Главная / Илм / Наск

Наск

nask-660x330Наск — Ин растани ду навъ аст: сахрои ва бустони, ки зироат мекунандаш. Тухми сахроии он назар ба бустониаш майдатар ва гирдак мешавад, вале тухми бустони — зироатии он кулула не, балки пахнтари гирдак ва калонтар аз сахрои мебошад, сахроияш талх аст. Мизочаш дар гармиву сарди моил ба эътидол ва дар дарачаи дувум хушк аст. Ба кавли баъзехо, дар дарачаи дувум сард ва хушк аст.

Хислатхои шифобахши он: ин хусусияти поккунандаги дорад, боднок, дерхазм, хуни савдови ва худи савдоро дар бадан пайдо мекунад; фишори баланди хунро паст мегардонад ва хунро гафс менамояд, инчунин харакати хунро дар рагхои бориктарин манъ мекунад, боиси дидани хобхои бад ва мушавваш, инчунин сабаби торикии чашм мегардад.

Наскро бо юнучкаи зардак якчо куфта гузошта банданд ва бо оби бихи  ё бо равгани гулисурх сиришта гузошта банданд, назла ва варамхои гарми чашмро дафъ мекунад. Инро бо сирко пухта гузошта банданд, барои варамхои гарм, шаро (аллергия), сурхбод ва ханозер (хукгардан) даво мешавад; ва агар танхо бо об пухта гузошта банданд, назлахоро манъ мекунад. Агар сухтаи онро бимоланд, сусти ва гаронии пилкхои чашмро шифо мебахшад, дандонхоро сафед мегардонад.

Наскро дар об чушонида, бо он об гаргара кунанд ё он обро дар дахан гардонанд, пухтани дахан ва дарди гулуро шифо мебахшад ва агар ба ин об оби шохтут илова намоянд, зудтар асар мекунад. Хурдани наск барои беморихои узвхои даруни сина, шуш, сурфа ва дарди узвхои даруни сина даво мегардад.

Си адад наски мукашшарро фуру баранд, вайрон шудани феъли меъдаро ислох мекунад. Наскро бо сирко мухарро пухта бихуранд, меъдаро кувват мебахшад. боднок намекунад, вале бе сирко пухта бихуранд, бодангез аст. Наскро куфта, бо оби карами точики хамир сохта гузошта банданд, варами пистонро мегардонад ва шири дар он шахшударо тахлил медихад; агар онро бо асал хамир карда гузошта банданд, захмхои чукур ва фурурафтаро шифо мебахшад.

nask-2-300x225Хоми наскро хангоми дар пусташ будан бо чанд дона мурч куфта, гузошта банданд, варамхоро тахлил медихад ва дарди онхоро низ сокин мекунад. Агар онро бо пусташ пухта бихуранд, хамаи навъхои нагзакро (гулакро) шифо мебахшад, хусусан бо сирко ё бо оби гураи ангур пухта бошанд, дар ин бобат кавитар мегардад. Аз он оши суюк пухта, турш карда, бо равгани бодоми ширин ба одамони аз бемори нав хеста хамчун гизои сабук медиханд ва инчунии пеш таб мегирифта бошад, дигар намегирад.

Наскро куфта, бо сафедаи тухми мург хамир сохта гузошта банданд, доначахои мурчагазак, сурхбод ва кафидагии пойро шифо мебахшад; чун бо сирко пухта гузошта банданд, аз таъсири сармо кафидани пуст, ханозер ва варамхои сахтро сихат мебахшад; инро бо равгани гулисурх сиришта бибанцанд. варамхов меъдаро тахлил медихад; бо орди тафсонида даромехта гузошта банданд, никрис (подагра)-ро шифо мебахшад. Наскро бо тухми харбуза якчо куфта гузошта банданд, башараро аз хар гуна догхо пок месозад ва зардии рухсораро дафъ мекунад.

Хурдани наск ба одамони савдовимизоч, меъда ва чашми заиф, гирифтори иллатхои кулинч, бавосир ва душвор пешобкунанда зарар дорад. Агар наскро бисёр ва бардавом бихуранд, дар бадан хуни савдови пайдо мекунад, хунро месузонад, чашмро хира мегардонад, ба иллати молихулиё гирифтор мекунад, мумкин аст иллатхои саратон ва махавро ба амал оварад ва инчунин варамхои сахтро ба хам мерасонад; агар хуроки наскиро бо ширинихо бихуранд, ба иллатхои истиско, кулинч, бавосир ва душвор шошилан гирифтор мекунад, хатто пешобро мебандад, хайзро катъ менамояд, баданро кок месозад, бохро хам сокин мекунад, инчунин боиси дидани хобхои мушавваш мегардад, чашмро торик мегардонад. Давои хамаи ин зиёнхояш наскро мухарро пухта, бо равгани кунчиди тоза ё бо равгани бодоми ширин ва ё бо сирко ва гушти фарбех пухта хурдан аст. Бадтарини хамаи он бо мохии намакин хурдан мебошад.

Ба чойи наск мошро истеъмол фармоянд, раво мебошад. Оберо, ки дар он наски бустониро бо пусташ пухта бошанд, биёшоманд, дарунро мебандад ва хайзу пешобро кам мекунад, вале оби пухтаи сахроияш баръакси он: хайз ва пешобро равон месозад, исхол меоварад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …