Главная / Гуногун / Нон КУР кунад, касеро, ки ХОРАШ мекунад

Нон КУР кунад, касеро, ки ХОРАШ мекунад

Ин озмун мавзуи нихоят мухиму доги руз ва айни муддаоро мавриди бахс карор додааст. Ташаббуси оличанобона, зарур, манфиатбахш, табобати бемории хавфноки гузаранда гуям, хато намекунам. Пешаки ба ташкилкунандагонаш изхори ташаккур менамоям, зеро ки «дарди нонро табобат» бахшида истодаанд. Ман, муаллифи ин сатрхо 85 – солаам. Дар мавзуи нон, бузурги ва хор шудани нон бисёр саргузаштхо медонам. Як-ду лахзаи онро айнан ба хонандаи арчманд пешниход менамоям: Аввалхои бахори соли 1944 буду чанги дуюми чахонии солхои 1939-1945 тамоми дороии мардумро ба комаш фуру бурда буд.

нон кур кунадХатто дар куху сахро решаи алафхои хурдани намонда буду муриши одамон нисбати солхои пешин бештар мегардид. Он замон ман 12 – сола будаму азобу укубатхоро бо чашми худ дидаву шохиди он будам. Аз дехаамон Зимтуд – нохияи Колхозчиёни хамонвакта мо як гурухи кариб хамсиннусол духтарону писарон ба мавзеи Хуштокур ба чустучуи тотин (як навъи гиёх), ки нонамон асосан хамон буд, рафтем. Хануз ба макон нарасида, яке аз хамрохамон, ки Рачаб ном дошт ва мо онро «Рачаби Назри» мегуфтем, дар нимарох истоду «ман дигар рох рафта наметавонам» гуфта, дар чояш нишаст. Аз мо хамрохонаш тотини хурдани пурсид. Вале дар ягон кас ин тушаи рох набуд.

Мо уро ба холи худ гузошта, болотар ба чустучуи тотин рафтем. Вале хайхот, хама чо шудгор кардаги буд. Ба чуз ду-се нафар як-ду бех ёфтанду дигарон бо дасти холи баргаштем. Аз бозгашт дидем, ки Рачаби Назри дар чои нишастагиаш нест. Аввал гумон кардем, ки у ба деха баргаштааст. Э-е, анна токиаш дар ин чо гуфт касе. Ба поёнтар нигох кардем, ки у дил ба замин хоб, чунбондем, намечунбид. У аз гуруснаги кайхо чонро ба чаббор супорида буд…

Баъди чанд рузи дигар ман бо Латофати бевазан ва ду духтари хамсоя боз ба хамон мавзеи Хуштокур ба чустучуи тотин рафтем. Латофатхола «чои тотиндорро медонам» гуфта, моро пешаки дилпур карда буд. Ба чои хола гуфтаги – Талоки сафеди болои оромгохи Газза расидем. Вале аз тотин ному нишоне набуд. Холаи Латофат бо ангушти ишоратиаш як хамвории миёнаи тола (шах)-ро нишон дода: «Ана он чо тотин дорад, хамон чо мебароем»- гуфт. Вале мо он чо баромадан натавонистему ба чамъоварии хезум машгул шудем, то ки холи барнагардем.

Тахмин баъд аз ним соат як овози хавотиркунанда баромаду аз суфаи кух ба пеши мо пайкараи шалхаю хунолуди Латофатхола фаромад. Як-ду маротиба дахон кушоду дигар начунбид. Ман ва хамсоядухтархо –Мохбибию Норбиби ларзону гирён ба деха омада вокеаро хабар додем. Мардхои калонсоли деха часади хола Латофатро оварда хамон руз ба хок супориданд. Хамин тавр ду маротиба ба Хуштокур рафта тотин наёфтам аз дасти гуруснаги ду нафар дар кух чон бохтанд… Мо насли дар азият калон шуда, хамеша кадри нон медонем ва акнун ба пири расида, чавононро насихат мекем, ки нонро хор накунанд. Аммо дар чомеа баръакси инро мебинам.

Ба наздики бо сабабе ба пойтахт ба шахри Душанбе рафтам. Бисёр ободу зебо шудааст, ба шахрдорон офарину тасанно гуфтам, аммо ходисаеро дида, хеле мутаассир шудам. Баъди аёдати беморе аз маркази саломатии шахр баромадаму аз тарафи чанубу гарбии он, кад-кади нахри об, ки дар тарафи росташ симхору девори баланд буд. Андаке рох рафта дар китфи чап хонахои баланди истикомати пеш омад. Дар ру ба руи бинохо 3 куттии калони «мусор» меистод. Тасодуфан чашмон ба нон афтод. Наздиктар рафта, бинам дуто нони калони танурии сурху базеб ва тоза, як кисмаш ба даруни пучоки тарбуз меистод. Нонхо тозаю озода, кок хам не.

Дар тааччуб мондам. Айби онхо дар чи бошад? Нонхоро гирифта хуб аз назар гузаронида, бинам пушти яке каме сафед шуда буд, дигари он тозаву озода, лола барин сурх, хар ду хам андозаи як хела дошту хачман калон, элак барин гирд ва пурра. Хамон хел нонро дигар дар хеч чои Душанбе надидам. Нонхоро дар газетаи дар дастам буда ба хона овардам, ду руз онхоро бо иштихои том хурдам, хеле бомазаву хушхур буд. Боз чанд чои дигар дар партовгоххо нони нимаву бурида, булкахои бутунро дидаму дилам реш, замони чанг давраи бачаги ёдам омад.

Намедонам, онхое, ки нонро мепартоянд, кихо бошанд? Бойзанхои азхудрафта ё пули бедардимиёнмеёфтахо? Мусулмон бошад ё худобехабар, таълимдида бошад ё дипломдори бесавод, шеф бошад ё дастнигар? Касе, ки набошад, нон уро кур кунад… Нурали ДУСТАЛИЕВ, собикадори матбуот, аъзои Иттифоки журналистони Точикистон

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …