Главная / Илм / Нилуфар дар Канзи Шифо (Китоб)

Нилуфар дар Канзи Шифо (Китоб)

nilufar-640x330Нилуфар  —ин калима аслан аз «нилупахл»-и забони хинди мебошад ва маънои «нил» дар забони хинди — «об» ва «пахл» — самар аст. Ба руси лотос меноманд.

Нилуфар гулест, ки дар кулхо ва дигар обхои истода месабзад, баргаш ба руйи об пахн мешавад ва аз пахлуи он поя баромада, дар сари он гули бохашамат ва зебо медихад. Ранги гулаш намудхои гуногун дорад: нили, сафед, аргувони, бунафш, сурх, вале зарди он камтар аст. Баъд аз рехтани гулаш самари чун себ кулула мебандад, дар магзи он  тухмхои майдаи сиёх чойгиранд. Решаи баъзеи ин монанди сабзи дарозаки сиёх ва баъзе кулула — ба таъм талх аст.

Мизочи хамаи кисмхои он дар дарачаи дувум хунук ва тар аст; мизочи гулаш аз бунафша хам сардтар ва дар тари хам аз он зиёдтар аст; мизочи решааш гарм ва хушк аст ва мизочи тухмаш хунук ва хушк аст. Кувваташ ба як сол боки мемонад.

Хислатхои шифобахши он: буйидани гули он дил ва майнаи гарммизочро кувват медихад, хоб меоварад; дарди сареро, ки аз гарми бошад, таскин медихад ва хушкии майнаро ислох мекунад. Инро бихуранд низ, хамин гуна таъсир дорад, илова бар ин назларо мебандад; дагалии узвхои даруни синаро ба ислох меоварад, сурфаи гармро таскин медихад ва захмхои беруни ва ботиниро, ки аз давохои тез ба хам расида бошанд, шифо мебахшад.

Чун онро бо заъфарон ва дорчини омезиш дода бихуранд, дилро кави мегардонад ва дилтапак (дилбози)-ро шифо мебахшад. Камтареро аз решаи он дар дахан нигох доранд, варамхои халкро тахлил медихад ва дарди гулуро дафъ мекунад. Гулашро дар об чуш дода, он обро кам-кам ва бардавом ба сар бирезанд, тафси онро таскин медихад.

Гулаш ё решаашро бихуранд, исхолро, ки кухна шуда бошад, мебандад, захми рудахоро шифо мебахшад, беихтиёр рехта шудани маниро ба ибро меоварад ва онро банд мегардонад, шахвати бохро сокин мекунад ва дар вакти хоб шайтони шуданро манъ мекунад. Гулашро батанхои бихуранд, барои нагзак ва сурхича даво мешавад, ба шарте ки баъд аз баромадани доначахои ин иллатхо, на пеш аз он бояд хурд, низ харорати дил ва чигарро таскин медихад, табхои тез ва гармро басанда месозад.

Вале хурдани нилуфар ба хичак зарар дорад — давои ин асал ва набот хурдан аст; барои бох хам футур мерасонад — давои ин магзи донаки мевахо ва асал хурдан мебошад. Микдори як бор хурдан аз чирми нилуфар дар як руз то 10,5 грамм ва агар дар об чушонида, он обро нушидани бошад, то 32 грамм андозанд.

Ба чойи нилуфар бунафша, бед, ё гулихайрии сафедро истеъмол намоянд, раво мебошад. Решаашро бихуранд, исхоли кухнаро мебандад, сипурзро тахлил медихад, захмхои рудахоро шифо мебахшад ва беихтиёр равон шудани маниро манъ мекунад. Агар инро куфта, аз руй гузошта банданд, дарди меъда, макъад ва хичакро шифо мобахшад, варами сипурз ва макъадро тахлил медихад.

Ин решаашро куфта, бо об сиришта гузошта банданд, доги сафеди пуст ва песро ба ибро меоварад, хусусан решаи сиёхи он дар ин амал кавитар аст. Инро бо асал сиришта гузошта банданд, ба чойхои гирдак-гирдак муйрехтаи сар ва риш муй меруёнад.

Агар решаи нилуфарро дар сирко чушонида, он сиркоро кам-кам ва бардавом бирезанд, варамхои гармро тахлил медихад. Микдори як бор хурдан аз решаи нилуфар дар як руз аз 3,5 то 10,5 грамм аст. Ва агар аз ин зиёд бихуранд, бохро заиф мегардонад.

Вале тухмашро бихуранд, бохро суст мекунад ва маниро гафс мегардонад. Агар инро се-чор маротиба бихуранд, аз бачадон равон шудани рутубатхои бемавридро хушк ва манъ мекунад. Тухмашро куфта гузошта банданд, хуни рафтаистодаро мебандад, дарди хиччакро таскин медихад, инчунин агар хайз бехад ва бечо равон мешуда бошад, мебандад.

nilufar-2-768x537

Шароби нилуфарро бихуранд, дарунро мулоим мекунад, дарди сари аз гарми сарзада, табхои гарм ва табхои сафрови, сурфа, зот-ул-чанб (варами пардахои даруни сина), варами шуш ва дагалии узвхои даруни синаро шифо мебахшад.

Тарзи тайёр кардани шароби нилуфар ин аст. 300 грамм гули нилуфари тару тозаро дар 1200 грамм оби ширин як шабонаруз тар мекунанд ва баъд хуб молида, аз дока гузаронида соф карда, бо 800 грамм канди сафед ба кивом меоваранд, ин шароби нилуфар хисоб меёбад. Агар гули тараш ёфт нашавад, дар ин амал сеяк ё нисфи вазни он гули тар аз нилуфари хушк тартиб диханд, чойиз аст.

Нушидани араки нилуфар дарди сари гарм, табхои сафрови ва табхои дик (логаркунанда), нагзак, сурхича, сурфаи гарм, зот-ул-чанб, варами шуш ва тапиши дилро, ки аз гарми бошад, шифо мебахшад.

Санъати тайёр кардани араки нилуфар чунин аст. Гули нилуфари тару тозаро бо чор баробари вазни он оби ширини соф дар анбик мукаттар менамоянд. Баъди хунук шудани араки дохилшуда дар шиша нигох медоранду вакти хочат истеъмол мефармоянд. Ин арак монанди май ва шароб мастиовар нест. Дар ин амал агар гули тару тозаи нилуфар ёфт нашавад, чоряки нисфи вазни он гули хушкашро истифода баранд, раво мебошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …