Главная / Гуногун / Нишонаи ифтихор

Нишонаи ифтихор

Хаёт ва адабиёт ду мафхуми ба хам чонпайванд аст. Ва хаёт хамеша сарчашмаи инкишофи адабиёт мебошад. Аз ин ру адабиётро оинаи хаёт мегуянд. Дар ин оина хамаи руйдодхои зиндаги, бахусус вокиахои бузурги таърихи рухнамо мегардад. Дар асри бисту як аз чумлаи чунин вокиахои бузурги таърихи кушодашавии накби Анзоб ба шумор меравад, ки номи “Истиклол”-ро гирифт. Ин аст, ки аз хотира ва корнамоихои рохсозон ва накбканони Анзоб силсилаи шеъру дубайтихои Гулназар, Сайидали Маъмур, Камол Насрулло, Мухаммад Гойиб, Али Бобочон, Хочи Мурод, Нурмухаммад Ниёзи, Салими Хатлони, Ахмадчони Рахматзод, Хикмат Рахмат ва дигарон дар китоби “Таронаи Анзоб” ба табъ расид. Нависанда Бахтиёри Муртазо, ки мушохид ва таснифгари мустакили ин иншооти беназир аст, асари мукаммале ба табъ расонд. Ин асар киссаи хуччатии “Накби Истиклол” мебошад, ки соли чори аз тарики нашриёти “Адиб” интишор ёфт.

“Зери по кух,

Тори сар кух,

Пеши бар кух”, – на дар васфи шоир аст, дар асл “ватани аслии куххо” Точикистон аст.

Бале, Точикистон кишварест сар то по кухистон. Ва куххою агбахо шохиди бисёр ходисахои дахшатбору хунрези таърихи дируз ва имрузи точик хастанд. Бахусус, ин рохи сангину мушкилгузари агбаи Анзоб мебошад. Шоири мардуми ва машхури мастчохи Юсуф Вафо доир ба ин агба чунин гуфта:

          “Эй агба, шунав, ки мо кунун ободем,

          Он рохи туро ба барфу борон додем”.

Дар суруди дигари Юсуф Вафо доир ба мушкилоти рох чунин ишораи чолибе хаст:

          “Аз агба фуромадуму нолиш кардум,

          Сангои дари хунета болиш кардум”.

Оре, дар агбаи Анзоб хам бисёр ходиса ва фалокатхои вазнину фочиабор рух медоданд. Инак, орзую ормони садсолаи мардум дар огуши хаётбахши истиклоли вокеии Точикистон амали гашт. Накби “Истиклол”, ки онро Президенти кишвар, мухтарам Эмомали Рахмон “купруки заррин” номидааст, аз бузургтарин ва шоистатарин вокиаи аср хохад буд. Аз ин ру нависандаи пуркор тахкики як вокеаи бузургро ба ухда гирифтааст. Ва кушидааст солномаи бадеии рохкушоёнро ба калам дихад. Ин чо табъан саволе матрах мешавад, ки “оё Бахтиёри Муртазо аз ухдаи ин кор баромадааст?” Ин савол хеле бамавкеъ ва табиист. Чавоб як ва катъист: “Бале, хушбахтона баромадааст!”. Дигар ин, ки кисса баробари кушодашавии накби “Истиклол” ба майдон омадааст, ки чун руйдоди маънави хеле мухим аст.

Рузи вохурии Президенти кишвар, мухтарам Эмомали Рахмон – 20 марти соли равон китоб ба намоиш гузошта шуда буд. Ва ман шохиди он шудам, ки чанд кас онро ба даст гирифта:

– Бах, бах, оличаноб, нагз! – гуён ба офарандаи он офарин хонданд.

Ман бо нахустин хонандаи ин кисса – мухаррири китоб – шоири шинохтаи точик Зиё Абдулло хамсухбат шудам.

– Ман хушбахтам, ки корро дар нашриёти “Адиб”, аз мухарририи китоби Бахтиёри Муртазо “Накби Истиклол” огоз кардам, – мегуфт Зиё Абдулло. –Киссаи “Накби Истиклол” асари касбист. Хонданиву омухтани ва аз чихати забон ва меъёршиноси лоики тахсин мебошад. Чумлахо рехта, иборахои классики фаровон истифода шудаанд. Банду басти асар солим аст. Кисса асарест, ки бозгуи мехнатзодагии инсонро хушру ва лозим мекушояд. Дарёфтам, ки Бахтиёри Муртазо донандаи забони ихтисосии сохаи накбкани мебошад. Мантик ва максад чун сангхои накб сахту устувор.

Ба эхтиром ва хеле самими сухан меронд Зиё Абдулло. Ва ман ба гуфтахои у бовар кардам. Аслан ба ин инсони якмизоч ман хамеша эътимод доштам ва дорам. Аз ин ру асарро ба кавле, дар як нишаст хонда баромадам.

Оре, Бахтиёри Муртазо бо дасту дили гарм ва шабзиндадорихои дардомез як достони пур аз кахрамони, чавонмарди ва бародариро офаридааст. Точикон пахлу ба пахлу бо намояндагони дигар халкхо, хусусан бо мутахассисони эрони чон ба кафи даст гирифта, афсонаро ба хакикат табдил доданд. Аз ин ру ин асар асари хубу мухим ва хатто бе ягон муболига гуфтан мумкин аст, ки асари дирузу имрузу фардост. Аввалан, барои ояндахо дастури бузурги тачриба ва илмомузи мегардад. Сониян, дустии миллатхои Точикистону Эронро таквият мебахшад. Солисан, кудрати фаннию мухандисии эрониёнро муаррифи мекунад.

Вокеан, муаллифи асар Бахтиёри Муртазоро хама мешиносанд. Уро фидоии матбуоти точик гуем, хато намекунем. Зеро тамоми умри азизи худро ба кори матбуот бахшида, дидаву шунидаашро ба риштаи тадкик кашидааст. Адиб дар жанри душвори насри хуччати ба максад расида, хаводорони эчодиёташро пайваста шод мегардонад. Ба тасдики фикрамон месазад ба ёд орем як катор киссахои хуччатии уро ба монанди “Богбони гули кухи”, Чонбохтаи Рохати”, “Касидаи бародари”, “Чинор дар Солони”, “Лимуи точик”, “Чашмаи офтоб”, “Ман чарог афрухтам”, “Нуру нори Вахшруд” ва гайра, ки мутолиаи онхо хар хонандаро ба хаячон оварда, аз пастиву баландии рузгор ва маънии зиндаги ба домани андеша мекашад. Ин равия дар эчодиёти Бахтиёри Муртазо хеле бакувват аст. Ин далели он аст, ки адиб зиндагиро хеле хуб медонад.

Бояд тазаккур дод, ки киссаи «Накби Истиклол» аз худуди асархои хуччати убур карда, аз лихози мазмун, вусъати назар, тарзу шеваи ба худ хоси баёни фикр, равони, муъчазбаёни ва ахамияти амали доштани худ бидуни шубха аз аксар асархои дар ин мавзуъ навишташуда бартари дорад. Шакл ва банду басти он жанри романро мемонад. Мохиятан бошад публитсистист, ки масъалахои ичтимои ва ахлоки, мухаббати поку рафокат, инчунин андешахои фалсафии адибро низ дар бар мегирад.

Талошу чустучухои адабии Бахтиёри Муртазо дар рохи офаридани симои кахрамони асоси – Мафтун назаррасанд. Адиб тавонистааст кахрамони даврони бозсози – намояндаи барчастаи кухистонро офарад. Ошёни табъи у чун куххои диёр хеле баланд аст. Ин аст, ки уро Укоби Кухи ном мебаранд.

Хатти сюжет ва пайвастагии вокеахо атрофи кахрамони асосии асар то охири асар меравад. Гузашта аз он таснифот фарогири хамаи пахлухои хаёт, дар якчояги бо чузъиёти рангоранги таърихи ва хамбастаги бо дардхои табобатталаби чомиаи имруза мебошад. Муносибати кахрамони асар бо одамону табиат, андешахои шахси ва чамъиятии у хеле зехннишин офарида шудааст. Махсусан дустии безаволи халкхо, инчунин симои мудири пуружа, мухандиси донишманд ва сертачрибаи ширкати “Собир-байналмилал” чаноби Али Мусави Рахими бо тасвирхои басо мукаммал, чозиб ва боварибахш ва бо забони равон, фасеху малех ва ширин инъикос ёфта, гуфтаи хакимони гузашта: “Дуст он донам, ки гирад дасти дуст – дар парешонхолию дармондаги”, бори дигар тасдики худро ёфтааст.

2

Мухорибаи Мафтун бо хайвони вахши – юз огози гирехбандии вокеахои такдирсози кисса аст. Ва ин хеле рамзист. Зеро куххо хам чун ин даррандаи хунхор вахшатангезу асроромез аст. Кабл аз мухориба вай аз дусташ Шерали номае гирифт, ки дар он бо ташаббуси Президенти кишвар, мухтарам Эмомали Рахмон огоз гардидани сохтмони туннели Анзоб хабар дода мешуд. Ин хабар ба тану чони у руху тавони тоза бахшид. Аз ин ру ба юзи хунхор голиб омад. Вагарна юз ба суи у чашм ало карда гуфтан мехост: “Халал нарасон, вагарна гушти бадани туро низ хамин тавр туъма мекунам”.

Бахтиёри Муртазо дар образи Мафтун инсонеро мебинад, ки бо набзи зиндаги хамкадаму хамнафас мебошад. Таърихи зиндагии у ба таърихи диёраш пайвастагии кави дорад. Хама талошу чонбозихои Мафтун барои ичрои рисолати инсони равона шудааст. Бешубха, муваффакиятхои у аз худшиносии милли сарчашма мегирад.

Вай тануманд, дасту бозуи пахлавонона дорад. Вале назарбаланду магрур ва худписанд нест. Сохиби дили бегашу соф аст, барои дустон ва хифзи онхо чонашро хам фидо мекунад. Мардуми манфиатчу, бадкору хиёнатпешаро чашми дидан надорад. Дар баробари ин гамхори зохир намуда, рохи ислохи онхоро мечуяд. Шиораш: “Бо бадон хам нек бош!” – аст. У мисли сарбозест, ки дар лахзахои нозуку хассос хулосаи дуруст бароварда, ба амали сахех даст мезанад.

Мафтун метавонист зиндагии осуда дошта бошад. Охир, духтари вазир – Фарогат уро дуст медошт. Баъзе рафиконаш ин масъаларо аллакай хал шуда хисобида, ба у хасад хам мебурданд. Аммо аз дили у тамоман бехабар буданд. У намехост, ки рохи хаёташро дигарон халлу фасл намоянд. Андешахои уро адиб чунин ба калам медихад: “Ман охир дар сари куххои баланд ошён сохтаам. Мисли укобони куххои Зидех парвозхои баланд карда, озод буданро дуст медорам, намехохам, ки мутеи ягон кас бошам”.

Бале, Мафтун мурги дар банди кафас буданро намехохад. Аз ин ру аз кори пурмашаккат намехаросад. Ру ба гурез намеорад. Чойи гарму нарм намечуяд. Зеро у дар оилаи инсони сарбаланд, баору номус – Азим-сайёд чашм ба олами хасти кушода, ба воя расидааст. Падараш дар сохтмони рохи Сталинобод – Уротеппа, ки дусаду шасту нух километр дарози дошт, иштирок намуда буд. Вай бо вачхи касби сайёди тамоми роху пайрахахои кухиро нагз медонист, аз ин ру, дар хамаи минтакахо маслихатгару мушовири мухандисон ва техникхои рохсоз буд. Падар ба фарзандаш васият кардааст: “Писарам, то тавони роху купрук бисоз, рафтуомади одамонро осон бикун, савоб мегири”.

Бале, рохро чун шохраги шараёни чисми Ватан хисоб менамуд ва сохтмони онро босавобтарин кор мехисобид. Поктарину олитарин кори инсон рох сохтан аст.

Мафтун дар пеши назари хонанда ба камолот мерасад. Муаллиф кахрамони худро самимона дуст медорад. Аз ин ру оиди у бо мухаббат сухан меронад ва дар айни замон сустию камбудихои уро пинхон намедорад, хамчунин хама мушкилотеро, ки у ру ба ру мешавад, руи когаз меорад. Дигар хел шуданаш хам мумкин нест. Зеро хаёт хаёт аст. Ин аст, ки хонанда ба муаллиф бовар мекунад, хамрохи кахрамон пастиву баландихои зиндагиро тай менамояд. Ва кахрамон барои у шинос ва рухан хеле наздик мегардад.

Оташи ишки Ватан хамеша дар дили Мафтун аланга мезанад. Ва ин оташ уро окилтару донотар менамояд, олами маънавии уро бой ва гани мегардонад.

Вай ба туннели Анзоб дар синни камолот меояд. Ва бо у хамеша синни кудакиву навраси хамрох аст. У аз онхо гурехта наметавонад. Гузашта аз он гурехтани хам нест. Ва ин хеле хуб аст. Зеро онхо боигарии маънави, рохнамо ва мизони кору рафтори уст.

Муаллиф бо далелхои боварибахш кахрамонихои Мафтунро ба хонанда хикоят мекунад. Хусусан азобхои рухии кахрамон хеле сахех тасвир ёфтаанд. Хамаи ин мушкилихо кахрамони асарро рухан шикаст намедиханд.

Мегуянд, ки табиати одами чахонест, ки хамеша ба мухити атроф мутеъ мегардад. Вале Мафтун мутеъ намешавад. Хар як пора санги Ватан ба чашмаш чун дуру гавхар азиз аст. Ва у катъи мегуяд: “Рох сохтан, рафту омади одамонро осон кардан ба ман аз падар мерос мондааст. Ман то чон дар рамак дорам, васияти падарамро ба чо меоварам”.

Ва у гуфта ба бод намедихад. Васияти падарро ба чо меорад. Ин аст кахрамони замон. Ва чунин мардони майдон имруз барои Точикистони сохибистиклол чун обу хаво заруранд.

3

Накшаи бунёди туннели Анзоб хануз солхои сиюми асри бист тархрези шуда буд. Ин накшаи хеле часурона хисоб меёфт, ки Шохрохи абрешимро аз нав эхё намуда, онро барои чор фасли сол бидуни танаффус мавриди истифода карор медод. Вале он хатто дар даврони “гулгулшукуфии Давлати Шурави” факат чун накша монд. Дар омади гап бояд ёдовар шуд, ки сохтмони туннели Анзоб мохи феврали соли 1982 шуруъ шуда буд. Вале он як намоишкории бехуда ва зарарноке беш набуд. Бале, як тантанаи намоишкорона ва хангомаи хушку холие карданду бо хамин хомуш гардиданд.

Ин вазъият хатто як нафар олими рус – Александр Иванович Зуйковро ба хайрат меорад. Профессор, ки ба тули солиён куххои Точикистонро омухта, маълумоти зиёде чамъ оварда будааст, ибораи зеринро бисёр такрор мекардааст: “Хар кас, ки Боми Чахонро надида, гуё ки ними чахонро надида”.

Бархак, як гушаи Точикистонро ба ними чахон баробар кардан боиси ифтихор аст. Вале холо донишманди рус изхори таассуф мекард. Ва онро муаллиф чунин ба калам додааст: “Ох-хо, то ин дарача чигил гардидани вазъияти сохтмони туннели Анзобро чашмдор набудам. Ба точикон чи шуд, охир онхо тамаддуни хеле кадими доранд, бузургони илму фарханг ва адабиёташон тамоми чахонро тасхир намудаанд. Анчом ёфтани ин сохтмон Чумхурии Точикистонро боз хам обод мекунад, ахамияти иктисоди, ичтимоии он бузург аст. Афзалияти сохтмони ин туннелро факат бо сохтмони неругохи барки обии Норак баробар кардан мумкин аст. Пас барои чи рохбарони чумхури ин лукмаи тайёрро, агар ба ибораи точики гуем, халол карда намехуранд?”.

Ин хама намегузорад, ки Мафтун лахзае фориг аз фикру андеша бошад, гаштаву баргашта аз худ мепурсад: “Чаро? Барои чи?”. Ва у зимни андешарони ба чунин хулоса меояд: “Мохи аз сар ганда гардад, не зи дум”.

Ва инак, сохтмони туннел огоз мегардад. Баъзехо мегуфтанд:

– Афсона!

– Валлох, ки утопия!

Бале, дар ин гуфтахо хакикате хаст. Охир, моргазида аз ресмони аъло метарсад. Чои бахс нест, шояд тарсу харос хам буд.

Дар кухи Уштургардан таркиши пуркудрате садо дода, аз сохтмони мухташами аср хабар расонд. Овозаи ин накб ба хафт иклим рафт.

Он рузи таърихиро муаллиф чунин ба калам медихад: “Рузи бистуми майи соли як хазору нухсаду наваду нух ба хотири Мафтун Чашни Мехргони Зимарги бостонро эхё намуд. Хаво он руз басо фарахбахшу рухафзо буд, шабонгахон борони шакарнам чангу хокро фуру нишонд. Офтоби пурсаховат майдони фарохи назди дарвозаи туннелро бо нурхои хеш зарандуда менамуд”.

Суханронии Президенти кишвар, мухтарам Эмомали Рахмон ба дилу чигари иштирокдорони чамъомад кора кард: “Имруз барои мову шумо боз як имтихони навбатии Ватану ватандори, боз як озмоиш дар рохи тахкими истиклолият ва иктисодиёти кишвар огоз меёбад. Ин имтихон аз дили каторкухи Хисор кушодани туннели панчкилометра ва бунёди рохи доимии мошингард миёни пойтахти чумхури ва вилояти Сугд мебошад”.

Ин гуфтахои сарвари давлат дили хамаро аз ифтихори самимона нисбат ба Ватан саршор намуд. Мавкеи онхоро дар зиндаги устувор сохта, эътимоду эътикодро ба фардои кишвар кавитар гардонд.

Мафтун мефахмад, ки Ватан бар души у вазифаи масъул гузоштааст. Аз ин ру аз руи гуфтаи бузургон амал мекунад: “Бори худро худ кашидан нест чандон эътибор, мард он бошад, ки бори дигаронро хам барад”. Мафтун мегуфт: “Накбканхо мардони хакикианд, дар руи замин хар кас кор карда метавонад, он ки дар каъри замин рох мекушояд ва магзи кухро мешикофад, комилан марди далер аст. Кори хар буз нест хирман куфтан, гови нав мебояду марди кухан”.

Бале, касби накбкан мураккаб ва беназиру бехамтост. Аз ин ру кахрамони кисса бархак касби накбканиро ба касби кайхоннавард шабохат медихад. Хамаи онхо сустирода ва камчуръату бегурда набуданд. Лекин мефахмиданд, ки хаёташон зери хатар карор дорад. Хар лахза ягон муаммою мушкилоти гайричашмдошт пеш омаданаш мумкин аст. Хусусан зимистон бо чони одам бози кардан аст. Аммо хар яки онхо нагз медонистанд, ки тамоми миллат ва худи Сардори давлат муттакою пуштибони онхост.

Дар арафаи чашни пуршукухи дахсолагии Истиклолияти Точикистон, субхи панчуми сентябри соли ду хазору якум Сардори давлат аз туннели Анзоб дидан кард. Мухтарам Эмомали Рахмон бо коргарону мутахассисон хамсухбат шуд. Онхо ба Президенти чумхури дар бораи комёбихои ба даст овардаашон ва душворихои мачуда хикоят карданд. Баъд Сардори давлат ба комбайни накбкани нишаста, онро ба кор даровард, ки рамзи огози давраи дуюми сохтмон дар кисми чанубии туннели Анзоб мебошад.

Саросари кишварро фидокории милли фаро гирифт. Накбканон бо азму часорати зиёд захмат мекарданд. Ин фидокори мехмонони хоричиро мафтун мекунад. Муаллиф онро чунин ба калам медихад: “Мо ба малакаи шумо коилем, ба усули корбарии рохбарон ва мехнатдустии миллати шумо мафтунем. Ин часорати бемисли Сардори давлати шуморо нишон медихад, ки бо чунин вазъияти нохинчори молиявии чумхури ин сохтмони азимро давом дода истодааст”.

Ин хама туннелро ба як иншооти мукадасс табдил медихад. Аз ин ру Мафтун ба хамкоронаш мегуяд: “Туннел чойи поку мукаддас аст. Бо пойи рост ва нияти нек кадам гузоред”.

Хакко, ки ин рост аст!

4

Яке аз меъёрхои шинохти инсон рафтору кирдори у дар зиндаги мебошад, ки нависанда ба ин чихат ахамияти бештар додааст. Дар боби чорум дар хусуси Бобозода ном сохибкоре сухан меравад, ки хушдоре ба сохибкорони точик мебошад. Дили Бобозода барои Ватан месузад, манфиати миллиро аз манфиати шахсиаш боло мегузорад ва тайёр аст бо дустонаш ин сохтмони азимро маблаггузори кунад. Вай бо сузи дил мегуяд: “Акнун вакти он расидааст, ки руй ба Ватан оварем ва бечорагони аз чанги хонумонсузи дохили амонмондаро зери болхои пурсаховати худ бигирем… Мард он аст Ватан обод кунад!”. Дар баробари ин огох мекунад: “Табъи сармоядорон хеле нозук мешавад, агар онхо як дафъа хусанд, дигар тамом, хамчун гунчишкон парида мераванд. Гунчишк хираги карда боз меояд, аммо ному нишони сармоядорро дигар намебини”.

Дар ин чо муаллиф кахрамони асарро сари андешаи хело ва хело хам мухим – мавкеъ ва макоми мансабдорон мебарад.

“Одамон хар тоифаанд, – андешид Мафтун, – яке мисли ин сохибкор ният дорад, ки молу мулкашро ба кори хайру босавобтарин сарф намояд. Дигаре чун ба мансабе бирасад, рузу шаб дар фикри торочи халки захматкаш мешавад ва харисона пулу мол чамъ меораду ба ибораи халк туф карда гирех мебандад…”.

Муаллиф симои раиси нохияеро ба калам медихад, ки баракси Бобозода мебошад. Ин раис манфиати шахсиашро аз манфиати милли боло мегузорад. Вай мегуяд: “Ман нохияро обод мекунам! Ман!…”. Ва боз ман-манихои бебаркашу бешуморе. Дар асл мебинем, ки сухану амалаш як не. Раиси нав баъди ду-се рузи кори дар гами хонаи худ мешавад. Аз ин ру тамоми рохбарони хочагихои нохияро ба  хузураш мехонад.

“ – Медонед, ки ман сарпанох надорам, – филфавр изхори максад намуд раис. – Худо хохад, хамрох кор кардани хастем, хона насозем, намешавад.

– Кори нихоят аъло мекунед, – дастгири менамоянд косалесон ва чоплусони раис.

– Ту фалон бинои фермаро вайрон карда, шифер ва чубу тахтаашро меори, – амр менамояд раис.

– Ту он бошишгохро вайрон бикун, – фармон медихад раис ба сарвари хочагии дигар.

– Ту… ту… ту…, – раис бо навбат супориш медихад”.

Ва хонаи чорошёнаи раис комат рост мекунад. Чунон ки мебинем раиси нохия ободихоро вайрон карда, мулку маконро тороч намуда бошад хам, аз болои у касе шикоят нанавишт.

“Майлаш, раисамон обод бошад, – гуфтанд дидагихо, – мо хам обод, ба хеч кас нагуфтаанд”.

Муаллиф тавонистааст ду феъли бади инсони – гуломи ва бепарвоиро мохирона ба чилва биорад.

Мафтун дар ин амалхо худи одамонро гунахгор дониста чунин хулоса мебарорад: “Ин одамон ачоиб тоифаанд, дустро аз душман чудо карда наметавонанд”.

Муаллиф дар мукобили чунин раисон рохбарони дилсузу чонфидоро хам ба риштаи тасвир мекашад.

“Рохсозонро хусусан одамияти оли ва нотакрори раиси дарёдили хочагии Анзоб хочи Муллорахим Аслиддин нихоят мутахайир намуда буд. Ин родмарди покизасиришт ва саховатманди олихиммат хар мох як маротиба тамоми кормандони сохтмони накбро аз хисоби худ нону таом медод. Ачоиботи рафтори бузургворонаи ин марди сахи дар он буд, ки у бо фарзандон ва келинхояш ба арсаи кор омада, аз аввали пухту пази таом то шустани дегу табакхо – хамаи корро худашон ба анчом мерасонданд. Ба тамоми ин мехмондори худи раис рохбари менамуд. У зимни сухбат ба мухандисону коргарон маслихатхо медод, дилбардорию дилдихи менамуд. Муносибати ин раис тавре буд, ки гуё туннели Анзоб сохтмони шахсиаш бошад”.

Муаллиф чонсузию фидокориро мукобили нохакиву беадолати ва феъли гуломиву бепарвои мегузорад, ки чанбаи равонии амалиётхои шахсиятхои асарро пуркувват гардонида, дар дили хонанда нисбати яке оташи нафрат, нисбати дигаре оташи мухаббат аланга мезанад.

5

Чолиби таваччух аст, ки муаллиф рушду камоли Мафтунро ба риштаи тасвир оварда, дар халлу фасли мушкилоти хаёт мохир шудани уро нишон додааст. Вай ба кадри одаму олам мерасад. Ва шукр мекунад, ки Яздони пок ба Ватани азизи у чунин сарварро лоик донистааст. Вагарна у наметавонист дар сохтмони чунин туннели такдирсоз ширкат варзад. Дар вазифаи сарварии бригадаи накбканон хислату хуи Мафтун равшану комилтар ба зухур меоянд. Вай ба азму ирода ва иктидори аъзоёни бригадааш эътимод дошт. Ба онхо мехрубону гамхор, дар муомилаю муошират, дурандеши, хирадманди, заковат ва фаросати фитри зохир мекунад. Дар холатхои ногувор ва пуршиддат кушиш менамуд, ки ягон харфи хазлу шухи бигуяду бачахоро рухбаланд намояд. Гузашта аз ин у бо махорати оли мехнат мекард, ки худ басе сабакомуз буд.

Нависанда нишон дода тавонистааст, ки ин хама хислатхо хоси мардуми дилашон оинасон шаффоф ва ростгую рострав аст.

Чехра ва шахсияти Мафтунро силсилабандии истифодаи хикматхои халки пурра ва мукаммал мекунад.  Бале, у аз хикматхои халки мохирона истифода мебарад. Вакте ки садама рух медихаду аз сакф хоку санги бисёре рехта, даруни накб якбора тип-торик мешавад, Мафтун фавран ба хамкорон нидо мезанад:

“ – Ба девор чафс шавед, ба девор чафс шавед! Бародарон натарсед, хеч боке нест, мегузарад. Азиз, Карим, чи хол доред? Якдигарро пурсон шавед!”.

Пас аз бартараф шудани холати садамави муаллиф менависад: “Мафтун митхарашро аз тасмаи миёнаш гирифта, ба хамкорон фармуд, ки бо об дахонашонро гарора кунанду мувофики талаб чанд чуръа бинушанд. У медонист, ки дар чунин холатхо навкорон метарсанд. Дар лахзахои садамави ба одами тарсида, чанд чуръа об додан айни муддаост”.

Ва ё худ Мафтун ба хамкорон мегуяд, ки бештар оббози кунанд. Зеро оби гарм асаби одамро ором менамояд, рухи тозаю кувваи беандоза ато менамояд.

Ва ё барои об кардани сипари гафси яхини шохрох  реги сурх мерезад. Зеро реги сурх шуоъи офтобро нисбат ба дигар навъи рег се-чор маротиба зиёдтар кабул намуда, яхро об мекунад ва барфи хар руз аз осмон боридаро мисли намак мехурад.

Нависанда хам рушд ва хам шикасти Мафтунро тасвир карда, мураккабии хаётро вокеабинона нишон додааст. Аммо Мафтун дар хама холат сифатхои инсонии худро аз даст надодааст. Махсусан ин дар хаёти оилавии у равшан зохир мегардад.

Духтари вазир Фарогат бо у акди никох мебандад ва бо хамин гумон мекунад, ки тамом – Мафтунро аз худ кард. Чи хеле ки дилаш бихохад, хамон хел метобонад. Мафтун бошад уро аз чонаш хам бештар дуст медошт. Тайёр буд, ки хама дороияш, тамоми буду набудаш, хаёташро фидои у кунад. Аммо Фарогат уро намефахмид. “То кай сугур барин дар байни сангу хок гор мекобед? – мегуяд Фарогат. – Аз гушту равгани сугур буи хок меояд, аз сару тани шумо хам ба димоги кас буи хоки пурнаму зах мерасад”. Мафтун бо эътироз мегуяд: “Калламуши идора шудан намехохам, ки дар зери тудаи когазхо китир-китир когаз хоям”.

Афсус, ки Фарогат пулу вазифаро авло донист, ба кадри хамсараш нарасид. Бояст, ки мерасид, аммо нарасид. Ба ин маъни Мавлави фармудааст:

          “Биё имруз кадри хам бидонем,

          Ки то фардо зи якдигар намонем”.

Аммо Фарогат хатои ислохнопазир мекунад, ба хонаи падар меравад. Муаллиф хам хеле окилона хулоса мебарорад, ки у бояд медонист, ки чун духтар шавхар кунад, бояд хонаи худро обод намояд ва ба хонаи падар гох-гохе факат бо хамсар ба мехмони ояд.

Хамсараш дар оташи хашму газаб печида, аклаш тира ва чашмаш хира мегардад. Ниёгонамон бехуда нагуфтаанд: душмани акл газаб аст. Ва ба шавхараш мегуяд:

– Тезтар гум шавед!

Ин суханон хамчун ханчари обдоре гардид, ки Фарогат ба чисму чони у берахмона бизад.

Анчоми асар мусбат аст. Имтихон муваффакона анчом ёфт. Коре анчом дода шуд, ки ба кавли халк “ба хирочи сад мамлакат меарзад”. Хамаи ин кахрамониву корнамои на барои шаъну шухрат ва на барои пулу мол буд. Хамаи ин ба ифтихори Ватану нумуи уст.

Ин инъикоси хакикати хаёт аст!

Аз тарафи дигар чунин анчом ба таври хос панд меомузад. То он ки лаъл ба даст меояд, садхо чигархо лахта-лахта ва хун мегардад. Ба хотири сарвату мансаб Фарогат бахташро осонакак аз даст дод. Аммо калби саршор аз ишки Зухал уро ба максад расонд.

“Накбканон бо Мафтун дудаста салом карда, ба назди ин зан сачда меоварданд”.

Ин охирин сатри кисса мебошад.

Имрузхо азобу гами аз шимол ба чануб омадани одамон аз байн рафтааст. Ва ин китоб далели кахрамони, чавонмарди ва дустиву бародарист.

Мутолиаи ин асар дар дили хонанда эхсоси ватандусти ва гурури миллиро саршор мегардонад. Аз ин ру бо камоли эътимод метавон гуфт, ки киссаи “Накби Истиклол” метавонад нишонаи ифтихори милли бигардад.

8 майи соли 2007

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …