Нок

nok-00-660x330Нок — Ин дарахтест, ки навъхояш гуногун ва самараш ранг ба ранг мебошад, ки инро амруд хам меноманд. Бехтарини он ноки сероби ширин ва пусташ нафиси он аст. Мизочи ноки пухтаги, ширин ва сероби он моил ба гарми, яъне дар дарачаи якум гарм аст ва дар дарачаи дувум тар мебошад; мизочи дигар кисмхои он дар харорат муътадил ва дар дарачаи дувум тар, вале баъзеаш моил ба хушки мебошад.                                                                                      .

Хислатхои шафобахши он: пухтагии онро бихуранд, майнаро аз нами таъмин мекунад, назлахоро дафъ месозад аз боиси он, ки ба майна баромадани бухорхбро манъ менамояд. Инчунин хурдани он фарах меоварад; дил, меъда ва дигар узвхои хозимаро кувват мебахшад: дилтапак (дилбози), ташнаги ва сузиши хичакро дафъ мекунад, холати бади хунро ба эътидол меоварад, дарунро мулоим мекунад; баъд аз хазм ёфтан баромадани бухоротро ба майна манъ менамояд, хусусан, ки нокро баъд аз таом бихуранд, ин хислаташ зиёда мегардад.

Агар инро куфта гузошта банданд, ба узвхо рехта шудани моддахои зарарнокро манъ мекунад. Нок дафъкунандаи захри занбуругхо мебошад. Чун замбуруги  захрнокро бо нок якчо бипазанд, захрнокиашро дафъ мекунад ва зарари он нест мешавад.

Мизочи хамаи кисмхои дигари дарахти нок сард ва хушк аст. Гулашро бихуранд, фарах меоварад, дилро кувват мебахшад, хун кай карданро манъ мекунад, исхолро мебандад. Агар куфта гузошта банданд, варами чашмро тахлил медихад. Тухми нок бадмаза, агар бихуранд, дилро бехузур (бечо) мекунад, вале агар 9 грамми онро куфта бихуранд, кирми меъдаро кушта ихроч менамояд. 17,5 грамм баргащро бихуранд, исхолро мебандад. Агар барги хушки онро куфта бипошанд, чарохатхоро хушк гардонида сихат мебахшад.

Шилмаш тахлилдиханда ва башиддат пазонанда аст. Чуб ва барги нокро сухта, чун сурма ба чашм кашанд, таъсираш монанди тутиё мебошад. Сухтаи инро бипошанд, захмхоро хушк мегардонад. Ноки ширин ва пухтагии он чандон зарар надорад, хусусан барои одамони гарммизоч безиён аст, вале ба касони сардмизочи заифмеъда зиён мекунад.

Агар нокро бисёр бихуранд, бод пайдо мекунад ва хусусан хоми норасидаи онро бисёр бихуранд, хатто иллати кулинчро ба амал меоварад. Хангоми зарар расониданаш занчабилро дар сирко тар карда ва арпабодиён истеъмол намоянд, то ки ислохи зарари он намояд.

Аммо бояд, ки нокро дар вакти холи будани меъда нахуранд, балки баъди аз меъда фуромадани таоми хурдашуда, нокро истеъмол фармоянд. Нокро хурда, аз болояш оби хунук нанушанд, таоми бадхазм нахуранд, инчунин онро бо гушт якчо хурдан раво нест, аммо бо шурбои гушти парандахои сабукхазм хурдан мумкин аст. Ноки туршро ноки чини хам меноманд. Бехтарини ин низ пухтагии сероби он аст. Мизочи ноки турш дар дарачаи якум сард ва дар дувум хушк аст.

Хислатхои шифобахши он: инро бихуранд, меъда ва чигарро кувват мебахшад, ба таом иштихо меоварад, фишори баланди хун ва сафроро паст мекунад, инчунин чушиши ин ду моддаро дар бадан сокин мегардонад, баромадани бухорро ба майна манъ менамояд, дар бадан моддахои солим пайдо месозад, ташнаги ва кайро монеъ мешавад хох тар ва хох хушкашро бихуранд. Агар аз болои таом бихуранд, ба магзи сар баромадани бухорхои зарарнокро манъ мекунад.

CREATOR: gd-jpeg v1.0 (using IJG JPEG v80), quality = 95
CREATOR: gd-jpeg v1.0 (using IJG JPEG v80), quality = 95

Вале хурдани ноки турш ба пирон, ба беморони иллати кулинчдошта ва одамони сардмизоч зарар дорад, инчунин ба асаб хам зиёнкор аст, низ кулинчро пайдо мекунад. Барои дафъи зарари он асал ва дигар ширинихо хурдан кифоя аст. Агар ин нокро бо бухори об ё дар хамир печида, дар зери оташ бипазанд ва ё бо асал ва шакар мураббо карда бихуранд, он гох безарар мегардад, факат фоида мебахшад.

Ноки даштиро дарахташ майдатар, инчунин мевааш хам резатар, беоб, таъмаш ба тунчи моил ва гуё дарунаш пури рег бошад, чунин махсус мешавад хангоми хоидан. Мизочи ин дар дарачаи дувум сард ва дар севум хушк аст. Хислатхои шифобахши он: талкони хуппси онро бихуранд, исхолро мебандад. Агар ордаки инро бипошанд, чарохатхоро хушк мегардонад ва дар захмхо гушти нав меруёнад. Ин навъи нок бар зидди захри занбуруг тарёк мебошад, чун инро бо занбуруги захрнок якчо бипазанд, захри онро нест мекунад.

Хокистари чуби онро бихуранд, аз захрнок гаштан ба дарди гулуи шадид гирифтор шуда бошанд, сихат мекунад, инчунин аз дигар чизхо захролуд гашта бошанд, ислохи зарари он менамояд. Вале хурдани ноки дашти ба асаб зарар дорад, инчунин иллати кулинчро, ки дард ва варами рудахои гафс аст, пайдо мекунад. Дар ин мавридхои зарар ёфтан аз хурдани ин, давояш асал ва дигар давохои хушбуй хурдан аст.

Ноки кухи, ки инро олмуруб хам меноманд, ду навъ аст. Як навъаш дар кухсорхои минтакахои гарм меруяд, ин калонтар аст ва дар вакташ пухта мерасад, бисёр хушхури лазиз аст. Навъи дигараш дар кухсорхои сард меруяд, ки самари ин ба зуди пухта намегардад, хатто бар болояш барф меборад, вале хамон тавр сахт ва даруни гушташ гуё пур аз рег бошад, хангоми хоидан махсус мешавад. Таъмаш тунч ва турш аст, хачмаш майдатар аз олу, вале ба шакли нок санавбаришакл аст. Инро мардуми ориф дар хамон хомиаш дар вакти тирамох чида, дар хона хушк мекунанд, бисёр сертухм аст.

Хангоми хочат ба касоне, ки гирифтори дарди гулу ва инчунин бадтарин намуди дарди гулузиндонак (хурусак) гарданд, дар об чушонида, он обро менушонанд, дар як интихояш, дар ду дафъа сихат меёбанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …