Главная / Чамъият / Нигох доштани маблаг аз музди мехнат

Нигох доштани маблаг аз музди мехнат

Моддаи 163-и Кодекси Мехнат. Нигох доштани маблаг аз музди мехнат

  1. Нигох доштани маблаг аз музди мехнат танхо дар холатхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон мумкин аст.
  2. Нигох доштани маблаг аз музди мехнати корманд барои чуброни карзхояш дар назди корфармо тибки амри корфармо дар холатхои зерин амали карда мешавад:

– барои баргардонидани пешпардохти коркарданашуда, ки ба хисоби музди мехнат ба корманд дода шудааст;

– барои баргардонидани маблаге, ки дар натичаи хисоби нодуруст зиёдати дода шудааст;

– барои чуброни пешпардохти истифоданашуда ва сари вакт барнагардонидае, ки барои сафари хизмати ё барои гузаронидан ба кори дигар, чойи дигар ва эхтиёчоти хочагидори дода шудааст, агар корманд аз асос ва андозаи нигох доштани маблаг норозиги баён накунад. Дар чунин холатхо корфармо хукук дорад, дар бораи нигох доштани маблаг дар муддати на камтар аз як мохи рузи охирини мухлати муайяншудаи баргардонидани пешпардохт, чуброни карзхо ва ё аз рузи нодуруст гузаронидани маблаг супориш дихад;

– хангоми аз кор озод намудани корманд то охири соли корие, ки дар он корманд аллакай рухсатии мехнати гирифтааст, барои рузхои корнакардаи рухсати. Агар корманд бо асосхои дар сархатхои якум, дуюм ва панчуми кисми 1 моддаи 42 ва сархати якуми моддаи 48 Кодекси мазкур аз кор озод шуда бошад, инчунин хангоми фиристонидан ба тахсил, ба нафака баромадани корманд ва дар холате, ки дар рузи аз кор озод шудан корманд маблаги барои пардохт хисобшударо надошта бошад, маблаг барои ин рузхо аз музди мехнат нигох дошта намешавад;

– хангоми чуброни зараре, ки бо гунохи корманд ба корфармо расонида шудааст, ба андозаи на зиёдтар аз музди миёнаи мохонаи корманд (моддаи 189 Кодекси мазкур).

  1. Музди мехнатеро, ки корфармо ба корманд барзиёд пардохтааст, аз чумла хангоми истифодаи нодурусти конунгузории Чумхурии Точикистон, ба истиснои холатхои хисоби нодуруст аз корманд руёнидан мумкин нест.
  2. Корфармо ухдадор аст, ки маблагро дар асоси аризаи хаттии корманд аз музди мехнати у бо тартиби хисоби гайринакди нигох дорад.
  3. Андозаи умумии нигохдошташаванда аз музди мехнат ва дигар намудхои даромадхои корманд аз 20 фоиз ва дар холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон аз 50 фоизи музди мехнати корманд зиёд буда наметавонад.
  4. Хангоми нигох доштан аз музди мехнат барои якчанд хуччатхои ичро бояд барои корманд на камтар аз 50 фоизи музди мехнати барои пардохт пешбинишуда мононда шавад.
  5. Махдудиятхое, ки дар кисмхои 5 ва 6 моддаи мазкур мукаррар шудаанд, барои нигох доштани маблаг аз музди мехнат хангоми ичрои корхои ислохкуни ва руёнидани алимент, чуброни зарари ба саломати расонидашуда, чуброни зарар ба шахсоне, ки ба онхо дар натичаи вафоти саробон зарар расонида шудааст ва чуброни зарари дар натичаи чиноят расонидашуда татбик намегарданд. Дар ин холатхо андозаи нигохдошташаванда аз 70 фоизи музди мехнат зиёд буда наметавонад.
  6. Ба нигох доштани маблаг аз кумакпулихои яквакта, чубронпули ва дигар пардохтхое, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон руёнидани маблаг аз онхо манъ аст, рох дода намешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …