Главная / Чамъият / Назорати давлатии молияви дар Чумхурии Точикистон

Назорати давлатии молияви дар Чумхурии Точикистон

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 Дар бораи назорати давлатии молияви дар Чумхурии Точикистон

 (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон,  соли  2002, №11, мод. 681; соли 2007, №7, мод. 686; соли 2010, №1, мод.)

Конуни мазкур принсипхои умуми, асосхои хукуки ва иктисодии ташкил ва амали намудани назорати давлатии молиявиро дар Чумхурии Точикистон муайян менамояд. Он барои таъмини ташкили санчишу тафтиши воридот ва истифодаи самарабахши маблагхои бучети давлати, фондхои давлати, карзхое, ки аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон ва тахти кафолати он чалб карда мешаванд, грантхо, кумаки башардустона ва амволи давлати дар шароити инкишофи муносибатхои бозори ва ташаккули бахши хусуси нигаронида шудааст.

kontrol-deneg

БОБИ I. МУКАРРАРОТИ УМУМИ  

Моддаи 1. Конунгузори дар бораи назорати давлатии молияви

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи назорати давлатии молияви ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта аз хамин Конун, дигар конунхои Чумхурии Точикистон, санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон, фармонхои Президенти Чумхурии Точикистон ва дигар санадхои меъёрию хукукии Чумхурии Точикистон иборат мебошад.

 

Моддаи 2. Вазифахои назорати давлатии молияви

Вазифахои назорати давлатии молияви аз инхо иборатанд:

ташкил ва амалигардонии санчиш ва тафтиши ичрои кисми даромад ва харочоти бучетхои чумхурияви ва махалли, фондхои давлати аз руи хачм, сохтор ва таъиноти максаднок, инчунин самарабахшии маблаггузории давлати ва истифодаи амволи давлати;

тахлил намудани асоснокии кисмхои даромад ва харочоти лоихаи бучети давлати ва фондхои давлати;

назорати маблаггузории саривакти ва пурраи барномахои давлатии сармоягузори ва ичтимои, истифодаи максадноки маблагхои аз бучети чумхурияви барои рафъи окибатхои офатхои табий чудошаванда, хамчунин назорати таксими кумаки башардустона ва техникие, ки Хукумати Чумхурии Точикистон мегирад;

назорати кабул, истифода ва нигохдории фонди давлатии металлхои кимматбахо ва сангхои кимматбахо, ки кисми таркибии захирахои тиллою асъории давлат мебошанд;

санчиш ва тафтиши харакати конуни ва саривактии маблагхои бучети давлати ва фондхои давлати дар бонкхои давлати ва дигар муассисахои молиявию карзи;

назорати истифодаи максадноки захирахои карзи ва сармоягузорихои хоричи, ки аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон, инчунин аз чониби Бонки миллии Точикистон бо мувофикаи Хукумати Чумхурии Точикистон чалб карда мешаванд;

тахлили камбудихои ошкоргардида дар нишондихандахои тасдикгардидаи бучети давлати ва фондхои давлати ва тахияи пешниходхое, ки ба рафъи онхо нигаронида шудаанд;

тафтиш ва тахлили фаъолияти макомотхое, ки вазифахои назорати молиявии дохилиидоравиро анчом медиханд;

назорати фаъолияти молиявию хочагидории субъектхои давлатии хочагидори, инчунин таъмини хифзи маблагхои давлати ва амволи давлати аз чониби онхо;

ба Президенти Чумхурии Точикистон пешниход намудани иттилоот ва хулосахо оид ба натичахои корхои тахлилию назорати ва дар бораи ичрои бучети давлатии соли сипаришуда, инчунин хисоботи чамъбастии солона оид ба натичахои тафтиш ва санчишхои анчом додашуда ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон.

 

Моддаи 3. Принсипхои амали намудани назорати давлатии молияви

Назорати давлатии молияви дар асоси принсипхои конуният, хакконият, мустакилият ва ошкорбаёни ба рох монда мешавад.

Назорати давлатии молияви ба стандартхои корхои назоратию тафтишотие, ки дар амалияи байналмилали истифода бурда мешаванд, асос меёбад.

БОБИ II. МАКОМИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВИ ДАР ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 

Моддаи 4. Макоми назорати давлатии молияви

Бо максади амали намудани назорати давлатии молияви аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон макомоти назорати давлатии молияви, (минбаъд «Макоми назорат»), таъсис дода мешавад, ки он макоми асосии назорати давлатии молияви дар Чумхурии Точикистон буда, дар назди Президенти Чумхурии Точикистон хисоботдиханда мебошад.

Низомнома, сохтор, теъдод ва фонди пардохти музди мехнати Макоми назоратро Президенти Чумхурии Точикистон тасдик менамояд.

Хангоми баррасии мавод оид ба натичаи санчишу тафтишот, дар чаласахои Макоми назорат ахборот, хисобот ва тавзехоти рохбарон, шахсони мансабдори вазорату идорахо ва дигар ташкилоту муассисахои давлати шунида мешаванд.

 

Моддаи 5. Намудхои фаъолияти назорати давлатии молияви

Дар чараёни татбики вазифахои дар ин Конун зикргардида ва мутобики санадхои меъёрию хукукии Чумхурии Точикистон фаъолияти санчишию тафтишоти, тахлили, иттилооти ва дигар намудхои фаъолият анчом дода шуда, системаи ягонаи назорати давлатии молияви ба фаъоляти молиявию хочагии субъектхои хочагидории давлатй, ташаккул ва ичрои бучети давлати истифодаи амволи давлати дар чумхури таъмин карда мешавад, ки он чунин намудхои назоратро пешбини менамояд:

– гузаронидани тафтишхои комплекси ва санчишхои мавзуи оид ба ичрои бучетхои чумхурияви ва махалли, фондхои давлати, аз чумла барои нигох доштани макомоти хокимият ва идоракунии давлатии Чумхурии Точикистон, хизматрасонии карзи дохили ва хоричии Чумхурии Точикистон, истифодаи кумаки хоричие, ки аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон, ё бо кафолати он гирифта мешавад, маблаггузории ташкилот ва муассисахои давлатии дар хорича амалкунанда, инчунин истифода ва хифзи амволи давлати;

– ташкили тафтишхои комплекси ва санчишхои мавзуии фаъолияти молиявию хочагии субъектхои хочагидории давлати;

– гузаронидани санчишхои мавзуи оид ба масъалахои кабул, истифода ва нигохдории фонди давлатии металлхои кимматбахо ва сангхои кимматбахо, ки кисми захирахои тиллою асъори давлат мебошад;

– доир намудани санчишхо оиди хизматрасонии маблагхои бучетхои чумхурияви ва махалли аз чониби Бонки миллии Точикистон, бонкхои давлати ва тичорати;

– гузаронидани санчишхо оид ба хизматрасонии карзи давлатии Чумхурии Точикистон аз чониби Бонки миллии Точикистон;

– ба Президенти Чумхурии Точикистон пешниход намудани иттилооти семоха оид ба натичахои фаъолияти назорати ва тадбирхои нисбати онхо андешидашуда.

 

Моддаи 6. Ташкил ва банакшагирии фаъолияти назорати

Фаъолияти назорати дар асоси накшахои дусолаи тафтишотии комплекси ва накшахои солонаи санчишхои мавзуи, ки бинобар зарурати таъмини назорати системавии хамачонибаи истифодаи воситахои давлати ва амволи давлати, бо назардошти хамаи самтхои фаъолияти тафтишоти тартиб дода шудааст, созмон дода мешавад.

Банакшагири дар асоси меъёрхои техникию иктисоди, стандартхои назорати ва тафтишоти, дастурхои методи анчом дода мешавад. Накшаи тафтишот ва санчишхои мавзуи аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад.

Чорабинихои назоратии гайринакшави бо дастури Президенти Чумхурии Точикистон, ё хангоми дархости макомоти хифзи хукук аз руи парвандахои чиноятии огозгардида дар асоси фармони рохбарияти Макоми назорат гузаронида мешаванд.

Санчиши мавзуии сохибкорони инфироди ва шахсони хукукии гайридавлати оид ба гирифтан, гузаронидан ё истифодаи маблагхои давлати, фондхои давлати, карзхои аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон ва ё бо кафолати у чалбшаванда аз чониби макомоти назорати давлатии молияви мутобики талаботи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор дар Чумхурии Точикистон» танхо оид ба хамин маблагхо ба амал бароварда мешавад. Санчиши фаъолияти шахсони хукукии давлати бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур татбик карда мешавад.

БОБИ III. ВАКОЛАТХОИ МАКОМИ НАЗОРАТ

 

Моддаи 7. Доираи татбики ваколатхои назоратии макоми назорат

Барои ичрои вазифахои ба зиммааш гузошташуда, Макоми назорат хукук дорад, ки тафтишот ва санчишхо доир намояд, инчунин самарабахшии истифодаи маблагхо ва амволи давлатиро дар хамаи макомоти давлати, ташкилоту муассисахо ва корхонахои давлатии Чумхурии Точикистон анчом дихад.

Ваколатхои назорати хамчунин нисбати макомоти хокимияти давлати дар махалхо, шахсони вокеи ва хукуки, сарфи назар аз шакли моликият, агар онхо маблагхоро аз бучети давлати гиранд, ба воситаи суратхисобхо гузаронанд ё истифода баранд, моликияти давлатиро истифода ё идора намоянд, татбик мегардад.

Тафтишот на зиёда аз як бор дар ду сол ва санчишхои мавзуи мутобики накшаи солонаи тасдикгардида дар махалли чойгиршавии объекти тафтишшаванда дар асоси фармони рохбарияти Макоми назорат дар бораи гузаронидани тафтишот ё санчиш анчом дода мешавад.

Санчишхои мавзуи дигар субъектхои хочагидори, сарфи назар аз шакли моликияташон, дар кисмати гирифтан, ба воситаи суратхисобхо гузарондан ё истифодаи маблагхои бучети давлати аз чониби онхо, ичрои фармоиши давлати ва истифодаи амволи давлати, дар холатхое гузаронида мешавад, ки ин санчишхо бинобар зарурати доир намудани санчиши мутаккобила аз руи далелхои мушаххас ба миён омаданд.

Монеа ба фаъолияти кормандони Макоми назорат дар доираи ваколатхои додашуда, таъсиррасони ба онхо бо максади кабули карор ба манфиати ин ё он тараф, амали зуровари, хамчунин тухмат ё пахн намудани маълумоти тахрифшуда оид ба ичрои ухдадорихои хизматии онхо тибки конунгузории Чумхурии Точикистон боиси ба чавобгари кашидан мегарданд.

 

Моддаи 8. Пешниходи иттилоот бо дархости макоми назорати давлатии молияви

Хамаи макоми чумхуриявй ва махаллии хокимияти давлати ва идоракунии Чумхурии Точикистон, Бонки миллии Точикистон, корхонаю муассиса ва ташкилотхои давлати, инчунин дигар шахсони вокеию хукуки вазифадоранд вобаста ба дархости Макоми назорат оид ба тафтишоту санчишхои гузаронидаистода иттилооти заруриро пешниход намоянд.

Бонкхои хамаи сатххо вазифадоранд дар хусуси харакати маблагхои пулии давлати, тавассути хисобномахои мизочон, сарфи назар аз шакли моликияташон, ба Макоми назорат иттилооти зарури пешниход намоянд.

Хангоми гузаронидани тафтишоту санчишхо Макоми назорат аз корхонахо, муассисахо, ташкилотхо ва бонкхо тибки Конуни мазкур иттилоот ва нусхаи хуччатхоро мегирад. Хамаи шахсони вокеи ва хукуки вазифадоранд тасдики хуччатии амалиёти гузаронидашуда, маълумотномахо ва нусхахои хуччатхоро оид ба ин амалиётхо ва хисобхо, пешниход кунанд.

Рад намудан ва саркашии шахсони мансабдор ва алохидаи макомоти дар боло зикргардида, корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо аз пешниходи саривактии иттилоот ё хуччатхои зарури бо дархости Макоми назорат, хамчунин дидаю дониста пешниход намудани иттилооти бардуруг, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон боиси ба чавобгари кашидан мегардад.

 

Моддаи 9. Тафтишхои комплекс ва санчишхои мавзуи

Тафтишхои комплекси ва санчишхои мавзуи мутобики накшахои тасдикгардида дар мавкеи чойгиршавии объекти тафтишшаванда анчом дода мешавад.

Оид ба натичахои тафтиш ва санчишхои гузаронидашуда санад тахия мегардад, ки дар он асос, максад, мавзуъ, объекти тафтишшаванда, номгуи хуччатхо ва объектхои омухташуда, номгуи хуччатхои дастраснагардида, маълумот оид ба норасоихо, зиён ва зарари ошкоршуда, инчунин тавсияхо оид ба андешидани тадбирхо бахри рафъи камбудихои ошкоргадида дарч карда мешаванд.

Рохбари объекти тафтишшаванда дар мухлати се руз вазифадор аст, ки бо санади тафтиш ё санчиш шинос шуда, ба он имзо гузорад. Хангоми бо камбудихои ошкоршудаи рафти тафтиш ва санчиш рози набудани шахси мансабдори масъул, санад бо зикри мавчудияти эродхо ва ё эътироз имзо карда мешавад. Дар сурати аз чониби шахси мансабдор рад намудани шиносои бо санад ё имзогузори ба он, тафтишкунанда бояд бо зикри сана ва холатхои рад бо иштироки шохидон дар санад сабти дахлдор гузорад.

Хангоми гузаронидани тафтиш ё санчиш шахсони тафтишгар ба фаъолияти амалию хочагии объекти тафтишшаванда набояд дахолат кунанд, инчунин хулосахои худро то анчоми тафтиш (санчиш) ва барасмиятдарории он дар шакли санад (хулоса) ошкор намоянд.

Маълумоте, ки ба тафтишгарон ва шахсони чалбшуда дар чараёни тафтиш ва санчиш дастрас гардидааст, набояд ба максадхои шахси истифода бурда шавад.

Моддаи 10. Тафтиши ичрои бучети давлати ва истифодаи фондхои давлати

Дар рафти ичрои бучети давлати тафтиш ва тахлили фаъолияти макомоти андоз, гумрук, хазинадори, молияви, бонки ва дигар макомотхои идоракунии давлати чихати аз чониби онхо пурра ва сари вакт таъмин намудани чамъоварии воридоти андози ва гайриандози ба бучет, инчунин назорати харочоти вокеии маблагхои бучети анчом дода мешавад. Дар мукоиса бо нишондихандахои тасдикгардидаи бучети давлати тахлили онхо гузаронида шуда, хангоми ошкор намудани камбудихо, барои рафъи онхо пешниход ирсол карда мешавад. (К ЧТ аз 12.01.2010с, №583).

Инчунин ташаккул ва истифодаи самарабахши маблагхои фондхои давлати тахти назорат карор дода мешавад.

 

Моддаи 11. Назорати вазъи карзи давлатии дохили ва хоричии Чумхурии Точикистон

Назорати вазъи карзи давлатии дохили ва хоричи ба таври зайл анчом дода мешавад:

идоракуни ва хизматрасонии карзхои давлатии дохили ва хоричии Чумхурии Точикистон;

конуни, максаднок ва самарбахш будани истифодаи карзхои хоричи, грантхо, кумакхои башардустона ва техникие, ки Хукумати Чумхурии Точикистон мегирад, инчунин карзхое, ки субъектхои хочагидори бо кафолати давлат мегиранд;

додани карзхои давлати ва кафолати давлати, инчунин ба ихтиёри давлатхо ва ташкилотхои хоричи беподош додани воситахои давлати.

 

Моддаи 12. Назорати харочоти маблагхо аз чониби намояндагихо ва муассисахое, ки дар хорича фаъолият доранд

Назорати харочоти маблагхои давлати дар ташкилотхо, намояндагихо ва муассисахои давлатие, ки дар хорича амал мекунанд ва аз бучети давлати маблаггузори мегарданд, вобаста ба хачм, таркиб, таъиноти максаднок ва мувофики матлаб будани харочоти онхо, анчом дода мешавад.

 

Моддаи 13. Назорати фаъолияти сармоягузорй

Фаъолияти макомоти хокимияти идоракуни ва субъектхои хочагидории давлати оиди мувофики максад истифода гардидани маблагхое, ки барои сармоягузори ба иктисодиёт, аз чумла барои бунёд ва рушди корхонахои гайридавлати пешбини шудаанд, назорат карда мешавад.

 

Моддаи 14. Тафтиши воридоти маблагхо ба бучети давлати аз ихтиёрдори ва идоракунии моликияти давлати ва истифодаи максадноки онхо

Тафтиши воридоти маблагхои бучети давлати аз фаъолияти зайл бадастовардашуда ва истифодаи максадноки онхо анчом дода мешавад:

– аз ихтиёрдори ва идоракунии амволи давлати (аз чумла хусусигардони, фурухтан ё ичораи он), даромадхо аз дивиденди сахмияхои давлати;

–  аз истифодаи захирахои табий.

 

Моддаи 15. Назорат дар сохаи фаъолияти бонки

Фаъолияти бонкхои давлатй ва тичоратй дар кисми хизматрасонии маблагхои бучети давлати, фондхои давлатй ва карзи давлатии Чумхурии Точикистон назорат карда мешавад.

 

Моддаи 16. Хамкори бо дигар макомоти назоратии Чумхурии Точикистон

Вазоратхои корхои дохили ва  молия, Кумитаи  давлатии амнияти милли, Бонки миллии Точикистон, Кумитаи  андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон ва Хадамоти гумруки назди Хукумати Чумхурии Точикистон  ва дигар макомоти давлати хангоми гузаронидани санчишу тафтишот: (К ЧТ аз 12.01.2010с, №583).

–            ба фаъолияти Макоми назорат мусоидат менамоянд;

–            бо Макоми назорат зарурат ва мутобики максад будани гузаронидани тафтиш ва санчиши фаъолияти молиявию хочагии субъектхои хочагидории давлатиро (ё бо иштироки давлатро) пешаки мувофика мекунанд;

–            татбики вазифахои назоратии худро, ки бо зарурати ташкили гузаронидани санчиш ва тафтиш алокаманданд, бо Макоми назорат хамоханг месозанд.

Макомоти хифзи хукук, ки оид ба маводи тафтиш ва санчиши ба онхо пешниходшуда чорабинихои тафтишоти анчом медиханд, бояд оид ба тадбирхои андешидашуда ба Макоми назорат иттилоот пешниход намоянд.

Хангоми пешбурди фаъолияти назоратию тафтишоти дар доираи салохияташ, Макоми назорат хукук дорад барои иштирок дар чорабинихои накшвии худ макомоти назоратии зикргардида ва намояндагони онхо, инчунин дар асоси шартнома хадамоти гайридавлатии аудитори ва мутахассисони алохидаро чалб намояд.

 

Моддаи 17. Пешниходот ва нишондодхои назорати

Дар бораи натичаи чорабинихои назоратии гузаронидашуда ва баррасии маводи тафтишоту санчишхо ба макомоти хокимият ва идоракунии давлатии Чумхурии Точикистон пешниходот ва ба рохбарони корхонаю муассиса ва ташкилотхои тафтишшаванда чихати андешидани тадбирхо оид ба рафъи камбудихои ошкоргардида, чуброни зиёни ба давлат расонидашуда ва чалби шахсони гунахгор ба чазохои интизоми ва модди, нишондодхои хатти равон карда мешаванд.

Дар сурати ошкор намудани дуздии маблагхо ё молу мулки давлати, хангоми гузаронидани тафтиш ё санчиш, инчунин дигар нишонахои чиноят ва суиистифода, дар давоми панч рузи пас аз баррасии онхо, маводи тафтиш ё санчиш чихати баррасии минбаъда ва кабули карор нисбати онхо ба макомоти прокуратура ирсол карда мешавад.

Пешниходот ва нишондодхои хаттии назорати бояд дар мухлатхои дар он зикргардида ва ё агар ин мухлатхо зикр нашуда бошанд, дар давоми 20 рузи гирифтани онхо барраси гарданд. Ташкилот ва муассисае, ки нишондодхои хатти гирифтаанд, бояд оиди тадбирхои андешидашуда чихати рафъи камбудихои дар онхо зикргардида, иттилоот диханд.

Хангоми ичро накардан ё ичрои номатлуби пешниходот ва нишондодхои назорати, дар ин бора мувофики тартиби мукаррарнамудаи конунгузори барои андешидани чорахои дахлдор ба макомоти прокуратураи Чумхурии Точикистон иттилоот фиристода мешавад.

Бозхонд, ворид намудани тагйирот ва бекор кардани пешниходот ва нишондодхои хатти аз чониби рохбарияти Макоми назорат анчом дода мешавад.

 

БОБИ IV. ХУКУК ВА МАСЪУЛИЯТИ КОРМАНДОНИ МАКОМИ НАЗОРАТ

 

Моддаи 18. Хукук  ва ваколатхои кормандон

Кормандон ва шахсони мансабдори Макоми назорат дар доираи ваколатхои ба онхо додашуда хукук доранд:

– дар ташкилотхои тафтишшаванда хуччатхои пули, мухосибави ва дигар хуччатхои марбут ба мавзуи тафтиш, мавчудияти вокеии маблагхои пули, когазхои кимматнок, арзишхои модди ва истифодаи дурусти онхоро санчанд;

– тибки тартиби мукарраргардида аз макомоти чумхуриявии идоракуни, макомоти хокимияти давлати дар махалхо (хукуматхо), макомоти худидораи махалли, корхонаю муассисахои давлати, инчунин дигар корхонаю муассиса ва ташкилотхое, ки маблагхои давлати ё амволи давлатиро истифода мебаранд, маълумоти барои анчом додани фаъолияташон заруриро дархост намоянд;

– аз шахсони мансабдор, шахсони аз нигохи модди масъул ва дигар шахсони ташкилотхои тафтишшаванда оид ба масъалахои дар чараёни тафтиш (санчиш) ба миён омада, тавзехот, аз чумла тавзехоти хатти гиранд;

– аз рохбарони ташкилотхои тафтишшаванда гузаронидани бахисобгирии хатмии амволро талаб намоянд;

– хангоми ошкор намудани далелхои дузди, суиистифода аз вазифа ва вайрон шудани амвол, ошкор намудани фиреб, сохтакори ва ё дигар намудхои суиистифода хазинахо, бинохои хазинадори, анборхо, бойгонихо ва дигар чойхои заруриро мухр гузоранд, хуччатхои заруриро гиранд ва дар чои гирифти онхо санади гирифтан, руйхат ва нусхаи хуччатхои гирифташударо гузоранд;

– хангоми ошкор намудани хулосахои гайриобъективи, ки аз чониби аудитор ё ташкилоти аудитори дода шудааст, оид ба бозхонди литсензияи пешбурди фаъолияти аудитории онхо таклифхо пешниход намоянд;

– ба макомоти чумхуриявии идоракуни ва макомоти хокимияти давлати дар махаллхо (хукуматхо), ба рохбарони корхонаю муассиса ва ташкилотхои тафтишшаванда барои андешидани тадбирхо чихати рафъи камбудихои ошкоршуда, чуброни зиёни ба давлат расонидашуда ва чаримабандии шахсони мансабдоре, ки ба истифодаи гайримаксадноки маблагхои давлати рох додаанд, мутобики санадхои меъёрию хукукии Чумхурии Точикистон пешниходот ё нишондодхои хатти ирсол намоянд.

Бо максади чуброни зиёни ба давлат расонидашуда, ки дар чараёни тафтиш ё санчиши объекти тафтишшаванда ошкор гардидааст, кормандони Макоми назорати давлатии молияви хукук доранд, тавассути шахсони сеюм (макоми молияви, бонк ё дигар муассисаи молиявию карзи) огохинома (фармоиш) ирсол намоянд то корхона, муассиса ва ташкилотро вазифадор созад, ки пардохти мустакими маблаги дахлдорро дар мухлати на дертар аз 30 руз пас аз гирифтани огохинома ба бучети дахлдор анчом дихад.

Рохбарони объектхои тафтишшаванда вазифадоранд барои фаъолияти тафтишгарон, ки тафтиш ё санчишро анчом медиханд, шароити мусоид фарохам оваранд, барои онхо бино, воситахои алока чудо кунанд ва ичрои корхоро вобаста ба коргузори таъмин намоянд.

 

Моддаи 19. Масьулияти кормандони Макоми назорат

Кормандони Макоми назорат барои вайрон кардани тартиби мукарраргардидаи пешбурди тафтиш ва санчиш, ошкор ва пахн намудани натичахои тафтиш ва санчиши гузаронидаашон, инчунин сирри давлати, бонки ва ё сирри дигари конунан хифзшаванда, ки дар чараёни фаъолияташон барои онхо муайян гардидааст, инчунин суиистифода аз мансаб мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон чавобгар мебошанд чавобгарии зикргардида нисбат ба хамин кормандон метавонад хамчунин пас аз катъи хизмати давлати низ татбик гардад.

Арзу шикоятхо нисбати амалиёти гайриконунии кормандони Макоми назорат мутобики конунгузории амалкунандаи Чумхурии Точикистон кабул ва барраси мегарданд.

БОБИ V. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 20. Вазъи хукукии кормандони Макоми назорат

Кабул ва аз кор озод намудани кормандони Макоми назорат дар асоси шартномаи (карордоди) мехнати сурат мегирад.

Кормандони Макоми назорат дар холатхои зерин аз вазифа озод карда мешаванд:

а) ба охиррасии мухлати шартнома (карордоди) мехнати;

б) аризаи шахси дар бораи озод намудан аз кор;

в) расидан ба синну соли нихоии дар хизмати давлати будан;

г) ичро накардан ё ичрои номатлуби ухдадорихои хизмати, ва суиистифода аз он;

д) ба кувваи конуни даромадани хукми суд нисбати онхо;

е) баъди эътибор пайдо намудани карори суд дар бораи гайри кобили амал донистани онхо;

ж) гум кардани шахрвандии Чумхурии Точикистон;

з) дар дигар холатхои пешбининамудаи Кодекси мехнати Чумхурии Точикистон.

Кормандони Макоми назорат хукук надоранд:

– ба фаъолияти сохибкори шахсан ё тавассути миёнаравон машгул шаванд, инчунин дар назди шахсони сеюм оид ба масъалахои вобаста ба фаъолияти хизматии онхо шахси ваколатдор бошанд;

– мустакилона ё тавассути миёнаравон дар идораи субъектхои хочагидори иштирок намоянд. Кормандони Макоми назорат наметавонанд ба макомоти намояндаги интихоб шаванд, ба дигар фаъолияти музднок, ба истиснои фаъолияти илмиву омузгори ва эчоди машгул шаванд.

 

Моддаи 21. Маблаггузории фаъолияти Макоми назорат

Маблагхо барои таъмини фаъолияти Макоми назорат дар бучети чумхурияви бо сатри алохида пешбини карда мешаванд.

 

Моддаи 22. Таъминоти модди ва ичтимоии кормандони Макоми назорат

Давлат чихати таъминоти модди ва ичтимоии кормандони Макоми назорат чорахои заруриро меандешад. Маоши вазифавии кормандони Макоми назорат аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

Иловапулихо ба маоши вазифавии кормандон тибки тартиб ва андозае, ки барои кормандони Дастгохи ичроияи Президенти Чумхурии Точикистон муайян гардидааст, мукаррар карда мешаванд.

Нисбат ба кормандони Макоми назорат тартиби хизматрасонии тибби, санаторию осоишгохи, маиши ва наклиёт, ки барои кормандони Дастгохи ичроияи Президенти Чумхурии Точикистон мукаррар гардидааст, татбик карда мешавад.

 

Моддаи 23. Робитахои байналмилали

Макоми назорат бо палатахои бахисобгири ва назорат, макомоти назорати давлатии молиявии кишвархои хоричи ва иттиходияхои байналмилалии онхо робитахо баркарор намуда, барои хамкори бо онхо созишномахо мебандад.

 

Моддаи 24. Иттилоот оид ба фаъолияти Макоми назорат

Макоми назорат дар бораи фаъолияти хеш, ки метавонад нашр гардад, ба воситахои ахбори умум иттилоот пешниход менамояд.

Макоми назоратбо дархосги Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон оид ба натичаи санчишхои мушаххаси доиргашта маълумоти пурра пешниход менамояд.

Маводи натичахои санчиш, ки ба хифзи сирри давлати алокаманданд, ба Президенти Чумхурии Точикистон пешниход карда мешаванд.

 

Моддаи 25. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал карор дода шавад.

 

          Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                                      Э. РАХМОНОВ

ш. Душанбе,  2 декабри соли 2002,

          №66

 

 

 

 

 

 

 

 

КАРОРИ

МАЧЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ

МАЧЛИСИ ОЛИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 

Оиди кабул намудани Конуни Чумхурии Точикистон

«Дар бораи назорати давлатии молияви дар Чумхурии Точикистон»

Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистонкарор мекунад:

  1. Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи назорати давлатии молияви дар Чумхурии Точикистон» кабул карда шавад.
  2. Хукумати Чумхурии Точикистон:

– ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон дар хусуси ба Конуни мазкур мутобик гардонидани конунгузории амалкунанда таклифхо пешниход намояд;

–            Карорхои худро ба Конуни мазкур мутобик гардонад.

Раиси Мачлиси намояндагони Мачлиси

Олии Чумхурии Точикистон                                                                                                       С.ХАЙРУЛЛОЕВ

ш. Душанбе,  17 апрели соли 2002,

№615

 

 

 

 

КАРОРИ

МАЧЛИСИ МИЛЛИИ

МАЧЛИСИ ОЛИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 

Оиди Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи назорати давлатии молияви дар Чумхурии Точикистон»

Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон Конуни Чумхурии Точикистонро «Дар бораи назорати давлатии молияви дар Чумхурии Точикистон» барраси намуда,карор мекунад:

Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи назорати давлатии молияви дар Чумхурии Точикистон» чонибдори карда шавад.

 

 

Раиси Мачлиси миллии Мачлиси

Олии Чумхурии Точикистон                                                                                        М.УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе,  12 ноябри соли 2002,

№ 321

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …