Главная / Биология / Нимкурахои калони магзи сар

Нимкурахои калони магзи сар

Сохти нимкурахои калони магзи сар. Нимкурахои калон як чузъи хуб инкишофёфтаи магзи сар ба хисоб рафта, аз тарафи рост ва чап магзи мобайни ва миёнаро мепушонанд. Кабати кишрии магзи сар аз моддаи хокистарранг иборат буда, дар зери он моддаи сафед мавчуд аст. Дар дохили ин модда якчанд ядроро дидан мумкин аст. Сатхи он аз чинхо иборат аст. Чуякхо ва чинхо сатхи кишрро ба хисоби миёна то ба 2000-2500 см2 зиёд мекунанд. Бештар аз се ду хиссаи сатхи кишри аз чуякхо иборат аст. Дар ин кабат зиёда аз 14 миллиард нейронхо мавчуданд. Нимкурахои калон дар навбати худ аз панч палла иборатанд: 

  • паллаи пешони;
  • паллаи чакка;
  • паллаи фарки сар;
  • паллаи акиби сар;
  • чазира.

Ахамияти кабати кишрии нимкурахои калон. Дар ин кабат доирахои хискунанда ва харакатро фарк кардан мумкин аст. Ба доираи хискунанда аз узвхои хис, пуст, узвхои дохили, мушакхо ва пайхо хабар меояд. Дар вакти ба хаячонойии нейронхои ин доира хассосият ба вучуд меояд. Дар кисми акиби магзи сар доираи босира мавчуд аст. Дар холати осеб дидани ин доира кобилияти бинои суст ё катъ мегардад. Дар кисми чакка бошад, доираи сомеа чойгир аст. Дар холати осеб дидан дарк кардани садохои гуногун катъ мегардад. Дар чуяки маркази кабати кишри доираи хассосияти пусту мушак вокеъ аст. Инчунин дар кабати кишри марказхои шомма ва зоикаро дидан мумкин аст. 

Дар кисми пеши чуяки маркази доираи харакат мавчуд аст. Дар холати ба хаячон омадани нейронхои ин марказ харакатхои беихтиёр ба амал меоянд. Кабати кишри хамчун як вохиди бутун кор карда, асоси моддии фаъолияти рухии инсон ба шумор меравад. Бинобар ин чунин вазифахои барои рухият хос, ба монанди хотир, нутк, тафаккур ва танзими рафтор ичро карда мешаванд.

Саволхо 

  1. Сохти нимкурахои калон чи хел аст?
  2. Кабати кишрии нимкурахои калон кадом вазифахоро ичро мекунанд?
  3. Нимкурахои калон аз чанд палла иборатанд?
  4. Дар ин кабат кадом доирахоро фарк кардан мумкин аст?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …