Главная / Маданият ва санъат / Навда ва мугча

Навда ва мугча

Пояе, ки дар он мугча ва баргхо иикишоф меёбанд, навда номида мешавад. Хар навдаи калон аз поя, бугум (банд), байнибанд, мугча ва баргхо иборат аст.

Чое, ки ба он барг пайваст шудааст, банд номида мешавад. Фосилаи ду банди ба хам наздикро байнибанд меноманд. Аксари растанихо ду хел поя доранд: агар яке аз онхо байнибанди дароз дошта бошад, дигараш байнибанди кутох дорад.

Кунчи байни барг ва байнибанди дар боло чойгиршударо бага-ли барг меноманд. Дар бисёр холатхо аз хар банд факат як барг инкишоф меёбад.

масалан, дар бед, чавдор, офтобпараст, тус ва настаран (гулхор). Агар баргхо дар поя пайдархам ба таври спирали чой гирифта бошанд, чунин чойгиршавии баргро навбати ё спирали мегуянд.

Дар растанихои заранг, ёсуман, ёс, фарк, газна дар хар банд дутоги барг инкишоф меёбад ва онхо мукобили якдигар чойгиранд. Чунин чойгиршавии баргро дар поя чойгиршавии ру ба ру ё мутакобила меноманд.

Баъзан дар банд се ё зиёдтар барг инкишоф ёфта, онхо дар тарафхои гуногуни поя халкаги (гирдогирд) чой гирифтаанд. Чунин чойгиршавии халкагии барг дар чилбанди оби (элодея), ки аз се барг ташкил шудааст ва дар растании чашми зог дида мешавад.

Хангоми сабзиши тухм поя аз мугчаи чанини инкишоф меёбад. Дар растанихои бисёрсола бошад, поя (навда) аз мугча инкишоф меёбад.

Акнун ба сохти беруни ва дохилии мугчахо шинос мешавем. Аз берун мугчахо бо пулакчахои гафси чармгун фаро гирифта шудаанд, ки онхо мугчаро аз шароитхои номусоиди мухити беруна (хунуки, хушкшави) эмин нигох медоранд.

Тавассути пурбин ба сохти яке аз мугчахои ба дарози бурида шуда шинос мешавем. Дар миёначои мугча пояи ибтидои (чанини) ва дар он баргчахои нихоят хурди ибтидои намудоранд. Дар багали ин баргчахо мугчачахои ибтидоии нихоят хурд, ки хатто бо пурбин ба душвори намудоранд, чойгиранд. Дар кисми нугии поячаи ибтидои конуси (нуктаи) расиш чой гирифтааст, ки аз бофтахои хосилкунанда иборат аст. Ин мушохидахо ба он далолат мекунанд, ки мугча пояи ибтидои мебошад.

navda-mugcha

Дар натичаи буридани якчанд мугчахо (ба дарози) мебинем, ки дар пояи ибтидоии баъзе аз онхо факат баргчахои хурди ибтидои дида мешаванд. Ин гуна мугчахоро мугчахои нашви (вегетативи) ё мугча барг мегуянд. Дар дохили баъзеи дигари мугчахо бошад, гулгунчахои ибтидои (мугчахои генеративи) мавчуданд. Онхо нисбати мугчахои нашви андозаи калонтар дошта, онхоро мугчахои гуловар ё мугчагул меноманд. Онхо шакли мудаввар ё гирда доранд.

Вобаста ба намуди растанихо — шакл, андоза, ранг, буй, пашмак ва дигар аломатхо, инчунин аз руи чойгиршавиашон дар навда мугчахо хеле гуногун мешаванд. Ин хусусиятхои онхоро ба эътибор гирифта, метавонем хатто дар фасли зимистон ба кадом дарахт ва ё бутта тааллук доштани онхоро муайян кунем. Масалан, агар дар аксари растанихо мугчахо бевосита дар поя чойгир (ни- шаста) бошанд, мугчаи дарахти роздор (олха) тавассути думчаи махсус ба навдааш пайваст аст.

Сафедорро одатан аз руи мугчаи нугтези зифти часпакдораш, ки буи форами махсус дорад, аз дигар дарахтон бо осони фарк мекунанд. Мугчаи бед факат якто пулакча дорад, ки он мугчаро чун сар- пушак пушонидааст. Дар растании ангурак (сиёхбодом, крушина) бошад, мугча умуман пулакча надорад.

Мугчахои калону дарозруяи губайро (рябина, четан) серпашмак буда, онро аз мугчахои дигар дарахтон бо осони фарк мекунанд.

Мугчахои махлаби руси (черёмуха) ва коти сиёх буи хуши махсус доранд. Мугчахои марчонбутта (бузина), ки ру ба ру чойгир шудаанд, хеле бадбуй мебошанд. Шумо метавонед ин растанихоро тавассути буи форам ва ё нофорамашон аз дигар растанихо фарк кунед.

  1. Навда чист?
  2. Банд, байнибанд чист?
  3. Дар навда мугчахо чи тавр чойгир шудаанд?
  4. Мугчахои нашви чи гуна сохт доранд?
  5. Мугчагулхо чи гуна шакл доранд?
  6. Аз руи кадом аломатхои хоси мугчахо дар фасли зимистон метавон дарахту буттахоро шинохт? Бо мисолхо шарх дихед.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …