Главная / Илм / Низомнома оиди бучасози

Низомнома оиди бучасози

1.  МУКАРРАРОТИ УМУМИ

  • Низомномаи мазкур стандарти тартиби раванди бучетсозиро дар ЧСП «Бонки Точикистон» (минбаъд «Бонк») дар шароити чори тартиб дода шудааст.
  • Ташкили раванди бучетсози дар ЧСП «Бонки Точикистон» ба Шуъбаи мухосибот ва омори Бонк вогузор карда шудааст.
  • Зери мафхуми раванди бучетсози як катор корхо фахмида мешавад, ки дар фаъолияти он чунин самтхо равона карда мешаванд:

buja

  • тахияи бучети Бонк дар сатхи зарурии тафсил;
  • гузаронидани тартиботи барраси ва тасдики он;
  • ташкили мониторинги доимии ичроиши он аз тарафи сохторхои дахлдори Бонк .
    • Раванди бучетсози дар Бонк бо тарзи «аз умуми ба чузъи» сурат мегирад, яъне аввал дар асоси дастурхои макомотхои идоракунии Бонк пешгуии нишондихандахои фоиданокии молиявии Бонк тартиб дода шуда, баъд дар алохидаги ба сохторхои амалиёти, даврахои сол ва намудхои махсулотхои Бонки тахия мегардад.
    • Хангоми тахияи бучет хамаи манбаъхои маълумотхоро ба хисоб гирифтан зарур мебошад, ки аз чумлаи онхо бояд хатман истифода бурда шавад:
  • Тавозуни пешакии Бонк (бо маълумотхои хисоботии вокеъи),
  • Тарофахо барои хизматрасони ба мизочони Бонк;
  • Хуччатхои дохилинизомии Бонк, ки сиёсати фоизии Бонк ро муаяйн менамояд,
  • Низомномахои дохилинизоми, ки тартиби гузаронидани амалиётхои алохидаи Бонк иро ба низом медароранд (аз руи карзхо, амонатхо, интиколи маблаг ва гайра),
  • Чадвали бастии вохидхои сохтории Бонк,
  • Маълумот оиди харочотхои капиталии чори ва накшави, ки маблаггузории заруриро барои соли пешгуишаванда дар бар мегирад.
    • Пешгуии молияви бояд ба маълумотхои сохторхои фронт-офисии Бонк вобаста ба хачм ва шартхои фуруши махсулотхои Бонк и дар давраи пешгуии молияви дар алохидагии ба хар як мох, инчунин маълумотхои пешбинигардидаи сохторхои бэк-офисии Бонк дар алохидаги ба хар як моддае, ки ба харочотхо ва даромадхои умумиБонк и мансуб мебошанд, асос ёбад. Сохторхои «фронт» ва «бэк» офисии Бонк дар вакти банакшагирии фаъолияти худ барои соли молиявии пешоянд, бояд дар асоси маълумотхои вокеъии соли гузашта такъя намоянд.
    • Дар вакти тахияи бучет Шуъбаи мухосибот ва омор ин аст, ки барои ворид намудани нишондихандахои вокеъи (соли гузашта) ва пешгуи (соли пешоянд) ба хамаи вохидхои Бонк формати ягонаи чадвалхои электрони пешниход намояд.
    • Стандартикунонии чамъоварии нишондихандахо, ки хангоми тахияи бучет истифода мешаванд, бояд ба Шуъбаи мухосибот ва омор Бонк дар мавриди чамъбасти маълумотхо имконияти дар вакташ гузаронидани тахлил, нисбати кобили кабул будани ракамхои пешбинигардида ва инчунин, хангоми чамбаст намудани нишондихандахо тахияи шаклхои асосии хисоботхои молиявиро барои давраи пешгуи  имконият дихад:
  • Пешгуии бучети (пешгуии даромад ва харочотхо),
  • Пешгуии тавозуни (таркиби дороихо ва ухдадорихо),

инчунин дар асоси меъёрхои мукарраргардида нисбати даромади софи сохторхои амалиётии Бонк , хисоби алохидаи фонди музди мехнат пешниход гардад.

2.  МАРХИЛАХОИ ТАХИЯИ БУЧЕТИ БОНК

  • Мархалаи тахияи бучети Бонк аз 4 давра иборат мебошад:
  1. Давраи тайёри,
  2. Давраи банакшагири дар сатхи сохторхои амалиётии Бонк,
  3. Давраи чамъбасти нишондихандахо дар сатхи Шуъбаи мухосибот ва омори Бонк,
  4. Давраи мутахидсозии нишондихандахои пешбинигардида ва тахияи бучет.
    • Давраи якум дар Саридораи Бонк мохи августи соли пеш аз банакшагирифташуда огоз мегардад. Дар мархалаи мазкур дар асоси дастурхои макомотхои идоракунии Бонк пешгуии нишондихандахои фоиданокии молиявии Бонк тартиб дода шуда, бо максади дуруст ба рох мондани раванди бучетсози ба вохидхои сохтории Саридора ва сохторхои амалиётии Бонк аз тарафи Шуъбаи мухосибот ва омор барои пуркуни формати ягонаи чадвалхои электрони равон карда мешавад.
    • Давраи дуюм дар сатхи сохторхои амалиётии Бонк гузаронида шуда, аз тарафи онхо бояд нисбати дуруст ва саривакт пур намудани намудхои чадвалхои электронии дар формати MS-Eхcel, ки аз Шуъбаи мухосибот ва омор дастрас шудааст, чорахо андешида шавад.
    • Давраи сеюм дар сатхи Шуъбаи мухосибот ва омор Бонк чадвалхои тайёркардашуда чамъовари шуда, дуруст будани нишондихандахои вокеъии овардашударо бо тавозун тафтиш карда шуда, хамзамон аз тарафи рохбарияти сохтори амалиётии Бонк «химояи» бучет дар  Саридораи Бонк гузаронида мешавад.
    • Давраи чоруми мархалаи тахияи бучет бояд мохи ноябри соли пеш аз банакшагирифташуда ба итмом расад, ва он баъди маъкул донистан аз тарафи Рохбарияти Бонк, бораи тасдик дар сатхи Шурои Нозирони ЧСП «Бонк и Точикистон» пешниход мегардад. Тасдики Бучети Бонк бояд то охири мохи декабри соли пеш аз банакшагирифташуда гузарад, то ин ки сохторхои амалиётии Бонк аз 1 январ онро барои рохбари ва ичроиш кабул намоянд.

3.  СТАНДАРТХОИ ЧАМЪОВАРИ ВА ЧАМЪБАСТИ    НИШОНДИХАНДАХО

  • Барои ноил шудан ба нишондихандахои сахех, хангоми тахияи Бучети ЧСП «Бонк и Точикистон» ва назорати ичроиши он, маълумотхои зарури бояд аз низоми бахисобгирии Бонк гирифта шавад, ки дорои кисми зиёди нишондихандахои дар банди 1.05. Низомномаи мазкур мебошад, манъбаи асосии маълумот мебошад.
  • Бо истифода аз чадвалхои электронии аз тарафи Шуъбаи мухосибот ва омор пешниход гардида, сохторхои амалиётии Бонк бояд тафсили тамоми нишондихандахои пешгуиро муваффак шаванд.
  • Дар сурати фаркияти байни натичаи чамбасти таксимоти моддахои даромаду харочот ва пешгуии нишондихандахои фоиданокии молиявии аз тарафи Саридораи Бонк пешниходгардида, сохтори амалиётии алохида бояд дар форматхои лозими варианти пешгуии молиявии худро тайёр намояд. Дар пешгуии мазкур бо сутуни алохида бояд фаркияти нишондихандахо нисбати накшахои аз тарафи Саридораи Бонк пешниходгардида нишон дода шуда, дар гузоришномаи тафсири асосхо ва далелхои дахлдор пешниход карда мешавад.
  • Баъди ба анчом расидани корхо лоихаи Бучет тахия гардида аз чунин кисмхо иборат мебошад:
  • Пешгуии умумии нишондихандахои фоиданокии молиявии бо имзои рохбар ва сармухосиби сохтори амалиётии Бонк;
  • Файли бо чадвалхои электронии ба таври лозими пур кардашуда, ки дар онхо тафсили тамоми нишондихандахои дар Пешгуии умумии нишондихандахои фоиданокии молияви нишон дода шудааст;
  • Гузоришномаи тафсири ба лоихаи Бучети сохтори амалиётии алохида бо имзои тамоми мутахассисони дар тахияи он иштирок намуда ва имзохои рохбар ва сармухосиби сохтор.
  • Лоихахои Бучети аз тарафи сохторхои амалиётии Бонк пешниход шуда, дар сатхи Шуъбаи мухосибот ва омор мавриди барраси карор мегиранд. Дар мавриди ба талаботхо чавобгу набудани лоихаи пешниходгардида (чадвалхо бо хатогихо пур карда шудаанд, ошкор гардидани фаркияти ракамхои чамъбасти ва дигар), лоихаи Бучет барои такмил додан, гардонда мешавад. Дар сурати норасогии вакт барои такмил додани Бучет дар сохтори амалиёти,  Мухосибот барои кабули карори марказонидашуда ва даровардани тагйиротхои асоснок ба лоихаи Бучаи дахлдор даъват менамояд.
  • Ба анчомрасии мархилаи тахияи лоихаи Бучет дар холати пурра чамъбаст, мавриди барраси ва кабули карор доир ба маълумотхои аз тарафи сохтори амалиёти пешниход гардида, хисобида мешавад.
  • Лоихаи Бучети умумии Бонк ва сохторхои амалиётии алохидаи Бонк, даврахои сол, намудхои махсулотхои Бонк и мавриди баррасии пешаки дар сатхи Рохбарият карор гирифта, танхо баъди маъкул донистан барои тасдик ба сатхи Шурои Нозирони Бонк пешниход мегардад.

4.  ХУСУСИЯТХОИ ТАХИЯИ ЛОИХАИ БУЧЕТ

  • Дар худуди даври дуюми раванди бучетсози барои сохтани нишондихандахои пешбинигардида дар бораи фаъолияти Бонк (фуруши махсулотхои Бонк и, хизматрасонии Бонк и) дар чор сатххои зерини Бонк кор ташкил карда мешавад:

  • Шуъбаи мухосибот ва омор;
  • Шуъбаи назорати карздихи ва рушди махсулотхои Бонк и;
  • Хадамоти идоракунии хафвхо;
  • Шуъбаи хазинадори ва хисоббаробаркуни.
  • Хар як Шуъба мустакилона тартиби банакшагирии нишондихандахо фаъолияти худро дар алохидагии сохторхои амалиёти, намудхои махсулотхои Бонк и ва хар як корманд муайян менамояд («аз поён ба боло» ва ё «аз боло ба поён»). Бо назардошти ин, нишондихандахои банакшагирифташаванда бояд бо шиддат ва хамзамон барои ичроиш ба хакикат наздик бошанд, яъне дар онхо бояд ба назар гиранд:
    • талаботхои мукарраргардида ба Бонк оиди риояи меъёрхои иктисоди,
    • ба асос гирифтани накшахои стратегии рушди Бонк , ки аз тарафи Мачлиси муассисони ЧСП «Бонки Точикистон» тасдик карда шудааст,
    • бо назардошти хусусиятхои чойгиршавии сохторхои амалиётии Бонк, малакаи тахасуссии кормандон ва дархости мизочон оиди хизматрасонии Бонки .
  • Барои сохторхои фронт-офисии Бонк, нишондихандахои асоси дар алохидагии хармоха барои банакшагири ба махсулотхои Бонк и ва гурухи мизочон инхоянд:
    • Таснифи микдори ва маблагии сандуки карзи, депозити ва захирави;
    • Микдори мутахассисон нисбат ба мизочон, ки барои фуруши махсулотхои Бонк и вобаста шудаанд;
    • Микдори шартномахои басташуда (амалиётхои гузаронида-шуда, кушодани хисобхо, карзхои пешниходшуда ва гайра);
    • Хачми шартномахои басташуда (амалиётхои гузаронидашуда, депозитхои чалбшуда, карзхои пешниходшуда ва гайра).
  • Дар рафти раванди бучетсози ба сиёсати тарофави, фоизи ва карзии Бонк диккати махсус дода мешавад. Бахусус нишондихандахои ин хуччатхои дохилинизоми ва хачми накшахои мудириятхои фронт-офисиро ба хисоб гирифта, бандхои даромад ва харочоти бучет ба накша гирифта мешавад.
  • Банакшагирии харочотхои музди мехнат меъёран нисбат ба накшаи барои гирифтан вобастаги доранд:
    • даромади фоизии соф (даромади фоизи тархи харочоти фоизи),
    • даромад аз амалиётхои хазинави-хисоббаробаркуни,
    • даромад аз амалиётхои интиколи,
    • даромади соф аз амалиётхои асъори (даромад аз хариду фуруши асъори хоричи тархи харочот хариду фуруши асъори хоричи),
    • дигар даромадхои комиссиони,
    • даромад аз баркароркунии фонди пушонидани талафотхои имконпазир аз руи карзхо.
  • Дар хар маврид Бучет барои хар як сохтори амалиёти бояд бо натичаи молиявии гирифтани фоидаи софи солона пешгуи карда шавад. Сохторхои Бонк, ки баъди ба итмом расидани раванди бучетсози зараровар ё ин ки камдаромаднок эътироф гардиданд, бояд бархам ва ё ки тачдид карда шаванд (ба гайр аз сохторхое, ки нав ташкил карда мешавад).

5.  МОНИТОРИНГИ ИЧРОИШИ БУЧЕТ

  • Аз тарафи Шуъбаи мухосибот ва омори Бонк барои ташкили мониторинги ичроиши бучет, хармоха дар формати MS-Eхcel файли Мониторинги бучет.хls. тайёр карда мешавад.
  • Файли Мониторинги бучет.хls. маълумотро оиди нишондихандахои бучет дар алохидагии ба хар як модда ва мувофики онхо нишондихандахои вокеъиро дар як муддати аз аввали соли молияви, доро мебошад.
  • Файли Мониторинги бучет.хls. барои тахлили минбаъда ба хамаи Мудириятхои ЧСП «Бонк и Точикистон» пешниход карда мешавад, то ин ки ба хамаи мутахассисони дахлдори Бонк маълумотхои лозими оиди рафти ичроиши нишондихандахои бучет дар алохидаги бо сохторхои Бонк , махсулотхои Бонк и дастрас бошад. Хангоми додани хулосахо ва пешниходхо, ва инчунин баходихии ичроиши нишондихандахо ва хавасмандкунии хайати кормандони ЧСП «Бонк и  Точикистон» бояд нишондихандахои файли номбурда ба асос гирифта шаванд.
  • Дар давоми соли молияви хангоми фаъолияти сохтори Бонк тагйир ёфтан, зарурияти харочотхои гайричашмдоштро ба миён меорад, ки дар бучет пешбини нагардидаанд, бинобар ин Филиалхо ва Шуъбахои дахлдори Бонк хукуки ба унвони Шуъбаи мухосибот ва омори Бонк бо пешниход оиди аз нав дида баромадани моддахои мазкурро доранд. Дар чунин маврид дархост бояд пеш аз гузаронидани харочотхои гайричашмдошт бо далелхои асоснок ва муайян намудани манъбаи даромад барои пардохти харочотхои иловаги фиристода шавад.
  • Дархости ба Саридораи Бонк фиристодашаванда нисбати зиёд намудани харочотхои моддахои бучет, бояд бо худ дошта бошад:
    • Дархости ба тартибот чавобгуи расмии сохтори мазкури Бонк;
    • Хисоб-калкулятсияи сохтори мазкури Бонк нисбати харочотхои иловагии дархостшаванда;
    • Аз нуктаи назари иктисоди асоснок будани харочотхои иловагие, ки аз тарафи сохтори Бонк ичозат нисбати гузаронидани он пурсида мешавад, бо муайян намудани манъбаи барои руйпуш намудани он бо гирифтани даромади иловаги аз хизматрасонии Бонк и ба мизочон ва ё аз хисоби кам намудани харочотхои дигар моддахое, ки дар бучет пешбини гардидаанд.

6.  МАСЪУЛИЯТ НИСБАТИ БУЧЕТСОЗИ

  • Боназардошти сохтори идоракунии амалкунанда дар Бонк масъулияти ташкили раванди бучетсози шахсан бар зиммаи:
    • Сардорони сохторхои амалиётии Бонк – дар сатхи идоракунии «горизонтали»,
    • Рохбарони Шуъбахои Саридораи Бонк – дар сатхи идоракунии «вертикали», вогузор карда мешавад.
  • Хар як холати харчи барзиёди моддахои харочотии буча, ки дар рафти ичроиши он рох дода мешавад, боиси барраси хамчун холати вайрон кардани интизомибучасози кори гашта, шахсони гунахгор тибки мукаррароти дар Бонк амалкунанда ба чавобгари кашида мешаванд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …