Главная / Гуногун / Назарияи харорати ё гарми

Назарияи харорати ё гарми

Реаксияи гализшавие, ки ба хосил гаштани полимерхо оварда мерасонад, аз пайвастагихои хурдмолекула бо рохи гарм кардан амали мешавад. Нисбат ба дигар кисматхои материяи зинда синтези полипептидхо бештар омухта шудааст.

Синтез полипедТашаббускори синтези полипептидхо бо рохи харорати олими америкои С.Фокс мебошад. У муддати тулони ба омузиши имконияти хосилшавии пептидхо дар шароити аввалини Замин сару кор дошт. Агар омехтаи аминокислотахоро дар шароити муътадил ё дар мухити инерти то харорати 180 – 2000 С гарм кунем, реаксияи тачзия ба амал омада дар натича олигомерхои начандон калони мономерхояшон бо банди пептиди пайвастбуда ва микдори ками полипептидхо хосил мешавад.

Агар ба омехтаи аввалини аминокислотахо кислотаи аспарагин ва глутамин илова карда шавад, микдори полипептидхо меафзояд. Массаи молекулавии полимерхои бо ин усул хосилшуда ба якчанд хазор Дальтон (Д) баробар аст (Дальтон вохиди ченаки масса, микдоран ба массаи як атоми гидроген 1,67х10-24 г баробар мебошад).

Полимерхое, ки бо рохи гарми аз аминокислотахо гириф та мешуданд, протеиноидхо буда, онхо бисёр хосиятхои биополимерхои протеинмонандро зохир мекарданд. Аммо бо усули харорати дар мавриди гализшави (конденсатсия)и нуклеотидхо ва моносахаридхои сохторашон мураккаб хосил гаштани кислотахои нуклеинат ва полисахаридхои хозир маълум буда, аз эхтимол дур аст.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …