоди хосса доранд ва ба китоб то хадде арч мегузоранд, ки мегуянд: “Китоб дар радифи Модар ва Ватан арзандатарин мукаддасот ба хисоб меравад”. Ин аст, ки хар сол барои табъу нашри асархои адибон маблаги зарури чудо мекунанд. Соли 2003 китоби банда хам бо унвони “Осоиш” бо дастгирии Президенти кишвар мухтарам Эмомали Рахмон чоп шуд, ки аз эшон миннатдорам ва аз забони шоир мегуям:

   Ба ин марди Худо аз чону дил шукрона бояд кард,

   Дуъои давлату чонаш ба хар як хона бояд кард,

   Хама умр эътирофи хизматаш мардона бояд кард,

   Ба рохи сулх рафта, зиндаги ахлона бояд кард,

   Дигар такрори он айёми шум асло набояд кард,

   Ватан обод бо ин рахбари фарзона бояд кард.

Он руз дар чехраи хама нури шоди мавч мезад. Расмхои лоихаи Китобхонаи миллиро тамошо карда, аз шукуху шахомати он дар хайрат мемонданд. Дилхо бол бароварда меболид. Ногох овози ким-ки баланд шуд:

– Ох, ана ин каср!…

– Чи кадар зебо!…

– О-ох!…

 Китобохонаи милли бо шукуху шахомати зохири ва ботинии худ ба онхое, ки бо як магруриву бемасъулияти мегуянд – халки точик то инкилоб хат надошт, саросар бесавод буд – зарба зада, дархои аклониро ба руи хамаи мардумон боз мекунад. Хар касе ки ба ин чо ворид гардад чахони дигаре уро ба огуш мегирад. Ин чахонест бекарона. Дар ин чахон мухаббат дарёбад ва хакикат бардорад. Хулосаи катъи ин аст, ки Китобхонаи милли рах ба суи нури хуршед аст.

Бале, Китобхонаи милли манбаи нур аст. Бар тан чавшан бахшида дилхоро равшан мекунад. Ва хар кас дар ин чо худро дармеёбад

Бале, рох ба суи худ аз хамин чо шуруъ мешавад. Чунин аст рисолати Китобхонаи милли. Ва мо ба Президенти кишвар мухтарам Эмомали Рахмон сипос мегузорем ва орзу мекунем, ки Китобхонаи милли хар чи тезтар дархояшро ба руи мо кушояд.

6 сентябри соли 2007

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

unnamed-6

БОЗОРИ «СИЁХ

Ибтидои рузи харобу хастаи тирамох. Шамолаки сарде мевазид. Шоххои дарахтон алвонч мехурданд ва баргхои тиллоранги …