Главная / Гуногун / Нархи меваи хушк дар Точикистон

Нархи меваи хушк дар Точикистон

 

 

Меваи хушк яке аз махсулоти маъруфи сохаи кишоварзии Точикистон мебошад, ки дар онхо асосан зардолу, мавиз, чормагз, себи хушк ва дигархо дохиланд. Истехсоли мевахои хушк дар Точикистон асосан аз чониби ахолии минтакахои кухистони ба мисли Ашт, Исфара, Конибодом, Айни, Панчакент, Точикобод, Гарм, Муминобод, Хоруг, Рушон ва дигарон тайёр карда мешавад.

Истеъмолкунандагони асосии хушкмевахои точик ин мардуми Руссия, Казоыистон ва баъзан Хитойихо мебошанд. Нархи мевахои хушк дар Точикистон чандон арзон нест ва хатто метавонад гарон хисоб шавад. Дар байни сокинони Точикистон, шахрхо асосан мевахои хушкро дар муассисахо истифода мебаранд, ки аз онхо дар вазорати дифоъ, беморхона, мактаб ва дигарон машрубот-компот омода намоянд.

Аммо худи ахоли асосан зардолукок ва мавиз  истеъмол мекунанд. Мевахои хушк инчунин дар маъракахои калон ба монанди туй истифода мешаванд, ки дар он шумо метавонед маснуоти гуногуни шохона ва зардолу бо чормагзро бинед.

Нархи меваи хушк тез тагйир намеёбад, чунки барои ин сабаби чидди нест. Яке аз камбудии мевахои хушк шарти нигохдори мебошад, зеро бо нигохдории дарозмуддат онхо бадтар мешаванд ва дар онхо кирмхо пайдо мешаванд. Барои пешгири аз кирмхо, баъзехо маводи кимиёви истифода мебаранд, ки он ба системаи меъдаи мардум таъсири манфи мерасонад, ки мебояд ба ин диккат дода шавад.

Меваи хушкро хам дар бозорхои шахрхои Точикистон ва хам дар магозахо пайдо кардан мумкин аст. Аммо тавсия дода мешавад, ки мевахои хушки  бехтаринро дар бозори «Мехргон» -и Душанбе ёбед. Аммо нархи арзони мевахои хушкро дар бозори Фаровон бо нархи яклухт ва чакана пайдо кардан мумкин аст.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …