Главная / Биология / Назарияи материалистии пайдоиши хаёт

Назарияи материалистии пайдоиши хаёт

Барои назарияи абади будани хаёт масъалаи пайдоиши хаёт вучуд надорад, зеро назарияи мазкур тафоввути зиндаро аз гайризинда эътироф намесозад. Ин назария зиндаю гайризиндаро аз мачмуи ягона иборат дониста, масъалаи пайдоиши яке аз дигареро намепазирад. Агар мавчуд будани фаркияти махсусро дар байни зинда ва гайризинда ба назар гирем, пас худ аз худ саволи пайдоиши ин фаркият ба миён меояд. Халли саволи мазкур ба фахмише алокаманд аст, ки инсон дар бораи фаркияти материяи гайризинда аз организмхои зинда дорад.

материализм

Имконияти дуруст ба миён мондани чунин савол танхо пас аз тадкикотхои Л.Пастер ва амиктар гаштани донишхои инсон оид ба худи мафхуми хаёт ба вучуд омад. Дар таърихи омузиши пайдоиши хаёт назарияи олими немис Э.Пфлюгер (1875) ахамияти махсус дорад.

Фахмиши пайдоиши хаёт барои Пфлюгер, мисли олимони имруза, аз масъалаи пайдоиши сафеда ва дарачаи ташаккули он манша мегирифт. Пфлюгер фарки сафедаи «зиндаро» аз «фавтида» мавриди омузиш карор дод. Ин фаркият, асосан аз он иборат аст, ки баракси сафедаи «фавтида» сафедаи «зинда» ноустувор буда, кобилияти тагйирёби дорад.

Чунин хосияти сафедаи «зиндаро» дар замони Пфлюгер ба мавчудияти оксиген дар молекулаи сафеда вобаста медонистанд. Акидаи мазкур дар замони хозира ба инобат гирифта намешавад. Масъалаи дигаре, ки диккати Пфлюгерро оиди фаркияти сафедаи «зинда» аз «фавтида» чалб мекард, дар молекулаи сафедаи «зинда» вучуд доштани гу-рухи сиан (CN) мебошад. Бо ин, олим кушиш мекард, ки дар бораи пайдоиши ин радикали асоси барои молекулаи сафеда тасаввурот ба вучуд орад. Бо акидаи Пфлюгер, пайвастагихои сиани хануз дар давраи массаи тасфонро ташкил додани Замин пайдо шудаанд.

Дар шароити лаборатори махз дар чунин харорат бо рохи сунъи пайвастагии номбаршударо хосил кардан мумкин аст. Минбаъд, баробари сард шудани руи Замин пайвастагихои сиан бо об ва моддахои дигари химияви ба хосилшавии сафедае, ки хосияти «хаёти»  дошт, оварда расонд.

Имруз назарияи Пфлюгер кухна шуда бошад хам, мухимаш он аст, ки у ба масъалаи пайдоиши хаёт бахои материалисти дода, сафедаро чун кисми асосии ситоплазма хисоб кардааст. Пайдоиши моддаи сафедаро ба таври дигар низ тасаввур кардан мумкин аст. Пас аз тадкикотхои Пфлюгер дере нагузашта оиди бо рохи биохимияви хосил кардани моддаи сафеда кушишхо карда шуд. Масалан, олими англис Ч.Эллен (1899), баракси Пфлюгер пайдоиши пайвастагихои аввалини нитрогениро дар Замин ба он даврае мувофик медонист, ки бугхои об дар натичаи хунук шудан фишурда гашта, ба об табдил ёфтаанд ва руи Заминро пушонидаанд.

Дар об намаки металлхое хал шудаанд, ки барои хосил шудани сафеда ва фаъолияти он ахамияти хеле калон доштаанд. Дар чунин об микдори муайяни кислотаи карбонат низ вучуд дошта, он ба оксидхои нитроген ва аммиак пайваст мешуд. Аммиак бошад, дар натичаи раъду барк аз хавои нитрогендор хосил шуда метавонист.

Минбаъд, назарияи мазкур, ки ба охири асри ХIХ тааллук дорад, самтхои асосиро дуруст кайд мекунад ва имруз низ масъалаи пайдоиши хаёт вучуд дорад.

Саволхо барои санчиш:

  1. Асос ва мохияти хаёт аз назари файласуфони дунёи кадимчи гуна аст?
  2. Мазмуни тачрибахои Ф.Реди аз чи иборат аст?
  3. Тачрибахои Л.Пастерро оид ба исботи номумкин будани худ аз худ пайдо шудани хаёт дар шароити хозира хикоя кунед.
  4. Назарияи абади будани хаёт чиро нишон медихад?
  5. Шумо кадом назарияи материалистии пайдоиши хаётро медонед?
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

priroda

ИНКИШОФИ ОРГАНИЗМХО ВА МУХИТИ ЗИСТ

Организм бе мухити зист вучуд дошта наметавонад. Аз ин чост, ки инкишофи организм бе мухит …