Главная / Илм / Наргис дар Канзи Шифо (Китоб)

Наргис дар Канзи Шифо (Китоб)

nargis_2-660x330Наргис — Ин гули хушбуй ду навъ мебошад: яке кадахи, дигараш дутубака. Гули навъи кадахии онро дар мобайнаш ба шакли кадахе ё пиёлачае, зардранг, баргхои гулаш шаш адад, сафед ва моил ба гирдак. Инро наргиси нар хам мегуянд ва навъи дутубакаро наргиси мода мехонанд. Баргхои он зиёда ва бо рангхои гуногун, аз чумла, бунафш. Бехреша, поя, барг ва тухмаш ба пиёзча монанд аст.

Пиёзаки наргиси кадахиро ба шакли салиб бурида, яъне каме чок карда бишинонанд, наргиси дутубака меруяд. Мизочи гул ва пиёзаки он дар дарачаи севум гарм ва хушк аст, як катор табибон инро муътадил дар гармию хушки ва баъзеи дигарон дар дарачаи дувум гарм ва хушк гуфтаанд.

Хислатхои шифобахши он: гулашро бибуянд, дарди сари балгами ва савдовиро таскин медихад, гирехи майнаро мекушояд, инчунин назла ва зукомро, ки аз сарди бошанд, дафъ мекунад. Табиби номи Чабраили Бахтищуъ гуфтааст, ки хар ки хохад, ки дар зимистон зуком пайдо кунад, наргисро бардавом бибуяд.

Агар инро куфта гузошта банданд, ширинчаро сихат мекунад ва назларо манъ месозад. Пиёзаки хушки онро махин соида бипошанд, пардаи дудмонанди ба чашм афтода ва нохунаки ин узвро дафъ мекунад.

Пиёзаки онро куфта, бо асал сиришта гузошта банданд, чингак шудани асабхои чашмро ба ибро меоварад.

Ин пиёзакро хоида ё пухта бихуранд, багоят поккунандаи бадан мебошад, хусусан бо асал бихуранд, таъсираш зиёдтар мегардад ва хар чи дар меъда чамъ шуда бошад, хорич менамояд, бачадонро аз моддахои зарарнок пок мекунад; бачаи занони хомиларо хох зинда бошад ва хох мурда, аз шикам меафтонад, инчунин захмхои беруни ва ботиниро ба хам меоварад. 14 грамм пиёзаки онро бо шахдоб (асалоб) бихуранд, хамаи намудхои кирмхои меъдаро ихроч мекунад, дардхои гуногуни хичак ва бачадонро таскин медихад.

Ин пиёзакро се руз дар шир тар намуда, баъд хушконида, соида, ба закар гузошта банданд, бохро кувват мебахшад, закарро хам калон мегардонад; бар поёнтари, яъне бехи закар гузошта банданд, агар аз кобилияти марди нотавон гашта бошанд, ин хислати мардиро баркарор мекунад. Пиёзаки онро ба танхои гузошта банданд, бохро кувват мебахшад ва закарро калон мегардонад.

Пиёзаки хушкро куфта бипошанд, хуни чарохатро манъ мекунад ва худи чарохатро ба хам оварда сихат менамояд. Куфтаи онро бо сирко ва асал хамир сохта гузошта банданд, захмхоро пок месозад ва дубайла, яъне курярахои калонро, ки пухта шудани онхо хеле душвор аст, мекафонад; инро бо орди гандум ё бо орди гандуми девона ва асал хамир карда гузошта банданд, тир, хор ва монанди инхоро, ки ба ягон чойи бадан даромада бошанд, берун меоварад; варами асабхоро тахлил медихад. Пиёзаки онро куфта, бо сирко ва асал даромехта гузошта банданд, реш ва чарохатхои калон ва чукурро аз риму чирк пок мекунад ва дахани онхоро ба хам оварда сихат мебахшад ва торхои гусастаи асабро ба хам пайваст менамояд.

Наргисро куфта, бо асал сиришта гузошта банданд, дарди кухнаи асабхо, пайвандхо (бугумхо) ва никрисро, ки дард ва варами ангуштони дасту похо мебошад, ба ибро меоварад, инчунин шикастагии узвхоро ба хам пайваст менамояд. Агар худашро танхо куфта, гузошта банданд, чарохатхои узвхои асабониро ба хам мечаспонад. Агар инро бо асал сиришта гузошта банданд, сухтагии оташро сихат мекунад. Агар куфтаи инро бо сирко сиришта гузошта банданд, ба чохои гирдак-гирдак муйрехтаи сар ва риш муй меруёнад; догхои сафеди пуст ва дигар догхои ин узвро дафъ мекунад.

nargis_-768x576

Истеъмол кардани наргис барои одамони гарммизоч зарар дорад: онхоро дарди сар мекунад. Давои ин зиёнаш бунафша ва кофур хурдан аст. Хислати гули он дар хама бобатхои тибби монанди пиёзаки он аст. Микдори як бор хурдан аз он дар як руз 7,5 грамм аст.

Аз гули наргис равган хам тайёр мекунанд ба ин тарик. Дар шиша то нима равгани кунчиди тоза андохта, даруни онро аз гули наргиси тару тоза пур мекунанду ба офтоб мегузоранд. Дар панч-шаш руз буй ва ранги гулхо ба равган мегузарад. Он гох гулхоро фишурда аз равган дур мекунанду гулхои нав дохил менамоянд ва хамин тарик, то чил руз дар офтоб нигох медоранд. Баъд гули охирин дохил кардашударо хам фишурда дур месозанд, ки ин равган равгани наргис хисоб меёбад.

Молидани ин равган дардхои савдови ва бодиро дафъ мекунад, инчунин дарди сарро, ки аз чамъ шудани бод ва дарди сари аз тари ва савдовиро, инчунин хамаи дардхоро, ки сабабашон сарди бошад, дафъ мекунад; барои беморихои асаб мувофик аст, дахани бандгаштаи бачадонро мекушояд ва дарди онро хам таскин медихад. Вале одамони гарммизочро дарди сар мекунад.

Мизочи тухмаш то дарачаи севум гарм ва хушк аст. Хислатхои шифобахши он: 1,75 грамм тухми наргисро куфта, бо шири нандушида биёшоманд, бохро (пушти камарро) багоят ба харакат меоварад. Куфтаи онро бо сирко сиришта гузошта банданд, доги кунчидак, доги сафеди пуст ва догхои сиёхро аз пусти бадан дафъ мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …