Главная / Маданият ва санъат / Насихат кардан ва амри маъруф ва нахйи мункар

Насихат кардан ва амри маъруф ва нахйи мункар

Насихат кардан ва амри маъруф ва нахйи мункар

Расули акрам (с) фармуданд, ки хар касе бипушад ва пинхон дорад илмеро, ки у дошта бошад ва ба мардумон панду насихат накунад, рузи киёмат лачоме аз оташи дузах бар сари вай кунанд.

Агар як инсон ба илми ту ё ба насихати ту рохи рост ёбад, бехтар бувад мар туро аз он ки хама шутурони сурхмуи дунё туро бошанд. Аммо носих бояд, ки аввал нафси худро насихат кунад ва панд дихад, агар аз вай( кабул кунад, он гох ба насихати дигарон машгул гардад.

Олимон ва носихон се гуруханд. Як гурух офтобсифатанд ва гурухе шамъсифат ва як гурух монанди чуби тути таранд бар оташ, ки на худ месузанду на касе аз сухтани онхо истифода мебарад.

Онон, ки офтобсифатанд онхоеанд, ки максади онхо шухрат пайдо кардан ва овозаи мардум набошад. Максади онхо он бувад, ки бандагони Худои таъоло аз суханони онхо рохи рост ёбанд ва ба рохи рост бошанд, инчунин олимон офтобсифатанд, ки оламе аз онхо нурони мегардад ва онхо камёбанд. Аммо онхо, ки шамъсифатанд, онхоеанд, ки максади онхо аз ваъз гуфтан эътикоди оммаро ба суи худ чамъ кардан ва мансаб талабидананд ва ба он шодмон ва хуррам мебошанд. Агар ин зумра аз ту хурмат наёбанд, дилгир ва малул мегарданд. Онхо чун шамъ дар сухтананд, ки дигарон аз равшании он истифода мебаранд. Ва онхо аз илми худ бебахра мемонанду гайр аз машаккату захмат кашидан фоидае намебинанд.

Онхое, ки бар мисли чуби тути таранд, онхоеанд, ки на илм доранд ва на нияти неку.

Он чохилнамоёне, ки рохзани халк хастанду душмани Худой, зохири худро мушобехи уламо сохта, аз камхиммати ба тахсили илм напардохта, аз маркаби илм ва амал пиёда мондаанд. Онон далел бар китоби форси ронда, калимоти хархеларо дастрас сохта, хатову савоб аз якдигар нашинохта. асоси кор барои тамаьу талаби дунё мекунанд. Инчунин олимонро ташбех ба чуби тути тар кардаанд, ки чун бар оташ нихи, дуд кунад ва бад сузад. Онхо низ худ дар сухтананд ва мардум аз дасти тамаъи онхр дар захматанд. Онхоро истихкоки он нест, ки сухани Худованд ва Расули у гуянд, зеро ки касби улум накардаанд ва ба хилла донишманд шудаанд. Дуруст гуфтаанд, ки олими беамал чун дарахти бебар аст ва зохиди беилм чун хонаи бе дар.

Расули акрам (с) фармуданд, ки рузи киёмат мардеро биёранд, фармон шавад, то уро ба дузах андозанд. Рудахо аз шиками вай берун ояд. Ахли дузах уро гуянд: – эй фалони, чи шудааст туро? Он набуди, ки амри маъруф ва нахйи мункар мекарди? Чи чиз туро бад-ин хол гирифтор кард?

У гуяд: – Бале, он будам, ки мардумонро ба некуи мефармудам, аммо худ намекардам ва аз бади манъ мекардам ва худ мекардам.

Пас эхтиёт бояд кард аз хак гуфтан ва аз хак расонидан хомуш набояд буд, магар ба узри шаръи, ки донад аз вай кабул нахоханд кард. Агар донанд, ки амри маъруфро аз вай кабул мекунанд, вочиб аст, ки амри маъруф ва нахйи мункар кунад ва агар донад, ки амри маъруф ва нахйи мункарро кабул намекунанд, вочиб аст, ки нагуяд.

Хикоят. Накл аст, ки Хак Таъоло амр кард фариштаеро ба халоки ахли шахре, ки фасод дар миёни онхо зохир шуда буд. Он фаришта дар миёни онхо як дусти Хак дид Муночот кард, ки Худовандо, ту донотари, ки як бандан шоиста аст туро дар миёни онхо. Чи фармои, бо вай чи кунам?

Фармон расад, ки аввал уро халок кун, он гох дигаронро, ки харгиз як бор бар онхо газаб нагирифт аз барон ман, онхоро амри маъруф ва нахйи мункар накард ва ба онхо шишту хез  мекард.

Расули акрам (с) фармуданд, ки мисли касоне, ки амри маъруф ва нахйи мункар мекунанд ва касоне, ки тарки амри маъруф ва нахйи мункар мекунанд, хамчун масали кавме аст, ки мехоханд дар кишти савор шаванд ва аз дарё гузаранд. Дар кишти даромада, баъзеашон дар ошёнаи поён чой мегиранд ва баъзеашон дар ошёнаи боло. Онхое, ки дар ошёнаи поёнанд, мегуянд, ки хар боре, ки моро об даркор шавад, бояд, ки ба ошёнаи боло равем ва аз дарё об гирем. Мебояд киштиро сурох кунем ва аз хамин чо об гирем.

Онхое, ки дар ошёнаи болоанд, агар дасти онхоро нагиранд ва онхоро манъ накунанд, хам инхо ва хам онхо хама халок шаванд. Ва агар онхоро манъ кунанд ва нагузоранд, ки киштиро сурох кунанд, хама аз халокат бираханд. Пас набояд  танхо дар халосии худ, балки дар халос ва начоти бандагони Хак бояд кушид. Хак Таъоло уммати хазрати Мухаммади Мустафо (с)-ро бехтарин умматон гардонид ба сабаби амри маъруф ва нахйи мункар.

Расули акрам (с) фармудаид, ки ахли бихишт саду бист саф бошанд. Хафтод сафи он аз умматони ман бошад ва чихил саф аз умматони Пайгамбарони дигар.

Дар тафсир меорад, ки Худованди таъоло каламро биофарид, пас фармон кард, ки, эй калам, бинавис хамаи маълумотро дар лавхи махфуз. Калам дар кор даромад ва менавишт мукаддарот ва маълумотро. Фармон омад, ки, эй калам, бинавис, ки умматоне Пайгамбари худро дуруггу шуморанд, онхоро ба боди сард ва сахт халок гардонам. Ва умматоне Пайгамбари худро итоат накунанд, ба онхо санг боронам. Ва хамчунин як-як умматонро фармон меомад, то менавишт. Баъд аз он фармон расид, ки, эй калам, бинавис, ки умматоне бошанд бо умрхои кутох, бо вучуди кутохии умр гунохони бисёр кунанд ва моро ба хилофи фармон биёзоранд ва уммати Пайгамбари охируззамон бошанд. Калам тарсон гашт, ки то чи азоби сахт дар хакки онхо фармон расад. Хитоб омад, ки, эй калам, бинавис, ки онхо бандаи гунахгор ва ман Парвардигори омурзгорам. Калам чун ин хитоб бишунид, аз хайрат шак шуд, яъне кафид ва шаки калам аз он чост.

Илохо, ба хурмати дустони худ моро аз хории дунё ва охират нигох дор.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …