Главная / Гуногун / Навруз – макола (НИШОНИ ЧОВИДОНА)

Навруз – макола (НИШОНИ ЧОВИДОНА)

Навруз чашни огози Эхёст!

Навруз бедории инсон, бедории руху чон аст!

Навруз ягона идест, ки моро бо рухи гузашта, ормонхои имруза ва орзухои оянда мепайвандад.

Чашни Навруз дар вилояти Сугд ба чаши хакикии Вахдати милли табдил ёфт. Он аз сафари Президенти Точикистон Эмомали Рахмон бо як гурух зиёиёни кишвар огоз гардид. Табиат аз хоби ноз сар бардошта, либоси идона ба бар намуда буд. Дар фурудгохи шахри Хучанд гулхои хафтранг пар-пар мезад, шоди пар-пар мезад, умеду орзу пар-пар мезад, ифтихори ватандори пар-пар мезад, дилхо пар-пар мезад.

navruz_dushanbe-narod-2-660x330

Ва… гуё тамоми олам пар-пар мезад!

Пас аз ахволпури, Сардори давлат ба зиёиён руй оварда гуфтанд:

– Аз боло дидед, ки чи кадар зебо богхои зардолу шукуфтаанд.

Бале, хангоми парвоз дидем, ки вилоят гарки гул аст. Ва мо хамчунин фарханги баланди заминдориро мушохида намудем.

Президент бо хушнуди боз афзуданд:

– Чунин зебои дар ягон гушаи дунё нест.

Ва баъд аз Худои мутаол талаб карданд, ки Точикистонро аз офатхои заминиву осмони эмин бидорад. Сипас ба шоира Мехринисо руй оварда гуфтанд:

– Ба адибон замин чудо мекунем.

Ин идомаи мантикии мулокоти Президенти Точикистон Эмомали Рахмон бо зиёиёни кишвар буд. Дируз дар ин мулокот шоира Мехринисо аз Президент хохиш карданд, ки ба адибон замин чудо кунанд. Президент хушхолона гуфтанд:

– Шояд хангоми бел задан илхом биёяд.

Эмомали Рахмон суханашонро идома доданд:

– Бигузор адибон бог бунёд кунанд, мо онро боги Адибон меномем. Баъд мебинем, ки кадом бог нагз аст, боги Адибон ё боги Президент.

– Мо аз холо даст мебардорем, – ду дасташро бардошта гуфт шоир Аскар Хаким.

– Не, таклифи хуб, – гуфтанд Президент.

Сафари дурузаи Президент ба вилояти Сугд чун хама сафархояшон бомуваффакият ва самарабахш чараён гирифт. Корхое дар ин муддат ба анчом расиданд, ки дар таърих бисёр кам ба зухур меоянд. Ин марди кавиирода дар хар кадам шукр мегуфтанд ва худшиносии милли, номуси баланди ватандори ва ифтихори миллиро таргиб мекарданд.

Гуфтанд, ки аз нек бог ва аз нек шарофат мемонад. Ин панди ниёгон аз карни хазорсолахо гузашта, то ба имруз расидааст ва Президенти Точикистон аз руи он амал карда, ба кор ривочу равнаки тоза мебахшанд. Хар икдомашон офаранда мебошад. Аз ин ру уро “Неккадам!”, “Мубораккадам!” ном мебаранд. Бале, ба хар чое, ки по мегузоранд, он чо обод мешавад, маданият ва фарханг рушду такомул меёбад. Хар як икдомашон мавкеъашонро боз устувортар мекунад ва обруву эътиборашонро меафзояд.

– Миллати точик хушбахт будааст, ки имруз чунин як Сарвари шоиста дорад, – мегуфт яке.

Ин гуфта на танхо дар Сугд, балки хам дар Хатлон, хам дар Бадахшон, хулоса дар тамоми гушаю канори чумхури садо медихад. Ва онро хатто аз забони бисёр хоричиён низ шунидан мумкин аст.

Бисёр кам вокеъ мегардад, ки халк эхтироми Президенти худро то ин дарача сидкан ба чо биорад.

Сардори давлат пас аз огози дубора бахшидани  сохтмони литсейи президенти дар шахри Чкалов ва бинохои серошёнаи истикомати дар шахри Хучанд, руй ба суи хочагии дехконии ба номи Турсунбой Кушатову нохияи Бобочон Гафуров оварданд. Дар назди ахли захмат суханрони карданд ва изхор намуданд, ки аз инсон се нишона боки мемонад: фарзанд, хона ва нихол. Ва ин се нишона човидонист. Хамчунин гуфтанд, ки дар вилоят дар масохати панчсад гектар, бо тамоми санъати богдории муосир бо истифодаи тачрибаи ачдоди бог бунёд меёбад. Имруз дар масохати яксаду бист гектар шаст хазор нихол шинонда мешавад. Ва пешниход намуданд, ки ин бог боги Вахдат ном бигирад. Пешниход якдилона пазируфта шуд.

Хишти аввали бинохоро гузошта, худ аввалин нихолро шинонданд.

Пас ру шоир Ширин Бунёд оварда, бо лутфи зебо гуфтанд:

– Ширин, дарахт шинон ва номатро навис.

Ин гуфтаи Президент басо рамзи буд. Фарзанди Бадахшон дар Сугд дарахт мешинонад, решахоеро, ки асоси зиндагист, чун ба асли хеш бо хам мепайвандад.

Кор чуш мезад, гайрат чуш мезад, кудрат чуш мезад…

Дар баробари намояндагони хаждах шахру нохияи вилояти Сугд, ахли зиё – Раиси Иттифоки нависандагони Точикистон Мехмон Бахти, шоирони халкии Точикистон Муъмин Каноат, Камол Насрулло, Гулназар, Рахмат Назри, Аскар Хаким, Хакназар Гойиб, Сайдали Маъмур, нависандахои халкии Точикистон Абдулхамид Самад, Саттор Турсун, Кароматуллои Мирзо, Кухзод, шоирону нависандагони маъруфи точик Сорбон, Чонибек Акобир, Ато Хамдам, Зиё Абдулло, Зулфия Атои, Хадиса, Мехринисо, Нориниссо, Ширин Бунёд, Улмас Чамол, Озар, Чумъа Кувват, Диловари Мирзо, Мирзо Файзали, Бахтиёр Муртазо бо сад умеду орзу дарахтони ток, зардолу, арча шинонданд.

Орзухо ба ман эхсоси ширину гувороеро чун насим оварданд. Ва беихтиёр нигах ба пахнои боги Вахдат намудам. Боди сабо ба мужда мевазид, рую муйро навозиш мекард ва хар якеро мебурд…

То афсона,

То руъё!

Ва боз ба гуши хар яке мисрахои дурбинонаи Хофизи Бузургро месуруд:

Дарахти дусти биншон, ки коми дил ба бор орад,

Нихоли душмани баркан, ки ранчи бешумор орад.

*      *      *

Дар бозгашт Президент гайричашмдошт ахли зиёро ба як боги зардолу канори рох хидоят намуданд.

Он саросар шукуфта буд. Бо гулхои сафеду аргувонии хеш дил мерабуд.

Ин амали Президент басо рамзи буд. Нагуфтанд, боги навбунёди имрузаамон пас аз чанд сол ана хамин хел боги шукуфон мешавад. Хостанд, ки ахли зиё худашон инро дарк намоянд.

Пас  ба вачд омада гуфтанд:

– Ман бисёр давлатхои чахонро гаштам, аммо чунин зебоиро дар хеч чо надидам. Бубинед, бихишти руи замин аст.

Чунин суханонро танхо Президенте гуфта метавонад, ки халкашро, ватанашро аз сидки дил дуст медорад.

Президенти кишвар ба кавли худашон дар сари замин, бо дили соф, умеди нек, бо ахли зиё сухбати озодона оростанд. Дар ин чо байни Президент ва одамон саду сархад вучуд надошт. Президент бо хама як буданд, баробар сухан мекарданд. Дар ин сухбати гайриодди дар бораи хама сохахои халталаби кишвар сухан рафт. Ва хозирин аз чавобхои пухтаю илмии Президент коил шуданд.

Хама баробари Президент хурсандию шодмони мекарданд!

Хама дар олами бахор, дар огуши Навруз, лахзахои хуш, лахзахои худшиноси, лахзахои эхсоси замину замонро аз сар мегузарониданд!..

*      *      *

Рузи дигар – 21 март, дар хиёбони Рахмон Набиев тантанахои чашни баргузор гардиданд. Дар чехраи хама нури шоди хувайдо ва ифтихори милли вучудхоро фаро гирифта буд.

Дарёи Сир чун рамзи поки ва човидони равон буд. Мавч мезад ва гуё хамаро ба чашн табрик мекард. Дар пешоруй каторкуххо аз Президент ва русурхии мардум мефахрид ва сараш ба осмон мерасид. Дар канорахои он шахри Хучанд бо тамоми шукуху шахоматаш комат афрохта буд.

Президент бо як хисси баланди ифтихору самимият дар назди мехнаткашони вилояти Сугд ва мехмонон суханрони намуданд, ки бисёр гарму самими пазируфта шуд. Чашни Наврузро арзиши волои таърих ва фархангу тамаддуни миллати точик арзёби карданд ва хам чашни тамоми олам номиданд. Дар таърихи Точикистон рохбареро ёд надоррем, ки чун у барои хивз ва ривочу равнаки арзишхои маънави пайваста гамхори зохир карда бошад.

Дар ин чо боз як бори дигар макому манзалати заминро хотирнишон намуданд. Гуфтанд, ки ризку рузии мо аз замин аст ва тамоми мушкилоти моро замин хал мекунад. Барои хамин аз заминхои оби ва он заминхое, ки имконият доранд, бояд ду хосил барои худ бигиред.

Баъд пешниход карданд, ки чорбоги Чумчукарал, ки масохати бист гектарро дар бар мегирад, Наврузгох номида шавад ва солхои оянда Навруз он чо тачлил гардад. Ин пешниход бисёр хуш пазируфта шуд.

*      *      *

Хунарпешахои вилоят бо таронахаи диловези худ табъи мардумро болида гардонданд.

Дар огози консерти идона Президенти кишвар Эмомали Рахмон суханрони намуда, бори дигар кайд карданд:

– Навруз бо чанд забон Навруз аст. Тарчума надорад.

Ва баъд ба истеъдоди хар як хунарманд бахои хаккони медоданд ва суханхои нотакрор дар хаккашон мегуфтанд, ки ахли толорро ба вачд меовард. Аз чумла ба хунари сурудхонии Хунарпешаи шоистаи Точикистон Малохат Абдушукурова бахои баланд доданд, уро ифтихори Точикистон ном бурданд. Ва аз у хохиш карданд, ки бе баландгуяк суруд хонанд. Вай хохиши Президентро ичро намуд.

– Ду мисра аз авчи баланд, – боз гуфтанд Президент.

Ва у ду мисра аз авчи баланд гирифт. Толор аз вачд лабрези карсак гардид. Хунарпешаи шоистаи Точикистон Тулкин Точибоев бояд суруди “Дили ошик”-ро месуруд. Аммо Президент хохиш намуданд, ки суруди “Давлати ман Точикистон”-ро ичро бикунад. Худи Президент беихтиёр бо у хамовоз шуданд. Ахли толор Президентро пайрави намуданд.

Вакте ки гурухи доирадастон “Гулбонги доира”-ро ичро карданд, Сардори давлат бо вачд омада, гуфтанд:

– Ин хамон ансамбле аст, ки дар ЮНЕСКО ва давлати Чин шухрати Точикистонро бардошта буд.

Хангоми ба даст гирифтани шумораи Наврузии Нашрияи миллии “Садои Шарк” хеле шод шуданд ва ба сардабири он нависандаи махбуб Чонибек Акобир тахният хонданд. Шоири узбекзабон Улмас Чамолро яке аз шахсиятхои маъруфи точик  ном бурда, ба у сухан доданд.

Хама харчанд монда шуда бошанд хам, худро сарбаланд, бардам, хурсанд, хатто хушбахт медиданд. Ва хама чун як тан мегуфтанд, ки ин ду руз бехтарин рузхои хаёташон аст.

– Ман хеч гох худро чунин хушбахт хис накарда будам, – мегуфт Шоири халкии Точикистон Аскар Хаким.

Офтоб дурахшон буд он руз – рузи 21 март – рузи маргуби фасли бахор. Дар сар то сари вилояти Сугд боди сабо мевазид. Ва тайёраи ТУ-154 сабук ба хаво хест. Он гуё бо болхои нуру зиё, сидку сафо ва мехру вафо мепарид, ба суи Душанбе – пойтахти Точикистон.

23 марти соли 2008

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

unnamed-6

БОЗОРИ «СИЁХ

Ибтидои рузи харобу хастаи тирамох. Шамолаки сарде мевазид. Шоххои дарахтон алвонч мехурданд ва баргхои тиллоранги …