Главная / Чамъият / Назорати чамъиятии риояи талаботи хифзи мехнат

Назорати чамъиятии риояи талаботи хифзи мехнат

Моддаи 357-и Кодекси Мехнат. Назорати чамъиятии риояи талаботи хифзи мехнат

  1. Назорати чамъиятии риояи меъёру коидахои хифзи мехнат аз чониби иттифокхои касаба ва дигар намояндагони кормандон ба амал бароварда мешавад, ки онхо бо ин максад хукук доранд бозрасии худиро таъсис диханд, инчунин шахсони ваколатдорро оид ба хифзи мехнат интихоб намоянд.
  2. Нозирон ва шахсони ваколатдор оид ба хифзи мехнати иттифокхои касаба ва дигар намояндагони кормандон хукук доранд:

– аз чониби корфармоён риоя гардидани санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистонро дар бораи хифзи мехнат назорат кунанд;

– ташхиси мустакилонаи шароити мехнат ва таъмини бехатарии кормандони ташкилотро гузаронанд;

– дар санчиши ходисахои нохуш дар истехсолот ва беморихои касби иштирок кунанд, инчунин мустакилона онхоро санчиш намоянд;

– аз рохбарон ва дигар шахсони мансабдори ташкилот оид ба шароит ва хифзи мехнат, инчунин дар бораи хамаи ходисахои нохуш дар истехсолот ва беморихои касби маълумот гиранд;

– дар бораи боздоштани корхо дар холатхои тахдид ба хаёту саломатии кормандон талабот пешниход кунанд;

– ба корфармоён барои бартараф намудани вайронкунихои ошкоршудаи талаботи хифзи мехнат амрномахо медихад, ки ичрои онхо хатми мебошад;

– санчиши шароит ва хифзи мехнат, ичрои ухдадорихои корфармоёнро оид ба хифзи мехнат, ки тибки созишнома ва шартномахои коллективи пешбини шудаанд, таъмин намоянд;

– дар кори комиссияхо оид ба санчиш ва ба истифода додани иншооти истехсоли ва воситахои истехсоли ба хайси коршиносони мустакил иштирок намоянд;

– дар тахияи лоихахои санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон оид ба хифзи мехнат иштирок намоянд, инчунин онхоро бо тартиби мукарраргардида мувофика кунанд;

– ба макомоти дахлдор дар бораи ба чавобгари кашидани шахсоне, ки талаботи хифзи мехнатро риоя накардаанд, ходисахои нохуши дар истехсолот рухдодаро пинхон медоранд, мурочиат намоянд;

– дар халли бахсхои мехнати, ки ба вайронкунии мукаррароти Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, ухдадорихои пешбиникардаи созишнома ва шартномахои коллективи чихати хифзи мехнат, инчунин тагйирёбии шароити мехнат алокаманд мебошанд, иштирок кунанд;

– дорои дигар хукук ва ухдадорихои пешбининамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон бошанд.

  1. Иттифокхои касаба ва дигар намояндагони кормандон хукук доранд бемамониат дар ташкилот риояи талаботи хифзи мехнатро санчида, ба шахсони мансабдор таклифи баррасии хатмиро оид ба бартараф намудани вайронкунихои ошкоршудаи талаботи хифзи мехнат пешниход намоянд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …