Главная / Гуногун / Нархи сим-корт ба 250 сомони аз 1-уми сентябр дар Точикистон

Нархи сим-корт ба 250 сомони аз 1-уми сентябр дар Точикистон

Макомоти Хадамоти зиддинхисории Точикистон мегуянд, ки 250 сомони мукаррар шудани кимати симкортхо ба масоили амнияти марбут аст. Бар асоси тасмими макомот, аз якуми сентябри имсол нархи як симкорт 50 баробар гарон хохад шуд.

sim-kort-vavilon

Пешниход аз ки буд?

Сокиноне, ки соатхо дар назди нуктахои фуруш ва сабти симкорхо навбатпои мекунанд, афзоиши кимати онро дастдарози ба чайби бе ин хам такрибан тихии мардум медонанд.

Назар Одиназода, муовини аввали сардори Хадамоти зиддинхисории Точикистон, рузи 28-уми август дар сухбат бо Радиои Озоди гуфт, “ин масъала бештар ба амният дахл дорад. Ва кушиш мекунем, ки аз тарафи макомоти дахлдор, хусусан ширкатхои мобили, шумораи муштариён дакик шавад.”

Ин масъули ниходи танзимкунандаи нарххо бо исрор дар сухбат мехост чанбаи моли доштани ин карорро рад кунад. Назар Одиназода аз чумла гуфт, “маблагхо ба воситаи ширкатхои мобили ба суратхисоби онхо чамъ мешавад ва тибки конунгузории чори андоз баста мешавад.”

Гузорииш видеоиро дар инчо тамошо кунед:

Ин макоми Хадамоти зиддиинхисори гуфт, афзоиши кимати симкортхо ва сабти дигарбораи он бо пешниходи чахор ширкати мобилии Точикистон сурат гирифтааст. Ширкатхои мобили то ба хол ба ин назари Хадамоти зиддинхисори вокуниш накардаанд.

Мардум: “Ин икдоми худсарона аст”

Ин икдомро бештари сокинон беасос ва худсарона унвон мекунанд ва аз макомоти Хадамоти зиддинхисори мепурсанд, ки чаро асосхои иктисодии боло бурдани кимати симкортро тавзех надода, ба амали шудани он ичоза додааст.

Ардашер Заррабинов, сокини шахри Душанбе мегуяд, ба иттилои вай, барои тайёр кардани симкорт хамаги 10 сомони харч мешавад ва холо кимати онро дахчанд боло бурданд. Ин сокини Душанбе мегуяд, бояд дар чунин тасмимгирихо шароити зиндагии мардум ба назар гирифта шавад.

Сокиноне, ки соатхо дар назди нуктахои фуруш ва сабти симкорхо навбатпои мекунанд, афзоиши кимати симкортхо ва сабти дигарбораи онро дастдарози ба чайби бе ин хам такрибан тихии мардум медонанд.

зиёни мардум аст” САДО, ВИДЕО

Симкорт киматтар аз нафакаи як сокини Хисор

Рахмат Юсупов, сокини нохияи Хисор ин нархгузориро гайримунсифона донист ва гуфт, у 246 сомони нафака мегирад, ки барои харидории як симкорт басанда нест. У суол мекунад, ки агар бо 250 сомони симкорт харад, пас, дар як мохи дигар чи бихурад?

Бар асоси омори Хадамоти алокаи Точикистон, холо дар кишвар 4 миллиону 160 хазор симкорти фаъол сабти ном шудааст. Аз соли 2009 ширкатхои мобилии Точикистон 40 миллион симкортро ба сокинон фурухтаанд, ки бахши бузурги он гайрифаъол дониста мешавад.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …